Дар нимаи дуюми асри XIX дар афкори чамъиятии халки точик зери таъсири маданияти рус чараёне пайдо шуд, ки бо номи маорифпарвари машҳур аст.
Истилоҳ ва мафхуми маорифпарвари дар асрҳои XVII дар ҳаёти чамъияти Англия дар асри XVIII дар Франция ва охири асри XVIII ибтидои асри XIX дар Россия ба вучуд омада буд. Намояндагони афкори пешқадами мамлакатҳои гуногун, монанди Вольтер, Дидро, Руссо дар Франция, Радищев дар Россия ба муқобили тартиботи зулми феодали мубориза бурда, дар байни оммаи васеи халқ ба пахн шудани илму маърифат кӯшиш мекарданд. Чори намудани тартиботи нав дар ҳаёти сиёсиву ичтимоии мамлакатҳои номбурда, чараёни маорифпарвари ва намояндагони он маорифпарвар ном гирифтанд.
Фаъолияти чараёни нави дар Бухоро баъди ҳамроҳ шудан ба Россия пайдо шуд. Маорифпарварони точик нисбат ба сохти феодали ва тартиботи давлати нафрат доштанд.
Аҳмади Дониш дар натичаи се сафари худ ба Россия бо маданияти пешқадами рус аз наздик шинос гардида, баъди бозгашт ба таълифи «Наводир -ул- вақоеъ» шуруъ намуд, Ки дар он ҳаёти ичтимоии аморати Бухороро танкид намудааст.
Дар «Наводир-ул-вақоеъ» ба тамоми мадрасаҳои Бухоро таълими илмҳои дуняви, омухтани донишҳои ба ҳаёту зиндаги заруриро тарғиб намудааст. Дар асарҳои маорифпарварон нисбат ба тартиботи давлати ва илму маърифати аврупои ҳусни таваҷҷӯҳ доштани муаллифон мушоҳида карда мешаванд.
Маорифпарварон манфиати оммаи меҳнаткашро самимона химоя мекарданд. Онҳо бовари доштанд, ки агар аз идораҳои давлати амалдорони золиму ситамгар ронда шаванд ва тартиботи идораи давлат ба низоми муайян дароварда шавад, беҳбудии омма таъмин мегардад. Дар таргиби ин акида маорифпарварон аз ҳаёт ва тартиботи давлатҳои пешқадам мисолҳо меоварданд. Баробари ин, онҳо аз ҳикоят ва ривоятҳои анъанави дар бораи адлу инсофпарварии ҳукмронҳои гузаштаи Шарк, мисли
Искандари Руми, Анушервон ва дигарон мисолҳо меоварданд. Онҳоро ҳамчун намунаи ибрат дар асарҳои худ тасвир менамуданд. Ҳамин тариқ, афкор ва фаъолияти маорифпарварони точик дар танкиди сохти давлати, тарғиби маърифат, илму дониши дуняви, таргиби тарзи зиндагии мамлакатҳои Аврупои ва Россия ва ҳимояи манфиати оммаи меҳнаткашон зоҳир мегашт.
Сарвари маорифпарварон дар нимаи дуюми асри XIX Аҳмади Дониш буд. Афкори маорифпарвари дар осори Возеҳ, Шоҳин ва С. Айни равшан акс ёфтааст.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …