Шоҳнома – ҳамосаи миллии мардумони Ориёӣ , ки Абулқосим Фирдавсӣ онро солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст. Ҳамоса аз 60 ҳазор байт (120 ҳазор мисраъ) иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон, ба ҳисоб меравад.
Фирдавсӣ асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркизи тоҷикон – Сомониён гирифтори каш- макашҳои дохилӣ буд. Вай дар синни 35-солагӣ пас аз он ки ба Бухоро ва дигар ҷойҳо сафар карда, бар иловаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» дар бораи гузаштаи мардумони Эрон маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими хамосаи худ «Шоҳнома» шурӯъ намуд. Сар то сари он ба ҳимо- яи чунин давлат ва ягонагии мардум бархоста, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ барин волотарин хислатҳои инсониро тарғиб намудааст.
Муттаҳидшавии эрониён дар мубориза баҳри мустақилияти давлат барои бартараф намудани низоъҳои феодалӣ ва зулму истибдо- ди ҳокимони маҳаллӣ дар Фирдавсӣ фикри офаридани эпопеяи азими «Шоҳнома»-ро ба вуҷуд овард. Сарчашмаи асосии хамосаи Фирдав- сиро силсилаи гуфтори саккоӣ, суғдӣ дар бораи Рустами баҳодур, ки беш аз сеяки достонро дар бар мегирад, инчунин афсонаҳои суғдиву хоразмӣ дар бораи Сиёвуш ва афсонаи бохтарӣ дар бораи Исфандиёр фароҳам овардаанд. Аксарияти асотири фасли аввали достон, ки бо афсонаҳои дар Авасто ишораёфта мушобеҳ мебошанд, аз манбаҳои осиёимиёнагӣ баромадаанд. Ривоятҳои оид ба давраи Сосонӣ (қисмати хурди достон) асосан аз маъхазҳои хаттӣ, ахсусан аз адабиёти паҳлавӣ иқтибос шудааст. Фирдавсӣ маъхазҳо (воқеаномаҳои таърихии сосонии «Хватай — намак» «Шоҳномаи Абӯмансурӣ») ва ривоятҳои даҳонакии халқро аз нав кор карда, тавсифи воқеаҳоро ба тариқи худ шарҳ дод. Вале аз рӯзе, ки Фирдавсӣ ба таълиф намудани ин асар камар баста буд, хеле вақт гузашт. Дар ин муддат давлати Сомонӣ аз по афтода, аз ҳомиёни шоир касе намонда буд.
Он гоҳ Фирдавсӣ аз рӯи маслиҳати яке аз одамони хайрандеш «Шоҳнома»-ро ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба сари ҳокимият омада буд, тақдим намуд. Лекин Маҳмуд ин туҳфаи шоиронаро рад намуд ва чунон, ки нақл мекунанд, ҳатто шоирро аз сабаби тасвир намудани қаҳрамонон ва подшоҳони пеш аз исломӣ ба кофири айбдор намуд. Муқаддимаи «Шоҳнома» аз бобоҳои «Оғози китоб», «Гуфтор андар ситоиши хирад», «Гуфтаҳоро дар офариниши олам», «Ситоиши паёмбар ва ёронаш» фароҳам омадааст. Достон аз се фасли асоси иборат аст: фасли якум ба таърихи Пешдодиён, фасли дуюм ба таърихи Каёниён ва фасли сеюм ба таърихи сулолаи Сосониён бахшида шудааст. Дар бораи таърихи Ашкониён низ сухан меравад. Матни аслии достон аз тасвири таърихи 50 подшоҳони Эронзамин (аз Каюмарс то Яздигурди III) таркиб ёфтааст. Аз назари мардуми қадим ва имрӯз шоҳони дар асар тасвиршуда ашхоси таърихиянд ва «Шоҳно-
ма» таърихи Эронро аз заминҳои қадим то асри VII дар бар мегирад. Паиҳам аз байн рафтану ба тахт нишастани шоҳон дар «Шоҳнома» барои риояи хронологияи таърихӣ, тамомияти асар, пуррагӣ ва му- каммалияти он мадад мерасонад.
«Шоҳнома»-ро ба се бахш метавон ҷудо кард: 1) асотирӣ, 2) паҳлавӣ, 3) таърихӣ. Дар бахши асотирии «Шоҳона» якчанд шоҳон – Пешддиён аз қабили Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун ва дигарон амал менамоянд. Дар замони шоҳони мазкур мардум унсурҳои маданият, тарзи зиндагӣ, тайёр кардани хӯроку либос, хонасозӣ, кашфи оташ, ҳу- нари бофандагӣ, силоҳсозӣ, кишту кори зироат, киштисозӣ ва ғайраро омӯхтанд. Дар замони ин шоҳон ҷашнҳои қадимии мардуми эрони- нажод Сада, Наврӯз, Меҳргон ба миён омаданд. Паҳлавонони зиёде дар майдони набарду корнамоӣ пайдо мешаванд: Соми Наримон, Зол, Гударз, Бежан, як зумра занони шуҷоъ ва диловар, модарони мушфиқ ва ҳамсарони фидокор аз қабили Гурдофарид, Рудоба, Манижа, Фаран- гис, Таҳмина чун образҳои мусбӣ тасвир ёфтаанд. Аз давраи Дорову Искандар ва Ашкониён қисми сеюми «Шоҳнома» – қисми таърихии он оғоз мегардад. Нахустин достони ҳаҷман калон ва дилангезу сар- гузаштии «Шоҳнома» достони Ардашери Бобакон аст, ки дар асоси манбаъҳои таърихӣ, осори таърихии паҳлавӣ, арабӣ ва форси дарӣ навишта шудааст.
Фирдавсӣ дар ин қисм ҷангҳоро тасвир карда, ба ғайр аз образи шоҳон образи намояндагони табақаҳои иҷтимоӣ, мардуми меҳнаткаш, деҳқонону косибон, занону духтарони оддии деҳот, Мазда- ки шӯришгар сипоҳиёнро бо сардории Баҳроми Чӯбина, аҳли санъат, Борбаду Саркашро тасвир кардааст. Дар ин қисм аз равобити илмиву фарҳангии Эрону Ҳиндустон тарҷума шудани «Калила ва Димна» ҷаш- нҳои гуногун Сухан меравад. Фирдавсӣ ба тасвири сохти давлатдорӣ, умури ҳукумат, коргузорӣ, боҷхоҳӣ, аҳволи мардумони табақаҳои гу- ногун, нигоҳдории сипоҳ, масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон дар замони Хусрави Анӯшервон тақрибан 5 ҳазор байт бахшидааст. Дар охири қисми таърихии достон Фирдавсӣ бо сӯзу гудоз ва ҳасрати зиёд аз шикаст хӯрдани Эрон аз тарафи аҷнабиён -истилогарони арабсухан меронад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аҳамияти умумиҷаҳони низ дорад, бо кӯшиши тарҷумонҳои собитқадам Фирдавсӣ ба ҷаҳони маънавии
халқҳо ворид гардид. Дар дили мардуми гуногунзабон маснад гузид ва дар радифи Ҳоммеру Варгилий, Данте ва Шекспир, Сервантесу Волтер шинохта шуд.
Устод С.Айнӣ зимни рисолаи «Дар бораи Фирдавсӣ ва „Шоҳнома“-и ӯ» овардааст, ки «Шоҳнома»-ро дар замони аҷнабиён ба номи Исо бинни Исфаҳонӣ ба тарзи наср ба арабӣ тарҷума кардааст, ки ин тарҷу- ма дар соли 679 ҳиҷрӣ тамом ёфтааст. Дуюмин забоне, ки ин китоб тарҷума шудааст, туркист ва ин корро асри XVII Тотор – Алӣ Афандӣ ба анҷом расонидааст. Асари Фирдавсӣ дар байни туркзабонони Осиёи Миёна хеле шуҳрат ёфта, аз аввали садаи XVIII онро ӯзбекҳо низ ба забони худ мехонданд. Аврупоиён аз рӯзгор ва асари Фирдавсӣ барвақт воқиф буданд, вале онҳо ба истиқболи Фирдавсӣ замоне оғӯш кушо- данд, ки дар адабиёт услуби романтизм таҳким меёфт. Нахустин бор аз тарафи шарқшиносӣ англис У. Ҷонс «Шоҳнома» (с.1774) тарҷума шуд. Аз байни русҳо то соли 1947 М. Лозинский, М. Дяконов ва У. Б. Бону барои тарҷумаи «Шоҳнома» қувва озмудаанд.
Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 1934 ҳазораи Фирдавсиро халқҳои мутамаддин чун иди адабиёти ҷаҳон таҷлил карданд. Бояд гуфт, ки «Шоҳнома» аз тамоми ҳамосаҳои хурду бузурги қаҳрамони ва миллии мардумони гуногун «Суруди Ро- лан», «Достони полки Игор» ба он имтиёз дорад, ки дар назари суха- нофарин ба воқеоти олам, саргузашти сарнавишти инсонҳо, моҳияту маънии зиндагӣ нақши калон дорад ва танҳо ба нақлу тасвири рӯзгори қаҳрамонон иқтифо наварзида, ҳар ҷое, ки раво дидааст, ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи худро баён кардааст. Фалсафаи шоир бештар ба сурати панду андарзҳо роҷеъ ба масоили гуногуни зиндагӣ ифода ёфтааст.
Донишмандон дар бораи «Шоҳнома» фикрҳои ҷолиб баён наму- даанд. Муаллифи «Чаҳор мақола» Низомии Арӯзии Самарқандӣ қайд мекунад, ки дафтарҳои алоҳидаи дастнависи дуюми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз варақҳои калони коғази аълосифати Самарқанд тайёр карда шудааст. Бояд гуфт, ки он замон дар Самарқанд коғази аълосифат истеҳсол карда мешуд. Аммо нархи он коғаз бисёр баланд буд. Аз ин сабаб, на ҳамаи аҳли қалам аз он истифода мебурданд.
Ба фикри муҳаққиқон, «Шоҳнома» дар асоси «Худойнома» нависта шуда, Фирдавсии бузургвор бо ду мақсад асари мазкурро эҷод наму- дааст: дубора эҳёву зинда кардани таърихи халқи форсу тоҷик ва тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз забони арабӣ. Ҳар ду мақсад ҳам барои нигаҳдории маънавият ва халқи мо хидмати бузург кардааст.
Достонҳои эпикӣ ба Фирдавсӣ кумак намудаанд, ки забони адабиро ба забони зиндаи халқ иваз кунад. Дар шеърияти Фирдавсӣ ҳам за- бони зинда ва ҳам қаҳрамониҳои бемислро дидан мумкин аст. Вақте султон Маҳмуди Ғазнавӣ ба тахти подшоҳӣ мешинад, синни Фирдавсӣ ба панҷоҳу ҳашт расида буд. Фирдавсӣ дар синни ҳафтоду яксолагӣ мувофиқи маслиҳати дӯсти ҷониаш Амир Мансурӣ «Шоҳнома»-ро ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ тақдим мекунад. Эроншиноси машҳуру маъ- руф Бертелс маълумотеро дар бораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз «Таърихи Сиистон» таъкид намуда менависад:
«Фирдавсӣ ба султон Маҳмуд „Шоҳнома“-ро хонда дод. Маҳмуд гуфт, ки дар асл „Шоҳнома“ дар худ ҳеч чизи асосиро надорад, ба ғайр аз „Гуфтор дар бораи Рустам“. Дар қисми ҳарбии ман мисли Рустам ҳазорон паҳлавон мавҷуд аст». Фирдавсӣ ба султон Маҳмуд бисёр ҷа- воби бамаврид ва пухта додааст: «Дар байни ғуломони Шумо монанди Рустам ҳеч гоҳ набуд ва нахоҳад шуд». Эроншиноси шӯҳратёри немис Гелмут Рейтер қайд мекунад, ки дар олам ягон халқ мисли тоҷикон чу- нин эпос надорад, ки тамоми таърихи ин халқро дарбар гирифта бошад. Алломаи машҳури Эрон Муҳаммад Алӣ Фуруғӣ «Шоҳнома»-ро яке аз аз ёдгориҳои бузурги адабиёти тоҷику форс номида, чунин гуфтааст:
«Зиёда аз ин тасдиқ намоем, ки ин яке аз дурдонаҳои адабиёти сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ман бояд гӯям, ки „Шоҳнома“ бузургтарин ёдгории адабии инсоният аст».
Академик Б.Ғафуров нисбати шоир гуфтааст: «Фирдавсӣ низ шараф ва ифтихори тамаддуни ҷаҳонӣ аст.»
Соли 1994 бо қарори махсуси ЮНЕСКО ҳазораи «Шоҳнома» дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта шуд. Пас аз ҷашнгирии ин шоҳасар муҳаққиқони адабиёт ба хулосае омаданд, ки дар достонсароӣ мақоми Фирдавсӣ ба пояи Гомер баробар аст.
Давлятова Робиа – магистри курси 2 филологияи тоҷик