Главная / Илм / Ҳайбат ва виқори Имом Молик (р)

Ҳайбат ва виқори Имом Молик (р)

Аз сифоте, ки Худованд ба Имом Молик бахшида буданд ва дар ахбору ривоёт нақл шуда, ҳайбат ва виқори вай мебошад. Халифа Ҳорунуррашид мегўяд: «Дар байни уламо ҳеҷ кас боҳайбаттар аз Молик ва бо тақвотар аз Фузайл ибни Иёз надидаам». Саъид ибни Марям мегўяд: «Боҳайбаттар аз Молик надидаам, то он ҷое, ки боҳайбаттар аз ҳоким буд».
Зиёд ибни Юнус мегўяд: «На олиме ва на обиде ва на дузде ва на амире боҳайбаттар аз Молик надидаам».
Имом Шофеъӣ мегўяд: «Аз ҳеҷ кас ҳамонанди Молик дар ҳангоме ки ба ў нигоҳ мекардам, натарсидаам». Ў мегўяд: «Суфёни Саврӣ дар маҷлиси Имом Молик буданд, замоне ки эҳтироми мардум ба Имом Молик ва эҳтироми Имом Молик ба илмро дид, ин шеърро суруд:
Яъбал-ҷавоба фало юроҷаъу ҳайбатан,
Адабул-вақори ва ъиззу султонит-туқо.
Вас-соилуна навокисул-азқонӣ,
Фаҳувал-маҳибу ва лайса зо султонӣ».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222