Ҳайвоноте, ки шариат забхи онҳоро барои курбонй чоиз дониста-
аст, буз, гусфанд, шутур, гов ва говмеш мебошанд, чй барои узхия ва
чй барои ҳадйи Ҳарам забҳ шаванд. Забхи дигар ҳайвонот барои ин
амр чоиз нест. Худованд навъи чаҳорпоёни курбониро худ муайян на-
муда ва дар Қуръони карим онҳоро «бахимату-л-анъом» номидааст,
он чо ки мефармояд: «Ва барои хар уммате ид ва забҳ (ва ё забх,гох,)-е
гардонидаем, то номи Худоро бар ончи ба онхо аз бахимаи анъом рӯзӣ
додааст, ёд намоянд». Бахимату-л-анъом дар луғат ба маънои ҳай-
вонот – чаҳорпоёни ҳалолгушти хонагй аст.
Дар таълимоти суннати набавй паҳлӯҳои дигар ва ахкоми боз-
мондаи ин шиори рузи ид – курбонй ба тафсил баён гардидааст. Қур-
бонй ва забхи чаҳорпоёни мазкур ба ду шарти зерин дуруст мешавад:
1. Синнашон барои курбонй расида бошад. Синни курбонй барои
чаҳорпоёни мазкур он аст, ки гусфанд як, гов ду ва шутур панҷ солро
пур карда бошанд. Танҳо гусфанде, ки шаш моҳ ва ё аксари ҳавл
(сол)-ро пур карда, зоҳиран аз гусфанди яксола чандон фарке надошта
бошад, низ курбонияш ҷоиз аст.
2. Солим буда, ҳеҷ айбу нуксе надошта бошанд, яъне ҳеҷ як аз
аъзои онҳо, ба монанди даст, пой, дум ва ё гушашон бурида нашуда
бошад ва ҳамчунин ҳайвони кӯр, лоғар (хароб) ва ё ланге набошад, ки
натавонад то курбонгоҳ биравад, зеро курбонии он ҷоиз нест.
Аз Алй (р) ривоят шудааст, ки паёмбар (с) фармуд: «Чашм ва гуши
мголи қурбониро бо диққат гӯшбурида., ки ٠
-охро қур ои гӯшчок ва؛р)в ва ё бари гӯшаш бурида шудааст ва
Дар ин ҷо ба баъзе масоили марбут ба курбонй ва ҳамчунин ба
баъзе васфҳо ва хусусиятҳои чаҳорпое, ки барои курбонй пешбинй
мешавад, ишора менамоем:
1. Дар шутур ва гов ҳамчунин ширкати то ҳафт нафар курбоникун
дуруст аст. Вакте чанд кас (аз ду то ҳафт нафар) дар як курбонй шарик
шаванд, курбониашон вакте дуруст мешавад, ки хосту иродаи ҳамаи
шарикон наздикй ба сӯи Худованди мутаъол бошад. Агар яке аз ша-
рикон максади харидани гушт дошта бошад, на курбонй ва ё курбати
дигаре, курбонии дигар шарикон низ дуруст намешавад.
Агар ҷиҳат ва навъи курбати шарикон аз ҳам фарк кунад, маса-
лан, яке барои курбонй, дигаре барои шукри (ҳадй)-и таматтуъ, сеюмй
барои ҳадйи кирон, чорумй барои каффорати савганд, панҷум барои
ҷаримаи хун дар тарки эҳром аз микот, шашум барои ҳадйи нафлй дар
ҳаҷҷи ифрод ва ҳафтум барои акикаи фарзандаш дар он шарик ша-
ванд, боке надорад, зеро нияти ҳама курбат ва наздикй ба Худо аст.
2. Чаҳорпое, ки барои курбонй омода намуда буд, ногаҳон гум
шуд ва ба ҷои он ҳайвони дигаре харид, дар ҳамин вакт ҳайвони якум
низ пайдо шуд, агар шахс сарватманд бошад, курбонй кардани яке аз
онҳо бар вай воҷиб мебошад, вале агар факир бошад, курбонй карда-
ни ҳар ду воҷиб мебошад.
3. Шахс метавонад гӯшти курбониро ҳам худ бихурад ва ҳам ба
хешону ҳамсоягони худ микдоре бидиҳад.
4. Пусти курбонй ё кимати онро хайр намояд ва ё онро худаш ис-
тифода намояд. Аз пули гӯшт ё пули курбонй таъмир намудани мас-
ҷид ва ё дигар маконҳои хайрия ҷоиз нест.
5. Шахси курбоникунанда метавонад пусти курбониро ба масра-
фи худ бирасонад, ба монанди ин ки аз он машк ё фарш бисозад.
6. Музди забҳкунандаро аз пусту гӯшти курбонй надиҳад.
7. Чизҳое, ки ба ҳайвони забҳшуда тааллук доранд, аз кабили ре-
смон, нухта ва ира, бояд ҳамаро хайр намояд.
8. Шахсе, ки курбонй бар вай воҷиб нагаштааст, агар ба нияти
курбонй гусфанде харад, пас аз харидорй курбонй кардан бар вай во-
ҷиб мегардад. Зеро ибодатҳои нафлй бо шуруъ воҷиб мегарданд.
9. Бар касе, ки курбонй воҷиб мебошад, агар дар рӯзҳои муайян
курбонй накард, бояд дар рӯзҳои баъдй кимати гусфанд ё худи гӯс-
фандро агар харидорй шудааст, хайр намояд.
10. Шахсе назр кард, ки агар фалон корам амалй шавад, барои
Худо гусфанде хайр хоҳам кард, пас аз амалй гардидани маромаш,
назр бар зиммааш воҷиб мегардад. Бояд ба он вафо намояд ва гӯшти
ҳайвони назршударо ба факирону бечорагон бидиҳад. Барои худи
шахси назркунанда хурдан аз гӯшти курбонии назриаш ҳалол ва ҷоиз
нест. Забҳи ҳайвони назргашта, агар онро ба рузи ид марбут ва махсус
нагардонида бошад, яъне рузашро муайян насохта бошад, пас аз ама-
лй гардидани маромаш дар ҳар рузе сурат гирад, ҷоиз мебошад.
11. Шахсе бо майлу рағбати худ ҷиҳати ризои Худо барои расида-
ни савобе ба гузаштагонаш чорвое курбонй кунад, аз гӯшти он бою
камбағал метавонанд бихуранд, вале агар бино ба васияти худи даргу-
зашта ин корро карда бошад, бояд танҳо факирону бечорагон аз гӯш-
ти он бихуранд.
12. Бе иҷозат аз тарафи касе курбонй кардан ҷоиз нест ва ҳамчу-
нин, ширкати иб бе иҷозати худаш саҳеҳ намебошад.
13. Ҳайвонотеро барои насловарй ва парвариш ба сурати муноса-
фа (нисф дар нисф) ва ғайра ба касе супорад, чунин карордод ҷоиз
нест ва он шахс коргари бо музд (даҳмарда) ба шумор меравад. Бино-
бар ин, харидани ҳайвоне аз чунин чупонҳо барои курбонй бе иҷозати
соҳибаш ҷоиз нест.
14. Чанд нафаре дар гов ё шутур бо ҳам шарик шаванд, метаво-
нанд тамоми гӯшти онро хом ё пухта хайр намоянд. Дар вакти чудо
намудани хиссаи ҳар як шарик он ҳатман бояд ба тарозу таксим ша-
вад. Гӯшти курбониро ба кофирон низ метавон таксим намуд.
15. Курбонй кардани ҳайвони бордор ҷоиз аст, вале ҳайвони бе
ҳамл бехтар аст. Агар пас аз забхи модар барра ё бузола ва ё гусолае
зинда берун ояд, онро низ бояд курбонй намояд.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Барномаи ғизои ва тарбияи ҷисмӣ дар Ислом
дар баробари ин ҳама бахрахои маънавй, баракоти рухй ва фоидахои бехдоштие, ки рӯза барои шахси …