РӮЗГОРИ ХОРАЗМ
Барқии ошно, ҳамон ҳамсояе, ки Ҳусайн барояш дар шархи қавонини фиқҳ асаре таълиф намуда буд, ба тиҷорат машғулият меварзид, у дар Гурганҷ, дар пойтахти Хоразм мезист ва гоҳо ба Бухоро саргашта мешуд. Ин дафъа вай барои ба Хоразм бурда расондани Ҳусайн розигй дод ва ҳатто аз гирифтани роҳпулй даст кашид.
-Баръакс, аз ман барои дарёфтани шарафи муонисати одаме, ки шаъну шуҳраташ пештар аз худаш роҳи мепаймудаашро тай намудааст, пул гирифтан лозим, – мегуфт ӯ.
Дар бораи тамоми масъалаҳои даркорй шабона дар хона маслиҳат карда, китобҳои зарурй ва чизу чора хеле барвақт омода шуда буданд.
Пули аҳли оила барои рузгузаронй дар ҳолати ҳозираи нарху наво ба ним сол мерасид. Баъди он Ҳусайн ба хидмат даромада, ҳавлию ҷой мехарад ва аҳли хонадонашро назди худ даъват мекунад.
Бухоро пушти сар монд. Акнун девору боми хонаҳо ба назар часпидаи ҳамдигар намуда, манораҳо ва дарвозаи Ҳадшерун, ки роҳи Хоразм аз он ибтидо меёбад, аллакай ба чашм наменамуданд. Ва дигар акнун дар куҷо будани масҷиди ҷомеи бинокардаи Қутайба фарқ карда намешуд.
-Як вақтҳо, – гуфт тоҷир, – ҳангоме ки падарам аввалин дафъа маро ҳамроҳи корвоне ба Миср мефиристод, ман ҳам аз дур ба шаҳрамон назар афканда будам.
Роҳи то Гурганҷ тулонй буд. Ба соҳили Омударё, ба работи Чигарбанд аз миёни деҳаву работ ва тавассути биёбону регзорон расидан мумкин буд. Дар он ҷо тавассути оби лойқаву чиркини руди нопайдоканоре, ки андозаи чуқуриаш номаълум аст, аз соҳили рост ба соҳили чап гузаргоҳе буд. Дар поёноби дарё марғзору бооти пурмева нашъунамо доштанд, аммо чанд фарсах ба тарафи болооб нарафта, регзорони хушку ташналаб пеш мебаромаданд. Ба Чиарбанд расидан маънои ба Хоразм расиданро дошт. Ин ҷой урфу расми хоса, ҳатто забони дигареро доро буд, ки он забон хоразмй номида, ба осонй аз забони тоҷикй фарқ карда мешуд.
Ҳусайн дар работҳо хуфта, ҳамроҳи тоҷирон, шутурбонон ва силоҳдороне, ки корвонро аз ҳар гуна касони тасодуфию роҳзан нигаҳбонй мекарданд, хурок мехурд.
Ниҳоят онҳо ба дарвозаи Гурганҷ расиданд ва даромадпулиро супурданд. Лаҳзае даҳшат онҳоро фаро гирифт, зеро тамоми чаю хонаю одамон барояшон ношинос буд.
– Алҳол дар хонаи ман истиқомат мекунй, – гуфт тоҷир. – Ман аз сарпаноҳ додан ба ту барин аллома хурсанд хоҳам буд.
Дар майдони маркази гӯсфанд мефурухтанд. Ин майдон ба Регистони Бухоро шабоҳат дошт. Ду тарафи майдонро қасрҳо фаро гирифта буданд. Ҳусайн дару дарвозаҳои музайяни қасрҳоро дуру дароз тамошо кард. Бозаргонон ва қаландарони ҷулҳундипуш гирдогирди дарвозаҳо гашта, катибаҳоро аз назар мегузаронданд ва ба аломати таҳсин сар мечунбонданд. Дар рубаруйи қасри падараш ҳокими ҳозираи сулолаи Хоразмшоҳиён – Алии писари Маъмун барои худ қасри дигаре бино карда буд.
Дар гузаштаи начандон дур Гурганҷ пойтахти Хоразм набуд. Пойтахт шаҳри Киёт буд. Қиёт дар масофаи тақрибан сиву чаҳор фарсах болообтари Омударё, дар соҳили рост, дар қарибиҳои саргаҳи рудхона воқеъ гардида буд.
-Шаҳри мо олиҷаноб аст. Донандагони адабиёти нафиса хеле зиёд, наччоронаш ҳунарварони беҳамто, қориёни шаҳри мо басо хушовозанд ва дар ҳиммату хирадманди касе ҳампояшон нест. Шаҳри мо сарватмандони бисёре дорад, молу ашёи хубу зебо бешуморанд! – чунин мегуфтанд аҳли Қиёт. – Дарбори Хоразмшох, ҳам дар шаҳри мост.
Ин гуфтаҳои онон ҳақ буд.
-Шаҳратон ботлоқзори буине беш нест. Дар кадом фасли соле, ки нахоҳад, об онро зер мекунад. Тамоми кунҷу канораш ифлос. На яку ду мусофир дар бевақти дар кулмакҳои пурлойи шумо афтодааст, – чунин мегуфтанд гурганҷиён ба қиётиён.
Ва ин гуфтаҳо ҳам ҳақ буданд.
Вале чи илоҷ, шаҳри маркази Киёт буд.
Соли 995 амири Гурганҷ – Маъмун шаҳри Қиётро муҳосира намуд. Аҳолии шаҳр муқобилати дурударозе нишон доданд. Бисёриҳо мурданд. Маъмун шаҳри Қиётро гирифта, унвони Хоразмшоҳ, яъне шоҳи Хоразмро ҳам гирифт. Шаҳр бераҳмона ғорат карда шуда буд. Бисёрии сокинони он хонаву дарашонро партофта, дар ҷойҳои дигар қарор мегирифтанд. Берунии чавон ҳам то қувваи охирин ҳамроҳи ҳамшаҳриёнаш муқовимат нишон дода, дар охир аз шаҳр баромада рафт.
Писари Маъмуни Хоразмшоҳ – Алй шахси маълумотноке буд. Дар дарбори ӯ ҳам риёзидонону файласуфон ва ҳам табибону фуқаҳо гирд омада буданд. Ин гурӯҳи ҷамъомадаро охирҳо «Байт-ул- ҳикма»-и Маъмун номида буданд.
-Шояд рост назди Хоразмшоҳ рафта, дар беруни дарвоза мунтазири баромадани ӯ шудан беҳтар бошад? – маслиҳат мепурсид Ҳусайн аз тоҷир.
-Беҳтараш, дигархелтар амал намо: ба қабули вазир Суҳайли рафта, бигуй, ки ту фақеҳи. ӯ, ки худ фақеҳи маъруф аст, фуқаҳоро дуст медорад, онҳоро бо хушнудиву лутф қабул мекунад.
Барои назди вазир даромадан Ҳусайн сарулибоси махсусе пӯшид, албатта, ҷомаи беҳтаринашро ба китф андохт. Вале аз ҳама муҳиммаш дуруст бастани салла ва фаромуш накардани тайласон буд. Салларо чунон бастан лозим буд, ки фаши дарозаш овезон истад. Фаш мебоист аз таги манаҳ гузашта, аз болои китфи рост ба пушт ҳамойил шавад. Аз болои китфи чапаш тайласон ҳамойил буд. Тайласонро ба челак ҳам табдил додан мумкин буд. Расми либоспушии фуқаҳои онруза ҳамин хел буд. Фақат аз руйи либосаш ки будани он шахс, олим ё фақеҳро муайян кардан имкон дошт.
Ба қабули вазир рафта истода, Ҳусайн аз куҷо сар кардани гапро меандешид. Вазирро дафъатан бовар кунондан лозим буд, ки дар ҳузури ӯ на ҷавоне баргаштабахт, балки марде дар илми фиқҳ устод, андухтаи улуми бақия ва пок аз ҳар гуна мақсаду ниятҳои аҳмақона истодааст ва мақсаду нияте дорад, ки ба вазир ва Хоразмшох, Алй ибни Маъмун танҳо манфиат оварад.
Аз иборати аввалин бисёр чизҳои дигар низ вобастаги дошт. Масалан, агар Ҳусайнро ба хидмат қабул кунанд, барояш маоше ҳам муқаррар менамоянд. Агар ба хидмат нагиранд, табиист, ки дар бораи маош орзуе кардан ҳам ғалат мебуд. Ҳол он ки пулҳояш тамом шуданд…
Ба Ҳусайн ибрози суханони раҳораҳ андешидааш лозим наомад. Вазир Суҳайли номи фақеҳи чавонро шунидан баробар табассуме карду худаш ба номбурди фазилатҳои ӯпардохт:
-Табобати ҳайратовари амир Нӯҳ ибни Мансур… Танҳо касони нодону бехабар Хоразмро гушаи дурдасттарини мамолики исломи меҳисобанд. Охир, мо хабарҳои тозаю навро пештар аз дигарон мефаҳмем. Бист ҷилд асар дар тафсири фикҳ барои Барқӣ… Мегуянд, ки тавассути онҳо Барқӣ беҳтарин фақеҳи Бухоро гардидааст. Вале сад афсус, ки вай онҳоро ба танҳоӣ мехонад ва касеро ба онҳо наздикшави ҳам намегузорад. Аммо нусхабардори шудани онҳо чи қадар манфиате меовард…
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки вазир ё бо худи Барқӣ ва ё бо ягон шиноси ӯ мукотиба дорад.
Вазир Ҳусайнро ба чаласаи уламо фиристод.
-Бар ин ҷаласа худи Хоразмшоҳ илтифот меоварад ва барои ӯ шунидани муҳокимарониҳои донишмандтарин одами замона хушнуди хоҳад афзуд.
Аз ҳама муҳиммаш, вазир барои Ҳусайн маош таъйин намуд.
Вазир гуфт, ки бо таъйини мансабе бори Ҳусайнро гарон намекунад. Бигзор Ҳусайн машғули илму дониш гардад. Ва умед дорад, ки Ҳусайн тавассути кашфиёти худ ҳам Хоразму ҳам дарбори Хоразмшоҳиёнро шуҳратманд мегардонад.
Маош аз шмдошти Ҳусайн ҳам зиёдтар буд.
Вакте ки вазир Суҳайлй дараҷаи муздро гуфт, Ҳусайн базур аз табассуми шодй худдорй намуд. Вале, аз афташ, киёфаи Ҳусайн асрори ӯро фош намуда буд, ки вазир дарҳол дабирро хонда, гуфтаҳояшро нависонд ва оази фармонро ба Ҳусайн дароз кард.
- Пулро худи ҳамин рӯз гирифтан мумкин…
Ҳусайн аз шодй дар ча роҳ намегашт, балки медавид. ӯ ҳамон лаҳза карор дод, ки барои тамоми хонаводаашон ҳавлие харида, ба додараш Махмуд номае мефиристад, то молу мулкашонро фурухта, модарашу хидматгоронро гирифта ба Гурганҷ ояд.
Дар чаласаи уламо одамони синну соли гуногун ҳузур доштанд. Дар бораи баъзеи онҳо Ҳусайн пештар шунида буд. Табиби номй Абулхайри Хаммор омад. Қозикалон ҳам омад. Қозй бо ҳама эҳтиромдорона пурсупос кунад ҳам, боре лар лабонаш табассуме намедамид. ӯ туршруёна дар чояш нишаста, ҳамвора хомуш буд. Дар миёни ҳама ҷавони хушсурати дар бар либоси киматбаҳои муйинаи мисрй фарк карда меистод. Вазир Суҳайлй оромона ба гӯши Ҳусайн гуфт, ки вай хеши Хоразмшох,, риёзидони сохибистеъдод Абунасри Аррок аст.
Вазир Ҳусайнро назди Аррок бурда, ба гап даромад:
- Иҷозаа бидиҳед, Абунаср, ба шумо ин ҷавонмард, Абуалй ибни Синоро, ки дар бораи ҳунару истеъдоди шифокориаш кайҳо боз овозаи шухрат меравад, шиносонам.
Аррок дар ҳайрат афтод:
- Шумо табиб будаед, – гуфт ӯ ба Ҳусайн. – Аммо ман гумон мекардам, ки вазири мо боз ягон фақехро овардааст.
- Абуалй дар фиқҳ ҳам на камтар аз тиб донишу маҳорат дорад, – изҳор дошт вазир.
– Дар риёзиёт чй? – пурсид Аррок. Ва ба Ҳусайн дар бораи асари риёзии Берунй сухан гуфтан гирифт.
Вакте ки Ҳусайн аз хусуси ин китобро донистани худ изҳори назар намуд, Аррок хеле хурсанд шуд ва ҳар ду дар рафти сухангии дигарон оид ба китоби Берунй «ал-Осор-ул-бокия» андешаронй кардан гирифтанд. Қозикалон дар шафати онҳо менишаст ва ноканоатмандона ҷунбуҷӯл менамуд. Сипас Аррок аз хусуси асбоби нави ситорашиносие, ки Берунй ҳамрохи риёзидон Сахрй ихтироъ карда буд, наклашро давом дод. Қозӣ ба тарафи онҳо баргашту ногаҳон ба ғурриш даромад:
-Ҳар чизи дар «Қуръон»-и шариф нонавиштаро омухтан зиёдатй ва гуноҳе азим аст!
Вале дар ин вакт худи Хоразмшох, – Алй ибни Маъмун, марди начандон калонсоли кавичусса даромада омад. Ҳама хомуш шуданд. Хоразмшоҳ нишасту ҳозиронро ҳам таклифи нишастан намуд.
Он рӯз баромади асосиро вазир бар увда дошт. ӯ дар бораи таърихи ҳукуки мерос сухан ронд. Дар бораи ирсияти молу мулк дар Юнони Кадиму Рум, аз хусуси тарзи меросгирии мусулмонон маълумот дод.
Баъзан амир ғалат андеша меронд.
Сипас, вакте ки ба муҳокимаи баромади ӯ гузаштанд, Ҳусайн эхтиромдорона кайд намуд:
-Зохиран, вазири донишманду сохибмаърифати мо ҳанӯз фурсати хондани асари Беруниро наёфтаанд, вагарна ба баъзе нсаҳеҳиҳо роҳ намедоданд.
Ва ҳамон лаҳза дар толор хомушии мудхише ҷорй шуд. Сонй вазир ким-чй хел як сурфаи ғайриоддие баровард ва Аррок аз пушти остини Ҳусайн кашид.
Аммо Ҳусайн андешаҳояшро то охир иброз дошт:
-Оид ба чандин масъала фикри Берунй дигар аст.
Хомушй ҳамон идома меёфт. Касе ҷониби Ҳусайн наменигарист. Ҳама ба Хоразмшоҳ чашм медухтанд.
Хоразмшоҳ ҳам ором меистод. Баъдтар ӯ табассуме кард.
- Ин чавон кист? Зоҳиран, ӯ дар маҷлиси мо бори нахуст иштирок мекунад, вагарна чунин беистиҳола номи мададгори душманони моро ба забон намеовард.
Акнун ҳар балое ба сар омаданаш мумкин буд.
Ҳусайн бисёр уламоро медонист, ки риштаи ҳаёташон дар ҳамон лаҳзае канда шудааст, ки гирифтори ғазаби ҳокиме гардидаанд.
Вале табассуми Хоразмшоҳ идома меёфт.
- Наздиктар биё, номатро бигӯй!
Ҳусайн наздиктар омад. Пойҳояш, аз чи сабабе бошад, дуруст ҳаракат намекарданд…
- Ин чавон Абӯалӣ Ҳусайн… – оғоз намуд вазир.
- Ба фикри мо, дар сурате ки чуръат карда дар баробари мо он номро гирифт, чуръаташ ба баёни номи худаш ҳам мерасад.
Ҳусайн наздиктар омада таъзиме карду номашро гуфт.
- Акнун ба мо бигӯй, ки он одам дар китоби худ аз чй хусус ҳарф мезанад…
Шунавандагон ба ҷунбиш даромаданд.
Ҳусайн фаслҳои ба дину ойин ва конуну коидаҳои юнониён, римиён ва форсҳо бахшидаи китоби Беруниро мухтасаран накл намуд. Зимнан баъзе носаҳеҳиҳои баромади вазирро ҳам ислоҳ кард.
Касе гапи ӯро намебурид. Ҳама бодиккат гӯш медоданд.
- Вале дониши худи ту дар ин бобат амиктар аст, – гуфт Хоразмшоҳ. – Моён аз баромади нахустини ту дар ҷамъомадамон каноатмандем. Ҳа-а, боз як чиз… Ту китоби он одамро дар даст дорй? – Хоразмшоҳ ба ҳеч ваҷҳ номи Беруниро ба забон овардан намехост, зеро як вактҳо зикри номи ӯро манъ карда буд.
– Нусхае аз он китоб дар дасти ман ҳаст, – гуфт баногоҳ бо овози баланд Арроки хеши Хоразмшоҳ.
Ҳама акнун ба тарафи Аррок манигаристанд.
Ту нахустин одаме ҳастй, ки дар ҳузури Хоразмшоҳ номи Беруниро гирифтй, – гуфт Аррок ҳангоми аз дарбор баромаданашон. – Окибати кор бад шуданаш мумкин. Ҳашт сол мукаддам, вакте ки кушуни бобои ман ба шаҳр зада медаромад, Берунй охирин касе буд, ки аз майдони муҳориба баромадааст. Баъд ӯ дар бораи бобоям чанд латифаи дағалу тахкиромезе бофта баровард. Агар ӯ пештар аз ин ба ин ҷой меомад, аз зиндон халоси надошт.
Дар маҷлиси Хоразмшоҳ ҳама бо якдигар эхтиромдорона муносибат менамуданд. Агар касе унвони эхтиромй надошта бошад, кунияи уро мегирифтанд. Одамро аз руйи нисбааш низ ном бурдан мумкин буд. Ҳусайн метавонист ба худ нисбаи Бухориро гирад, ки далели бухорой будани ӯ мебуд. Аммо то вай аллакай тахти нисбаи Бухорй муаррихе зиндаги ба сар бурда буд.
Ҳусайн кунияи Абуалиро дошт.
– Одами мухтарам бояд лакаб ё куния ва ё нисбае дошта бошад, – мегуфт вазир. – Тасаввур кунед, ки ман ба ҷое медароям, ки дар он ҷой даҳ нафар Ҳусайн нишастаанд ва ҷеғ мезанам: «Ҳусайн!». Ҳамаи он даҳ нафар якбора дод гуфта мехезанд: «Ман!, Ман!, Ман!». Одамони окил чунин рафтор намекунанд. Бехтараш, ман даромада мегуям: «Абуалй». Ва ҳамон Ҳусайн, ки ман ба ӯ муроҷиат мекунам, дарҳол ҷавоб медиҳад, бокимондаҳо хомуш меистанд.
Дар маҷлисҳо ҳамаро бо эхтиром ном мебурданд:
Абуисмоил, Абулкосим, Абуали ва ғайра.
Аммо Ҳусайн падар набуд, у зану фарзанд надошт. Лекин ба зудй ба ин унвони эхтиромй одат кард. Дигар ҳеч кас номи ӯро намегирифт. Факат Абуалй мегуфтанд.
Абуалй сайругашти шахрро дуст медошт. Саҳариҳо хеле пештар аз азони намози бомдод аз хоб бармехост. Мисли пештара бисёр захмат мекашид, илмҳои кимиё, нуҷум ва табииётро меомухт. Чанд китоби наверо ба накша гирифта, барои онҳо кайдҳои пешакй менамуд.
Алҳол Абуалй дар хонаи ҳамон тоҷире, ки аз Бухоро ҳамрош омада буд, истикомат мекард. Точир аз ӯ иҷорапулй намегирифт. Аз ин рӯ, Абуалй карор дод, ки ба писари хурдии даҳсолаи тоҷир хатту савод омузонад. Худи тоҷир, корвоне мураттаб сохта, суйи сарзаминҳои ба худ номаълуми сохили Итил, яъне ба мулки Булор озими сафар гардид. Аз он ҷой, аз шимолтари Булор, ба пойтахти хоразмшохиён молҳои ҳайратовару аҷибе меоварданд. Ҳафтае як маротиба рузи паншнбе бозори муина кушода мешуд. Савдогарон дар ин рӯз муинаи ҳар гуна ҳайвонот: самур, кокум, хаз, рӯбоҳ, сагобй, харгушро ба фуруш мебароварданд. Дар карибиҳо бозори дигаре буд, ки дар он ҳар гуна молҳои камёби саклобиро, аз кабили пустлохи тӯс, шилми мохй, устухонҳои калон-калони суфтаву нугтез, ки онҳоро дандони мохй гуянд ҳам, аслан дандони морж буданд, мефурухтанд. Абуалй дар бораи моржҳо чизе нахондаву нашунида буд. Ҳатто чунин мохиҳои дандондарозро ба худ тасаввур карда наметавонист.
Баъзан ӯ бо фарахмандй молҳои зодгохи азизашро медиду мешинохт. Харбузаҳои дар аксои олам машҳури бухориро ҳатто ба Хоразм ҳам меоварданд. Онҳоро дар кутиҳои курғошимини яхдор мекашонданд. Албатта, дар Хоразм ҳам тарбузу харбузаҳои ҷойдорй бисёр буданд, аммо ҳатто худи Хоразмшоҳ харбузаҳои Бухороро маъкултар мешуморид.
Баъди чанде Абуалй соҳиби шогирдон гардид. Онҳо одамони баркамол буданд. Устод ба онҳо ҷойҳои номафҳуми фалсафа, фиқҳ ва ё ашколи ҳандасии Уклидусро фахмонда медод. Ва, албатта, бештар аз ҳама ба Абуалй беморон муроҷиат менамуданд.
Рузе дар бозор ӯ пай бурд, ки ким-кадом одами кухналибосе ҳамвора аз кафояш мегардад. Абуалй ба тарафаш нигарист, аммо он одам дар пушти шутур пинҳон шуд. «Боз ягон одами Султон Махмуд набошад?» – меандешид Абуалй. Сонй Абуалй такрибан сад кадам зада, чанд маротиба рошро качукилеб андохт. Аммо дар ҳама ҷой он одам руст шуда-руст шуда ӯро таъкиб менамуд. Он гоҳ Абуалй ба дукони танги сартарош даромад. Баъди чанд дакикаи таваккуф ба куча баромад ва ҳамон лаҳза ба он одами ношинос бархурд.
Он одам як кад парида, ба кафо баргашт. Вале баъд якбора ба гап даромад:
– Маро бибахшед, Абуалй, ки шуморо нороҳат мекунам! Ман медонам, ки чанде пеш аз Бухоро омадаед. Худи ман ҳам аз Бухоро омадам, аммо сарулибосам ягон вакт ин хел чуллу чанда набуд! Шароит ва майлу рағбати дониш маро ба чунин ҳолат оварданд. Илтиҷо дорам, як сари кадам ба хонаи ман биравем, дар рох, тафсилоти ҳамаашро ба шумо мегуям.
«Мабод ин доме бошаду маро монанди мурғаки нодоне ба дом оваранд» – фикр мекард Абуалй аз паси ӯ рафта истода.
Ин одам кимиёгар будааст. у китобҳои кадимаи сехру чодуро хонда, тавассути афсунгарй мехост, ки аз фулузоти арзонтаре тилло ҳосил намояд. Як вактҳо Абуалй ҳам дар китобхонаи амир ин гуна китобҳоро варак зада, дарҳол чаҳолату нодонии
муаллифонашонро фахмида буд.
-Максад тамоман наздик омадааст, – мегуфт он одам дар роҳи хонааш. – Ду-се калимаи даркориро ба колаби чоду медарораму бо ҳамин омехтаи сурбу нукраро ба тилло мубаддал мегардонам.
Абуалй ба хонаи он одам даромад. Хона холй буд. На палосе дошту на буйи таоме ба димоғ мерасид. Дар кунҷҳои хона анкабут тор метанид. Дар саросари хона ифлосиву оазпораҳо титу парешон мехобиданд.
Вале хонаи дигар аз анбику гармкунакҳо ва ҳар гуна лавозимоти кимиё пур буд.
Дар миёнаи боғ дар чукурие оташ аланга мезад. Дар ри алав деге овехта шуда буд, ки дар дарунаш моеи обшудаи хокистарранги калъагй дар эхтизозу ҷунбиш буд.
-Вакте ки аз чаи мо мегузаштед, ман шуморо дидам, – гуфт он одам, – ва ҳамаро як сӯ гузошта, аз акибатон давидам, вале ҷуръати муроҷиат пайдо карда наметавонистам…
Абуалй ҳамёнашро бароварда, тамоми пулҳои дарунашро ба вай дод.
-Ман аз арзи миннатдорй ба шумо беҳад хурсандам! – гуфт он мард. – Иншоаллох,, мебинед, ки баъди чанд рузи дигар асрори тиллоҳосилкуниро пайдо менамоям. Он гоҳ ба кадри дилхоҳ тилло мегирам. Баъд ҳавлии калоне харида, онро бо китобҳое, ки алҳол танҳо орзуяшонро дар сар дорам, пур хоҳам кард. Сонй карзи шуморо даҳ баробар зиёдтар бармегардонам! Ва мумкин аст он вакт шумо аз ман карз бигиред? Мехоҳед, ки сеяки тамоми тиллоҳо насиби шумо гардад?
Абуалй танҳо калла меҷунбонд. у ба кувваи сехру чоду ва накшаҳои афсунгарй бовар надошт. Медонист, ки калъагиро ба тилло мубаддал сохтан мумкин нест, монанди он ки саргини шутурро ба шутур табдил додан имкон надорад.
– Дар ҳар ҳол, карзи додаи шуморо даҳ баробар зиёд бармегардонам! Ман инро ба ҳама нишон медиҳам! – гуфт он мард вакти хайрухуш.
Рузе Хоразмшоҳ дар маҷлис иброз дошт:
-Мо китоби Абурайҳони Беруниро хонда баромадем. Дар он баробари андешаҳои даҳриёна фикрҳои аҷиби бисёре ҳастанд. Бар илова, мегуянд, ки Абунаср бо Берунй мукотиба доштааст? – Хоразмшоҳ ба тарафи хешбачааш нигарист.
– Бале, ману ӯ мукотиба дорем.
– Абуалй ҳам дар ин мукотиба ширкат дорад?
-Ман ҳанӯз дар Бухоро бо Берунй мукотиба менамудам ва барои катъи он баҳонае надорам, – ҷавоб дод Абуалй.
-Ба назари мо, хуб мешуд, ки ҳам Абунасру ҳам Абуалй аз номи худашон алохида-алохида Беруниро маслиҳат медоданд, ки ба Гурганҷ ояд. Ба мо гуфтанд, ки Берунй боз ба илми обёрй ҳам машғул аст. Обёрии майдонҳои мо амри воҷибест ва Берунй дар ин бобат тавассути дониши худ манфиати зиёде хоҳад овард. Дар ин бора фикри Суҳайлй чист?!
-Дар ин бора фикри ман ҳам аз пайи фикри амирам меравад, – ҷавоб дод вазир.
Лаҷоми гуфтугу тарафи дигаре кашида шуда бошад ҳам, Абуалй ба он дуруст гӯш намедод. ӯ хурсандй менамуд, ки ниҳоят ба дидори Берунй мушарраф мегардад. Ва аллакай мазмуни номаеро, ки ба вай хоҳад навишт, фикр карда баромад.
Ниҳоят онҳо вохурданд!
Аррок бо хизматгори худ мактубчае фиристода, дар он аз Абуалй хохиш менамуд, ки зудтар ба дарбор – назди ӯ биёяд.
Абуалй зуд ба роҳ даромад.
Аксаран Абуалй ашрофзода будани Аррокро фаромуш мекард. Худи Аррок ҳам нисбат ба худаш ягон муносибати махсуси тамаллукомезро такозо наменамуд. ӯ риёзидон ва мусаввир буд, маҷлисҳои тарабро дуст медошт ва ба хотири машғулияти дустдоштаи худ ба ҳеч ваҷҳ маснади шоҳиро умед намекард.
Дарбори Аррок музайяну муҳташам буда, катибаҳои девор, ки баъзеи онҳо амали худи Арроқ буданд, ва колинҳои накшини Самарқанд онро зебу оро мебахшиданд. Сарулибоси хидматгорони Аррок ҳам аз сарулибоси хидматгорони бисёр ашрофи машҳур ками надошт.
Дар меҳмонсаройи калони Арроқ ғайр аз худи ӯ боз ду нафари дигар мезистанд. Яке пири фартути афтодаҳолу дигаре ҷавонмарди такрибан си-сивусесола буд.
Абӯалӣ муйсафедро дарҳол шинохта, кй будани ҷавонмардро ҳам зуд дарёфт.
-Ман намедонам, шумоёнро бо ҳамдигар муаррифй намудан лозим аст ё на? – пурсид Арроқ.
-Магар маро бо Ҳусайн шинос намудан лузумате дорад!? – хитоб намуд баногоҳ муйсафед бо овози гиро. – Ман ӯро ҳанӯз аз замони бачагиаш, аз ҳамон вакте ки муаллими хонагиаш Ҳусайн ҳофиз аст гуфта таърифҳо мекард, мешиносам.
Ин одам Абусаҳли Масеҳй буд. Бале, худи ӯ буд! Ҳозир ӯ ҳамроҳи Берунй аз Чурҷон омадааст.
Дувумй, охир, маълум аст, ки Берунист!
Баъди чанд дакика Берунй аллакай бо Абуаливу Аррок баҳсу мунозира менамуд.
– Аз номаҳоя тон дарёфтам, ки шумоён ҳанӯз бар сари фикри хеш муътақидед. Ҳардуятон имон доред, ки Замин номутаҳаррик аст ва Офтобу ситораҳо ва тамоми ҷирмҳои осмонй дар атрофи Замин ҳаракат мекунанд.
Албатта, бар ин моро Батлимусу Форобй таълим додаанд. Ва худи ман хулосаҳои мантикии ононро санҷида баромадам. Замин номутаҳаррик аст, – гуфт
Абуалй.
Ҳатто баъзан ба кутуби мукаддас ҳам бовар
кардан мумкин нест! – даст афшонд Беруни. – Оҳо! – ба ханда даромад Арроқ.
Бар сари тамоми фикру андешаҳо муътакиди сахт будану мубоҳисаи ҷиддй намудани Беруниро Абуалй ҳанӯз хеле пеш аз мактуботи ӯ фахмида буд. Берунй кушиш менамуд, ки дар кулли масъалаҳо акидаи худро дошта бошад, ҳар як хулосаро дар амал санҷидан мехост. Дар ин чода ҳардуяшон монанд буданд. Аксаран ба фикру акидаи якдигар розй нашаванд ҳам, ҳар ду ба суйи ҳақиқат роҳ меҷустанд.
-Вакти ба маҷлиси уламо рафтан расид, – гуфт Арроқ ва сарулибоси Беруниро аз назар гузаронд. – Шумо, албатта, мондаву куфта шудаед, имруз истироҳат мекунед ва ё либосатонро дигар карда, ҳамрохи мо ба маҷлис меравед?
-Тайёрам, – гуфт Берунй. – Аммо сарулибоси дигаре надорам. Нисбаи ман Берунй, яъне одами беруна аст ва худи ҳамин аз кй будани ман гувохй медиҳад.
Аррок хандиду хидматгорро даъват намуд.
сарулибоси нав биёр! – гуфт уро.
Вале Берунй ногаҳон эътироз намуд:
-Ман лойики чунин туҳфаи гаронбаҳо нестам…
-Боз инаш барои чй?! – мутаҳаййир шуд Аррок. – Зудтар омода шуда, рафтан лозим, мо таъхир карда истодаем…
– Агар ба ман ягон ғуломе пушокй туҳфа менамуд, онро пушиданам мумкин буд, зеро ғуломи аулом будан имкон надорад. Аммо сарулибоси ҳадякардаи узви хонадони Хоразмшоҳро қабул намекунам. Дар акси ҳол, ҳар бинандае хоҳад гуфт: «Бибинед, ғуломи Хоразмшоҳ омада иссодаасс!». Ғулом дусс буда наметавонад. Ҳиссиёси фурузони вафодорй санҳо дар озодй ҳис карда мешавад, – ӯ суханашро шухиомез оғоз намуда, чиддй ба анҷом расонд. – Ман дар ҳамон либосе, ки дорам, он ҷо меравам. Навашро пагоҳ мехарам.
– Бисёр хуб, – гуфт Арроқу хидматгори дигареро ҷеғ зад. – Ту ягон либоси напушида дорй?
-Ҳасс, сақсир, – ҷавоб дод хидматгор
парешонҳолона.
– Ҳамонро ба ин одам ҳадя бикун!
– Ба чашм, сақсир! – ҷавоб дод хидмасгор.
– Таслим! – хандид Берунй.
Шояд уламо фахмида бошанд, ки Беруниву Масехй сашриф овардаанд ва ё, шояд, амри сасодуфе бошад, ки дар маҷлис одамони ғайримуқаррарии зиёде ҷамъ омада буданд.
– Умед дорам, ки вақси даромадани Хоразмшоҳ шуарои дарбор ба пояш намеафсанд, росс ба руяш нигарисса қасида ҳам намехонанд? – пурсид Берунй аз Абуалй.
– Сулсони мо Махмуд несс, алҳол дар ин ҷо чунин расму сарсиб ҳам дида намешавад…
Суҳайлии вазир Беруниву Масехиро назди Хоразмшоҳ бурда, ҳардуяшонро шиносонд. Онҳо расми саъзим ба ҷой оварданд.
– Мо шодем, ки маҷлисамон аз хузури ду ақли мучалло ғанй мегардад, – гуфс Хоразмшох,.
Баъди ним соас аллакай Беруниро саволборон менамуданд.
– Росс асс, ки Берунй дар кисоби худ ҳадисеро дар бораи он ки Паёмбар рузе Офсобро боздошсаву Офсоб бо иродаи вай дар болои сараш истодааст, рад мекунад?! – пурсид одами либоси факеҳӣ дар бар.
– Офтоб дакикае ҳам аз ҳаракат бозистода наметавонад, зеро ин хилофи конунҳои ҳакикии табиат аст!
Ҳусайну Аррок мутаҳаййирона ба ҳамдигар нигаристанд, зеро Беруни боҷуръат сухан мегуфт. Андешаҳои худро дар китоб ифода намудан дигару дар ҳузури Хоразмшоҳ баланд-баланд ба аҳли маҷлис талкин намудан дигар аст!
– Дуруст аст, ки дар китоби Беруни чунин суханон оварда шудаанд: «Бигзор ҳамаи ононеро, ки ба махлуки дигари соҳибэҳсос ва безарар азобу машаккатро раво дониста, аз он ҳаловат мебаранд, Илохи ба ғазаби худ гирифтор фармояд»!? – пурсид Хаммори табиби хосаи Хоразмшоҳ.
– Дуруст аст, айни ҳамон гуфтаҳо! – ҷавоб дод Беруни.
Баъди ин ҳам хурсандона ба фиш-фиш даромаданд. Ин суханон ба ҳама, ҳатто ба козикалон, маъкул афтоданд.
– Оё Беруни ба омухтани фикҳ ҳам машғул мешавад? – пурсид Суҳайлии вазир.
– Диккати маро бештар улуми табииёт, таърих, риёзиёт, нуҷум ва маъданшиноси ба худ чалб менамоянд, – ҷавоб дод Беруни.
– Хуб шуд, ки доир ба масъалаҳои дину ойин камтар савол доданд, вагарна ягон моҷаро бармехост, – оромона гуфт Аррок баъди тамомшавии маҷлис.
Беруни марди зарифтабъе буд.
Дар он замон лакабгири расм шуда буд. Ҳар одам кӯшиш менамуд, ки ба худ лакабе гирад. Масалан, Султон Махмуд «Сайфуддавла» ва «Яддуддавла» ва «Аминуддин» барин лакабҳо дошт. Қозиёнро «Шарафулислом» ва «Сайфуссуна» номида метавонис- танд. Ҳатто марди ночизе ҳам гоҳо соҳиби лакаби «Мухтас», яъне «махсус интихобшуда» ва «Муваффак», яъне «комёбшуда» гардида метавонист. Қозикалон, ки дар тамоми маҷолиси уламо дар бари Хоразмшоҳ менишаст, унвони «Сайфуссуна»-ро дошт, ки маънояш «шамшери мазҳаби сунни» мебошад. Аксаран ӯ туршруёна хомуш истода, факат гоҳо ба тарафи сухангу сар мегардонд. Ҳар як ибораи мулҳидонаи дар маҷлис шунидаашро дар хона навишта мегирифт.
«Рузе мерасад, ки онҳо дар пеши назари ман мисли саг уллос кашида, барои ҳар як аклнамоиашон ҷазои муносиб хоҳанд гирифт».
ӯ ҳам Абуаливу ҳам Беруниро чашми дидан надошт. Ҳатто худи Хоразмшохро барои мулоиматияш айбдор мехисобид.
«Чилави онҳоро сар дода мондааст! – меандешид ӯ дар бораи Хоразмшох,. – Агар ҳукумат дар дасти ман мебуд, ҳамаи онҳоро занҷирбанд карда, шахр ба шахр мегардондам, ки дигарон аз баҳсу муҳокима худдори намоянд. Ба онҳо дониш бас! Барои онҳо кашфиёти Илохи «Қуръон» кам аст! Агар хукумат дар дасти ман мебуд!…».
Хушнудона, ҳокимият дар дасти вай набуд.
Албатта, тамоми олимон хисси бадбинии ашаддии козиро пай мебурданд. Вале касе кушоду равшан чуръат намекард, ки гапи ӯро гардонад.
Танҳо Беруни рузе бо оҳанги басо эҳтиромдорона ба кози муроҷиат намуд:
– Сайфулуламо, марҳамат карда ба мо бигуед, ки…
Ҳама кинояи Беруни ва, албатта, косаи таги нимкосаи онро фахмиданд. Ва дарун-дарун дар маҷлису кушоду равшан дар хонаҳо ба ханда даромаданд. Аммо танҳо кози таги гапро зуд нафахмид. Дар аввал ӯ мутакаббирона ба даҳон бод гирифт. Танҳо саҳарӣ тамоми ҷараёни гуфтугуро ба хотир оварда, аз ғазаб дандон ба дандон месоид. Минбаъд акнун уламо байни худ қозиро факат «Сайфулуламо» меномиданд.
Берунй бо рафиконаш бисёр ҳазлу шухй мекард. Дар он давра бисёри одамон барои нишон додани фазлу дониши худ кӯшиш менамуданд, ки пуробуранг гап зананд. Ҳар як одами дарбор вазифадор буд, ки зебову маснӯъ сухан ронад. Бе чунин фазилат олимеро ба маҷлиси уламо роҳ надода ҳам метавонистанд. Берунй чунин навъи зебобаёниро мазоҳ мекард, он гуна шахсонро хандахариш менамуд.
Масалан, Абуалй боре аз Берунй чунин мактубчае гирифт, ки шояд он аз ягон китоби арабй гирифта ва ё, мумн аст, аз тарафи худи ӯ навишта шуда бошад:
«Ё таксир, мо дар маҷлисе ҷамъ омадаем, ки ири ту ҳама мавчуд аст, аз ҳама, ҷуз адами шахси ту, каноатмандем. Дар ин ҷо наргис дида во кардааст, бунафша рух намудааст, чилими мураккаб машомро муаттар месозад, ҷилди норинҷон чудо афтодааст, забони барбату руд дар суханист, воизони риштабарпой бархостаанд, насими ҷомҳо дар вазишанд, бозори лутфу назокат гардон аст, мунодии базм садои хушбош медиҳад, ситораи ҳамтабакон ба кирон омадааст, буйи мушку анбар осмонҳоро гирифтааст. Каам ба чонам, агар қадам ранҷа фармой, ҳамроҳ дар бихишти ҷовидонй хоҳем афтод ва ту ёкути мобайнии шаддаи марчон хохи гашт!».
Вакте ки «ёкути мобайнй», яъне Абуалй зуд барои мехмонй талаб карда шудани худро фахмида, хонаи Берунй омад, онҳо бар болои мактубча дурудароз хандиданд.
Абуалй баъзан аз додараш ҳам мактуб мегирифт.
Онҳоро шахсони муътамад меоварданд.
Модараш касал шудааст. Дар ҳамон рузе касал шудааст, ки Махмуд ҳавлй ва молу мулкашонро фурухта, назди Абуалй, ба Гурганҷ, омаданй будааст. Модар аз ҷой намехеставу канизакон ӯро нигохубин мекардаанд. Абуалй тавассути номаҳо усули табобати дурусти модарро нишон медод, аммо маслиҳати холй фоидае намебахшид.
«Коре кунеду ба Бухоро барнагардед! – менавишт додараш Махмуд, – Шуморо одамони султон ҷустуҷӯ доранд. Онҳо чанд маротиба ба ҳавлитон даромада, тамоми кунҷу канорашро кофтанд. Ҳатто, ҳарамсаройи занонро кофтуков намуданд. Мегуянд, султон фармудааст, ки шуморо зуран назди ӯ, ба дарбор, дошта баранд».
Маҳмуд дар бораи ба дарбори волии Амир Наср гузаронда шудани худ ҳарфе нанавишта буд. Дар он ҷой ӯро хуб истинток карда, ба куҷо рафтани Ҳусайнро фахмиданй мешуданд.
Дар мактуби додараш унвони номагир кайд нашуда буд. Имзои номанавис ҳам дида намешуд. Мабодо нома ба дасти ҷосусони султон ҳам афтад, онҳо ба нишони кй равона шудани онро пай бурда наметавонистанд.
Абуалй ҳамрохи Берунй дар кӯчаҳо сайругашт карданро дуст медошт. Берунй бармаҳал аз падар ятим монда, бо захмату машаккати зиёде сохиби маълумот гашта буд.
– Дар шаҳри мо юнонии насроние зиндагй мекард, – накл мекард Берунй. – Он вакт ман штсола будам. Ман ба наздаш ҳар гуна растаниҳоро мебурдам, ӯ номи онҳоро мегуфту хосияташонро як-як баён мекард. Баъд ба ман барои мутолиаи китобҳои лозима дастур медод, ҷоҳои номафхумашонро мефахмонд. Аксар вакт ба ман китобҳои худашро медод. Ҳатто сарфу нахв ва сабки арабиро худам мустакил омухтам. Рузона кор мекардам, ба корубори хоҷагии модарам ёрй мерасондам ва шабона машғули илмомузй мешудам.
– Муаллими ман… – гуфт Абуалй ва дар бораи Нотилй нақлҳо кард.
Рузе Абуалй тасодуфан аз забони шахсе фаҳмид, ки Нотилй дар ҳамин ҷо, дар беруни шаҳр мадфун аст.
Ҳар ду бо Берунй ба зиёрати қабристон рафтанд. Абуалй вақти бозгашт ба қабристонбон пул дод, то қабрро дурусттар нигоҳубин кунад.
Абуаливу Берунй фақат дар танҳой доир ба кулли масъалаҳо озодона суҳбат карда метавонистанд.
– Боре бо ман фуқаҳо тамоми рӯз баҳс карда, гуфтанд, ки оби фаввораҳо ба иродаву хости Худо боло меҷаҳад. Охир, чаҳолату нодонии худро тавассути баёни қудрати Худо пушонидан хандаовар аст! – тасдиқ менамуд Берунй.
– Шояд, дар ҳақиқат, он вучуд дошта бошад?! – мекалавид Абуалй.
– Кй вучуд дорад?! – ба ғазаб омад Берунй.
– Худо! Мумкин аст, аввалан он ба тамоми ҷараёни инкишофи коинот таконе дода бошаду ҳозир ҳаёт аз руйи қонунҳои худй, худ ба худ, ҷараён гирифта истода бошад?!
Агар ин гуфтугуро қозикалон мешунид, сари онҳоро худи Хоразмшоҳ ҳам аз буридан нигоҳ дошта наметавонист!
Ба вучуди Илоҳй шак овардан?! Ин чунин маъно дорад, ки ҳам Мусову ҳам Исо ва ҳам кулли паёмбарони дигар ғалат кардаанд! Ин чунин маъно дорад, ки Муҳаммад Худоро кашф нанамудааст! Ҳамчунин, <{Қуръон»-ро ҳам на Худо ба воситаи фариштаи Чабраил баён намудааст, балки худи Муҳаммад офаридааст! Боз ин чунин маъно дорад, ки чизи асосие, ки дину давлату ҳаёт бар болои он сохта мешаванд, аслан ким-чй гуна дурӯғу хатост!
Оре, барои чунин андешаҳо на танҳо қозй, балки ҳар як мусулмони муътақид бетаваққуф аз баҳри ҳаёти ҳам Абуаливу ҳам Берунй гузашта, онҳоро барои мулокоти Худо фиристода метавонист, то дар он дунё бинанду фаҳманд – Худо ҳаст ё не!
Аз ин сабаб, Абуаливу Берунй факат дар танҳой суҳбату маслиҳат мекарданд.
Аммо фолбину ҷодугарон даста-даста дар хиёбону майдонҳо овора мегаштанд ва мардум кавли онҳоро бовар мекарданд. «Авлиёҳ0»-и нодону ҷоҳил ва фолкушоёни беаклу бехирад дар маснади эҳтирому иззат буданд. Ҳар саҳар дар бозорҳо аҷоиботу ғароиботи наве аз даҳан ба даҳан мегузаштанд.
Рузе дар вакти чунин сайругашт Абуаливу Берунй садои ғулоғулаеро шуниданд. Баъди лаҳзае аз ҳавлии наздике забонаи оташ боло баромад. Абуалй он ҷойро шинохт. Дар он ҷой ҳамон кимиёгаре, ки тавассути сеҳру чодугарии дурударозу токатфарсо аз фулузоти арзон тилло ҳосил карданй буд, зиндагй мекард.
Одамон об зада алангаи оташро хомуш мекарданд. Обро дар машку кӯзаҳо мекашонданд. Кимиёгар дар карибиҳои дарвозаи шаҳр мезист ва канали аз Омударё ҷоришаванда аз турми ҳамон дарвоза мегузашт.
Онсутар остини сухтаи ҷомае мехобид. Муйсафеде бо пойҳояш оташи онро хомуш мекард.
Баъд аз миёнаи оҳанпораву ангиштлахчаҳо ҷасади колабгумкардаи кимиёгари бадбахтро кашида бароварданд.
Хонаи ӯ зараре надида буд. Берунй оазпораҳоро чамъ овард. Кимиёгар дар онҳо кайдҳои худро мегузошт. Абуалй ба хондани кайдҳо даромад.
Ба ҷойи тилло кимиёгар тавассути мубодилоти кимиёвй ба гирифтани моддаи хавфноки тарканда – симоби мунфаҷира нойил гардида буд. Ва, зоҳиран, аз таркиши ҳамин модда мурдааст.
Кимиёгар чандин усули аз ишкорҳо ҳосил намудани фулузотро кашф карда буд. Як худи ҳамин кораш обрӯю эътибори вайро зиёд карда метавонист. Аммо кимиёгар инро ҳатто пай набурда буд.
Ба маҷлиси илмй Хоразмшоҳ бо табъи хуш омад. Имрӯз навбати баҳси фукаҳо буд.
Ҳар як сураи «Куръон» бо таъбири «Бисмиллоҳ- ир-раҳмон ир-раҳим» ооз мегардад. Моҳияти онро ҳар як фақеҳ ба тарзи худ мефаҳмид, ҳар яке ба тарики худ шарҳу тафсир медод. Ҳатто як олиме, ки зиёда аз сад тафсири ин ибораро ҷамъ оварда буд, ба номбурди онҳо сар кард.
Беруниву Абӯалй аз ин мубоҳиса дилгир буданд. Онҳо хомӯшона дар бораи масоили дигаре суҳбат мекарданд.
– Ниҳоят имрӯз ман ба таълифи китобе дар бораи пайдоиши кӯҳу биёбонҳо сар кардам, – гуфт Абӯалй.
– Дар бораи пайдоишашон?! – мутаҳаййир шуд Берунй.
– Мефаҳмй, ман андаке ғайримуқаррарй будани ин масъаларо медонам. Тамоми мусулмонон чунин меҳисобанд, ки ҳаёти рӯизаминй дар як рӯз ва барои човидон сохта шудааст. Ҳатто бохирадтарин уламо мегӯянд, ки кӯҳҳо аз ибтидо кӯҳу биёбонҳо биёбон буданд.
– Ман ҳам аз ин хусус фикр кардаам, – гуфт Берунй, – вале барои радди суханони онҳо далелу бурҳони котеъ наёфтам.
– Дар хотир дорй, вакте ки ба обёрии заминҳои ташналаб машғул будиву ҳамроҳи ту ба Хоразм рафтуомад мекардем, дар ҳайрат меафтодй, ки барои чй ман дар обкандаҳои соҳили дарё ҷунбуҷӯл дорам ва ба чукурии дараҳо фуробаро мекунам? Ман он вакт карор додам, ки то муддати муайяне фикрҳои худро аз ту ниҳон дорам. Ту ҳам, эҳтимол, мушоҳида карда бошй, ки кишри замин монанди катмол аз кабатҳои гуногуни мутафаррика иборат аст. Дар пуштаҳои бодхурдаи биёбонҳо ман ногаҳон садафи бахрй ва бокимондаи рустаниҳои шахшударо дарёфтам. Ба кадом роҳ онҳо дар ин ҷой, дар куллаи кӯҳҳои як вақтҳо сарбаланд пайдо шудаанд?! Маълум мешавад, ки ин кӯҳҳо замоне каъри бахр будаанд, дар ин ҷой моҳиҳо шино мекардаанд, рустаниҳои баҳрй алвонҷ мехурдаанд. Аммо тамоми кутуби илохиёт андешаи дигареро пеш меронанд. Онҳо мегуянд, ки олам ба карибиҳо, ҳамагй чанд ҳазор сол пеш ва дар муддати чанд рӯз аз ри хосту иродаи Худо сохта шудааст. Вале ягон олим ин акидаи фукаҳоро рад накардааст.
– Майли рад мекарданд, рузашонро медиданд! – Берунй табассуми пурдарде намуд.
– Вале далелу бурҳон, табиат ва акли одии солим муттафикан дар бораи чизи дигаре ҷор мезананд! – гуфт Абуалй бо ҳаяҷон. – Дар бораи замоне, бешакку шубҳа, каъри бахр будани бисёр биёбонҳо ҳатмй ягон асаре навиштан лозим! Вале он ҷоҳое, ки ҳозир дар аъмоки об мехобанд, мукаррар, доманаи кӯҳу дара буда, дар онҳо рустаниҳои кухй мерустанд, аз онҳо дарёчаҳо чорй мешуданд. Ва ҳам он кабати хоке, ки ҳоло хеле боло баромадааст ва аз он ман бокимондаҳои ҳайвоноти бахриро ёфтам, на ду ва, ҳатто, даҳ ҳазор сол пештар, балки зиёдатар аз он каъри укёнусе будааст. Охир, кӯҳ дар тули ҳазорсолаҳои дароз бодхурда мешавад. Ба ҳар навъ, – дар ин ҷо Абуалй табассуме кард, – албатта, уламои динро ҳам ранҷондан лозим нест! Аз ин рӯ, карор додам бинависам, ки ҳар як зухурот, албатта, бо хосту иродаи Илохй рух медиҳад.
Дар ин лаҳза Хоразмшох,, ки зохиран ӯ ҳам аз баҳси фукаҳо ранчур гардида буд, Абуалиро назди худ хонд.
– Мо фахмидем, ки Абуалй ҳоло ҳам мисли пештара дар хонаи каси бегонае зиндагй мекунад? – пурсид Хоразмшох,. – Чунин ҳолат ба мансаби илмие, ки Абуалй онро дар дарбори мо ишол менамояд, ҳеч мувофикат намекунад! Мо барои Абуалй панҷ ҳазор динор ҳадя мефармоем. Бигзор ӯ барои худ тамоми лавозимоти даркориро бихарад!
«Бадтарини одамон касест, ки танҳо мехурад, ба савории безину афсор савор мешавад ва ғуломашро мезанад» – чунин маколе даргард буд.
Абуалй на асп дошту на ғулом. ӯ хонае харидан мехост, аммо дар хона танҳо зистан имкон надошт. Хидматгоре пайдо кардан лозим буд.
– Мехоҳед, яке аз хидматгоронамро ба шумо бибахшам? – пурсид Арроқ.
– «Он бандае, ки ба ҷойи дигар азиз буда бошад, махар, ки агар вайро азиз надорй, бигрезад, ё фурухтан хоҳад, ё ба дил душмани ту шавад», – ба ҷойи ҷавоб Абуалй ин гуфтаро хотиррасон намуд.
Абуалй ба бозори бардафуршн равон шуд. ӯро писари калонии тоҷир ҳамрохй менамуд.
– Бисёриҳо гумон мекунанд, ки ғуломхарй аз чумлаи савдогарист. Аммо ғуломхарй ва илми он аз чумлаи файласуфист, зеро харидор хислату фазилатҳои ғуломро бояд бидонад, – калонгирона баҳс менамуд дар давоми рох, писари тоҷир.
ӯ дар тамоми роҳ бидир-бидир карда, ба Абуалй дар бораи ҷинси ғуломон ваъзи дурударозе мехонд, аз бетачрибагии Абуалй дар ҳайрат меафтод.
– Аломати ғуломи доно ва рӯзбеҳ, – мегуфт писари тоҷир, – чунин аст: ӯ бояд ростқомат, муътадилмуй ва муътадилгушт, сафеди лаълфом, пахнкаф, миёни ангуштонаш фарох, пахнпешонй, шахлочашм, кушодаруйи беҳад хандонруй бошад. Чунин ғулом дар илмомузй, котибй, хазинадорй ва ҳар шуғли дигаре ҳамчун шахси боэътимод кор медиҳад.
Абуалй гуфтаҳои ӯро бе ягон дудилагй гӯш мекард.
- Агар ғуломи фарохабру, азракчашм, пилкҳои дидааш дурушту ашкар, лабу дандондароз ва фарохдаҳон бошад, бепул диҳанд ҳам, нагиред. Чунин ғулом бешарму ҳаё, нопок, беадаб, шарир ва балоҷӯй мешавад.
Окибат онҳо ба бозори бардафурушй расиданд.
Бозор аз масоҳати чоркунҷаи болокушодае иборат буда, гирдогирдашро деворҳои пастаке фаро гирифта буданд. Дарунаш аз рахравҳои тангаку хоначаҳо иборат буд. Шабона ғуломон дар ин хоначаҳо хуфта, рузона онҳоро ба дукончаҳои савдо мебароварданд.
Дар даромадгоҳ гӯши Абуалиро садои баланди ҷорчй кариб кар карда буд.
- Духтарони дилхоҳатонро интихоб карда метавонед! Духтарони сиёҳчардаи нубиёй; духтарони хунёгари хиндй; духтарони сап-сафеди силлобй; духтарони турку юнониву барбарй! Духтарони табъи дил, фақат ба хонадонҳои бонуфуз фурухта мешаванд!
- Ғуломбачаҳоро дар нимаи дарунтар мефурушанд, – гуфт писари тоҷир.
Онҳо аз назди духтароне, ки либосҳои сафеду сурх пушида буданд, мегузаштанд. Дар симои духтарон бепарвоии мутлақе зохир мегардид.
Баногоҳ чашми Абуалй ба духтари наврасе афтод. Духтар писарчаи тахминан панҷсолаеро ором медошт. Писарча пойлуч буда, дар тан эзорчаи дарози бегонае дошт. ӯ баланд-баланд гиря мекарду духтар табассумкунон ба вай чизе мегуфт, вале дар чашмони духтар андӯҳу тарс хона доштанд.
- Духтараки хуб, хатту савод дорад, хурокпазиро медонад, суруд хондаву рақс карда метавонад, – наздик омад ғуломфурӯш, – дастомузи занаки бомаънй! Хучаинзан, Худо чояшро чаннат гардонад, ба карибй мурд, барои ҳамин хешовандонаш тамоми молу мулкашро мефурушанд. Ту ҳамин писарчаатро дафъ мекунй, охир, ё не!? – дод зад ӯ ба сари духтарак. – Ин додарчаи ӯст, – ғуломфурӯш аз нав тарафи Абуалй рӯй овард. – Ман аллакай онро фурухтам. Ҳозир омада мебаранд.
Писарак ин гуфтаро шунида, боз ба гиря даромад ва духтарак лабро ба лаб газида, аз табассум бозистод.
- Ба мо ягон марди хонабон даркор, – гуфт писари тоҷир.
- Ҳа-а, – даст афшонд ғуломфурӯш ва дарҳол бепарвой зоҳир намуд. – Хонабононро ҳо-о дар он гуша мефурушанд!
Онсутар мардони миёнасолро мефурухтанд. Ғуломфурушон бо тамоми овоз маълумотнокй ва акли модарзоди онҳоро таъриф мекарданд.
Ғуломони бисёре буданд, аммо Абуалй пеши пойи худ нигариста аз наздашон гузашта мерафт.
- Ба шумо чй шуд? – гуфт писари тоҷир. – Ана, ба инаш нигаред – ҳам нигоҳаш кушода, ҳам пусташ тоза! Фурушанда ҳам мегуяд, ки вай чандин забонро медонад.
Абуалй аз назди он ҳам гузашта рафт. ӯ ба чашми ягон одами дар ин ҷо фурухтамешуда нигариста наметавонист. Ба чашмони пурҳароси беморон нигаристан ва бо нигохи боварибахши худ ба онҳо умед бахшиданро одат карда буд.
- Не, не, ман намехоҳам одамонро бихарам!
Абуалй акиб, тарафи баромадгоҳ баргашт.
- Вакти зиёдеро беҳуда сарф кардем! – ғур-ғур мекард писари тоҷир. – Пагоҳ худам танҳо ба бозор омада, барои шумо ғулом харида мебарам.
Онҳо бори дигар аз назди он духтар гузаштанд. Аллакай писарча набуд. ӯро, зоҳиран, хуҷаинони нав бурда буданд. Духтарак акнун зор-зор мегирист. Аммо фурушанда ҳакорати сахташ медод.
- Пагоҳй барои чй рухсораҳои туро сурх карданд! – дӯғ мезад ӯ. – Барои чй мушку абир молиданд! Барои он ки нархат баланд шавад?! Ҳа, ҳозир туро касе ба як дирҳам ҳам намехарад!
Дар наздикиҳо харидоре набуд, аз ин рӯ, фурушанда ҳар гапи ба даҳонаш омадаро мегуфт.
- Бас кун, ин духтарро ман мехарам! – гуфт Абуалй.
- Барои шумо духтар чй даркор?! – тааҷҷуб намуд писари тоҷир. – Охир, мо барои харидани мард омада будем! Агар ба шумо духтар даркор бошад, зудтар мегуфтед, ман кайҳо аз ҳама мувофишро ёфта медодам!
- Ман маҳз ана ҳамин духтарро харидан мехоҳам, – ба гап даромад Абуалй. – Додарчаашро ҳам мехарам.
Духтарак аз гиря бозистода, ба гуфтугу диққат медод.
- Номат чист? – аз ӯ пурсид Абуалй.
- Ширин, – оромона гуфт духтар.
- Номаш-ку зебо… – ба гап ҳамроҳ шуд
фурушанда.
- Нархаш чй? – пурсид писари тоҷир.
Фуршнда, гӯё, ки фикр карда истода бошад, хомуш шуд.
Абуалй даррав даст ба ҳамён бурд.
- Ин кимат, – гуфт писари тоҷир, – рафтем! Ягон духтари дигарро меёбем!
Барои Абуалй чунин харидуфуруш маъкул набуд.
- Даҳ динорашро кам кунй, – мехарем, – гуфт писари тоҷир. – Агар не, меравем!
– Ту мӯйҳояшро даст зада бин, мӯйҳои ҳақиқй, берангубор ва беилова! Дандонҳояш ҳам! Баъзеҳо дандонҳояшонро бо омехтаи ангишту намаки суда сафед мекунанд, аммо дандонҳои ин худашон сап- сафеданд! Забони хоразмиро ҳам медонад. Танҳо барои хотири шумо барин одамони хуб ӯро ба наваду ду динор медиҳам!
Абуалй пулро дод. Фуршнда қабола навишт. Дар ин қабола гуфта мешуд, ки хучаини ҳақиқии минбаъдаи духтар Абуалй ибни Сино мебошад. Сонй фуршнда чойи истиқомати онҳоеро, ки писарчаро харида буданд, маълум кард.
- Рафтем, Ширин, аз пайи ҷустуҷӯйи додарчаат мешавем! – гуфт Абуалй.
Онҳо аз бозор баромаданд. Писари тоҷир баробари Абуалй қадам мезад. Ширин андаке қафотар меомад.
Писари тоҷир ғурурашро давом медод:
- Наваду ду динор! Қариб ду ҳазор дирҳами нақд! Пештар ба ин миқдор пул як оила расо як сол ризқу рузй карда метавонист! Нарху наво чй қадар боло баромадааст! Ва сабаби ҳамааш дар он ки мо кам ҷанг мекунем. Султон Маҳмуд баҳри ғазавоти Ҳиндустон баромадааст, аз ин рӯ, ғуломони ӯ бепуланд. Аммо ғуломон дар ин ҷо садҳо динор арзиш доранд.
- Ту мусулмонй? – пурсид Абуалй аз духтар.
- Не, – ҷавоб гардонд духтар. – Ман аз аҳли насороям. Падару модари ман аз Юнон буданд.
Онҳо хонаи даркориро ёфтанд. Барои савдо писари тоҷир пеш даромад. Абуалй аз берун овози баланди ӯро мешунид.
Писари тоҷир савдои дурударозе кард.
- Ин писарча ба мо маъқул афтод, – мегуфтанд аҳли хонадон.
- Хайр, ман нархашро ду баробар медиҳам! – бовар мекунонд онҳоро писари тоҷир.
- Ман ба шумо, хӯҷаин, арзиши пулатонро бармегардонам, хидмататонро ба ҷой меорам, фақат додарчаамро харида гиред! – мегуфт духтарак. – Шумо метавонед ба ман туҳфае надиҳед, ман кам мехурам, додаракам ҳам кам мехурад.
Абуалй табассуме кард.
- Хуб, – гуфт ӯ. – Инашро баъдтар аник мекунем.
Ниҳоят писари тоҷир бо рангу руйи сурху ғазабнок берун омад.
- Бист динор будааст! Ҳол он ки худашон ба нуҳ динор хариданд!
Вай аз Абуалй пулро гирифта, баъди чанд дақиқа писарчаро берун овард.
Писарча ба тарафи хоҳаркалонаш давида, банди дасти ӯро махкам дошт.
- Ана акнун, – ботантана эълон намуд Абуалй, – ту, Ширин, озод ҳастй! Додаракат ҳам озод аст!
- Барои чй?! – гуфт духтарак тарсида-тарсида.
Писари тоҷир аз ҳайрат ҳатто чашмакй зада монд.
- Ҳоло, ки ту аз нав бо додарчаат ҳамроҳ шудй, ҳардуятон ба куҷое, ки хоҳед, рафта метавонед.
- Мо ҷойи рафт надорем, – гуфт духтар. – Хонаву пул ҳам надорем. Ҳар касе моро ғам дода метавонад. Шумо хӯҷаини мо ҳастед ва моро дар манзили худ ҷой доданатон лозим аст. Мо бояд тамоми дархосту фармоишоти шуморо иҷро кунем…
- Мебахшед, Абуалй, вале шумо ба ин духтарак ҳақиқатан рохи нодурустеро нишон дода истодаед. Агар кори хайре карданй бошед, онро то ба охир расонед. Онҳоро дар ҳавлии худ ҷой дода, эхтиёҷи ҳаёташонро таъмин кунед!
Бисёр хуб, ки Абуалй ҳавлии фуруширо аллакай аз назар гузаронда, дар бораи нархаш ҳам гуфтугу карда будааст. Нархи ҳавлӣ ду ҳазор динор буд. Қолинҳо, ҳар гуна таҷхизоти дигар ва чинивориҳо боз якуним ҳазори дигар арзиш доштанд.
Ба харидуфуруш писари тоҷир машғул буд. ӯ ин корро бо тамоми ҳастӣ анҷом медод, баланд-баланд савдо мекард, баҳсу мунозира менамуд.
Дар яке аз шабнишиниҳо Масеҳӣ порчаҳоеро аз китоби навакак анҷомдодаи тиббиаш хонда дод. Ҳамаи муҳокимон китобро таъриф мекарданд.
Аммо худи Масехи каноатманд набуд.
-Закариёи Рози дар бист ҷилд асари тиббие навиштааст, ки барои аз ҷое ба ҷое бурданашон шутур лозим мешавад, – гуфт Масехи ба Ҳусайн. – Вале, баробари ин, дар китоби мазкур бисёр чизҳо афтодаву бисёре аз Чолинусу Букрот рубардор шудаанд. Китоби дигартаре даркор аст, аммо касе онро то ҳол навиштт натавонист. Ман ҳам натавонистам. Зарур аст, ки он китоб тамоми донишҳои тиббиро фаро гирад, аммо ҳаҷман он кадар калон набошад. Чунин асареро факат одами бохиради сохиби хотираи амик ва акли буррову калби оташин офарида метавонад. Ман акнун чунин китоберо навишта наметавонам.
Ҳусайн хост аз хусуси кайдҳои пешакии китоби тиббии худ ба Масехи накл кунад, аммо худдори кард.
Аксар вакт ҳамроҳи Масеҳӣ ба табобати беморон мепардохтанд. Масехи аз маҳорати Ҳусайн дар аник муайян намудани бемориҳо ва аз руйи нишонаҳои базур маълуме фахмидани сабаби касалиҳо дар ҳайрат меафтод. Ҳамрохи Масехи ҷарроҳӣ мекарданд. Ҳусайн дар ин ҷо ҳам аз омузиш бознамеистод, агарчи Масехи бовар дошт, ки дониши Ҳусайн аллакай аз ӯ гузаштааст.
Онҳо ҳамроҳ дар озмоишгохи кимиёвии Аррок таҷриба мегузаронданд. Худи Аррок аз кимиё даст кашида, бештар ба риёзиёт майл менамуд, аммо озмоишгоҳ бокй монда, тамоми лавозимоти даркориро дошт. Гоҳо ба Абуаливу Масеҳй Берунй ҳам ҳамроҳ мешуд. Онҳо дар он ҷо ҳар гуна тачриба мегузаронданд. Абуалй ҳамроҳи Берунй ба нуҷум ҳам машаул мегардид.
Имшаб Абуалй барои таълифи асари бузурги тиббии худ, ҳамон асаре, ки вактҳои охир фикру нияташ аз сари ӯ ҳеч дур намешуд, аввалин кайдҳои пешакиро ри коааз овард. Дар китобхона шамъ месухт.
Дар хонаи дигарй Ширин гаштугузор дошт. у зери лаб ким-чизеро замзама менамуд, додарчааш аллакай хобида буд.
Банохост аз хонаи тоҷир одаме давида омад.
– Ба ҳавлии мо гумоштагон омаданд, онҳо ҳанӯз дар кучо будани ҳавлии нави шуморо намедонанд. Шуморо фавран ба дарбори Хоразмшоҳ мехонанд! – мегуфт хидматгор ҳишшас зада истода.
«Дар он ҷо чй ҳодиса рӯй дода бошад?! – аз фикр мегузаронд Абуалй, либосҳояшро пӯшида истода. – Мабодо Хоразмшоҳ касал нашуда бошад?!»
Дар даромадгоҳи дарбор Абуалй бо Масеҳй рӯбарӯ омад. Ин донишманди куҳансолро ҳам даъват карда буданд. Дар толор онҳо боз Берунй, Аррок ва, ҳатто, Хаммори табиби хосаи Хоразмшоҳро диданд. Суҳайлии вазир ҳам ҳозир буд.
Хоразмшоҳ ҳам даромада омад.
-Хидмааторон фиристода шуданд?! – пурсид ӯ вазирро.
– Бале, касе намонд, – давоб дод Суҳайлй.
Сонй вараки якчанд муҳрдорро бароварда нишон дод.
-Хаати Мешкон, сардабири девони Султон Маҳмуд, – оромона гуфт Берунй. – Танҳо ӯ чунин зебо навиша метавонад.
- Имруз аз ҷониби Султон Махмуд одами номдоре нома расонд, – гапро сар кард вазир. – Пагоҳ саҳарй Хоразмшоҳ ба шарафи ӯ зиёфат медиҳад. Дар ин варак фармони ба Хоразмшоҳ фиристодаи султон сабт гардидааст.
- Онро бихонед, – гуфт Хоразмшох,.
Вазир ба хондан даромад. Дар аввали нома унвонҳо зикр ёфта буданд, ки вазир онҳоро тез-тез хонда, баъд сари мақсад омад.
«Фахмидем, ки дар маҷлиси Хоразмшоҳ якчанд мардони илме ҳастанд, ки ҳамтои худро надоранд. Лозим мешавад, ки Хоразмшоҳ онҳоро ба маҷлиси мо бифиристад, то шарафи ҳузури маҷлиси моро дарёбанд ва мо аз илму донишу истеъдоди эшон пуштибонй ба амал оварда, аз Хоразмшоҳ сипосгузор хоҳем буд».
Вазир номаро хонда тамом кард ва ҳозирин чанд дақиқаи дигар хомуш монданд.
- Дар бораи пуштибонии ӯ мо бисёр шунидаем, – гуфт Берунй.
- Худо чунин пушту панохро ба касе нишон надиҳад!
Хоразмшоҳ ба гап даромад.
- Касеро зуран ба хидмати худ маҷбур кунондан мумкин нест. Бар замми ин, шумоён, алалхусус, онҳое, ки начандон пештар майли дарбори мо намуданд, одамони озоду мустақил ҳастед. Вале ҳама хуб медонед, ки Султон Махмуд пуриктидор аст, давлаташ ҳам гул- гул мешукуфад, хукуматаш устувор, ӯ тамоми хоки Хуросон ва як кисми Ҳиндустонро забт намуда, ҳоло ба Ироқ лашкар мекашад. Мо аз ноилоҷй бо вай дустй мекунем. Танҳо барои нигоҳ доштани оромии мамлакатамон маро лозим омад, ки хоҳари ӯро ба занй бигирам. Мо фармони ӯро ба инобат нагирифта ва майлу хохиши ӯро иҷро накарда наметавонем. Худатон акнун ба сари хулосае биёед ва карордоди ҳар якатонро ба зудй маълум намоед!
Ҳама чанд дақиқа хомуш монданд.
- Шахсан ман ба дарбори султон рафта наметавонам, зеро насрониям ва ба ҳузури ӯ рафтан баробари зиндонй шудан аст! – гуфт Масехи
- Ман ҳам ба назди Султон Махмуд намеравам. Гумоштагони вай аллакай маро дар Бухоро ҷустуҷӯ доранд, – изҳор дошт Абуалй.
- Ба шумоён аз иҷрои фармони султон гардан тофтан мумкин аст, – ба гап даромад Хаммори табиб, – зеро хоразмй нестед. Лекин ман гӯш накунам, ҳоли Хоразм табоҳ мешавад.
- Ман ҳам маҷбурам, ки итоат кунам, – гуфт Арроқ.
- Ман ҳам аз Хоразмам, – гуфт Берунй, – ва чй балое, ки ба сарам наояд, итоат мекунам.
- Бисёр хуб, – гуфт Хоразмшох,. – Мо медонистем, ки маҳз ана ҳамин хел мешавад. Ҳардуи шумоён – Абуаливу Масехй бояд худи ҳамин рӯз аз назарҳо ғойиб шавед! Саҳарй мо ба шарафи гумоштаи султон зиёфат медиҳем, ӯро инъомоти зиёде мебахшем ва мегуем, ки шумоён дар ин шахр нестед.
Хоразмшоҳ узр хосту баромада рафт.
- Шумоён бояд алалфавр аз шаҳр баромада равед! – гуфт вазир. – Агар фиристода фаҳмад, ки ӯро фиреб додаем, ахволамон боз ҳам бадтар хоҳад шуд.
- Ман тайёрам, – гуфт Абуалй, – вале ба куҷо рафтанамро аниқ накардаам.
- Ба гумони ман, беҳтараш ба кафо, ба Ҷурҷон, ба хузури амир Қобус рафтан лозим. Агар хохй, ҳамроҳ меравем, – таклиф намуд Масехй.
- Кобус туро хуб пешвоз хоҳад гирифт, – гуфт Берунй. – Ба номи ӯ ман нома менависам.
- Одами ман роҳи биёбони тарафи Чурҷонро нағз медонад, – пешниҳод кард вазир. – Баъди ду соат бо се шутури муҷаҳҳаз ӯ дар майдони марказй мунтазири шумоен мешавад.
Беруни баромада рафт ва баъди чанд дақиқа ҳамроҳи мактуби ба номи амир Қобус навиштааш
Ҳама бо якдигар хайрухуш намуда, зуд пароканда шуданд.
Абуалй қайдҳо ва китобҳои худро чамъ овард. Васиқае навишт, ки ҳавлй ва молу мулк ба Ширин тааллуқ доранд. Барои Ширин як миқдор пул ҳам гузошт, ки ба василаи он тақрибан як сол умру руз гузарондан мумкин буд. Ба додараш мактубе навишт.
Ширин сабабашро фаҳмида наметавонист, ки чаро Абуалй ба муддати дурударозе баромада меравад, барои чй уву додарчаашро ҳамроҳи худ гирифта наметавонад, онҳоро танҳо мегузорад! Сабабашро Абуалй ҳам ба вай фаҳмонда наметавонист. у, ҳатто, ба Ширин номи шаҳри мерафтагиашро ҳам гуфта наметавонист. ӯ танҳо гуфт, ки ба Ширин хат навишта меистад, пул ҳам мефиристад. Ва бигзор ягон муйсафеди боимонро барои ҳавлибонй киро карда бигирад, он гоҳ дар ҳавлии беодам ба тарсу ваҳм гирифтор нахоҳанд шуд.
Додарчаи Ширин ғарқи хоби ширин буд. Абуали уро аз хоб бедор кардан нахост.
Хурҷинро бардошта аз хона ба кучаи торик баромад.