Главная / Илм / ҶАМЪИЯТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ШУУРИ КРИШНА

ҶАМЪИЯТИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ШУУРИ КРИШНА

Асосгузори ҷамъияти Шуури Кришна ( Харе Кришна) Шри Шримад Абхай Чаран Де(1896-1977), ки номи ифтихории мазҳабии Бхактиведанта Свама Прабхупадаро дорад дар соли 1896 дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон ба дунё омадааст. Мулоқоти аввалини ӯ бо пири рӯҳониаш Шрил Бхактисиддхантха Сарасвати Гасвами соли 1922 буда ва бо тавсияи ӯ ба интишори адабиёти ведоӣ ба забони англисӣ шурӯъ кардааст. Соли1933 ӯ ба тариқати Гадийя Вайшнава ворид гардида, номи Прабхупадаро мегирад. Баъд аз се сол (1936) пираш гуру Абхая , Бхактисиддханта Сарасвати аз ҷаҳон чашм пӯшид ва ӯро ҷонишини худ таъин кард. Соли 1944 ӯ нашри маҷаллае бо номи « Ақаб ба сӯи Худо», як бор дар ду ҳафта шурӯъ кард. Дар ҳоли ҳозир нашри ин маҷалла ба зиёда аз 33 забон идома дорад. Аввалин асари ӯ «Бхагавад-гита»- он чунон ки ҳаст»- «Шримад-Бхавагитам», мебошад, ки дар он зимни шарҳу тафсири «Бхагава-гита» асоси таълимоти мазҳабии худро баён кардааст.

Шри Шримад Абхай ЧаранИн аст, ки «Бхагава-гита» ва «Шримад-Бхавагитам» китобҳои муқаддаси ин ҷамъият ба шумор меравад. Дар соли 1947 Чамъияти Гаудия-вайшнав ба Шриле Прабхупада ба номи ифтихории «Бхактиведанта» мушарраф гардонида, аз ин тариқ, илму вафодории ӯро ба Худо эътироф мекунад. Соли 1950 ӯ дар синни 54 солагӣ аз ҳаёти оилавӣ даст кашида, пурра ба тарзи зиндагӣ- силки ванапрастхи ворид гардид, то тамоми вақти худро ба илму кори эҷодӣ бахшад. Пас аз ин ӯ ба шаҳри муқаддаси Вриндавана кӯчида, дар як_ маъбади асри миёнагии Радхи- Дамодара дарвешона зиндагӣ ихтиёр мекунад. У вақти худро пурра ба навиштани шоҳасари худ тарҷумаи бисёрҷилда ва тафсири « Шримад Бхагаватам» ( «Бхагаваты Пураны») мебахшад.

Соли 1965 Шрила Прабхупада бо киштии борӣ ба Нью Йорк меояд. Ҳангоми вуруд ба ин шаҳр ӯ ҳеҷ сармояе барои зиндагӣ надошт ва пас аз як соли мушкилӣ соли 1966 дар моҳи июл Ҷамъияти байналмилалии шуури Кришнаро таъсис намуд. Ин Ҷамъият, ки ӯ поя гузошту раҳбарӣ кард, ҳангоми марги ӯ 14 Ноябри сол 1977 то конфедерацияи ҷаҳонӣ ва дорои зиёда аз сад ашрамҳо, мактабҳо, маъбадҳо, донишгоҳо ва ҷамъиятҳои кишовазӣ буд.[1]

Таълимоти ин мазҳаб дар заминаи таълимоти ҳиндуия ташаккул ёфтааст. Чунон ки маълум аст « Бҳагава- гита» як қисми Махабхарата мебошад, ки таълимоти кришнаитҳо бар асоси тафсири он бунёд шудааст. Ҷамъияти кришна бо он фарқ мекунад, ки вуҷуди Худои ягонаро эътироф дорад. Ҳақиқати олӣ Худои Ягонаи Мутаъол Парвардигор Шри Кришна аст, ки аз се ҷиҳат дониста мешавад: Браҳма ( рӯҳи бе ҳувияти қобили нуфуз ба ҳама); Параматма ( Ҷони ҷаҳони олӣ, ки дар қалби ҳар як мавҷуди зинда ва ҳар зарраи офарида ҳаст) ва Бхагаван ( Ҳувияти Олии Худо), ки сарчашмаи Параматна ва Браҳмана мебошад. Ҳамин тавр, Кришна, Браҳман ва Параматма се номи Худои ягона аст.

Дар «Багавад-гита» имкони шинохтани панҷ ҳақиқати асосӣ дода шудааст. Пеш аз ҳама шинохти Худо ва Ҷива ҳолати воқеии махлуқоти зинда. Ишвара, оне, ки ба ҳама ҳокимият мекунад ва олами зинда-ҷиваро таҳти назорат дорад. Махлуқоти зинда ҳама зери назоратанд, ҳадди ақал дар ҳаёти шартиашон озод нестанд. Ҳамин тавр дар «Багавад-гита» мо бо ишвари ҳокими олӣ ва ҷиваҳо, мавҷудоти зиндаи идорашаванда сару кор дорем. Ғайр аз ин, дар он пракрити ( табиати моддӣ), калазамони абадии ( вуҷуди ҳамаи кайҳон, ё зуҳури табиати моддӣ) ва карма (фаъолият) муҳокима шудаанд. Зуҳуроти кайҳонӣ иборат аз фаъолиятҳои гуногунанд, ҳамчунин ҳамаи мавҷудоти зинда. Аз «Баҳагавад-гита» мо дармеёбем, ки Худо ҳаст, мавҷудоти зинда ҳаст, табиати моддӣ- паракрити ҳаст, зуҳуроти кайҳонӣ ҳаст ва чӣ гуна он бо замон идора мешавад ва кадом навъи фаъолиятро мавҷудоти зинда доранд.[2]

Мавҷудоти зинда дар муносибат ба Худои Таъоло ҳолати ҷабрро доранд ва ҳеҷ амале бе огаҳӣ ва назорати вай ба вуқӯъ намепайвандад. Дар навбати худ чун дар тасаввуфи исломӣ ҷива- олами асғар, ҳиссае ҷудонашавандае аз худи Худои Таъоло мебошад. Гуфта шуда, чунон ки як қитъа тилло ҳам тиллост ва қатраи обе аз уқёнус низ шур аст, ҳамин тавр мо, мавҷудоти зинда, чун қисмати ҷудоинопазири ҳокими олӣ, ишвари, ё Бхагавана, Парвардигор Шри Кришна дорои ҳама сифоти Худои Таъоло мебошем, танҳо ба нисбати асғар-хеле кам. [3]

Мувофиқи ин таълимот инсон мисли дигар мавҷудоти зинда чун намунае аз олами асғар ҳам дорои шуур, чун шуури Худо, ҳам дорои хоҳиши ҳокимият ва ҳам дорои ҳисси лаззат мебошад ва ҳар майлу хоҳиш ва коре дар ин ҷодаҳо мекунад, бояд маҳзи таъмини ҳамин ниёзҳои Парвардигор бошад, ки У дорои мазҳари олии ин сифотҳост. Инсон мисли аъзои бадан ва ё ҷузъиёти як мошин дар сурати таъмини Асли Кулл аз ин ниёзмандиҳо ва сифатҳо баҳраманд шуда метавонад. Инсон танҳо аз ҳамин тариқ ба қурбати кошонаи абадии мовароуттабии Олӣ- санатана- дхарма мушарраф мегардад. Пайвастан ба санатана-дхарма пайвастан ба асли абадии худ аст.

Барои раҳоӣ додан аз олоишҳои ин ҳаёт ва бозгардонидани мавҷудоти зинда ба асли худашон Худованд худаш ба замин мефарояд ва аз таносухи гуногун мегузарад ва ё намояндагони худ анчарҳоро мефирстад. Парвардигор нисбат ба мавҷудоти зинда хеле меҳрубон аст, Вай онҳоро дӯст дорад, чунки онҳо фарзандони Ӯянд. Мувофиқи суннатҳои ведоӣ пайравони Кришна эътиқод доранд, ки рӯҳ метавонад 8 400000 қолаби нави ҳаёт иваз кунад, яъне пас аз марги ҳар қолаби пешина ба худ мувофиқи карма қолаби нав гирад ё ба қолаби нав интиқол ёбад. Ин таносух мувофиқи қонуни карма метавонад беохир бошад. Вале ҳангоме, ки рӯҳ дар колбуди инсон ҷо мешавад, вай имкони ворастан аз ин занҷир ё гирдоби таносух, раҳоӣ аз интиқоли доимӣ аз колбуде ба колбуде пайдо мекунад ва метавонад ба асли аввалаи худ, яъне бо Парвардигор Кришна бипайвандад. Хулосаи асли таълимоти Шри- Кришна чунин аст.

Ибодат ва шариати кришнапарастон , ки асоси онро бхакта-йога ташкил мекунад, ба он равона карда шудааст, ки аз тариқи пурра ба олами маънавию рӯҳонӣ фурӯ рафта, бо Худо робитаи худро барқарор кунад, ишқи илоҳиро, ки аз оғоз ба ҳар як мавҷуди зинда хос буд, дар худ парварад.

Яке аз усулҳои муҳимми ибодати амалии кришнагароён, зӯхду порсоӣ, даст кашидан аз моддиёт ва молу сарват ва ба ҳадди ақал расондани он аст. Зӯҳду қаноат дар даст кашидан аз неъматҳои моддии ҳаёти дунявӣ ва хайр кардани он неъматҳо дар роҳи Худо ба Ҷамъияти Шуури Кришна мебошад. Дар ин мазҳаб маҳдудиятҳо ва муҳаррамоти хӯрокӣ нақши муҳим дорад. Ба « содиқон»-онҳое, ки ҳаёти худро ба хизмати рӯҳонӣ бахшидаанд хӯрдани гӯшт, моҳӣ, тухм манъ шудааст. Ҳамчунин пайравони ин мазҳаб ба худ истифода аз мухаддарот, он чизҳое, ки ба эҳсос меорад, ҳатто қаҳва, чой ва тамокуро ҳаром кардаанд. Равобити ҷинсии номашрӯъ ба ҷуз барои фарзанд манъ аст. Онҳо ба таҳорату покизагии бадан аҳамияти зиёд медиҳанд. Ибодат дар маъбад низ аз субҳ соати 4 то шаб соати 21 баргузор мегардад. Аҳмияти зиёд ба медитатсия ва зикр (мантр– поксозии ақл) аз тариқи хондани номҳои муқаддаси Худо « Харе Кришна, Кришна Харн,Харе, Харе Рама, Рама Харе, Харе Рама Рама, Рама Харе,Харе» медиҳанд. Ин дуоро пайравони Кришна дар тули рӯз бояд 1728 ( 16 бор 108 зикрӣ -ба миқдори тасбеҳ-ҷапаи онҳо )[4] бор зикр кунанд. Тарҷумаи он чунин аст: «Эй Худои ҳамаҷаззоб ва эй Худои ҳамашодгар, эй нерӯи Илоҳӣ бигузор содиқона ба Ту адои хизмат кунам». Медитатсия инфиродӣ(-ҷана) ва дастаҷамъӣ (киртана) дар маъбад мешавад. Пайравони ин мазҳаб ба ҳама кори худ хусусияти динӣ медиҳанд.

Маркази мазҳабию фарҳангии пайравони Кришна маъбад-ибодатгоҳи онҳост. Пайравони Ҷамъияти байналхалқии Шуури Кришна дар солҳои баъд аз суқути Давлати шуравӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус дар Қазоқистон ва Қирғизистон зиёд шудаанд. Инчунин дар кишварҳои СНГ ҷамъияту фирқаҳо ва мазҳабҳои дигари дар заминаи ҳиндуия ба вуҷуд омада, чун: Вайшнави, Медитатсияи Транстсенденталӣ -асосгузори он Махеш Барасад Варна аз с.1956 худро ҳакими бузург-Махариши эълон карда, Маркази Шри Чинмой– яке аз равияҳои нави ҳиндуия бо номи асосгузори он-Шри Чинмой (тав. 1931-аз банголаи Ҳиндустон) маъруф гашта, Маркази Сатя Сан -муассиси он Аватар Сатя Саи Баба (тав.с.1926, Ҳиндустон) фаъолият доранд.

[1]  Муфас. ниг. Замимаи муаллиф дар Шри Шримад А.Ч. Бхактиведанта Свами Прабхупада. Бҳагавад- Гита: как она есть. ИЗД. «Бхактиведанта Бук Траст», 1986 г.- С.815-816., ва Каниткар В.П. (Хемант) ,Коул У. Оуэн. Индуизм/ Тар. Аз англ. Е. Богдановой.- М.: ФАИР-ПРЕСС, 1999.-С.289-293.

[2]   . Бҳагавад- Гита: как она есть. Муқаддима. -С.21.

[3]   Ҳамон ҷо.- С.22.

[4]  Ин мантри мухтасаршуда барои Ғарб аст дар Ҳиндустон онро 64 бор дар рӯз бояд зикр кунанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222