Главная / Илм / 15. Қарори Маҷмаи фицхи исломй

15. Қарори Маҷмаи фицхи исломй

Маҷмӯи масоили диние, ки дар ин бахш зикр гардиданд, аз қабили
чаконидани дору дар гӯш, чашм, бинй, имола кардан ва ҳамчунин до-
ру ва муолиҷа намудани димоғ, масоили иҷтиҳодй мебошанд, яъне дар
бораи онҳо далели қатъие дар Китоб ва суннат собит нашудааст. Би-
нобар ин, назари иҷтиҳодии донишмандони муосир дар ин масоил аз
мавқеи фиқҳии фақеҳони гузашта ё куллан ва ё қисман фарқ мекунад. 
Маҷлиси «Маҷмаи фиқҳи исломи» дар нишасти давраи даҳуми
худ, ки дар таърихи 23-28 моҳи сафари соли 1418 ҳ. (мувофиқ ба 28-
уми июн то 3-юми июли соли 1997 м.) дар шаҳри Чаддаи Арабистони
Сауди баргузор гардид, пас аз шунидани баррасиҳои илми ва тавсия-
ҳои нишасти нӯҳуми Анҷумани фиқҳи тибби дар бораи шиканандаҳои
руза дар вақти муолиҷа, ки аз 9-ум то 12-уми моҳи сафари соли 1418 ҳ.
(мувофиқ ба 14-ум то 17-уми моҳи июни соли 1997 м.) аз сӯи Созмони
исломии донишҳои тибби дар шаҳри Дорулбайзои кишвари Мағриб
(Марокаш) баргузор гардид, қарори зеринро ба тасвиб расонд:
а) Корҳои зерин шиканандаи руза ба шумор намераванд:
1. Чаконидани дору дар чашм ё дар гӯш, шустани гӯш, чаконида-
ни дору дар бини ва ҳамчунин доруҳои пошанда дар бини, вақте таъ-
ми он бо оби даҳон фуру бурда нашавад.
2. Истифодаи қурсҳое, ки барои бартараф намудани зиқи нафас,
тапиши баланди дил ва дигар навъҳои бемори дар зери забон гузошта
мешаванд, вақте таъми он бо оби даҳон фуру бурда нашавад.
3. Шиёф ва ё маҳлулҳое, ки барои шустан ба маҳбил ворид карда
мешаванд ва ҳамчунин дохил кардани дурбини ташхиси ва ё ангушти
ташхиси тибби ба маҳбил.
4. Дохил кардани дурбини ташхис ба бачадони зан ва ё бастани
даҳони он бо спирал.
5. Дохил кардани дастгоҳи ташхис (найчаи борик) ё дурбини таш-
хис ё моддае, ки барои равшантар шудани нурҳои ташхиси мусоидат
мекунад, ё дору ва ё маҳлуле барои шустани масона.
6. Тоза ва пур (пломба) кардани дандон, кандани он, гирифтани
сангҳои дандонҳо ва мисвок кардан бо мисвочб (шётка), вақте таъ-
ми он чи дар даҳон ҷамъ мешавад, бо оби даҳон фуру бурда нашавад.
7. Мазмаза, ғарғара ва пошидани доруҳои гази ба даҳон, вақте аз
фурӯ бурдани таъми он бо оби даҳон эҳтиёт шавад.
8. Ҳуқна (укол)-ҳои муолиҷавие, ки дар зери пуст, мушакҳо ва
рагҳои хунгард (вена) карда мешаванд, вақте маҳлулҳои ғизодиҳанда
надошта бошанд, яъне барои қувват набошанд.
9. Он чизе, ки аз тариқи сурохҳо ва масомаҳои таркиби пуст ҷаби-
да мешавад, ба монанди равғанҳо, марҳамҳо ва часпҳое, ки дар тар-
киби худ маводи доруи ва ё химияви доранд.
10. Дохил кардани найчаҳои борик ба шоҳрагҳо барои ташхис ва
ё муолиҷаи рагҳои дил ва дигар узвҳои бадан.
11. Дохил кардани дарунбин – эндоскоп (тораскоп) аз тариқи де-
вори шикам барои муоинаи рӯдаҳо ва ё анҷом додани амалияи ҷар-
роҳӣ дар он ҷо. 

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222