Главная / Илм / «Агар шахсе мехоҳад, ки дуои ӯ дар сахтиҳо қабул гардад, бояд дар хушиҳо Худовандро фаромӯш насозаду Ӯро дуо кунад».

«Агар шахсе мехоҳад, ки дуои ӯ дар сахтиҳо қабул гардад, бояд дар хушиҳо Худовандро фаромӯш насозаду Ӯро дуо кунад».

Бояд донист, ки инсон дар ҳар ҳол ба раҳмати илоҳӣ ниёз дорад. Набояд дуо карданро танҳо ба ҳолатҳои сахтию мушкил хос кунем, зеро мақсад барқарор намудани робита байни Худову мардум аст. Чи дар ҳоли хушӣ, ки дар роҳату ғарқи неъмат бошанд ва чи дар ҳолати сахтӣ, ки фақру нодорӣ аз сар ва сурати ӯ намоён бошад. Ин тарзи амал аз рӯи инсоф нест, ки инсон дар ҳолати сиҳҳатмандию фарохӣ аз дуову ёди Худованд ғофил бошад ва дар ҳолати беморию сахтӣ ба дуову оҳу зорӣ мутаваҷҷеҳи Ӯ шавад.

Картинка место поклонения, мечеть, ханака, здание, Византийская архитектура

«Ва чун ба одамӣ ранҷе бирасад, бар паҳлӯ хуфта ё нишаста ё истода ба ҷониби Мо дуо мекунад. Пас, он гоҳ ки ранҷи ӯро аз вай бардорем, меравад, гуё, ки Моро ба дафъ кардани ранҷе, ки ба ӯ расида буд, нахондааст. Ҳамчунин барои аз ҳадгузарондагон он чи мекарданд, ороста шуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222