Главная / Гуногун / Анҷумани худоёни бобилӣ

Анҷумани худоёни бобилӣ

Нахустин маҷмӯъ ё анҷуман ( пантеон*)-и худоёни мутаадид дар тамаддуни шумерӣ ба вуҷуд омадаанд, ки ном ва шумори он худоён афзун аз чаҳор ҳазор аст. Ва ҳар яке аз ин худоён намуде- мазҳаре, таҷассуми ҷузъие аз қувваҳои табиат буданд. Аз ҷумла:

  • – Ану, парвардигори осмон, худои бузурги шаҳри Ерек буд.
  • – Ки – худои замин
  • – Энхил ( ё Энлил)- парвардигори фазо, ҳавои фавқонй ва худои ҷангҷӯву муборизи шаҳри Ниппур.
  • – Син – Худои моҳ,
  • Нанну( ёЗуена) худои шаҳри Ур.
  • Инанна- худоимуҳофизишаҳри Урук (ҳазораи 4 т.м.) худоиишқва ҷанг
  • – Боббар, ки баъдҳои номи Шамас ҳосил кард – худои осмон ва офтоб дар шаҳри Ларса.
  • ‘)ики (ба з. ақодӣ-Эа) – худои модда (модари кулл) ва онро худои Иштар ҳам мегуфтанд, худои шаҳри Киш (баъзе гуфтаанд ш.Эреду).[1]

madrukИн худоён чун дар дигар марказҳои тамаддуни қадим хусусияти одамгунагӣ (антропоморфӣ) доштанд, онҳо бо ҳам мисли инсонҳо муошират мекарданд, нисбат ба якдигар меҳрубон буданд ва аҷибтар аз ҳама, дар Бобил ҳеҷ худое ибодати худои дигарро манъ намефармудааст. Баъдан дар ин ҷо низ мисли он чи дар Миср буд, якчанд худоён бо ҳам як шуда, олами вуҷудро байни худ тақсим мекунанд. Масалан, замоне Ану, Энилл ва Эра ба тартиб салтанати осмон, замин ва обҳои зери заминро байни худ тақсим карда буданд. Ин навъ иттиҳоди сегона (таслис) баъдан ҳам, ҳангоми рушду такомули зироат ва кишоварзӣ дар суратҳои дигаре ҷой доштанд. Масалан, иттиҳод ё таркиби худои Шамас-худои Офтоб, Син-худои Моҳ ва Иштар худои модар ҳосилхезӣ ва боварӣ.

Мадрух (ё Мадрук) бузургтарин худои Бобил буда, ба Иштар рақиб мебошад. Ин марҳалаи дуввумин, марҳалаи нави таркибёбии худоён аз бисёрхудоӣ ба сӯи якто парастӣ буд, ҳарчанд онҳо то ба ин дараҷаву сатҳ нарасидаанд.

Асли ақоиди динии бобулиён дар ҳамосаҳо ва асотир мундариҷ гардидаанд. Аз ҷумла, ин асотир дар бисёр маврид бо ақоиде, ки баъдҳо дар оини зардуштиён дида мешавад ва бо мавзӯъ ва ривоятҳои тавротии яҳудиён шабоҳат ва ҳатто айният доранд. Аз ҷумла, муборизаи худоёни нуру рӯшноӣ ва олиҳаи назму оромиш бо аждаҳои дарёи зулмат-Тиомат хело ҷолиб аст. Муборизаи нур ва зулмат дар дини монавия, ки баъдан хоҳем дид, ин устураро ба ёд меорад. Дигар тасаввурот дар бораи ибтидои пайдоиши олам, ҳодисаи обхезӣ -«тӯфони Нӯҳ» (оби азоб) ва ғайра, ки дар Таврот баъдан дохил шудаанд, айнан шабоҳат бо тасаввуроти динии бобилиён доранд. Алалхусус, асотири космогонгии шумериву бобилӣ дар бораи пайдоиши олам ва офарида шудани инсон, гуфта метавон дар ташаккули космогонияи динҳои сомӣ таъсири зиёд доштаанд. Дар навбати худ достони фурӯ рафтани Иштар ба сарзамини мурдагон ва рамзиёти он шабоҳат бо мазмунҳои авастоӣ ва ақоиди космологии тозардуштии эронӣ(устураи Ймо) дорад.

[1]   Ҷон Нос. Таърихи ҷомеъи адён.-С.45-46. Ва ҳамчунин ниг.: Алӣ Асғари Ҳикмат. Таърихи адён. Чопи Гуте.Ч.5.-1371.- С. 70., ва История всемирной литературы М.: Наука.-1983.-С.86-88.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

israel-western-wall

МАРОСИМҲОИ ЯҲУДИЯ (Ҷуҳудҳо)

Дар китоби дуввуми Таврот ( «Хурӯҷ. 23: 12-17 ) омадааст: «Шаш рӯз корҳоятонро кунед, ва …