Главная / Илм / ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТИ-СИЁСИ ДАР СОЛҲОИ 60-УМ.

ҲАЁТИ ҶАМЪИЯТИ-СИЁСИ ДАР СОЛҲОИ 60-УМ.

Дар натичаи кушишҳои бисёрчабҳаи қувваҳои сулҳдуст ва чорабиниҳои ташкилотҳои бонуфузи байналмилали имконият пайдо шуд, ки дар солҳои 60-ум ба сиёсати чанги сард хотима дода шавад.
Дар чунин шароит анчумани XXII ХКИШ (17-31 октябри соли 1961) чамъ омада, барномаи сеюми ХК кабул намуд. Ин барнома бо номи барномаи сохтмони коммунисти маълум мебошад.
Дар барнома чамъияти коммунисти чунин тафсир дода мешуд: «Коммунизм, сохти бесинфи чамъияти мебошад, ки дар он моликияти ягонаву умумихалки ва восиати истеҳсолот вучуд дорад». Ҳамаи аъзоёни чамъият аз ҷиҳати ичтимои баробаранд. Дар баробари ҳарчониба инкишоф ёфтани одамон дар асоси истифодаи ҳаматарафаи илм ва техника доимо таравдикунанда буда, кувваҳои истеҳсолкунанда ҳам меафзоянд. Ҳамаи манбаҳои сарватҳои чамъияти хеле фаровон мегарданд ва принсипи «аз ҳар кас мувофики кобилияташ, ба ҳар кас мувофики талаботаш» ба амал мебарояд. Коммунизм чамъияти ба дарачаи баланд (оли) муташаккили мехнаткашони озод ва бошуур мебошад, ки дар он худидоракунии чамъияти барпо мегардад, мехнати ба нафъи чамъият барои ҳама аввалин талаботи ҳаёти, зарурияти даркушода мегардад, кобилияти ҳар як шахс ба нафъи халқ ба кор бурда мешавад».
Дар барнома нишондиҳандаҳои асосии инкишофи иктисодию ичтимои зикр шуда буданд, ки аз воқеъияти реали дур буданд. Чи тавре, ки баъдтар маълум гардид Иттиҳоди Шӯрави на дар ин 20- сол, балки дар чандин солҳои наздиктарин аз ӯхдаи ичрои ин накшаҳо баромада натавонист. Сабаби асоси боз ҳам давом кардани системаи бюрократи-фармонфармои, хиёнати мансабдорони олидарача ба кори сотсиализм ва ХК буд.
Дар солҳои роҳбарияти Хурушёв як қатор ислоҳотҳои давлати, иктисоди гузаронда шуданд. Аз чумла Советҳои иқтисодии соҳави ташкил дода шуданд. Лекин ин ислоҳотҳо натичаи дилхоҳ надоданд ва аз соли 1965 ба чои советҳои хочаги (совнархоз) системаи идоракунии соҳави саноати барқарор карда шуданд.
Дар пленуми октябри соли 1964 Хурушёв аз вазифаи Котиби Кумитаи Марказии ХКИШ ва Раиси Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯрави озод шуда, Л. Брежнев ба сари ҳокимияти ҳизбию давлати омад.
Дар солҳои 60-ум ва 70-ум вазъияти иқтисоди талаб менамуд, ки дар мамлакат ҳатман ислоҳоти радекали гузаронида шавад. Барои гузаронидани чунин ислоҳотҳо ҳайати роҳбарикунандаи ҳизби-давлати хулосаи назарияви бароварда натавонистанд, ки барои ба давраи олии Коммунизм баромадан, марҳилаи гузариши сотсиализми мутаррақиро тай кардан зарур аст. Ин нукта дар Кнуни асоси (конститутсияи) нав, ки моҳи октябри соли 1977 таҳияю қабул карда шуда буд, зикр ёфтанд. Моҳи марти соли 1978 қонуни асосии нави 4,умҳурии Шӯравии Точикистон ҳам қабул гардид, ки моҳиятан асосҳои умумииттифоқиро дар бар мегирифт. Конститутсияи ЧШС Точикистон аз 10-фасл, 19 боб ва 174 модда иборат буд.
Дар қонуни асоси дар бораи принсипҳои демократи барпо намудани мақомоти давлати, интихоботи мустақил, баробари ҳуқуқи васеи шаҳрванди аз қабили озодии сухан сар карда, то гирдиҳамоию намоишҳо ва махфи будани мукотибаю гуфтугуи телефони дар қонун чой дода шуданд. Қонуни асоси ҳуқуқи соҳибихтиёрии чумҳуриҳоро комилан эътироф кард. Онҳо метавонанд озодона аз ҳайати ИЧШС бароянд. Ин нуқта дар қонуни асосии Точикистон низ зикр ёфта буд. Точикистон ҳамчун чумҳурии соҳибихтиёр ҳуқуқ дошт, ки бо мамолики хоричи мустақилан муносибат кунад. Сафирони хоричиро қабул кунад ва дар хорича сафоратҳои худро барпо кунад. Масалан, робитаҳои байналхалқии иқтисодии Точикистон дар шакли содироти маснуоти саноати, кишоварзи, иштирок дар ярмаркаҳо ва намоишгохдои байналхалкии саноати инкишоф ёфтанд. Точикистон маҳсулоти худро ба бештар аз 40 мамлакати хоричи мефиристад.
Вале арзи хоричиро бе розигии марказ истифода бурда наметавонист, зеро он ба хазинаи Умумииттифоки ворид мешуд.
Дар қонуни асоси баланд бардоштани мавқеъи роҳбарикунандаи хизби коммунисти- расман дохил карда шуд. Бо ҳамин мавқеи роҳбарикунандаи Ҳизби Коммунисти ба низом дароварда шуда, ҳуқуқи конститутсиони гирифт.
Дар ҳаёти чомеаи шӯрави накши асосиро дар мақомоти олии роҳбарикунанда ХКИШ мебозид. Қарорҳои мухими сиёси, иктисоди ва ичтимои дар мақомоти ХК тартиб ва қабул карда мешуданд. Мақомоти дигари давлати карор ва дастурҳои хизбро ба расмият медароварданд.
Номзадҳо ба намояндаги дар кумитаҳои хизби бо назардошти сину сол, чинсу миллат, мансубият ба хизб ва ё иттифоки чавонон, аҳволи ичтимои, касбу кор, мукофотҳо ва ғайра гузаронида мешуданд. Дар парлумон иштироки ҳамаи табақаҳо ва касбу кор ҳатми буд.
Дар дастгохи хизб аз КМ ХКИШ сар карда то кумитаҳои ҷумҳурияви, вилояти, шахри ва ноҳияви ба таври мутавози ба мақомоти давлати шӯъбаҳои соҳавии кумитаҳои хизби вучуд доштанд. Салоҳияти ҳалли тамоми масъалаҳои ҳаёти иктисоди-сиёси ва маданиро ин шӯъбаю идораҳо буданд.
Ҳизби коммунистии Точикистон тамоми қарордодҳои марказро дар амал татбиқ намуд. Котиби аввали КМ ХК Точикистон тамоми салохияти давлатиро дар даст дошт. Дар ин вазифа шахсоне буданд, ки дар пешрафти ҷумхури саҳми босазо гузоштанд.
Дар солҳои баъдичанги Ҳизби Коммунистии Точикистонро панч, кас сарвари карданд. Дар байни онҳо шахсе, ки бахусус сохибмаърифат, ғамхор тарафдори пешрафти иктисоди ва фарҳангии чумхури Бобочон Ғафуров (1946-1956) буд. Дар давраи сарварии ӯ дар Точикистон даҳо корхонаҳои нави саноати, сохта ба истифода дода шуда буданд. Дар соҳаи хочагии кишлок солҳои 50-ум ҳамчун солҳои аз худ кардани заминхои бекорхобида ба ҳисоб меравад. Чандин ҳазор гектар заминҳои навкорам дар Дилварзин ва водии Вахш аз худ карда шуда истеҳсоли маҳсулоти хочагии қишлоқ, аз ҷумла истеҳсоли пахта зиёд шуд. Масалан, дар соли 1950 Точикистон 288 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда бошад, соли 1956 истеҳсоли пахта ба 415,4 ҳазор тонна расонда шуд.
Дар давраи роҳбарияти Б.Ғафуров барои пешрафти илм ва маданият чораҳои зиёд андешида шуданд. Аз чумла Донишгоҳи давлатии Точикистон ба номи В.И.Ленин ва дигар мактабҳои оли, филиали АИ чумҳури ба АИ ЧШС Точикистон (14 апрели соли 1951) табдил дода шуд.
Солҳои 1956-1961 роҳбарии Точикистонро Турсунбой Улчабоев ба ӯҳда дошт. Гарчанде, ки аз ҷиҳати дарачаи дониш аз Б.Ғафуров фарк дошт, вале истеъдод ва қобилияти баланди ташкилотчи дошт. Дар давраи роҳбарии ӯ чандин масъалаҳои муҳими давлати дар назди мақомоти маркази гузошта шуда буданд. Бо кӯшишу талошҳои Т.Улчабоев 50 ҳазор гектар замин ба Точикистон (дар Мирзочул) дода шуд.
Баъди Т.Улчабоев ба сари ҳокимият Чаббор Расулов (1961-1982) омад. Ч.Расулов дар давраи роҳбарияти 20-солаи худ бисёр корҳоро анчом дод. Аз ҷумла комплекси ҳудуди- истеҳсолии Точикистони чануби дар ин давра бино карда шуд. Агар дар солҳои пештара ба инкишофи ноҳияҳои Шимолии Точикистон диққат дода бошад, пас аз солҳои 60- ум асоси барномаи махсус барои азхудкуни ва таравдиёти ноҳияҳои Чанубии Точикистон таҳия карда шуд. Мувофики барномаи комплекси саноати ҳудуди-истеҳсолии
Точикистони Чануби сохтмони ГЭС-и Норак, Бойгози, Рогун, заводи алюминии точик (Регар), камбинати электрохимиявии Ёвон, комбинати металлурги- кӯҳии Анзоб, комбинати нуриҳои азотии Вахш, роҳи оҳани Ёвон- Қурғонтеппа-Тирмиз ба накша гирифта шуда буданд. Саҳми Ч.Расулов, ҳамчун роҳбари чумҳури дар рушду нумуи илму фарҳанг низ назаррас буд.
Баъди вафоти Ч.Расулов,_Раҳмон Набиев (1981-1985) ба чумҳури роҳбари намуд. у тимсоли роҳбари сохтори маъмури фармондиҳи буд, гарчанде хислатҳои хуби
ташкилотчигиро доро буд.
Солҳои 1985-1991 роҳбарияти чумҳуриро Қаҳҳор
Маҳкамов ба ӯҳда дошт. у донандаи хуби илми иктисод буд ва дар ин чода кушишҳои зиёде ба харч, дод. Тамоилҳои бо ном бозсози ва равандҳои дигари сиёси барои амали гаштани накшаҳои Қ.Маҳкамов имконият надоданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222