Главная / Илм / Ақволи уламо дар мавриди Имом Молик

Ақволи уламо дар мавриди Имом Молик

Имом Шофеъӣ (р) мегўяд: «Ҳангоме ки ҳадисе аз Расулуллоҳ (с) ва асҳобаш нақл шавад, пас Молик ҳам монанди ситорае медурахшид».
Ҳамчунин мегўяд: «Молик ҳуҷҷату далели Худованд бар халқаш баъд аз тобеъин аст». Яҳё ибни Саъид ва Яҳё ибни Маъин мегўянд: «Молик амирулмуъминин дар ҳадис аст». Аҳмад ибни Ҳанбал (р) мегўяд: «Касе, ки аз Имом Молик бадаш меояд, бидон ки ў аз аҳли бидъат мебошад». Авзоъӣ дар бораи Имом Молик (р) мегўяд: «Олими уламо ва олими аҳли Мадина ва муфтии Ҳарамайн». Ибни Касир дар «Ал-бидояту ван-ниҳоя» мегўяд: «Сифоти некўи Имом хеле зиёд аст ва санои имомон бар ў бештар аз ин аст, ки битавон дар ин ҷо зикр кард».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222