Главная / Без рубрики / АБДУЛЛОҲИ АНСОРИ

АБДУЛЛОҲИ АНСОРИ

«. ..сесад ҳазор ҳадис… маро ба зикр буд».

Номи пуррааш Абуисмоил Абдуллоҳ ибни Абумансур Муҳаммад буда, шоир ва нависандаи форсу тоҷик аст ва бо лақабҳои «Пири Ансори», «Пири Ҳиравӣ», «Пири Ҳирот» шуҳрат дорад. Абдуллоҳи Ансори намояндаи адабиёти ирфони буда, 2-юми шаъбони соли 396 (майи 1006) дар Ҳирот дар оилаи дукондор таваллуд шудааст. Дар чорсолаги ба мактаб рафта, илмҳои фиқҳ, тафсир, ҳадис ва адабро дар мадрасаҳои Ҳирот ва Нишопур омухтааст. Зеҳн ва ҳофизаи мустаҳкам доштааст. Чунончи, худ навишта:

ansori«Маро ҳафтод ҳазор байт аз ашъори араб ёд буд ва сад ҳазор низ форси метавон гуфт, аз ашъори мутақад- димин1 ва мутааххирин,[1] [2] ки ҳар як дурре буд носуфта…»

Вай ба шогирдии олими машҳур – Шайх Абдулҳасани Харақони (фавташ соли 425/1033) дохил шуда, ба тасаввуф майл намуда, дар рӯҳияи ин таълимот ба забонҳои форси ва араби асарҳо навиштааст.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои адаби шумораи асарҳои ӯ ба 15 номгӯй мерасад. То ба давраи мо як қисм асарҳои ӯ расидаанд. Рисолаҳои тасаввуфии «Манозил-ус- соирин» (дар аввали соли 480), «Канз-ус-соликин», асари рамзу тамсилии «Анис-ул-муриддин ва шамс-ул-маҷолис». Асарҳои на он қадар калонҳаҷми дидактикии «Насиҳат- номаи вазир», рисолаи «Туҳфат-ул-мулук» («Туҳфат-ул- вузаро»), «Муноҷотнома», «Илоҳинома», «Мақомот», «Суханҳои Абдуллоҳи Ансори». рисола «Дар баёни дарвешй», «Анвор-ут-таҳқиқ» ва рисолаи «Сад майдон» (446/1054-55) барои шогирдон ба калами ӯ тааллук доранд.

Дар асарҳои ӯ танкиди беадолатиҳои замон, зулму золимии давр ва арбобони замонаш, дар мазаммати ахлоки замима1 ва суфиёну руҳониёни риёкор, дар тарғиби адолат, ахлоки ҳамида, ҷавонмардию накукорй ва дустй зохир мешавад. Инсондустй аз ҷумлаи ҳамин ҷиҳатҳои солими акидаҳои ӯст. Насри мусаҷҷаъ, ки баъдтар дар адабиёти форсу тоҷик идома ёфтааст, аз таълифоти Ансорй оғоз шудааст.

Абдуллохи Ансорй 14-уми муҳаррами соли 481 (6-уми июли соли 1088) дар Ҳирот вафот мекунад ва ӯро дар он ҷо дафн менамоянд.

То имруз матни интикодии асарҳои ӯ вучуд надорад, шт асари хурдҳаҷми ӯ: «Илохинома», «Канз-ус-

соликин», «Воридот», «Қаландарнома», «Ҳафт ҳисор», «Муҳаббатнома», «Макулот», «Дилу ҷон» дар як куллиёт аз тарафи Султон Ҳусайни Гунободй ва Вохиди Дастгардй дар соли 1319 (1940) дар Теҳрон ба табъ расидааст.[3] [4]

***

  1. Рисолаи дидактикии ин донишманд бо номҳои «Туҳфат-ул-мулук» шт, «Туҳфат-ул-вузаро» чор, «Чихил- боб» панҷ маротиба чоп шуда ва «Туҳфат-ус-салотин» бо чопи сангй машхур аст.
  2. Рисолаи «Туҳфат-ул-мулук» ҳаҷман хурд бошад ҳам, дар мавзуи ахлоки писандида ва тарзи давлатдорию бакои он барои шоҳон ва доираи васеи хонандагони давру замон бо забони дарй-точикӣ таълиф ёфта, хусусияти тарбиявй дошта, сохибназаронро ба сӯи покй хидоят менамояд.

Санаи таълифаш номаълум буда, бо дебочаи хурда- каке ооз меёбад.

ТУҲФАТ-УЛ-МУЛУК1

«…агар ҳар фард нафси худро ислоҳ кунад, давлату миллатро низ идора карда метавонад».

(Абӯалӣ ибни Сино)

«…аммо баъд бидон, ки ин рисолаест муштамил[5] [6] бар он, ки ҳукамо аз китоби кудамо ихтиёр карданд ва фавоиди бисёр дар зимни ҳар ҳуруфе маркум[7] мешавад аз ҳар рамзе канзе[8] ва аз ҳар ишорате башорате[9] мустафод[10] аст ва ин рисола мавсум аст ба «Туҳфат-ул-мулук», мансуб ба чиҳил боб ва ба ҳар боб чаҳор насиҳат».

Боби аввал дар он, ки чаҳор чиз подшохиро нигоҳ дорад: 1) риоят ва; 2) муҳофизати дин; 3) вазирини ботамкин; 4) нигох, доштани азм ва нигох, доштани чазм[11]:

Боби дувум дар он, ки чаҳор чиз натавон кард, илло[12] ба чаҳор чиз: 1) подшохй натавон кард, илло ба адолат; 2) муҳаббат натавон кард, илло ба тавозуъ; 3) душман ҳалок натавон кард, илло ба дӯстӣ; 4) ба мурод натавон расид, илло ба сабр;

Боби севум дар он, ки чаҳор чизро ба чаҳор чиз чора нест: 1) подшоҳиро аз сиёсат; 2) вузароро аз амонат; 3) раъиятро аз риоят; 4) лашкарро аз тарбият;

Боби чахорум дар он, ки чаҳор чизро ба чаҳор чиз эҳтиёҷ аст: 1) султонро ба вазири доно; 2) далеронро ба силоҳ; 3) илмро ба амал; 4) ваъдаро ба вафо;

Боби панҷум дар он, ки чаҳор чизро вирд[13] бояд сохт: 1) дусти доноро ба даст овардан; 2) бо бародарон накуй кардан; 3) дар ободонй кушидан; 4) бар халки Худой бахшидан;

Боби шашум дар он, ки чаҳор чиз набояд, то ҳасрат[14] [15] набошад: 1) ручуи[16] корҳо ба носазоён; 2) накуй ба нокасон; 3) бадй ба некон; 4) шитоб дар фиску исён[17];

Боби хафтум дар он, ки чаҳор чиз бар ҳама халк некуст: 1) адолат ва ростй; 2) аклу хирад; 3) сабру сукун; 4) шарм ва ҳаё;

Боби хаштум дар он, ки чаҳор чиз бар ҳама халк бад аст: 1) буғзу[18] ҳасад; 2) уҷбу1 нахват2; 3) хашму ғазаб; 4) касолату3 бенамозй4;

Боби нухум дар он, ки чаҳор чиз офати султон аст: 1) ғафлати амирон; 2) хиёнати дабирон5; 3) густохии ҳакирон; 4) ҳасади бадназарон;

Боби дахум дар он, ки бо чаҳор кас мадоро бояд кард: 1) бо султони ситамкор; 2) бо тоифаи ношёр; 3) бо мардуми бемор; 4) бо ёри накукор;

Боби ёздахум дар он, ки чаҳор чиз мучиби суботи салтанат аст: 1) адолат ва шучоат; 2) мурувват6 ва футувват7; 3) саховат ва атият8; 4) марҳамат ва шафкат;

Боби дувоздахум дар он, ки чаҳор чиз мучиби некбахтй аст: 1) асли пок; 2) дасти пок; 3) дили пок; 4) раъйи мустаким;

Боби сенздахум дар он, ки чаҳор чиз мучиби чамъият аст: 1) амният; 2) неъмат; 3) фароғат; 4) истикомат9;

Боби чахордахум дар он, ки чаҳор чиз боиси давлат аст: 1) фарриздонй10;     2) таъйиди1 [19] осмонй; 3) ахоми

писандида; 4) имоми баргузида;

Боби понздахум дар он, ки чаҳор чиз муҷиби бадбахти аст: 1) кохилй; 2) чохилй; 3) нокасй; 4) бекасй;

Боби шонздахум дар он, ки риояти чаҳор чиз ба ҳама кас шарт аст: 1) тоат; 2) насиҳат; 3) шафкат; 4) амонат;

Боби хафтдахум дар он, ки чаҳор чиз муҷиби шодмонй аст: 1) навохти султон; 2) дуои зохидон; 3) санои бузургон; 4) дидани дӯстон;

Боби хаждахум дар он, ки бар чаҳор чиз мағрур набояд шуд: 1) курби1 султон; 2) зувди[20] [21] шабзиндадорон; 3) панди ҳосидон; 4) дустии занон;

Боби нуздахум дар он, ки чаҳор чиз корҳо тамом кунад: 1) пайвастан бо бузургон; 2) шунидани панди дӯстон; 3) тафаккур дар достон; 4) пайравии ростон[22];

Боби бистум дар он, ки чаҳор чиз нишони аблахй аст: 1) уҷбу такаббур; 2) айб чустан; 3) бахилй кардан; 4) аз сифла[23] умеди бехй доштан;

Боби бисту якум дар он, ки чаҳор чиз нишони саодат аст: 1) қавли рост; 2) авди дуруст; 3) тавозуъ дар ҳама ҳол; 4) саъй дар касбу камол;

Боби бисту дувум дар он, ки чаҳор чиз нишони шаковат1 аст: 1) суҳбат доштан бо ҷохилон; 2) накуй кардан ба бадон; 3) насиҳат шунидан аз ҷоҳилону фузулон[24] [25]; 4) амал кардан ба кавли занон;

Боби бисту севум дар он, ки аз чаҳор чиз эҳтироз бояд кард: 1) уҷбу такаббур; 2) хашму ғазаб; 3) бухлу имсок[26]; 4) шитобу таъҷил;

Боби бисту чахорум дар он, ки чаҳор чиз муҷиби фалокат аст: 1) хабисй[27] ва ғайбат; 2) такаббур ва нахват[28]; 3) ҳасад ва ҳамокат[29]; 4) тамаъ ва шахват[30];

Боби бисту панҷум дар он, ки чаҳор чиз муҷиби тараккй бошад ва осоиш: 1) тарки ҳавову ҳавас; 2) ихтиёри лутфу мадоро; 3) таҳаммул[31] дар казо; 4) шукр бар ато;

Боби бисту шашум дар он, ки чаҳор чизро тағйир мумкин нест: 1) гардонидан казоро[32];    2) ботил кардан

ҳақро; 3) некуй кардан бадхуро; 4) хушнуд кардан халкро;

Боби бисту хафтум дар он, ки чаҳор чизро хурд набояд донист: 1) душман; 2) оташ; 3) сел; 4) беморй;

Боби бисту хаштум дар он, ки чаҳор чиз подшохиро мухил1 аст: 1) зулми амир; 2) хиёнати дабир; 3) ғафлати вазир; 4) хорй бар асиру ситам бар ҳақир;

Боби бисту нухум дар он, ки чаҳор чизро бако набувад: 1) ҳокими золимро; 2) вазири бехабарро; 3) моли ҳаромро; 4) гардиши айёмро;

Боби сиюм дар он, ки чаҳор чиз ба чаҳор чиз тамом шавад: 1) дониш ба акл; 2) тоат ба вараъ[33] [34]; 3) амал ба сидк; 4) неъмат ба шукр;

Боби сию якум дар он, ки чаҳор чиз окибати чаҳор чиз аст: 1) окибати хашм пушаймонй; 2) окибати лаҷоҷ[35] расвой; 3) окибати бади душманй; 4) окибати кохилй хорй;

Боби сию дувум дар он, ки чаҳор чиз шахсро заиф мекунад: 1) душмани бешумор; 2) карзи бисёр; 3) касрати[36] аёл; 4) хаёли муҳол[37];

Боби сию севум дар он, ки чаҳор чиз чаҳор чиз оварад: 1) хомушй роҳат; 2) фузулй (пури) маломат; 3) саховат мехтарй[38]; 4) шукр афзунй;

Боби сию чахорум дар он, ки чаҳор чиз чаҳор чизро бибарад: 1) шахват кувват; 2) касолат давлат; 3) носипосй1 неъмат; 4) такаббур мурувват;

Боби сию панҷум дар он, ки чаҳор чизро натавон ёфт: 1) сухани гуфтаро; 2) тири андохтаро; 3) казои рафтаро; 4) умри гузаштаро;

Боби сию шашум дар он, ки чаҳор корро кардан чаҳор чиз ёфтан аст: 1) савол карданро хорй; 2) окибати наандешидан пушаймонй; 3) ҳазл гуфтанро сабуксорй[39] [40]; 4) ба подшох, далерй карданро ҳалокй;

Боби сию хафтум дар он, ки чаҳор чиз далели нодонй аст: 1) бо ноозмуда далерй кардан; 2) аз занон умеди вафо доштан; 3) бо кудак суҳбат доштан; 4) бар аблаҳ эътимод кардан;

Боби сию хаштум дар он, ки чаҳор чиз нуксони умр аст: 1) ба пирй муҷомаати[41] бисёр кардан; 2) ба серй ба гармоба рафтан; 3) мева ва кадид[42] хом хурдан; 4) бо занони пир суҳбат доштан;

Боби сиву нухум дар он, ки чаҳор чиз чаҳор касро набошад: 1) дуруғро мурувват; 2) бахилро саодат; 3) ҳасудро роҳат; 4) бадхуро мехтарй;

Боби чихилум дар он, ки чаҳор чиз асли саодати дуҷаҳонӣ ва мудовидоти1 ҷовидонист: 1) фармон бурдани Ҳақ таоло; 2) мутобиати[43] [44] расулуллоҳ… 3) хушнудии модару падар ризо доштан; 4) хидмати уламову[45] сулаҳову[46] фукаро ва шафкат ба халки Худои таоло ҷалла[47] чалолауҳу[48];

[1] Мутақаддимин – чамъи мутақаддим; пешина, қадим.

[2] Мутааххирин – чамъи мутааххир; оянда, пас, сонй.

[3] Замима – зишт, нописанд.

[4] З.Н. Ворожейкина – «Описание персидских и таджикских рукописей Института Востоковедения», выпуск 7, Москва, «Наука» 1980, стр. 59

– 62.

[5] Дар мачмуаи «Сад панди ҳазрат». Тошканд, 1325          чрй, рисола бо

номи «Панднома»-и Фаридаддини Аттор ёд мешавад.

[6] Муштамил – дарбаргирифта.

[7] Маркум – қайд; навишта.

[8] Канз – ганч, хазина.

[9] Башорат – хабари хуш, мужда.

[10] Мустафод – маълум.

[11] 4,азм – нияти қатъӣ.

[12] Илло – ба чуз, ғайр аз, магар, магар ин ки.

[13] Учб – мағрур.

2 Нахват – такаббур.

3 Касолат – сустй, танбали.

4 Бенамозй – нопокй.

5 Дабир – мирзо, котиб.

6 Мурувват – ҳимматбаландй.

7 Футувват – чавонмардй, саҳо.

8 Атият – карам, бахшиш.

9 Истикомат – пойдорй, сиҳатй.

10 Фарриздонй – ичрои супориши ҳатмй.

[14] Вирд – кори ҳаррӯза, такрори доимй

[15] Ҳасрат – пушаймонй.

[16] Ручуъ – супурдан.

[17] Исён – гуноҳ, чурм.

[18] Буғз – кина.

[19] Таъйид – ёрмандй, мадад.

[20] Қурб – наздикй.

[21] Зувд – порсой, парҳезкорй.

[22] Ростон – росткор.

[23] Сифла – паст, нокас.

[24] Шақоват – бадбахтй.

[25] Фузули – сафсатагӯй, сергапй.

[26] Имсок – мумсикй.

[27] Хабисй – палидй, бадкорй.

[28] Нахват – худбинй, худпарастй.

[29] Ҳамоқат – аблаҳй.

[30] Шаҳват – ба маънои нафс.

[31] Таҳаммул – сабр, тобоварй.

[32] Қазо – ҳукм; амал; такдир.

[33] Мухил – халалрасон.

[34] Вараъ – порсой, парҳезкорй, диндорй.

[35] Лачоч – хусумат.

[36] Касрат – бисёрй.

[37] Муҳол – мартаба, чой (бемаҳал, беҳуда).

[38] Меҳтарй – бузургй.

[39] Носипоси – ношукрй.

[40] Сабуксорй – беандешагй.

[41] Мучомаат – ҳамбистарии зану мард.

[42] Қадид – гӯшти бо намак хушкшуда.

[43] Мудовидот – даво.

[44] Мутобиат – пайравй, фармонбардори.

[45] Уламо – чамъи олим.

[46] Сулаҳо – чамъи солеҳ, покдил, порсо.

[47] Чалла – бузург.

[48] Чалол – бузург, азамат, шукӯҳ.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

pir

Пири бераҳм – ҳикоя аз Кароматуллоҳи Мирзо

Додои Баҳодур ба охури говҳо коҳу кунҷора андохт, ба гусфандон алаф дод. Турбаи ҷавро аз …

222222222222222