Главная / Илм / Афкори ҷамъиятй – сиёсии асрҳои IX – XII Чараёнҳои динн

Афкори ҷамъиятй – сиёсии асрҳои IX – XII Чараёнҳои динн

Пахн шудани дини ислом дар Осиёи Миёна сабабгори дар асрҳои VIII – IX паҳн гаштани маслакҳои мусулмонй мебошад. Муборизаи байни ашрофони баланпояи араб (хонадони аббосиёну умиягиҳо) барои ба тахт соҳиб шудан дар хилофат дар ҳаёти сиёсй – ичтимой таъсири манфй расонид.
Дар муборизаи байни аббосиён ва уммавиён имомати шиъа фаъолона ширкат дошт. Дар ин айём дар дохили ислом равияҳо ва чараёнҳои гуногун ташкил ёфтанд. Яке аз чунин равияҳо дохили имомати шиъа чараёни Исмоилия буд.
Имом Чаъфари Содиқ вориси тахтро писари хурдии худ Мусо Қозим эълон кард. Як гуруҳ аз ин норозй шуда, писари калонии Чаъфари Содиқ Исмоилро ҳамчун имом эътироф карданд. Онҳо аз шиъаҳо чудо шуда, соли 765 бо номи «Исмоилия» мазҳаби алоҳидаро ташкил доданд. Ин чараён тарафдорони зиёд пайдо намуд, дар мамлакатҳои Араб Осиёи Миёна ва Эрон пайравони зиёд дошт.
Мувофиқи нишондоди Исмоилия оламро «Ақли кулл» якчоя бо нафси Кулл офаридааст. Исмоилиён шариатро вобаста ба маънои ботинии «Қуръон» маънидод мекарданд. Дар аввал тарафдорони ин фирқа фаъолияти пинҳонй мебурданд, баъдтар ба ташвиқоти ошкоро гузаштанд.
Аввалин роҳбари Исмоилиён Маймун ибни Дайсони Аҳвозй ба шумор меравад. Пайравони он дар мулки Арабу шимоли Африқо тарафдорони зиёд пайдо карда, давлати Исмоилиён ба номи фотимй таъсис доданд. онҳо зидди Абоссиён баромад карда, дар Осиёи Миёна ва Эрон пайравони зиёд пайдо карданд.
Мувофиқи таълимоти Исмоилиён ҳафт зинаи ҳастй вучуд дорад. Одам ба қувваи худ ба ҳақиқат расида наметавонад, вай ба таълими ақли кулл эҳтиёчманд аст, аз ин ҷиҳат дар ҳар вақт дар шакли нотиқ (Донандаи шариат – пешво) пайдо шуда,ба одамон ҳақиқати рӯҳиро
мефаҳмонанд.
Исмоилия таълим медод, ки ба ҳақиқат расидан бо роҳи худомузй ғайри имкон аст. Барои ба ин мақсад расидан ба шахс донандаи ақли кулл (пир) таълим медиҳад.
Исмоилиён ҳар гуна догмаҳои диниро рад карда, тасдиқ мекарданд, ки ҳар кас бояд чунин нуктаи назареро интихоб намояд, ки ба ақли ӯ мувофиқат кунад.
Мазҳаби Исмоилй дар Ирок зухур карда, баъдтар ба равияҳои қарматй ва исмоилй чудо гардид. Карматиён ба тундгарой машҳур буда пас аз хучум ба Макка дар олами ислом бадном гардиданд.
Исмоилиён дар соли 909 дар шимоли Африқо хилофати Фотимиён (мансуб ба духтари пайамбар Фотима)-ро таъсис дода, ба таблиги мазҳабй огоз намуданд. Ташвиқотгарони ин мазҳаб тавонистанд, амирону вазиронро ба байъати (тарафдори) халифаи фотими даъват намоянд. Аз ҷумла дар асри Х дар Мовароуннаҳр ва Хуросон дар ин чода ба муваффакият ноил гаштанд.
Дар Мовароуннахр яке аз пешвоёни ин фирқа Ҳусайн ибни Алии Марврудй ба аъёну ашрофи дафлати Сомонй ҳамнишаст буд ва ба дарбор роҳ ёфт.
Шогирди ӯ Насафй чанде аз атрофиёни амир Наср ба мазхаби Исмоилй кашид ва ҳатто аз амир барои бегуноҳ ҳабс ва катл кардани Марврудй хунбаҳо ситонда, ба халифаи Фотимй ирсол намуд. Ҳатто худи амир Наср ҳам ба мазҳаби исмоилй гаравиш пайдо кард, ин амали ӯ боиси эътирози руҳониён ва лашкариёни турк гардид. Гурухдои манфиатдор асосан сарплашкарони турк кушиши табадулотро ба роҳ монданд. Амир аз ин огоҳ ёфта бо хоҳиши худ аз тахт даст кашид.
Баъд аз Наср, писараш Нӯҳи II ба сари тахт нишаст ва бо хидояти руҳониёни иртичои ва саркардагони лашкар (турк) ба чазо додани Исмоилиён ооз кард. Нӯҳ нисбат ба гузаштагон ба умури лашкар ва рониёни иртичой боло бардошт, ки ин ду унсур сабабгори заволи давлат гардид.
Яке аз саркардагони исмоилиён Ҳасан Сабоҳ дар шахри Қазвин шӯриш бардошта, қалъаи дастнораси Аламутро забт намуд. Ин давлат аз соли 1090 то соли 1256 фаъолият намуд.
Ба тамоми таъкиботи зидди исмоилиён нигоҳ накарда ин равия дар бисёр мамлакатҳои дунё пайравони худро дорад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222