Главная / Илм / ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАХОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА ВАЗЪИ СИЁСИИ ХАЛЦҲОИ ОСИЁИ МИЁНА

ҶАНГИ ЯКУМИ ҶАХОН ВА ТАЪСИРИ ОН БА ВАЗЪИ СИЁСИИ ХАЛЦҲОИ ОСИЁИ МИЁНА

Чанги якуми чаҳон дар таърихи инсоният фочиаи бузург буд, ки бо гунохи доираҳои ҳукмрони давлатҳои абадкудрат сар шуд. Сабаби асосии чанг зиддияти байни мамлакатҳо барои ба даст даровардани бозорҳои нави тичорати, ба даст даровардани мустамликаҳои нав ва баланд бардоштани нуфузи сиёсии худ буд.
Дар чанг давлатҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Иттифоки сегона: Олмон, Утриш-Мачористон (Авесто-Венгрия) ва
Антанта: Россия, Франсия ва Англия. Баъдтар ба чанг давлатҳои дигар, минтақаҳои Шарки Дуру Наздик, Африқо, Уқёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳинд ҳамроҳ шуданд. Ҳамаги дар чанг 28-давлат иштирок кард. Чанг аз ҳар ду тарафи характери истилогарона дошт.
28-июни соли 1914 шоҳзодаи империяи Утриш-Мачористон Франс Фердинанд дар Сраево аз тарафи миллатчиёни Сербия кушта шуд. Ин воқеъа барои оози чанг баҳона гардид. Утриш- Мачористон ба Сербия ултиматом равона кард. Гарчанде, ки Сербия ҳамаи талабҳои ултиматумро кабул кард, худи ҳамон рӯз чанг эълон карда шуд.
Руссия дар чанг мақсадҳои худро дошт. Россия дар чанги зидди Япония (1904-1905) шикаст хӯрда, мавқеъи худро дар Шарқ аз даст дод. Барқарор кардани мавқеъи пештара дар Корея ва Манчурия сабаби иштироки хукумати подшохи дар чанг буд.
Россия нисбати воқеъаҳои нимчазираи Балкан бетараф истода наметавонист. Халкдои славяни ин минтақа: сербиягиҳо, черногориҳо, булорҳо дар шахсияти Россия пушту панохи худро медиданд. Аз ҳамин сабаб гарчанде, ки Россия ба чанг тайёр набошад ҳам, мачбур шуд, ки Сербияро пуштибони карда ба Утриш-Мачористон чанг эълон намояд.
Халкдои Осиёи Миёна бевосита ба чанги чаҳон ҳамроҳ набуданд. Азбаски Руссия яке аз саркардҳои чанг буд, хоҳу нохоҳ халкдои ин кишвар аз бадбахтиҳои чанг бенасиб намонданд.
Чанг дар навбати аввал нишон дод, ки Руссия ба он тайёр нест. Аз рӯзҳои аввали чанг аллакай нокифоя будани захираҳои модди ва аслиҳаи ҳарби хис карда шуд. Руссия ин норасоиҳои модди ва харочотҳои ҳарбиро ба души халкдои мустамликаи худ гузошта буд. Ин албатта ба иқтисодиёти Осиёи Миёна бетаъсир намонд. Кашонда овардани молҳои саноатии Руссия ба Осиёи Миёна багоят кам шуд. Баръакс аз Осиёи Миёна баровардани ашёи хом ва озуқавори афзуд. Ба ғайр аз ин андозҳо ва нархи молҳои ниёзи мардум кимат шуд.
Солҳои 1914-1916 амири Бухоро аз хазинаи худ «баҳри ғалаба» ба Руссия З-миллион сӯм нисор кард. Барои ин хизматаш Амир Олимхон бо фармони императори рус бо орденҳои «Уқоби сафед», «Александр-Невский»
мукофотонида шуд. (Холиқзода А. Таърихи сиёсии Точикон. -Душанбе, 1994.-С.32).

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222