Главная / Илм / Ҳаёти оилавӣ ва шахсияти Паёмбар Муҳаммад (с)

Ҳаёти оилавӣ ва шахсияти Паёмбар Муҳаммад (с)

 Муҳаммад(с) дар тӯли умри худ дувоздаҳ бор издивоҷ кардааст ва он ҳам ёздаҳтояш баъд аз вафоти Хадича зани аввалин ва меҳрубонаш буда. Муҳаммад (с) ҳангоми марг нӯҳ зан дошт. Занони Мухаммад: Савда, Оиша, Мория, Ҳафса, Умму Ҳабиба, Умму Салма, Зайнаб духтари Ҷахш, Зайнаб духтари Хазима, Маймуна, Ҷувайрия, Сафия ном доштанд. Сабаби издивоҷи Муҳаммад(с) бо қисмате аз занҳояш маслиҳати сиёсӣ ва бо баъзеи дигар ҷиҳати сарпарастии онҳо будааст.

Муҳаммад аз зани аввалаш Хадича ду писар Қосим ва Абдулло (Тайиб ва Тохир) ва чаҳор духтар: Зайнаб, Умм Қулсум, Руқия ва Фотима ва як писар аз Мария бо номи Иброҳим ёфтааст. Аммо ҳамаи фарзандонаш, ба ғайр аз Фотима зани Алӣ ибн Абутолиб, қабл аз ӯ даргузаштаанд. Бо вуҷуди ин ҳама воқеияти талх ва мусибатҳои вазнини пайомади марги ҷигаргӯшаҳояш(с) Паёмбар тавонист рисолати ба У вогузоршуда аз тарафи Парвардигор, яъне бунёд ва интишори исломро ба наҳви аҳсан анҷом диҳад.

muhammaddМуҳаммад(с) нисбат ба замони худ як шахси фавқулодда нобиға, марди барҷастаи сиёсӣ ва мазҳабӣ буд. Дар пайдоиш ва ғалабаи ислом бешубҳа дар баробати тақдири илоҳӣ омили субъективӣ, шахсияти Муҳаммад(с) низ нақши ҳалкунанда бозидааст. Худованд низ ба паёмбарии худ на ҳама касро балки комилтарин инсонро бармегузинад, ки ба воситаи ӯ аҳдофи худро пиёда кунад. Муҳаммад(с) тавонист қабоили арабро дар як муддати кӯтоҳ аз сохти қабилавию авлодӣ берун оварда, як умумияти наве, ки на дар асоси умумияти авлодӣ ё қабилавӣ ва на ҳатто нажодиву миллӣ, балки дар асоси умумияти маънавию мазҳабӣ аст, ташкил диҳад. Ин аст, ки дар сафари охирини худ ба Макка, андаке қабл аз вафоташ, мувофиқи ахбору ривоёти мӯътамад, хитобае эрод фармуд, ки дар он нуктаи марказӣ аз даъвати ислом дарҷ гардидааст: “Эй мардум, сухани маро бишнавед ва ба дил биспоред, ки ҳар мусулмон бо мусулмони дигар бародар аст ва акнун дар мобайни шумо ойини бародарӣ барқарор гардидааст”.

Гузашта аз ин рисолати Муҳаммад (с) сад дар сад худруста дар мабнои фитрати илоҳӣ буд ва аз лиҳози шароит ва заминаҳои иҷтимоӣ аз тамоми паёмбарони пешин фарқ дошат. Ҳамаи асосгузорони ва паёмбарони адёни пешин бо доираҳои сиёсӣ, дарбор ва қишри аристократ ва рӯҳонияти муташаккил робитаи наздик доштанд. Ин танҳо Паёмбари ислом буд, ки дар муҳити бегона аз сохтори сиёсии пешрафта ва низоми муташаккили динию мазҳабӣ, дар заминаи муносибатҳои ақибмондаи қабилавлодӣ, дар мӯҳити биёбонӣ зуҳур кард ва худ бесавод ҳам буд. Бо вуҷуди ин тавонист чунин як дини воқеан дар усули таълимоту даъват ва моҳият ҷаҳониро ба вуҷуд оварад.

Дар воқеъ, пайдоиши ислом ва таълимоти он як халқа, як зинаи муҳиме дар такомули маънавию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсии аксари инсоният мебошад.

Дар мавриди хислатҳои инсонӣ, ахлоқӣ ва маънавиёти Паёмбари ислом (с) Абдурауфи Фитрат дар китоби «Мухтасари таърихи ислом» чунин навиштааст: «Беҳтарин махлуқот ва раҳмати оламиён Ҳазрати Паёмбар (а) дар боби раҳму шавқат, караму саховат, ҳиммату тавозӯъ, авфу мадоро, ақлу дониш машҳури олам буданд. Беҳуда ба ғазаб намеомаданд. Аз доираи инсоф асло қадаме берун намегузоштанд. Ҳар касро аз рӯи дониш ва иқтидораш кор мефармуданд. Барои кори уммат ва адои вазифаи нубувват то дами марг ором нагирифта кӯшиш карданд. Аз хеҷ кас чизе тамаъ надоштанд. Садақа намегирифтанд. Хулоса,тамоми доноёни олам, ҳатто уламои Фаранг (Аврупо) ҳам ба доноӣ ва хушахлоқии он Ҳазрат қоил ҳастанд. Ба занон ва хидматгорони худ доимо ба тавозӯъ ва кушодарӯӣ муомила мекарданд.» \10:21\

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222