Главная / Илм / Аҳком ва одобе, ки бар асоси маҷмӯаи фавқ бино ёфтаанд

Аҳком ва одобе, ки бар асоси маҷмӯаи фавқ бино ёфтаанд

Аз мачмуи оятҳо ва аҳодисе, ки дар бораи рузаи моҳи Рамазон
нозил ва собит шудаанд, факеҳони киром аҳком ва одоберо дар бораи
руза ва шахси рузадор истинбот карданд, ки муҳимтарини онҳоро дар
ин чо зикр менамоем: 
Аҳком:
1. Гирифтани рузаи моҳи Рамазон бар шахсе, ки ба синни таклиф
расида бошад, фарз аст.
2. Шахси бемор шаръан метавонад рузаи моҳи Рамазонро биху-
рад, хоҳ бемориаш пеш аз даромадани мохи Рамазон ба вучуд омада
бошад, хоҳ пас аз оози руза, вале пас аз барқарор гардидани салома-
тиаш бояд қазои онро ба ҷой оварад.
Беморие, ки ба сабаби он хурдани руза барои шахс ҷоиз мегардад,
он беморие аст, ки ба сабаби руза доштан зиёд шавад ва ё дар шифоё-
биаш таъхир афтад.
3. Шахсе ҳангоми ҳулули мохи Рамазон дар сафар бошад ва ё пас
аз фаро расидани он ба сафар барояд, шаръан барояш иҷозат аст, ки
рузаро бихурад ва пас аз бозгашт қазои онро ба ҷой оварад.
Аммо дар бораи сафаре, ки хурдани руза ба сабаби он ҷоиз ме-
гардад, дар миёни фақеҳони киром назароти гуногун вучуд дорад. а)
Аз назари имом Абуҳанифа (рҳ) хурдани руза танҳо дар сафарҳои
шаръи, яъне сафаре, ки ба нияти се руза роҳ бошад, ҷоиз аст ва дар
камтар аз он ҷоиз нест. б) Аз назари имом Шофеъи (рҳ) дар сафари як
шабонаруза чоиз аст. в) Назари баъзе олимони дигар он аст, ки хӯр-
дани руза дар ҳамаи сафарҳо ҷоиз аст ва он ба муддате маҳдуд наме-
бошад, зеро дар оят ба таври мутлақ омадааст ва ба чизе маҳдуд сохта
нашудааст.
Аз назари чумҳури фақеҳон гирифтан ва ё хурдани руза дар сафар
рухсат, яъне ихтиёри аст ва ҳар мусофире бо таносуби ҳоли худ мета-
вонад ба яке аз онҳо амал намояд. Агар дар сафар руза дорад, рузааш
ҷоиз мегардад ва агар ифтор намояд, он низ барояш иҷозат аст, вале
пас аз бозгашт қазои онро бояд ба ҷой оварад.
4. Пирамард ва пиразане, ки аз мадор рафтаанд ва гирифтани рӯ-
за барояшон сахти ва машаққате ба бор меоварад, шаръан барояшон
иҷозат аст, ки рузаашонро бихуранд ва ба ҷои ҳар рузи он ба андозаи
таоми мискине фидя диҳанд. Дигар қазое бар онҳо воҷиб нест.
Беморе, ки дигар барои беҳбудиаш умеде намондааст, низ дар ин
ҳукм шомил мебошад. Ин гуна бемор низ ба ҷои ҳар рузи хурдааш ба
андозаи таоми мискине фидя медиҳад. Беморони барҷомонда (муз-
мин) ва гирифторони бемориҳое, ки олибан дармоннопазиранд, ба
ин гуна беморон дохил мешаванд.
5. Заноне, ки дар ҳолати ҳайз ва ё нифос қарор доранд, шаръан
бар онҳо воҷиб аст, ки аз гирифтани руза худдори намоянд ва пас аз
пок гардидан қазои онро ба ҷой оваранд. Руза доштан барояшон мам-
нӯъ аст. 
6. Занони ҳомила ва ширдеҳ агар бар худ ва ё тифли ширхора-
ашон хавф баранд, шаръан барояшон иҷозат аст, ки рузаро бихуранд
ва пас аз вазъи ҳамл ва чудо шудани тифл аз шир казои онро ба ҷой
оваранд. Чумҳури аҳли суннат иттифоки назар доранд, ки занони ҳо-
мила ва ширдеҳ пас аз вазъи ҳамл ва чудо шудани тифл аз шир бояд
казои рузаро ба ҷой оваранд, вале дар пардохти фидя нукта назароти
онҳо гуногун мебошад.
Ҳукми масъала дар ин ҷо ҳар ду гурӯҳи занони ширдеҳро дар бар
мегирад: а) заноне, ки ба фарзандони худашон шир медиҳанд ва б) за-
ноне, ки ба ҳайси доя ба фарзандони шахсони дигар шир медиҳанд.
7. Дар ҳолати гуруснаги ва ташнагии сахте, ки бар ҳалокат ва ё
накси акли ва ҷисмонии шахси рузадор хавф бурда шавад, хурдани руза
чоиз аст. Масалан, агар аз шиддати гуруснаги ва ё ташнаги дар моҳи
Рамазон хавфи аз даст додани бинои барои рузадор пеш ояд, хурдани
руза барояш чоиз мегардад. Ин ҳолат аксаран барои онҳое пеш меояд,
ки машғули корҳои сахти ҷисмонй ҳастанд ва барои тарки он чорае на-
доранд. Факеҳони киром ин ҳолатро ба ҳоли шахси бемор, ки шаръан
барои вай хурдани руза иҷозат дода шудааст, киёс кардаанд.
Соҳиби «Рад» пас аз баррасии мавзуъ мефармояд: «Чизе, ки дар
масъалаи шахси коргар бояд гуфта шавад, ин аст, ки агар ба андозаи
кифоя барои нафакаи худ ва аёлаш пулу мол дошта бошад, хурдани
руза (бо баҳонаи касб) барояш ҳалол нест ва дар ғайри он метавонад
ба кадри кифоя кор кунад ва агар ин амр вайро ба хурдани руза маҷ-
бур созад, он барояш ҷоиз мегардад, вакте дар ири он имкони кор
кардан надошта бошад. Ҳамчунин агар аз талаф шудани зироат ва ҳо-
сил ва ё дуздида шудани он хавф барад ва касеро наёбад, ки барояш
бо музд кор кунад, метавонад рузаашро бихурад ва казои онро пас аз
бартараф шудани он ҳолат ба ҷой оварад, ҳамин тавр шахсе барои
кор бо касе карордод баста бошад ва дар вакти Рамазон соҳиби кор
ба фасхи он рози нашавад, метавонад рузаашро бихурад».
Пас ҳолатҳое, ки хурдан ва ё нагирифтани руза дар онҳо ҷоиз аст
ва узрҳои шаръи ба шумор мераванд, шаш чизанд: а) бемори, б) са-
фар, в) пири ва калонсоли, в) ҳайзу нифос, г) ҳомилаги ва ширдиҳи, д)
гуруснаги ва ташнааии сахт.
Дар панҷ ҳолати он: бемори, сафар, ҳайзу нифос, ҳомилагию шир-
диҳӣ ва гуруснагию ташнагии сахт пас аз бартараф гардидани узрҳои
номбурда казои руза бар шахс воҷиб аст. Аммо дар ҳолати пири ва ҳа-
мин тавр беморие, ки дигар ба беҳбудии бемор умеде нест, бар шахс
танҳо фидя воҷиб мегардад ва қазое бар вай нест.
8. Дар шабҳои моҳи Рамазон тамоми мамнуоти зоҳирии руза бар-
дошта шудаанд ва барои рузадор пас аз фуру рафтани офтоб то дами-
дани субх, хурдану нушидан ва наздикй бо занон ҷоиз аст. Вале барои
шахси муътакиф наздикй бо занон мамнъ мебошад. Зеро вай ибодати
дигареро бо номи эътикоф бар рузаи моҳи Рамазон афзудааст, ки он та-
лабот ва аҳкоми худро дорад ва наздикй бо занон онро фосид месозад.
Одоб ва мустаҳаббот:
1. Худдорй аз беҳудагй, бадзабонй ва бадрафторй. Зеро худдорй
аз хостаҳои шикаму фарҷ камтарин ва ё маҷмӯаи зоҳирии мамнуоти
рузаро ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки ҳадафи асосии руза расидани ба
тако ва худсозии шахси рузадор аст ва ин маҷмӯа вакте барои руза-
дор ҳосил мешавад, ки кадамҳои барҷастае дар раванди худсозй ва та-
комули ҷанбаҳои инсонии худ бардорад.
2. Чидду ҷаҳд дар дуъову ибодат, тиловати Қуръон ва дигар амал-
ҳое, ки дар ташаккули ҷавҳари шахсияти инсон таъсири бевоситае до-
ранд. Зеро ин моҳ фурсати нотакрор ва лаҳзаҳои муносиберо барои
қабули дуъову ибодат ва дигар амалҳои нек дар ихтиёри ӯ мегузорад
ва Худованд иҷобати дуъо, ибодатҳо ва дигар аъмоли бандаро дар ин
моҳ кафолат додааст.
3. Таъҷили ифтор ва таъхири саҳариҳурй низ аз ҷумлаи суннатҳои
Расули Худо (с) ва беҳтарин одоби фаризаи руза дар Ислом ҳастанд ва
рузаи мо аз рузаи умматони пешин бо ҳамин чизҳо фарк мекунад.
4. Пеш аз намози шом кушодани руза низ аз ҷумлаи суннатҳои
Расули Худо (с) дар ин моҳ мебошад.
5. Дар саҳарҳои моҳи Рамазон бо пайравй аз суннати Расули Худо
(с) ва ба хотири баракат чизе, ҳарчанд ҷуръаи обе ҳам бошад, хурдан.
6. Эътикофи даҳаи охирро барои сафои бештари рӯҳ ва тазкияи
нафс ғанимат донистан.
7. Ҳангоми ифтор ва саҳарихурй бояд дар хурдану ншидан меъёр
ва андозаи муайяне риоя гардад, зеро пурхурй на аз назари шаръ мат-
луб ва писандида аст ва на аз назари тиб.
Вакте инсон пурхурй мекунад, тамоми бадан дар ҳамоҳангй бо
дастгоҳи ҳозима муддате ба таври тоқатфарсо ва болотар аз доираи
тавонаш ба ҳазм, коркард ва қабули ҳаҷми зиёди маводи хурокй маш-
ғул мегардад ва ин ҳолат дар айни ҳоле ки ба саломатии инсон дар
маҷмӯъ зарар дорад, ӯро аз пуёй ва боландагии рӯҳй низ бозмедорад.
Оре, намози таровеҳ барои ба эътидол даромадани вазъи чунин ода-
мон василаи хубе мебошад, вале одаме, ки аз шиддати пурхурй ба зӯр
хаму рост мешавад ва худро аз оруғу дамиши шикам ба ҳоле нигаҳ ме-
дорад, дигар чи бахрае аз маънавиёти намоз ба даст меоварад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

5titul

Муҳити маркетингии муассисаҳои илми-техники ва қисмҳои ҷузъии он

Муҳити маркетинги муассисаҳои илми – техники аз қисмиҳои зерин иборат мебошад: Муасисаҳо. Ба муассисаҳои илми-техники …