Главная / Илм / ҲАЙРАТ

ҲАЙРАТ

Муҳаммадсиддиқ, ки дар шеър Ҳайрат тахаллус дошт, соли 1887 дар гузари Арусони Бухоро таваллуд ёфтааст. Падари ӯ дар масҷиди ҳамон гузар муаззин (гӯяндаи азон) буд ва оилаи ӯ бо даромади ночизе зиндаги мекард. Ҳайрат маълумоти умумиро дар мактаби гузари худ гирифт.
Ҳайрат бо як додари хурдсолаш дар ҳаштсолаги аз падар ва аз дувоздаҳсолагиаш аз модараш ятим монданд. Ба кудакони бепарастор як ҳавличаи хурд ва ду ҳуҷра аз мадрасаҳои Бухоро мерос монда буд, ки онҳо ба пули иҷораи ҳамин ҷоҳо рӯз мегузарониданд.
Ҳайрат дар сини понздаҳсолаги ба мадраса дохил шуд ва аз ҳамин вақт сар карда, ҷои доимии истиқомати вай ҳучраи мадраса гардид.
Ҳайрат аз хурдсоли ба шеъргӯи шавки калоне дошт. Вай аз шахсони китобдӯст ҳар гуна китобҳоро гирифта мехонд ва шеърхоро зуд аз ёд мекард. Машғулияти Ҳайрат дар вакти таҳсили мадраса боз ҳам зиёдтар шуд ва ӯ акнун чиддан ба шеърнависи машгул шуд. Аммо вай аз хоксори шеърҳояшро ба ҳар кас нишон намедод.
Дар охирҳои соли 1895 ва аввали соли 1896 С. Айни аз як ошнояш дар бораи Ҳайрат маълумот гирифта, бо ӯ шинос мешавад. Аз мулоқоти аввал дар байни онҳо риштаи дӯстиву муҳаббат баста мешавад. Айни шеърҳои пурмазмуни Ҳайратро дида, ба ҳаячон меояд ва ӯро бо Садри Зиё, ки он вақтҳо С.Айни дар ҳавлии ӯ хизмат мекард, шинос мекунад. Садри Зиё шахси_ шеършинос ва тарбиятгари чавонони боистеъдод буд. у шеърҳои Ҳайратро дида, кобилияти шоирии ӯро ҳамчун шоир дар байни аҳли илму адаби Бухоро талкин мекунад.
Чунончи, С. Айни навиштааст: «Ҳайрат истеъдоди фавкулоддае дошт ва дар дарсҳои мадраса, бо вучуди аҳамият надоданаш, пеш буда, ҳар як дарсро ба як дидан ва ё шунидан аз худ мекард. Бинобар ин, ба интихоби устод ҳам он кадар аҳамият надода, ба аввалин мударрисе, ки ӯ вохӯрдааст, фақат барои расмият шогирд шудааст ва бештарини дарсҳоро бо мутолиаи худ аз худ кардааст».
Он солҳо дар зиндагии Ҳайрат як давраи нав сар шуд. Вай бо шахсони маърифатноки замон шинос шуд, аз онҳо хеле фазлу дониш омӯхт. Махсусан, ба туфайли Садри Зиё бо асари Ахмади Дониш «Наводир-ул-вақоеъ» шинос шуд ва доираи чаҳонбини ва фикру акидаи ӯ хеле васеъ шуд.
Душвории зиндаги Ҳайратро ҳанӯз аз хурдсоли заиф гардонда буд ва ин ба саломатии ӯ бетаъсир намонд. Барои таъмини маишат ва муолича бошад, ӯ маблағи даркори надошт. Бинобар ин, ӯ ба мақсади бехтар кардани вазъи зиндаги соли 1898 ба сифати мирзо (котиб) ба кор медарояд ва соли 1902 шоир аз сабаби касали вафот мекунад.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222