Главная / Илм / Аҳаммияти дуоҳои маъсура

Аҳаммияти дуоҳои маъсура

Дуоҳои маъсура дуоҳое мебошанд, ки дар Қуръону ҳадис омадаанд. Чунонки ёдовар шудем, яке аз одоби дуо ин аст, ки шахси дуокунанда бо он дуоҳое, ки дар Қуръону ҳадис омадааст, Худоро бихонад. Дуоҳои маъсура фазилат ва хусусиятҳои зиёде доранд, ки дар иҷобати дуо таъсирбахш мебошанд. Яке аз муҳимтарин фазилатҳои дуоҳои маъсура ин аст, ки худи Паёмбар (с) аз дуоҳои қуръонӣ истифода мекард ва саҳобагонро низ ба он тавсия медод.
Ҳамчунин дуоҳои маъсура одоб ва тариқи дурусти дуо карданро дар бар мегиранд. Аммо бештари мардум аз одоб ва тариқи дурусти дуо кардан огаҳ нестанд ва намедонанд бо Офаридгори хеш чӣ гуна ва бо чӣ алфоз дуо кунанд. Вақте ки дар дуоҳои маъсура ин амр риоя шудааст, пас чаро дар дуоҳои худ аз онҳо истифода накунем?
Агар мо ба қиссаҳои ибратомӯзи паёмбарон дар Қуръони карим назар кунем, мебинем, ки тақрибан аз ҳар паёмбаре як ё ду дуо нақл шудааст. Мақсад аз овардани дуоҳои паёмбарон дар Қуръони карим низ ҳамин аст, ки бандагон одобу тариқи дуо ва равиши розу ниёз бо Офаридгори худро биомӯзанд. Вақте ҳазрати Одам (а) ба хӯрдани гандум ғалати худро дарк кард, мехост аз кори кардааш назди Парвардигор тавба кунад, вале тариқи тавба ва чӣ дуо карданро намедонист. Худованд бо фазлу карами хеш ба ӯ калимаҳоеро ёд дод, ки ба воситаи он дуо кард ва Худованд тавбаашро пазируфт.151351-planeta-kosmos-noch-atmosfera-atmosfera_zemli-500x
«Пас, Одам аз Парвардигори худ сухене чанд фаро гирифт. Пас, Худо бо меҳрубонӣ бар вай бозгашт; ҳамоно Ӯ Бозгардондаи Меҳрубон аст».«Ғайри Ту ҳеҷ Худои барҳақ нест; Покӣ Турост, ба дурустӣ ки ман аз ситамгарон будам». «Пас дуои ӯро қабул кардем ва ӯро аз ғам наҷот додем; ҳамчунин мӯъминонро наҷот медиҳем».
Яъне шахсе, ки бо дуои ҳазрати Юнус (а) Моро бихонад, дуояшро қабул карда, ӯро аз ҳар ғаму андӯҳ наҷот медиҳем.
Ин фазлу раҳмати илоҳӣ бар бандагонаш аст, ки фоидаи дуоро бар худи банда бармегардонад. Илова бар ин, дуо кардан ҳукми ибодатро дорад, ки бо анҷом додани он банда савоб мегирад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222