Главная / Илм / Афкори ҷамъиятй ва сиёсии Мовароуннаҳр баъд аз истилои араб

Афкори ҷамъиятй ва сиёсии Мовароуннаҳр баъд аз истилои араб

Арабҳо Мовароуннаҳрро истило намуда, ба сари ин мардум зулму кулфати зиёд бор карданд. Аз сиёсати халифаҳои Умавй, ки ба манфиати ашрофони араб сиёсат мебурданд, на танҳо аҳолии мулкҳои истилошуда, балки аҳолии хилофати араб ҳам норозй буд.
Аз ин норозигй истифода бурда зидди Умавиён аз солҳои 30 ташвиқот бурда мешуд. Дар муборизаи зидди хилофат ду гури калон иштирок карданд: ба гурӯҳи аввал онҳое дохил мешуданд,ки аз баланд шудани мартабаи ашрофи араб норозй буданд. Ба гурӯҳи дуюм тарафдорони Алй буданд, ки ташкилоти худ- хизби шиаро ташкил доданд. ин гурӯҳ тарафдори меросй будани тахти хилофат буда, танҳо авлодони Алиро ворисони ҳақиқй хисоб мекарданд.
Гурӯҳи муқобили Умавиён сулолаи Аббосиён ( аз номи Аббос амаки Муҳммад) таъсис доданд. Дар солҳои 40- рорҳбарии Аббосиён ба дасти писари Муҳаммад ибни Алй Иброҳим ибни Муҳаммад гузашт. Вай ба тамоми ноҳияҳои тобеъи хилофат ташвиқотчиёни худро фиристода, ба мардум сабуки додан ва ба идоракунй чалб кардани ахолии махаллй ваъда дод.
Махз дар ин давра дар Хуросон харакатхои оммавй зидди хилофат сар шуд. Дар Хуросон барои харакати оммавй заминахои муайан чой доштанд. Гурухи муайяни мардуми Хуросон худро аз арабхо болотар медонистанд. Ба харакати зидди байнй – Умавиён марди зираку доно Абумуслим рохбрй мекард.
Абумуслим аз Иброхим дастури рохбарии Хуросонро гирифта дар Марв ба мубориза ооз кард. Абумуслим парчами худро сиёх ва гурзро нимсиёх кард, зеро ранги сиёх нишонаи беадолатй бешавкиятии Умавиён махсуб мешуд.
Ранги сиёх нишонаи чабру ситам ва кувваи бадй буд. Ин мардуми ситамдидаро аз тамоми гӯшаву канор дар атрофи Абумуслим чамъ намуд.
Соли 748 маркази Хуросон шахри Марв ишол карда шуд. Соли 749 пайравони Абӯмуслим кисмати арбии хилофати Арабро забт карда, соли 750 пойтахти хилофат шахри Димишкро ишол карда, халифа Марвони 2 аз тахт сарнагун карда шуд. Намояндаи Аббосиён Абул- Аббос-ас- Сафох ба тахти хилофат менишинад. Аз байн рафтани як сулолаи араб ва ба тахт баромадани Аббосиён ба халқ ягон бехбуди наовард. Абумуслим барои ичрои ваъдахои худ чорае наандешид. ӯ асосан фаъолиятхои худро барои вусъати дини ислом байни мардуми Хуросону
Мовароуннахр равона карда буд. Зиёда аз он Абумуслим дар пахш намудани шуриши Шарик ибни Шайх ал-Мухрй самгузор буд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222