Главная / Илм / АФКОРИ ЧАЪМИЯТИИ СИЁЁСИ ХАЛКИ ТОЧИК ДАР ЗАМОНИ САЛТАНАТИ СУЛОЛАИ МАНҒИТИЁН

АФКОРИ ЧАЪМИЯТИИ СИЁЁСИ ХАЛКИ ТОЧИК ДАР ЗАМОНИ САЛТАНАТИ СУЛОЛАИ МАНҒИТИЁН

Муаммадраҳим баъд аз тайёр кардани заминаҳои муайян, Абулфайзхонро бо ду писараш ба катл расонида, соли 1753 ба сулолаи Мангитиён асос гузошт.
Мухаммадраҳимби барои баратараф намудани
муқобилияти феодалони исёнгар аз кабили тоифаҳои ӯзбеки кенегас, бахрин, қипчоқ, ётти, уйғур ва дигарон истифода бурда, онҳоро аз чиҳати иктисоди камкувват ва аз чиҳати сиёси мутеъи худ гардонид.
Чи тавре ки дар боло нишон дода шуд, Мухаммадрахимби барои тобеъ кардани нохияҳои Маркази ва Чанубии Точикистон низ дар ин давра кӯшиш намуда буд. Масалан, ба муқобили Ҳисор ду маротиба (солҳои 1756-1758) лашкар кашид. Баъди ба даст даровардани Ҳисор, аҳамияти ин вилоятро барои давлати Манғитиён ба назар гирифта, Муҳаммадраҳимби амақи худ Дониёрбиро ҳокими Ҳисор ва Вилояти куҳистон таъин намуд. Дар Самарқанд, Шаҳрисабз, Тошканд низ тарафдорони худро ба сари ҳокимият овард.
Баъд аз Муҳаммадраҳимби амаки ӯ Дониёлби (17581785) ҳукуматро соҳиб шуд. Лекин исман Абдулози (набера Абдулфайзхон) ба тахт шинонда шуд. Дар асл Дониёлби тамоми ҳокимияти сиёсиро дар дасти худ нигоҳ медошт, ӯ ба сарлашкарони сулолаи Мангит ва қувваҳои ҳарби такя карда, ба манфияти онҳо сиёсат мебурд. Дар натиҷа сарлашкарони сулолаи Мангит заминҳои зиёдеро соҳиб шудаанд. Давраи салтанати Шоҳмурод (1785-1800) дар
таърихи сулолаи Мангитиён давраи нисбатан устувор гардидани давлати Бухоро буд. у аз мансаби хони даст кашида, худро амир эълон кард.
Дониёлби бо мақсади пур кардани хароҷоти давлати аз лашкарони сулолаи Мангит, ки заминҳои зиёдро соҳиби шуданд, намудҳои нави андоз, ба монанди, аминона, никоҳона, муҳрона ва ҳақи тарозуро ҷори намуд. Дар баробари ин, ба тамоми кушишҳо Дониёлби худсариҳои феодалонро бартараф карда натавониста, мутеъи қозикалон ва ашрофони феодали гардид.
Баъд аз сари Дониёлби Абдулозихон ба сари давлат баромад. Аммо ӯ низ аз ӯҳдаи идоракунии давлат баромада натавонист. Феодалони Бухоро соли 1785 атолик Шоҳмуродро ба тахт нишонданд.
Шоҳмурод дар давраи душвор соҳиби салтанат гардид. Аммо парокандагии феодали торафт қувват мегирифт. Балх истиқлолиятро ба даст даровард. Фарона аз охири асри XVII ниммустақил шуда, дар инҷо хонигарии мустақили Қӯқанд ташкил ёфт.
Шоҳмурод барои бартараф кардани душвориҳои сиёси рафтори хосаеро пеш гирифт, ки ба хонҳо номуносиб буд. ӯ худро ба тариқати суфия бахшида муриди шайхе шуда, дар зоҳир аз дарвеши мискин ҳеҷ тафовуте надошт.
Зиндагии шикастанафсонаи шоҳзода, соддаги, хоксори ва дастраси зохири боиси дар байни халқ эътибори зиёд пайдо кардани ӯ гардид. Пас аз вафоти падараш Шоҳмурод либоси тавба дар тан дар каҳои Бухоро гашта, бо нолаву зори аз мардум илтиҷо менамуд, ки гуноҳи падарашро бубахшанд. Чунин рафтор, ки ба мақсади сиёси бурда мешуд, дар роҳи соҳиб шудан ба салтанат ва ба тарафи худ кашидани диққати мардум саҳми муайян бозид. (ниг. Семёнов А.А. Истории бухарских мангытов. -Бюлл САГУ.- 1924.-№6 .- С.163).
Давраи салтанати Шохмурод (1785-1800) дар таърихи сулолаи Манғитиён даврви нисбатан устувор гардидани давлати Бухоро буд. у аз мансаби хони даст кашида, худро амир эълон кард.
Шохмурод баъзе ислоҳотҳоро гузаронид, ки ба бартараф намудани норозигии умуми мусоидат намуданд. Вай хироҷ ва закотро боки гузошта, дигар намудҳои ҷарима ва бочро бекор кард. Аз аҳолии айримусулмонон андоз – чизия ситонида мешуд. Заминҳои вақф, ки амирон мусодира карда буданд, баргардонида аз нав барқарор карда шуданд. Барои сарбозон моҳона муқаррар карда шуд.
Ҳанӯз дар давраи ҷониён ва баъдтар амирони Манғития сиккаи пули нукраро вайрон карда, дар байни курби расми ва амалии он тафовут ба амал омада буд. Аз ин ҷиҳат ислоҳоти пулии Шохмурод барои ба тартиб даровардани муомилот аҳамияти калон дод. Шакли зохирии ҳаҷм ва вазни сиккаҳо таъгир дода, онҳоро аз нукра сикка мезаданд. Ҳар кас метавонист ба сиккахона нукра оварда, ба ивазаш пул бигирад. Ислоҳоти пули ба пешрафти иктисоди ва равнаки тиҷорат мусоидат намуд.
Шоҳмурод барои мустаҳкам намудани иқтидори ҳокимияти маркази низ чораҳои амали андешида, ҳокимони вилоятҳоро аз нав таъин кард. Ба ҳар шаҳр ва деҳа кози таъин карда мешуданд.
Мукобилияти феодалони марказгурез ҳам шикаста шуд ва саркаштарини онҳо низ ба ӯ итоат мекарданд.
Ислоҳоти соҳаи судии Шоҳмурод барои ба тартиб овардани кори умумии маҳкама мусоидат намуд. Масъалаи ҳуқуқи ва адлияро қозикалон ва муфти (корҳои чиноятии ҳарбиро қозии лашкар ва муфти) дида мебаромаданд. Мувофиқи ислоҳот палатаи олии додгоҳи (суди), ки ба он 40 нафар хуқуқшиносон шомил буданд, таъсис дода шуд. Дар бораи муҳофизати моликият қонуни махсус қабул карда шуд. Мувофиқи қонун агар касе нисбат ба моликият беэҳтинои зоҳир мекард, сарфи назар аз мартабаи чамъияти, ба чавобгари кашида мешуд. Масалан, барои роҳзани сар аз тан чудо мекарданд, барои дузди дасти ростро мебуриданд. Барои муҳофизати расму оин мансаби Раис чори карда шуд, ки ӯ ичрои тамоми фармонҳои шариатро назорат мекард. Чунин тадбирҳо як андоза пеши роҳи горату торочҳоро гирифта, ба манфиати табақаҳои васеъи чамъияти равона када шуда буданд.
Дар соҳаи сиёсати хоричи Шоҳмурод таассуби диниро моҳирона истифода мебурд. ӯ тахти шиори «ҷиҳоди муқаддас бар зидди шиаҳо» чандин маротиба, ба Хуросон лашкар кашида, чавонони қобили меҳнатро аз Хуросон асир карда ба Бухоро меоварданд. Ба ин васила ғуломфуруши хело равнақ ёфт. Вай ду маротиба ба Мавр лашкар кашида, сарбанди дарёи Мурғобро вайрон карда, аҳолии ин вилоятро ба Самарқанд ва Бухоро кӯчонид.
Шоҳмурод барои ташкил кардани давлати пурқувват саъю талош намуда, вилоятҳои Ҳисор ва ӯротеппаро ба итоати худ даровард, гарчанде онхо мустақилияти худро нигох дошта тавонистанд.
Амир Шоҳмурод на фақат ҳокимияти худ, балки салтанати авлоди худро ба расмият даровард. ӯ ба Шаҳбону ном духтари Саид Абдулфайзхони Аштархони хонадор шуда, бо ин восита унвони Амириро гирифт. Авлоди ӯ насаби худро ба Саидҳо ва насли Чингизхон нисбат дода, худро ворисони бевоситаи точу тахти Бухоро мешумориданд. Аз давраи аҳди салтанати Ҳайдар сар карда, ба номҳои амирони манит калимаҳои «саид ва амир» илова гардид.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222