Буд-набуд, дар шаҳри Самарқанд як корд буд. Кордро аз пӯлоди ҳақиқӣ сохта буданд. Дастааш мисли дастаи шамшер афсу калон буд.
Вақте ки кордро ба дукон бурданд, харидорон бисёр таъ- риф карданд. Корд “Ман зӯр будаам!” – гуфта, масту магрур шуд ва аз рафи дукон ҷаҳида ба сахи он фаромаду аз миёни тамошобинон гузашта, ба ча рафт.
Дар он тарафи ча як дуредгар дукон дошт. Корд ба он дукон даромад ва гуфт:
– Эй дуредгар, як тараф ист, ки ман дару тиреза созам!
Дуредгар рози нашуд.
- Дару тиреза сохтан кори арраву тешаву ранда аст. Ту ба ошхона рафта, сабзию пиёз реза карда, гӯшту равану биринҷ гирифта, па- лав пухта биё, – гуфт вай.
- Не! – ҷавоб дод корд. – Ошхона ҷойи занҳост. Ман корди зӯрам, арраву тешаю ранда дар пеши ман бозичаанд!
Корд инро гуфта ба ҷастухез даромад. Дуредгар тарсида гурехт. Корд тамоми чӯбу тахтаи дуконро буриду тарошиду дару тирезаҳои зебо сохт. Баъд ботантана аз дукон баромад ва дар ча ба дукони сангиосиётарош даромаду гуфт:
- Эй сангиосиётарош, як тараф ист, ки ман санги осиё тарошам!
- Санги осиё тарошидан кори путку искана аст. Ту ба ошхона рафта, сабзию пиёз реза карда, гӯшту равану биринҷ гирифта, па- лав пухта биё, – гуфт вай.
- Не! – ҷавоб дод корд. – Ошхона ҷойи занҳост. Ман корди зӯрам, путку исканаатон бозичаанд!
Корд инро гуфту ба частухез даромад. Сангиосиётарош тарсида гурехт. Корд як сангро буриду тарошиду ботантана аз дукон баро- мад ва дар ча рафтан гирифт. Вақте ки ба канори шахр расид, як гуруҳ одамонро дида пурсид:
- Шумо чи кор мекунед?
- Мо чоҳ кофта об мебарорем, – ҷавоб доданд одамон.
- Як тараф истед, ман чоҳ кофта барои шумо об мебарорам, – хи- тоб кард корд.
Одамон ҳайрон шуданд.
- Чоҳ кофта об баровардан кори белу каланд аст, – гуфтанд онҳо. – Ту ба ошхона рафта, сабзию пиёз реза карда, гӯшту равану биринҷ гирифта, палав пухта биё.
- Не! – рози нашуд корд. – Ошхона ҷойи бонувон аст. Ман корди зӯрам, белу каландатон дар пеши ман бозичаанд.
- Корд инро гуфта, чоҳ кофту об баровард. Одамон хурсанд шу- данд. Корд ҳам хурсанд шуда рошро давом дод.
Дар як ҷо деҳқонон алаф медаравиданд. Корд ба назди онҳо раф- та гуфт:
– Як тараф истед, алафи майдонро ман медаравам!
– Эҳе, алафдарави кори дос аст? – гуфтанд даравгарон. – Ту сабзию пиёз реза карда, гӯшту равану биринҷ гирифта, як палави олиҷаноб пухта биё!
– Не! – эътироз кард корд. – Ошхона ҷойи занон аст, аммо ман корди зӯрам, доси шумо дар пеши ман бозича аст!
Корд инро гуфта, магрурона худро ба алафзор зад.
Аммо дами корд як тора ҳам алаф набурид, зеро вай чӯбу тахта тарошида, худро ба санг зада, чоҳ кофта об бароварда кунд шуда буд, тамоман занг зада буд. Корд шарманда шуда, ба замин афтод. Як деҳқон кордро аз замин бардошту гуфт:
– Агар зангашро тоза кунему чарх кашем, корди олиҷаноб меша- вад…
Рӯзи дигар деҳқон кордро аз чангу занг тоза намуда, ба чархчи бурда дамашро тез кард, баъд як илоф харида кордро бо он андохту ба миёнаш баст.
Аз ҳамон вақт инҷониб корд бе иҷозати одам аз илоф берун на- мебарояд.
АЗИЗИ АЗИЗ
АФСОНАИ
КОРД
Муҳаррир Н Салоҳиддинзода
Мусаҳҳеҳ М. Саидова
Муҳаррири техники З٠ Саъдуллоев Рассом З. Акрамдухт
Тарроҳ М٠ Чнайдзода
Муаллифи китоби мазкур ба Оҷонсии ИМА оид ба
Рушди байналмилали (USAID) ва Фонди Оохон барои дастгирии
молиявиашон дар нашри ин китоб миннатдории худро изҳор менамояд٠
Китоби мазкур дар доираи лоиҳаи «Робитаҳои иктисоди ва ичтимои:
сохтори молияви барои рушди соҳаҳои гуногун дар Тикистон»
ба нашр расидааст٠
Ба чоп 12٠ 09٠ 2019 идозат дода шуд.
Андозаи 60х84 1/8٠ Когази офсет. Чопи офсет.
Чзъи чопи 1,5 Адади нашр 7900 нусха.
Супориши № 132/2019
Муассисаи нашриявии «Маориф»-и
Вазорати маориф ва илми Чумҳурии Тикистон,
734024, ш٠ Душанбе, кучаи Аҳмади Дониш, 50٠
Тел.: 222-14-66
E-mail: najmiddin64@mail٠ ru
Дар матбааи ЧДММ «Офсет» ба табъ расидааст٠