Қабули қарор марҳилаи хотимавии менеҷменти инноватсионӣ маҳсуб мешавад. Новобаста аз аҳамияти муҳими бештар вазифаҳои менеҷмент, маҳз қарорҳо корхонаро ба натиҷаҳои мусбӣ ё манфӣ оварда мерасонанд.
Ҷараёни қабули қарорҳо аз менеҷмент пуррагии ахбор ва соҳибихтиёрии комили менеҷерро талаб намуда, бо қабули таваккал бе ӯҳдадориҳо тавсиф дода мешавад.
Аз баски фаъолияти илмӣ ва инноватсионӣ ҷараёни эҷодӣ мебошад ба он қабули қарорҳои беихтиёрона(интуитивӣ), хос аст. Тасодуф нест, ки дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон қабули қарори ҷараёни эҷодиро бо категорияҳои менеҷменти экзистенсилӣ тавсиф медиҳанд.
Қисми назарраси қарорҳои олимон, ихтироъкорон ва менеҷерониинноватсионӣ бо ҷараёнҳои амиқи фаросатӣ асос ёфтаанд. Аммо қисми зиёди тадқиқотчиён ба усулҳои зерини коркарди ақидаҳои илмӣ диққат медиҳанд, ба монанди: «ҳуҷуми зеҳнӣ», «ҷамъоварии нуқтаҳои назар», «ҷамъи ақидаҳои ғайри оддӣ», «намоишӣ» ва ғайра.
Менеҷери навовар ҳангоми қабули қарор оиди коркарди инноватсия бояд ба муқараркунии робитаҳои сабабу натиҷавӣ ва хусусияти мантиқии тадқиқотҳои ояндаи амалӣ диққат диҳад.
Дар ҷараёни фаъолияти илмӣ барои менеҷери навовар масълаи гузоштан аз таҳлили инноватсия ягонаю такрорнашаванда ба омӯзиши ҷараёнҳои такроршавандаи қабули қарорҳои стандартӣ пайдо мешаванд. Ин вазъ тавассути доираи васеъи қарорҳои дар менеҷменти инноватсионӣ қабулшаванда тавсиф дода мешавад.
Қарорҳои идоракунӣ бояд бо усулҳои илмӣ, таҳлили ҳаматарафа ва имконпазири интихоби асоснок карда шаванд. Одатан ба қарорҳои идоракунӣ чунин талаботҳо гузошта мешаванд: самтнокӣ, асоснокӣ, суроғадорӣ, вазифагузорӣ, таъминоти захираҳо ва ғайра.
Банизомдарории қарорҳои идоракунӣ таснифилоиҳаро аз рӯи дараҷаҳои менеҷмент, вазифаҳои идоракунӣ ва шаклу усулҳои қабули қарорҳои пешбинӣ менамояд. Аз рӯи дараҷаи қарорҳои қабулшаванда ба стратегӣ, консептуалӣ ва ҷорӣ ҷудо мешавад. Қарорҳои консептуалӣ ба тараққиёти ояндаи корхона, ҷустуҷӯи ҳамкорон ва сармоягузорони стратегӣ, воридшавии корхона ба соҳаҳо ва бозорҳои нав дахл доранд. Қарорҳои ҷорӣ бошанд аз ҷониби менеҷерони дараҷаҳои миёна ва поёнӣ қабул карда мешаванд.
Қарорҳои асосӣ дар доираи ваколатҳои менеҷер қабул мегарданд, ки дар ҳудуди вазифаҳои менеҷменти инноватсионӣ сурат мегиранд. Масалан, вазифаи банақшагирии лоиҳаи инноватсионӣ таҳлил ва баҳодиҳии лоиҳаи пешниҳодшудаи навоварӣ, тасдиқи ҷадвал ва таркиби корҳо оиди амалисозии лоиҳа, ҳисобкунии хароҷоти лоиҳа, муайянкунии таъминотчиён ва иҷрокунандагон, банақшагирии молиякунони лоиҳа ва қабули нақшаи амалӣ гардонии лоиҳаро дар бар мегирад.
Марҳилаҳои қабули қарор бо пайдарҳамии қадамҳои бо ҳам алоқаманд, истифодаи пурраи тамоми ахбор асос ёфта ба баҳодиҳии номуайянӣ ва таваккал диққат дода мешавад. Ҳангоми қабули қарорҳо ба маҳдудиятҳои захиравӣ, ахборӣ, рафторӣ ва заминавӣ такя кардан лозим аст.
Ҷараёни бештар паҳншудаи қабули қарорҳо нақшаи панҷзинагии он ба ҳисоб меравад, ки чунинаст: 1) санҷиши масъала; 2 ) коркарди нишондиҳандаҳо; 3) ошкорсозии имкониятҳо; 4) баҳодиҳии қиёсии имкониятҳо; 5) интихоби ниҳоӣ.
Намуд ва тарҳҳои қарорҳои қабулшаванда ҳархела мебошанд. Ҳамин тавр ба намудҳои қарорҳои беихтиёрона (интуитивӣ), навҷӯёна (эвристикӣ) ва анъанавиро ҷудо менамоянд.
Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ қарорҳои фардӣ, локалӣ, такроршаванда, ояндабинӣ, дурнамоӣ ва ҷаҳонӣ (глобалӣ)-ро фарқ мекунанд.
Аз рӯи дараҷаи мураккабии ҷараён ва объектҳои қабули қарорҳо бештар усул ва воситаҳои қарор низ мураккаб мегарданд.
Бештар чунин усулҳои паҳнгардида маҳсуб мешаванд: омори риёзӣ, низарияи бозиҳо, назарияи эҳтимолият, барномарезии хаттӣ ва ғайрихаттӣ, тарҳҳои тақлидӣ (имитасионӣ), назарияи ҷадвалҳо, хизматрасонии оммавӣ, инчунин назарияи ҷустуҷӯи ахбор, танзими худкорӣ (автоматӣ) ва ғайра.
Намуд ва тарҳҳои қарорҳои қабулшаванда дар менеҷменти инноватсионӣ аз давраҳои ҳаётии инноватсия вобастагӣ доранд. Дар вобастагӣ ба ҳар як давраи ҳаётии инноватсия қарорҳои мувофиқ ба онҳо қабул карда мешаванд:
- давраи тадқиқот ва коркард;
- воридшавӣ ба бозор;
- рушди инноватсия;
- таназзули инноватсия.
Масъалаи асосии менеҷменти инноватсионӣ аз таъмини эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ бо маҳсулоти инноватсионӣ ва таъмини мусоидати оқилонаи байни шӯъбаҳои корхона дар амалисозии фаъолияти инноватсионӣ иборат мебошад.
Шахсияти намоён дар фаъолияти инноватсионӣ корхона менеҷери навовар маҳсуб мешавад. Менеҷери навовар шахсест, ки қобилияти ҳалли масълаҳои ғайристандартии ташкилию техникиро дошта дар баробари он нақшҳои зеринро иҷро менамояд:
- ихтирокорро, ки мушкилиҳои бо истифодабарии ихтироъ алоқамандро бартараф месозад;
- соҳибкорро, ки амалисозии ақидаи бегонаро мақсад гузошта, баробари он соҳиби патент мегардад;
- мушовири фаъолро, ки тафаккури ҷамъиятро ба истифодабарии инноватсия равона месозад.
Менеҷери навовар-ро ҳалли маҷмӯи масъалаҳои зерин пеш меояд:
- муайянкунии мақсадҳои идоракунии стратегӣ ва тараққиёти корхона;
- зоҳирсозии масъалаҳои бартариятнок, аҳамиятнокӣ ва пайдарпаи ҳаллӣ онҳо;
- идоракунии тағйиротҳо дар корхона;
- коркарди стратегияи тараққиёти корхона ва интихоби стратегияи инноватсионӣ муносиб;
- тайёрии низоми чорабиниҳо оиди коркард ва азхудкунии намудҳои нави маҳсулот (дар доираи давраи ҳаётии маҳсулот);
- баҳодиҳии захираҳои зарурӣ ва ҷустуҷӯи сарчашмаҳои таъмини онҳо;
- таъмини назорати иҷроиши вазифаҳои гузошташуда дар доираи фаъолияти инноватсионӣ;
- ояндабинӣ ҳамчун пешбинии натиҷаҳои тараққиёти корхона, ки зери мусоидати омилҳои дохилию берунӣ сурат мегиранд;
- такмилдиҳии низомии тамоми корҳои корхона дар асоси истифодабарии усулҳои муосир ва воситаҳои самараноки менеҷмент;
- тайёркунии саривақтии навовариҳои зарурӣ;
- беҳтарсози сохтори ташкили идоракунии корхона мувофиқи талаботҳои тағйирёфта;
- муайянкунӣ ва комёбшавии амалии мақсадҳое, ки ба манфиатҳои корхона мувофиқ буда, аз талаботҳои бозори истемолкунандагон бармеоянд.
Дар «менеҷменти инноватсионӣ» ба маънои васеъи ин истилоҳ на танҳо менеҷерони навовар, балки соҳибкорон, ихтироъкорон, роҳбарон, мутахассисон ва иҷрокунандагон низ мавқеъи амалиро ишғол менамоянд. Таҷрибаи фаъолияти инноватсионӣ як қатор намудҳои махсус ва нақшаҳои навоварон, роҳбарон ва иҷрокунандагон коркард намудааст.