Архивы за день : 17.12.2023

ФАРИДУДДИНИ АТТОР

pur9rblnc00

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт, Мо ҳанӯз андар хами як чаем. Мавлонои Руми Фаридаддин ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Аттор ибни Исҳоқи Нишопурй яке аз устодони машҳури ахлоқ ва намояндаи адабиёти аҳли тасаввуф буда, аз худ мероси сершумори тарбиявию ахлоқй боқй гузоштааст: нусхаи «Ихвон-ус-сафо», «Чоҳир-уз-зот», <<Мазоҳир-ул-аҷоиб», «Уштурнома», «Абирнома», «Асрорнома», «Мантиқ-ут- тайр», …

Муфассал »

АБДУЛЛОҲИ АНСОРИ

ansori

«. ..сесад ҳазор ҳадис… маро ба зикр буд». Номи пуррааш Абуисмоил Абдуллоҳ ибни Абумансур Муҳаммад буда, шоир ва нависандаи форсу тоҷик аст ва бо лақабҳои «Пири Ансори», «Пири Ҳиравӣ», «Пири Ҳирот» шуҳрат дорад. Абдуллоҳи Ансори намояндаи адабиёти ирфони буда, 2-юми шаъбони соли 396 (майи 1006) дар Ҳирот дар оилаи дукондор …

Муфассал »

НУШЕРВОНИ ОДИЛ ВА БУЗУРГМЕҲРИ ВАЗИР

images

Нушервон-Хусрави Анушервон – шоҳаншоҳи сулолаи Сосониён, мулаққаб ба Додгар, ки бистуякумин шоҳи сосонӣ буда, солҳои 531-579 ҳукумат рондааст, дар адабиёти бадеӣ (пахдавӣ, асрҳои миёнаи форсу тоҷик) ҳамчун шоҳи одилу раъиятпарвар ва оқил машҳур гардидааст. Асарҳои оид ба дини зардуштӣ, ки ба забони паҳлавй (форсии миёна) иншо шудаанд, номи ӯро ба …

Муфассал »

Пандномаи Луқмони Ҳаким

socrates_address_by_

«Агар кувваҳои бадан бар ақл ғолиб оянд, мувозинати инкишофи табиату ниҳоди инсон вайрон мешавад. Бинобар ин хайрияти олии рӯҳ дар мувозинати ақлу ҷисм аст. Агар ҷисм солим бошад, рӯҳ низ саломат аст». Абӯалӣ ибни Сино Эй азизам, бидон, ки зарари муҷомаат[1] [2] ин аст: Аммо он чи муҷомаатро зарар расонад …

Муфассал »

Луқмони Ҳаким

images

«Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст». (Аз халқ,) Дар офаридаҳои халқ, сарчашмаҳои илмию таърихӣ ва адабӣ симои номварони таърихӣ, воқеӣ ва хаёлӣ дучор меоянд, ки эшон бо амали хайр ё шарр шуҳрат ёфта, то рӯзгори муосир расидаанд. Чунончи, Нушервони Одил, Бузургмеҳр Намруд, Шаддод, Яъқуб, Юсуф, Нуҳ, Искандар, Корун, Ҳотами Той …

Муфассал »

Ахлоқ чист?

axloq

Ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ ва ҳодисаи таърихӣ, маҷмӯи қоидаҳои рафтори таърихии ташаккулёфтаи мардум мебошад, ки таҷрибаи чандинасраи муносибатҳои инсониро фаро мегирад. Мазмун ва роҳу равиши ахлоқро шароити моддии ҷомеа муайян карда, онро ба майдон меорад, муҳофизат мекунад ва тараққӣ медиҳад. Хулқ муносибати одамро ба одам, ҷамъият ва оила …

Муфассал »

Агар пурсанд, ки таҳорат (поки)-и ботин кадом аст?

ds

ҷавоб бигӯ, ки:  пок сохтани дил аст аз галлу ғаш ва ҳасаду кина; пок сохтани забон аст аз дурӯғу ғайбат ва суханчиниву туҳмат; пок сохтани шикам аст аз ҳаром хӯрдан; пок сохтани тан аст аз ҳаром пушидан; пок доштан аст зоҳири худро; пок доштан аст сари худро аз ҳавову ҳавас.

Муфассал »