Главная / Илм / АРАБИСТОН ҚАБЛ АЗ ИСЛОМ

АРАБИСТОН ҚАБЛ АЗ ИСЛОМ

Ҷазиратулараб аз назари ҷуғрофӣ ҳаддиақал ба се минтақа тақсим мешавад: Арабистони Ҷанубӣ, ки сарзамини Яман ва Ҳадрамаутро дар бар мегирад, Арабистони Марказию Ғарбӣ, ки минтақаи Тиҳома ва Ҳиҷозро фаро мегирад ва ниҳоят Арабистони Шимолӣ, ки дар сарҳадҳои шимолии Шом \ Сурия\ ва Ироқи муосир интиҳо меёбад. Қисмати зиёди ин сарзаминро биёбони тафсон ва саҳроҳои бе обу алаф, чун регзорҳои “Рубъул-холӣ”, “Иҳқоф”, “Даҳно” ва ғайра ташкил мекунад. Аз ин рӯ сеяки хоки ин сарзамин бе обу дарахт буда, қобили сукунат нест. Ноҳияҳои асосии Ҷазиратулараб панҷтоанд: Тиҳома, Ҳиҷоз, Наҷд, Яман ва Арӯз. Иқлими Арабистон асосан гарм буда, дар қисматҳои соҳилӣ рутубатнок ва баъзе манотиқи он нисбатан мӯътадил мебошад. Аз нигоҳи таърихӣ тамаддуни ин се минтақа якранг нестанд. Дар Арабистони Ҷанубӣ минтақаи Ҳадрамаут, ки дар сарчашмаҳои юнони “хушбахт” \ҒЕЫХ\ номида шудааст, осори тамаддуни куҳан ҷо-ҷо мушоҳида гардидааст ва аммо Арабистони Марказӣ- водии Ҳиҷоз ва қисмати соҳилии он Тиҳома дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҳеҷ нақши муассире то пайдоиши ислом надоштаанд. Дар қисмати шимолии ин нимҷазира агар тамаддунҳои куҳани ҳамсоя: ошурӣ ва бобулӣ, акодиро ба назар нагирем ҳеҷ навъ тамаддуни назарраси соф арабӣ дида намешавад.

каъбаи таърихи дар замони кадимАз лиҳози сиёсӣ низ ҳолати Арабистон то пайдоиши ислом гуногун будааст. Дар ҷануб, то андозае осори умумиятҳои сиёси, сохтору дастгоҳи нисбатан мушаххаси давлатии вобаста ё мухтор, қабл аз ислом ба чашм мехӯрад. Дар асри УТУИ қабилаи асосӣ ва ҳокими ин минтақа-Киндиён буданд. Оғози салтанати киндиёнро ҳатто ба асри III мелодӣ нисбат медиҳанд. Дар арафаи пайдоиши ислом ин минтақа қисман вассали империяи шоҳаншоҳии Эрон буд. Қисмати шимолии Арабистон низ мустақилияти том надошт ва ин манотиқ гоҳ зери таъсири Эрони сосонӣ ва гоҳ зери таъсиру қаламрави Рум ва дар ибтидои асри VII байни ин ҳарду тақсим шуда буд. Ду қабилаи асосии сокини ин минтақа Лаҳмидиён ва Ғассониён буданд. Аввалин, дар шимолу шарқи Арабистон, минтақаҳои ғарбии Ироқи имрӯза сукунат доштаанд. Шаҳри марказии онҳо Ҳира вассали Эрон буд. Дуввумин, дар қисмати шимолу ғарбӣ сукунат доштаанд. Ғассониён, ки насронӣ буда, зери таъсири импературии Византия \Рум\ қарор доштанд ва дар рушду такомули адабиёту забони араб таъсири зиёде гузоштаанд. Дар ин минтақа, низ зери таъсири ин ду империя, сохторҳои муайяни сиёсие ба вуҷуд омаданд. Махсусан, давраи ҳокимияти бистсолаи волии лаҳмидӣ Нӯъмон ибни ал-Мунзир давраи қудрат гирифтани лаҳмидиён ба шумор меравад. Аммо дар Арабистони марказӣ то зуҳур ва қудрат ёфтани ислом ҳеҷ гуна сохтори сиёсии классикӣ, ки шабеҳ ба системаҳои сиёсии маъруфи онрӯз бошад паёдо намекунем. Тарзи зиндагӣ ва қонуни иҷтимоию идории ин минтақа устувор ба муносибот ва қонунҳои нонавиштаи қабилавию авлодӣ буданд. Шаҳрҳои асосии он ба тартиб: Макка, Мадина, Тойиф шаҳрҳои худмухтор ба шумор мерафтанд, вале бидуни дастгоҳи сиёсию ташкилоти идорӣ. Баъзе умури иқтисодию тиҷоратӣ ва сиёсӣ масалан ҷанг, ташкил ва тадоруки корвонҳои тиҷоратӣ ва ғайра дар асоси мувофиқати раисон ва шайхони қабоил ҳаллу фасл мешуданд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222