Главная / Илм / АМАЛИЁТИ ҚУШУНИ ПОДШОҲИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

АМАЛИЁТИ ҚУШУНИ ПОДШОҲИ ДАР ОСИЁИ МИЁНА

Солҳои 1862-1863 кушунхои рус якчанд амалиёти чосуси гузаронида, як қатор истехкомҳои стратегиро ишол карданд. Мохи сентябри соли 1864 Россияи подшоҳи бо ду самт аз тарафи Оренбург ва Авули Аттор ба ҳуҷум гузашт, Чимкентро ишол карданд. Қушуни рус бо роҳбарии Черняев ба Тошкент ҳаракат карданд. Лекин хучуми онҳо барор нагирифта, ба Чимкент акиб нишастанд. Охирҳои мохи апрели соли 1865 баъди муборизаи сахт кушуни подшохии рус калъаи Ниёзбек, ки дар сохили дарёи Чирчик воқеъ гурдида, шахрро ба об таъмин мекард ва дар мудофиаи шахр мавқеи калон дошт, ишғол карданд. Шахри Тошканд 15 июни соли 1865 аз тарафи кушуни подшохи тасарруф карда шуд.
Давлатҳои феодалии Осиёи Миёна байни ҳамдигар зиддият доштанд. Чангҳои байниҳамдигари ба вазъияти сиёси ва иктисодии онхо таъсири манфи мерасонд. Дар нимаи аввали соли 1865 амири Бухоро ба води Фарона лашкар кашид. Лашкари хонигарии Қуқанд муковимат нишон дода натавонист ва амир Музаффар Қуқандро ба зуди забт намуд. Ҳукмрони собики Қуқанд Худоёрхон дубора ба тахти салтанат шинонда шуд.
Дар моҳҳои январ – феврали соли 1866 губернатори ҳарбии Туркистон М.Черняев ба Чиззах лашкар кашид, лекин ин ҳучум барор нагирифт. Ба чои ӯ Д.Ш.Романовский таъин шуд. Кушуни рус бо роҳбарии сарфармондеҳ Романовский 8-уми майи соли 1866 дар роҳи Чиззах ва Хучанд кушуни амири Бухороро шикаст дод. Қушуни подшоҳи бо мақсади аз ҳамдигар чудо кардани Бухоро ва Қуқанд, ҳуҷуми худро ба Бухоро ва Уротеппа вусъат дод.
Қушунҳои ҳукумати подшоҳи қад-қади дарёи сир ҳаракат карда, 19-уми май калъаи навро забт карда, Хучандро ба муҳосира гирифт.
Баъди муҳосираи дурӯза дар байни ҳимоягарони шаҳр чудои ба амал омад. Гурӯҳе таклиф карданд, ки дар муборизаи зидди Россия бояд ба амири Бухоро такя карда шавад. Гурӯҳи дуввум тарафдори иттифок бо хони Қуқанд буд.
Иддае аз савдогарон бо роҳбарии Азаматхоча тарафдори бе чанг таслим шудан буданд.
24-уми май Романовский Д.И. ба истилои шаҳр фармон дод. Дар ин вакт Азаматхоча бо тарафдорони худ дарвозаҳои шаҳрро ба аскарони рус кушоданд. Гарчанде ки сокинони Хучанд барои ҳар як кӯча муқобилият нишон медоданд, 25(24) – май Хучанд аз тарафи аскарони рус ишол карда шуд. Охирҳои моҳи сентябори соли 1866 кушунҳои подшоҳи ба Уротеппа ҳаракат карданд. Баъд аз тирпаронии дурӯза 2 – юми октябр қалъаро фатҳ карданд. Дар Уротеппа як отрядро монда, Романовский ба Чиззах ҳамла кард. 18- октябри соли 1866 ба кувваҳои амир Музаффар зарба расонида шуд. Чиззах ба русҳо таслим гашт. Барои давом додани сиёсати минбаъдаи истилогарона дар Осиёи Миёна Россияи подшохи хони Кундро ба бастани шартнома мачбур кард. Соли 1868 байни Ҳукумати Россия ва хонигарии Қуқанд сулхнома баста шуд. Мувофики он хонигарии Қуқанд васалаи Россия гардид.
Баҳори соли 1868 кушуни рус тахти фармондеҳии Кауфман ба муқобили амири Бухоро амалиёти чангиро идома дод. 2 майи соли 1868 Самарқандро ишол намуда, Кауфман ба тарафи Зирабулоқ хучум овард. Аз вазъияти кулай истифода бурда, писари амир Музаффар бо ёрии беки Шахрисабз дар Самарканд шӯриш бардошт. Отряди дар он чо будаи русҳо дар вазъияти ногувор монданд. Кауфман амалиёти ҳарбиро қатъ карда, ба Самарканд баргашт ва шӯришро пахш намуд. Баъд аз ин кушунҳои рус Катакурон ва Ургутро забт карда, ба тарафи Бухоро ҳаракат карданд.
23- июни соли 1868 байни Россия ва амири Бухоро шартнома имзо карда шуд. Мувофики шартнома заминаҳои аз тарафи Россия ишол карда шуда: Хучанд, Уротеппа, Панчакент, Самарқанд, Какурн то Зерибулок ба тасарруфи Россия гузаштанд. Бухоро васали Россия гардид. Амир бо давлатҳои хоричи мустакилона муносибат карда наметавонист. Бухоро мебоист ба Россия ба маблаги 500 ҳазор сум товони чанг диҳад.
Савдогарони рус ҳуқуқ гирифтанд, ки дар тамоми қаламрави Бухоро озодона савдо кунанд ва дӯнҳои савдои кушоянд. Ҳукумати Бухоро химоя кардани бехатарии савдогаронро ба зима гирифт.
Бухороро ба даст дароварда, кушуни рус ба мукобили хонигарии Хива хучум карда, 12-августи соли 1873 бо ин хонигари шартнома баста шуд. Мувофики ин сулхнома Хева ҳам васали Россия шуд.
Соли 1876 пас аз пахш намудани шӯриши Қуқанд, каламрави ин хонигари ба ҳайати генерал – губернатори Туркистон ҳамроҳ карда шуд.
Дар солҳои минбаъда ба муқобилияти Англия нигоҳ накарда, Россия забткории худро дар Осиёи Миёна давом дод. Дар солҳои 80-ум кушунҳои рус сохилҳои баҳри Каспий, соли 1881 Ашхободро забт карданд. Соли 1884 кушунҳои подшохи води Марв, сохилҳои дарёи Тенчен ва Мургобро то Кушка ишғол карданд.
Дар солҳои минбаъда дар вазъияти тезу тунди сиёси байни Россия ва Англия оид ба масъалаи Помир кушунхои рус дар ин минтақа низ мавқеъи худро мустахкам намуд. Чамъбасти сиёсати мустамликавии Россия дар Осиёи Миёна ин шартномаи байни Россия ва Англия аз 25- феврали соли 1895 буд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222