Главная / Илм / 1. Маънои чавф ва димоғ аз назари фацеҳон

1. Маънои чавф ва димоғ аз назари фацеҳон

а) Пеш аз ҳама, мекушем ба маънои чавф (шикам) аз назари фақе-
ҳон равшани андозем, зеро ҳар чизе ба шикам фуру равад, аз назари
фиқҳӣ муфсид ва шиканандаи руза ба шумор меравад. Қуръони карим
хурдан ва нушиданро шиканандаи руза ҳукм кардааст ва аз назари
анатоми ба таври дакик маълум аст, ки дастгохи ҳозима ва узвҳое, ки
системаи умумии кабул ва коркарди ио ва тағзияи баданро ташкил
медиҳанд, иборатанд аз: а) даҳон, б) ҳалк, в) сурхной, г) меъда, д) рӯ-
даи дувоздаҳангушта, ж) рудаҳои борик, з) рудаи ғафс ва л) рудае, ки
ба макъад пайваст мебошад.
Аз ин тақсимбандии илми бармеояд, ки хурдану нушидан ва тағ-
зияи бадан ба воситаи ҳамин узвҳо ҳосил мешавад ва танҳо ҳамон
чизе шиканандаи руза ба шумор меравад, ки аз тариқи ҳалқ ба меъда
бирасад, вале фақеҳони киром маънои тағзияро васеътар аз ин гириф-
та ва ҳар чизеро, ки ба шикам ворид шавад, онро шиканандаи руза до-
нистаанд, хоҳ ба дастгохи ҳозима ворид шуда бошад, хоҳ ба дигар ко-
вокиҳои дохили шикам. Чавф ҳам дастгохи ҳозима (меъда, рудаи ғафс
ва ғайра) ва ҳам дигар ковокиҳои шикамро дар бар мегирад.
Ба ақидаи онҳо аз тарики дастгохи ҳозима ва дигар узвҳое, ки му-
химтарин вазифаи чисмони (физиологи)-и онҳо кабул ва коркарди ғи-
зо мебошад, тағзияи комил сурат мегирад, вале аз тариқи дигар узв-
ҳои дохили шикам низ тағзияи нисби ҳосил мешавад ва манзури оят аз
хурдану нушидан низ тағзияи дохили мебошад. 
Илми тибби муосир низ ин мавқеъро таъйид менамояд ва таияи
нисби аз тарики ири системаи ҳозима, яъне аз тарики дигар узвҳои
дохилиро ба исбот расонидааст. Масалан, агар ба зери пардаи рӯи
шикам глюкоза ва дигар маҳлулҳои иобахш ворид карда шавад,
ҷисм аз тарики ҳамон парда неруи худро баркарор менамояд.
Назари ҷумҳури аҳли суннат он аст, ки бо расидани чизе ба ҷавф
(шикам) руза фосид мешавад ва ҷавфро шомили меъда, узвҳои марбут
ба тағзия ва дигар ковокиҳои шикам медонанд.
б) Ғайр аз ин фақеҳон расидани дору ва ҳар гуна маҳлулҳои ғизо-
бахшро ба димоғ низ шиканандаи руза донистаанд ва манзури онҳо аз
димоғ мағзи сар ва тамоми бофтаҳои асабие мебошанд, ки дар дохили
косаи сар ҷойгир шудаанд. Ба ақидаи ҷумҳури факеҳони мазҳабҳои
аҳли суннат димоғ яке аз ковокиҳои бадан буда, аз он ба шикам роҳ ва
манфазе вуҷуд дорад. Бинобар ин, ҳар чизи моеъ ва дорои арзиши ғи-
зоие ба димоғ бирасад, он низ шиканандаи руза ба шумор меравад.
Ба ақидаи баъзе фақеҳон аз димоғ ба шикам ҳеҷ гуна манфаз ва
роҳе вуҷуд надорад, вале димоғ қобилияти таъсирпазири ва касби ку-
ввату заъфро ба андозае ба таври мустақил дорад. Бинобар ин, ворид
шудани дору ва дигар ашёи иобахш ба димоғ шиканандаи руза ба
шумор меравад.
в) Маводи дорувори ва дигар маҳлулҳои давои дар назди ҷумҳури
аҳли суннат ҳукми маводи иоиро доранд ва бо расидани онҳо ба ши-
кам ва ё димоғ руза фосид мешавад. Зеро дар ин ҳолат маънои тағзия
ва нашоти бадан амалан таҳаққуқ меёбад
г) Ашёи дигаре, ки арзиши ғизоӣ надоранд, ба монанди оҳанпора,
гилпора ва ғайра ва ё маъмулан ба он тарз хурда намешаванд, ба мис-
ли меваҳои хом, зироатҳои нопухта ва ғайра, вакте касдан фуру бурда
шаванд, онҳо низ рузаро фосид мекунанд. Зеро маънои хурдан дар ин
ҳолат суратан таҳаққуқ ёфтааст.
д) Дар баробари гуфтаҳои боло, ки дар онҳо назари фикҳии маз-
ҳабҳои аҳли суннат дар бораи маънои калимаи ҷавф (шикам) ва димоғ
(мағзи сар) ба таври фишурда баён гардид, дидгоҳи дигари фикҳие низ
вуҷуд дорад, ки ҳанӯз дар марҳалаҳои шаклгирии худ карор дошта, ба
сурати мазҳаб ва ё раъйи мустақилле дар ин мавзуъ надаромадааст.
Он иборат аст аз ин ки ҳар чизе ба дастгоҳи ҳозима ва дигар узвҳое,
ки бевосита ба коркард ва тағзияи бадан марбут мебошанд, ворид ша-
вад, рузаро фосид месозад ва чизе, ки ба дигар ковокиҳои шикам ва
ҳамчунин, ба димоғ ворид шавад, он рузаро фосид намесозад.
Ҳамчунин дидгоҳи дигаре низ вуҷуд дорад, ки маводи дорувориро
комилан муфсиди руза эътибор намекунад. Зеро онҳо маъмулан дар
ҳукми хурданиҳо ва ё маводи ғизоӣ дохил намебошанд ва дар шариат
низ насс (далел)-и сареҳе наомадааст, ки онҳоро дар ҳукми маводи ғи-
зой карор дода бошад ва ё ҳукми муфсиди руза будани онҳоро муайян
карда бошад.
Бо вуҷуди он ки амал кардан ба назароти фикҳии донишмандони
муосир шаръан ҳеҷ мушкилеро ба вуҷуд намеоварад, зеро онҳо дар ин
масоил, ки аз ҷумлаи масоили иҷтиҳодй ба шумор мераванд, ба наза-
ри фикҳии илман дакиктаре даст ёфтаанд. Вале амал кардан ба наза-
роти фикҳии ҷумҳури аҳли суннат авлотар аст, зеро дар онҳо ҷанбаи
эҳтиёт дар ибодат бештар мавриди назар карор гирифтааст.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222