Главная / Илм / АҚИДАҲОИ МАОРИФПАРВАРИИ АҲМАДИ ДОНИШ.

АҚИДАҲОИ МАОРИФПАРВАРИИ АҲМАДИ ДОНИШ.

Акидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш, ки дар ҳаёти маънавии он замон ниҳоят пешқадам ҳисоб меёфт, дар натичаи шиносоии ӯ бо Россия ташаккул ёфта буданд. Аҳмади Дониш баъди сафарҳои худ ба Петербург пасмондаги ва чаҳолати сохти ичтимои ва мадании кишвари худро фаҳмид. Вай пешрафти бузурги илму техники Россия ва тараққиёти саноати капиталистро дида, ба воситаи шахсони дигар аз пешрафтҳои давлатҳои таравдикардаи Аврупо хабардор шуд. Ҳамаи ин барои тағйироти бузурги чаҳонбинии Аҳмади Дониш аҳамияти калоне дошт.
Аҳмади Дониш нағз мефаҳмид, ки барои ба оммаи васеи халқ нишон додани пасмондагию харобии кишвар, пеш аз ҳама, чашми одамонро ба сӯи мамлакати таравдикардаи Россия кушодан лозим аст. Аз ин сабаб дар асарҳои ӯ масъалаи тарғиб ва ташвики ҳаёти ичтимои ва илмию мадании рус мавқеи хеле калоне дорад. А.Дониш дар ду боби махсуси «Наводир-ул-вақоеъ» ду сафари худ ба Россия (яке сафари 1869-1870, дигаре сафари 1873-1874) ботафсил накл мекунад. Дар ин чо вай аз санъати мусикию театрии халки рус, корхонаҳои илмию саноати, аз сохтмони киштиҳои укёнусгард ва пулу купрукҳои бузурги дарёи Нева, аз тарзи зиндаги ва расму одоби мардуми рус, аз занҳои озоду рӯкушода, аз кӯчаҳои тозаву озода ва ободу зебои Петербург ва ҳодисаҳои дигар хеле батафсил ва бо як ҳусни таваҷҷӯҳу ҳиссиёти гарму чушон ҳикоятҳо кардааст. Албатта ин наклу ҳикоятҳои муаллиф нафрати хонандаи он замонро нисбат ба разолату чаҳолат зиёд менамуданд.
Ғайр аз ин, А. Дониш дар чойҳои дигар низ ба ягон муносибат аз сафарҳои ба Россия кардааш ҳикоятҳо меорад, ё аз забони қаҳрамонҳои ҳикоятҳояш дар бораи Россия ягон фикри хуб ва мусбатеро баён мекунад.
Чунончи, дар «Наводир-ул-вақоеъ» дар боби сафари марди Ҳочи дар бораи қадршиносии мардуми христиан ба олимон, сарфи назар аз дину оин сухан ронда, чунин як воқеаро аз сафари Петербург накл мекунад:
«Чамоаи насороро (яъне христианҳоро)» турфа шафкати муҳаббатдуст марҳали исломро, ки чунин нармию меҳрубони дар миёни худашон (яъне дар байни худи мусулмонон) нест. Масалан, яке аз аҳли ҳунар.. .агар ду бор ба наздики аз арбоби давлат дарояд, ба нафрат ва дилтанги пеш оянд ва гуянд: «Ҳар рӯз пеши мо барои чи меояд ва мачлиси моро халалдор ва талх мегардонад». Бар хилофи насоро (бар акси христианҳо), ки ҳар боре беҳтар аз аввал мулоқот кунанд, хосса агар ҳунаре дорад, ноумед намекунанд.
Баъд аз ин А.Дониш худаш ҳикоят мекунад, ки чи тавр дониши ӯро дида вазири русҳо Стремоухов ба ӯ глобуси (курраи) замину осмонро тӯҳфа карда будааст. Дониш ӯро дар шеъраш чунин мадҳ кардааст:
Диданд халқ шеъраму ҳеҷам надодаанд, у шеъри ман надид ато кард бекарон.
Яъне на дар дархӯри ту бувад накди мулку мол, Гӯи замин ба дасти ту бодову осмон.
Ахмади Дониш бо воситаи таргиби маданияти рус мехост, дар ҳаёти илмию маънавии аморати Бухоро усули нави русию аврупои дохил намояд. Ин яке аз ҷиҳатҳои мухимми афкори маорифпарварии А. Дониш буд. Вай дар асарҳои худ пасмондагии феодалиро сахт танкид мекард ва намояндагони табақаҳои ҳукмронро бо ҳаҷви ҷонсузаш ошкоро дар пеши ҷамъият фош менамуд. Вай менависад, ки «Аз шайхҳо ҳама фиребгар ва аз улламо ҳама ришватхор ба назар дар меомаданд. Агар мударрисро тафтиш куни, дарёби, ки ҳама барои мансаб ва маош ва манманию худситои ба ин кор даст задаст; козигию раис ҳеҷ коре ҳалол ва муҳабо надорад, айр аз ҳароми маҳз ва шубаҳот; муфтиён ҳама чашм бар дар ва дида ба зар доранд, то касе биёяд сар кафида…. Ва сикка ва ҳуҷҷате диҳанд ва ҳиллаҳои шаръи биёмузанд ва дираме биситонанд». Дар «Рисолаи таърихи» ин табақаҳои муфтхурй ҷамъиятиро бо сардории амир аз ин ҳам сахттар танқид намудааст:
«Ин турфа ҳайвонот ба худ назорат ва аморатро лақаб ниҳода, ба зуру зулм худсарона рафтор карда, ҳарчи хоҳанд бикунанд…. бас, агар ҳоли султонро тафтиш куни, фосиқе, золиме, саффоқе: ва кози марди ришвахори ҳароммкоре ва раис бедиёнате ва миршаб майзада ва киморбоз, саргуруҳи роҳзанон ва саркардаи дуздон мебуд».
Аҳмади Дониш дар Россия тарзи нави давлатдориро дид, ки дар он ҷо як тартиби муайяне ҷори аст. Ғайр аз ин, аз вазъи мамлакатҳои Аврупо хабардор шуд, ки дар бисёр мамлакатҳои он ҷо инқилоб ба вуҷуд омада, ҳокимияти мутлаки подшоҳонро аз байн бардоштанд, ё ба воситаи перламент ҳуқуки подшоҳ маҳдуд карда шудааст. Вай дар фасли васияти фарзандон дар ин хусус менависад:
«Олимони Аврупо ва Юнон диданд, ки дар давлатҳо зуд
– зуд инкилоб мешавад, аз китобхои таърихи сабаби инкилоби давлатхои гузаштаро хонда тахлил намудаанд, ки сабаби ин дар он будааст, ки подшохи бо фикри худашон ҷомеаро бардошта, тудаеро хабс ва мусодир ва катл мекунанд». Пас олимон ба маслихату машварат биншаста гуфтанд: «Ҳамаи одамон дар рохату мехнат ва бахту
бадбахтии баробаранд, чунки онхо фарзанди як падаранд. Набояд, ки бе ягон сабабе хамдигарро зери даст кунанд ва бе ягон хуқуқе зиёдталаби намоянд ва худи давлатро хамчун шахсе фарз карда, баандозахои хукук аз вай хак талаб кардан лозим аст».
Аз хамин чо Ахмади Дониш ба акидае меояд, ки дар сохти ҷамъияти ва давлатии Бухоро тағйирот ва ислохоти ҷидди дохил намудан лозим аст, то ки холи мамлакат ва ахволи мардум бехтар гардад. Вай ин фикрхои сиёсии худро дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» баён намудааст. Муаллиф дар сарсухани рисола менависад, ки вай дар пешниходхояшон тартиби давлатдории мамлакатхои мусулмони ва хам аврупоию русро ба хисоб гирифтааст.
Ахмади Дониш шарти аввалини салтанатро дар ақл ва адл мебинад: «Адл аз камоли ақл хезад», «Ҳар ки окил нест, одил нест». Барои ин Ахмади Дониш талаб мекунад, ки дар сари хокимият бояд хамеша шахси маърифатнок нишинад ва аз рӯи акл кор кунад. «Асл дар вилоятдорию хукумат, илму амал аст», менависад А.Дониш.
Аз ин ҷо А.Дониш ба он ишора мекунад, ки ба султонии мамлакат на аз рӯи мерос, балки аз рӯи аклу хирад ва кобилияти идоракуни интихоб кардан лозим аст. Дониш бар хилофи акидаи кухнаи шарқ, ки султонро халифаи худо дар рӯи замин мегуфтанд, менависад: «Ҳукамо гӯянд: подшох дехконро монад ва мамлакат бустонро». Бинобар ин, подшох бояд барои ободонии мамлакат мехнат кунад: «Муздури ва тофтани гулхан нангу ор нест, хидмате мекунад, музде мебарад. Ва дар хакикат халқ аз шоху гадо хама муздуранд». Дар ҷамъият хама баробаранд ва хеҷ касро аз вакти таваллуд ба болои дигаре афзалияте дода нашудааст. Ҳол он ки дар ҷамъияти Бухоро чунин акидаи сусте пахн шудааст, ки хатто «ҷараёни тақдири инсониро низ ба султон нисбат медиҳанд ва султонро худои рӯи замин эътиқод карда, намедонанд, ки султон ҳам бандаи очиз аст». Аҳмади Дониш ҳатто менависад, ки дар ҷамъият «бисёр касон ҳастанд, ки дар кори мамлакат аз подшоҳ зиёда бошанд».
Пас чунин ки бошад, тамоми ихтиёри корҳои мамлакатро билкул ва мутлакан ба дасти як шахси нодон додан тамоман нодуруст аст. Аҳмади Дониш дар ин чо аз рӯи тартиби давлати Россия дар аморат ҷори намудани вазоратҳоро таклиф мекунад. Ин вазоратҳо бояд бо соҳаҳои муаяйни кори мамлакат машғул шаванд. Вазирон аз давлат мувофиқи мансабу вазифаашон моҳона гиранд, то ки ришва нахӯранд ва халқро тороҷ накунанд.
Ахмади Дониш бо системаи вазоратдори маҳдуд нашуда, ҳатто ташкил намудани органи машваратиро (парламентро) ба миён мегузорад. Дар ин ташкилот бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъияти иштирок кунанд ва тамоми корҳои мамлакат бояд дар ҳамин ташкилоти машварати ҳал шавад. у менависад: «Султон бояд, албатта аз ҳар табақа намояндае дошта бошад, то ки дар корҳои муҳиму бузург бо ҳар қавм машварат кунад, балки дорул-машварат (хонаи машварат) таъин кунад ва бар он раисе мансуб гардонад ва ба он Раис моҳона муқаррар намояд, то ҳар рӯз дар он ҷо намояндаҳои табақаҳои мардум ҷамъ оянд, дар бораи корҳои мамлакат ва иқтисоди он ва ободии вилоят мушоварат кунанд, манфиату зарари ҳар маслиҳатро шуморанд, то ки ба як фикр иттифоқ кунанд».
Ин фикри Аҳмади Дониш дар он замон ниҳоят пешқадамона ва далерона буд. Дар ин таклифҳои Дониш фикри демократикунонии идораи давлат ва мадуд намудани ҳуқуқи мутлақияти амир ифода ёфта буд.
Ахмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» ва «Рисолаи таърихи» манфиатҳои халқи меҳнаткаш, махсусан табақаи дехқононро бо як дилсӯзи ва хайрхоҳи ҳимоя намудааст. Дар «Рисолаи таърихи» вай нишон медиҳад, ки амалдорону мансабдорони амир халқро чи гуна истисмор мекунанд ва молу мулки ӯро тороҷ менамояд. Аз ин сабаб вай дар «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ба мардуми меҳнаткаш ҷабр накардани амирро шарти муҳимми пешрафти мамлакат ҳисоб мекунад: «Аммо ҳуқуқи раият бар султон яке он, ки менависад ӯ, бар ҳама мусулмонон ба тавоҷу бошад ва ба бечорагон махсусан…». «подшоҳон чун раиятро бикоҳанд ва нохуш доранд ва биёзоранд, душмани мулку давлати хеш бошанд».
Аҳмади Дониш таклиф мекунад, ки одамони пир ва шахсони барҷомонда, бояд аз тарафи давлат таъмин шаванд. Ба ин мақсад ӯ ташкил намудани як муассисаеро, монанди хонаи маъюбон ба миён мегузорад: «Барҷомондагонро дар маҳаллате ҷамъ оварад ва ҳақи онҳоро аз хазинаи давлат бирасонад, то ки онҳо бо гадоиву тамаъ халқро дар ташвиш намонанд».
Дар асарҳои Аҳмади Дониш мавзӯи таргиби илму маърифат, омӯхтани фанҳои табиию дуняви, мавқеи хеле калон доранд. Дониш ҳанӯз аз кӯдаки усули таҳсили мактабро дида, бовари ҳосил кард, ки дар мадрасаҳо илмҳое омӯхта мешаванд, ки ба зиндагии амалии ҷамъият ҳеҷ манфиате надоранд. Аз ин сабаб вай барномаи омӯхтани забони арабиро танқид кард.
Ин чунин Аҳмади Дониш барномаи таҳсили мадрасаҳои Бухоро таҳлил намуда, омӯхтани илмҳои техникию табии ва физикию кимёиро, (ки дар мамлакатҳои тараққикарда
омӯхта мешуд) ба миён гузошт. Барои пурқувват намудани ин фикр, ӯ аз ҳаёти илми ва кашфиётҳои халқирусва аврупоён дар асарҳои худ мисолҳои хеле боварибахш овардааст. Вай менависад, ки дар Аврупо олимон қаҳри уқёнусҳо, ситораву сайёраҳоро меомӯзанд ва ҳатто фикри ба моҳ парвоз кардан дар байни олимон пайдо шудааст. Дар бораи кори тадқиқотии олимону инженерони рус чунин маълумот медиҳад: – «Ва дар тарафи ғарбии арк кӯчаи бузург аст, ки он тарафаш муҳандисхона (яъне муассисаи илми, монанди бюрои конструктори, инженери) аст ва дар он ҳар хел мардони донишвар барои илм ҷамъ мешаванд ва дар хусуси салоҳияти мамлакату давлат бо ҳам маслиҳат мекунанд ва баъд аз имтиҳону таҷриба (илмҳои худро) ба амал чори мекунанд».
Ахмади Дониш дар шароити Бухоро зарур буданд, махсусан ба хонандагони худро ба омухтани забони руси хидоят мекард. Вай дар якчанд чойи «Наводир-ул-вақоеъ» изҳори таассуф мекунад, ки ба омухтани забони руси имконият надошт.
Ҳамин тариқа, акидаҳои маорифпарваронаи Аҳмади Донишро, чунин хулоса кардан мункин аст:
.Муборизаи ӯ ба муқобили сохти пусидаи феодалии аморати
Бухоро ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодии он.
.Тарғиби илму маърифат ва тарзи зиндагии аврупоию руси.
. Ҳимояти манфиати оммаи мехнаткаш, махсусан, дехдонон.
Ахмади Дониш дар аввал фикр мекард, ки агар амиру вазир аз мансаб барканор шаванд, шароити зиндагии халки мехнаткаш беҳтар мешавад. Аммо дар охир ба чунин акидае омад, ки агар ҳокимияти мутлак тамоман нест карда нашавад ва як инкилоби бузурге ба миён наояд, дигаргуни ва беҳбуди дар аҳволи халк ва мамлакат номумкин аст. Аз ин чост, ки ӯ дар охири рисолаи таърихиаш мардумро ба сарнагун намудани ҳокимияти зулмбунёди амирон даъват мекунад: – «Ва ин фармон фармоён, ки ҳоло мо ҳазрати амир ва чониби вазираш мехонем, онҳо монанди ҳайвонанд, балки аз ҳайвон ҳам бадтаранд. Аз рӯи шариат аз мансаб дур карда шудани онҳо ҳар рӯз зохир мешавад ва ҳеч касро ба хукми онҳо итоат кардан лозим ҳам нест, дар сурати итоат накардан гунахкор ҳам нахоҳад шуд». (Ахмади Дониш. Наводир-ул-вақоеъ.- Душанбе; Дониш, 1988.-283 с.)
Ин фикрҳои Аҳмади Дониш дар он замон ниҳоят далерона ва часурона буданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222