Главная / Илм / Асосҳои фаъолгардонии инноватсионии корхонаҳо

Асосҳои фаъолгардонии инноватсионии корхонаҳо

Фаъолсозии инноватсионӣ аз рӯи қобилияти мунтазам рушд ёфтан, истеҳсол кардан, истифода бурдан ва фурӯхтани навовариҳо дар бозор муайян карда мешавад. Маҳз пешрафти инноватсионӣ ҳамчун раванди муттасили пайдарпай эҷод кардан ва истифода бурдани навовариҳо ва таъмини афзалиятҳои рақобатпазирии корхонаҳо, шарти муҳими қонеъсозии талаботи инноватсионӣи ҷомеа маҳсуб мегардад. Истифодаи доимии тавлидот ва фурӯши навовариҳо сарчашмаи афзалиятҳои рақобатпазирӣ собити на танҳо як корхонаи алоҳида, ягон соҳа ва саноат, балки тамоми кишвар ба ҳисоб меравад.

782d8efbf208bf85Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) иқтисодиёти миллии ҳар гуна давлат аксаран аз сатҳу миқёси истифодаи навовариҳо вобаста аст. Пешрафтҳои баъдина аз тариқи тағйиротҳои бозорӣ, таҳкими фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳо ва соҳаҳои иқтисодиёти миллиро дар назар дорад. Мусаллам аст, ки дар чунин шароит фаъолкунонии инноватсионӣи субъектҳои хоҷагидорӣ баланд бардошта шавад, ва рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонӣ қавӣ гардонида шавад. Дар ин ҳолат, аз як тараф баланд бардоштани фаъолкунонии инноватсионӣ мушкилоти ҷустуҷӯи роҳҳо ва дурнамои рушди инноватсионӣро воқеан, хеле мубрам месозад ва аз ин рӯ таваҷҷӯҳи махсусро тақозо менамояд. Аз тарафи дигар, ҳар чанд мафҳуми нави «фаъолкунонии инноватсионӣ» нисбатан ҳар чӣ бештар дар рушди амалии инноватсионӣ истифода мешавад, аммо то даврони феълӣ мушахасоти дақиқи назариявии он мавҷуд нест.

Дар ин замина, зарур аст асосҳои умуми назариявии консепсияи баланд бардоштани фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо ва соҳаҳои саноат тараққӣ дода шаванд. Фаъолкунонии инноватсионӣ-ин қобилияти корхонаҳо, ташкилотҳо ва соҳаҳои саноат дар амри истеҳсол, истифода ва амалӣ сохтани навовариҳо барои таъмини қобилияти рақобатнокӣ ва нигоҳ доштани ҳиссаи бозори навовариҳо 148

барои худ мебошад. Фаъолкунонии инноватсионӣ-ин қобилияти мунтазами густариш бахшидан ва такмил додани истеҳсолот, навсозии маҳсулоти тавлидотӣ, қонеъ намудани талаботи инноватсионӣ мебошад.

Дар байни шартҳое, ки рушду болоравии фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳоро таъмин менамоянд, фарқиятҳои сатҳи илмӣ-техникӣ, имконияти ба даст овардан, истеҳсол, истифодаи навовариҳо ва пешрафти зерсохторҳои инноватсионӣро, ки дараҷаи маълумотнокии кадрҳо, дониши онҳо, маҳорат ва малакаи таҷрибаи онҳо мебошад, қайд намудан лозим аст.

Унсури муҳими таъминкунандаи фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо интихоби сиёсати давлатии инноватсионӣ маҳсуб мегардад, яъне давлат чун қоида дар асоси амалӣ гардонидани он метавонад ба фаъолкунонии инноватсионӣ ва ҷузъиҳти он таъсири мусбат ё манфӣ расонад. Маъмулан, сатҳи фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо бояд аз рӯйи сатҳи имконоти амалӣ сохтани ҳадафҳои дурнамои рушди инноватсионӣ дар давраи дарозмуддат муайян карда шавад. Дар ин замина, ҷузъиёти асосии фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо бояд бо вазифаҳои асосии он; аз ҷумла иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва ғайра алоқамандӣ дошта бошад.

Назарияи баланд намудани фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо бояд ҳадафҳои худро дар заминаи ҳалли мушкилиҳои илмӣ- техникӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, бо назардошти ҷанбаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ки таъсири чашмрас ба ин раванд мерасонанд, тарҳрезӣ карда шавад.

Болоравии фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо, қабл аз ҳама аз ҳолату динамикаи таҳарруки бозори навовариҳо, ҳолату таҳарруки бозори технологияҳо, ноу-хау, бозори захираҳои инноватсионӣ, бозорӣ меҳнати интеллектуалӣ вобаста мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки сатҳи фаъолкунии инноватсионӣи кишвар аз руйи фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳои алоҳида ва соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ 149

таъмин карда мешавад. Захираҳои инноватсионӣ талаботи фаъолкунонии инноватсионӣ ва сармоягузориро ташаккул медиҳанд ва ба пешрафти фаъолиятҳои инноватсионӣ мусоидат менамоянд. Баъди ташаккули ин тартиб, захираҳои инноватсионӣ соҳаҳои фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳоро дар вобастагӣ аз талаботи дар бозор бавуҷудомада муайян месозанд.

Дар таъмини пешрафту тараққии инноватсионӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, (глобализатсия) болоравии фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо ва соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, нақши муҳимро мебозад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки болоравии фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо, дар ниҳояти кор таъсири мусбии худро ба болоравии иқтисодии мамлакат низ мерасонад. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки фаъолкунонии инноватсионӣ имкон медиҳад, ки истифодаи самараноки ҷузъиёти захиравӣ, пас ҳамчунин иқтидори инноватсионӣ ба таври умумӣ болотар бардошта шавад.

Корхонаҳо ва соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ бояд фаъолкунонии инноватсионӣро дар дурнамо бо назардошти унсурҳои мусоидаткунандаи ташаккули афзалиятҳои инноватсионӣ дар иқтисоди бозорӣ афзун намоянд ва хусусияти таъсири онҳоро дар шароити нав мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Лозим ба тазаккур аст, ки мушкилии боло бурдани фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳои саноатӣ бо иқтидори илмӣ-техникии кишвар, амиқтар намудани ҳамкориҳои байналмиллалии илмӣ ва илмӣ-техникӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва мутобиқати тахассусии онҳо бо шахсоне, ки барои таъмини раванди рушди инноватсионӣ дар кишвар мубориза мебаранд, марбут аст. Гап дар сари он аст, ки ҳангоми муайян сохтани сиёсати рушди инноватсионӣ аксаран диққати асосӣ танҳо ба ҷанбаи пулӣ мутаваҷҷеҳ карда мешавад. Дар ин маврид талаботи инноватсионӣ, ки дар чаҳорчӯбаи иқтидори илмӣ-техникӣ рақобати бозорӣ, муҳити мусоиди инноватсионӣ, имконоти кадрӣ, заминаи ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва ғайраҳо ба даст омадааст, аз мадди назар дур мемонад. Ба ғайр аз ин, лозим аст, ки 150

воқеияти зеринро дар кишварҳое, ки ба иқтисодиёти бозорӣ гузашта рушди инноватсионӣро бо сохторҳои соҳибкорӣ зери таъсири рақобати бозор таъмин менамоянд, ба назар гирифт. Аз ин ру ҳар як корхона талош мекунад фаъолияти мақсаднокро дар шароити маҳдудияти захираҳо баланд бардорад ва истеҳсоли молҳо ва хизматҳоро бо технологияи баланд ва рақобатпазир таъмин намояд.

Болоравии фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо барои зиёд шудани теъдоди муштариёни ба инноватсияҳо мувоҷеҳ, ки диққати худро ба харидорӣ ва истифодаи инноватсияҳо равона месозанд, мусоидат мекунад. Ин амр дар навбати худ мушкилии ташаккули бозори инноватсияҳоро пеш меорад ва он маҷмӯи муносибатҳои ташкилӣ-иқтисодиро ба худ шомил намудааст, ки дар раванди табодули натиҷаҳои фаъолияти инноватсионӣ пайдо мегарданд.

Вазифаи асосии дар соҳаи саноат ба вуҷуд овардани шароит барои рушди тараққиёти фаъолона ва мунтазами корхонаҳо ба хотири ташкили фаъолияти самараноки соҳибкорӣ маҳсуб мегардад ва дар ин замина машғул сохтану бо кор таъмин кардани аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ боло бурда мешавад. Аз ин рӯ такмили сиёсати андозбандӣ барои ҳавасмандкунии корхонаҳои саноатӣ бояд дар як самти афзалиятноки стратегияи ислоҳоти иқтисодиёт дар марҳилаи муосир гардад.

Низоми андозбандии мавҷуда ба пастшавии тараққиёти иқтисодӣ оварда мерасонад, ки он на танҳо дар натиҷаи таъсири андозҳо ба сармояи ҷамъшуда, балки як тамоюли тавлидоти содда ва пастравии фаъолкунонии инноватсионӣро ташаккул медиҳад, ки наметавонад дар шароити рақобатпазирии иқтисодиёти бозорӣ идома ёбад. Корхона бояд фаъолияти ҳаррӯзаи худро мутобиқи сохторҳои тағйирёбандаи бозор ташкил кунад. Аз ин рӯ вазифаи корхонаҳо аз он иборат аст, ки онҳо дар асоси имкониятҳои илмӣ-технологӣ фаъолияти инноватсионӣро густариш диҳанд ва талаботи бозорро бо молу хизматҳои рақобатпазир қонеъ намоянд. Рақобати сахти бозор корхонаҳои дар сатҳи пасти фаъолияти инноватсионӣ амалкунандаро маҷбур месозад, ки амалётҳои худро ба талаботи бозор мутобиқ созанд, ё ки аз доираи соҳибкорӣ берун бароянд.

Аммо андозҳо тез-тез қисмати бештари фоидаи корхонаҳоро фурӯ мебаранд ва аз ин сабаб онҳо наметавонанд ҳаҷми кофии сармояро барои рушди инноватсионӣи худ ҷамъоварӣ намоянд. Дар чунин ҳолат низоми андозбандии феълӣ на танҳо тараққиёти иқтисодиро боз медорад, балки фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳоро низ ҳавасманд намесозад. Усулҳои мавҷудаи андозбандӣ ба фурӯбарии сармояҳо оварда мерасонанд ё ҷамъоварии онро маҳдуд мекунанд. Ба ин тариқ, ҳаҷми сармоягузориҳо, ки ба қонеъсозии талаботи корхонаҳо равона шудааст, кам мешавад. Хулоса, таҳқиқоти назариявии феномени рушди инноватсионӣ ба таври умумӣ бо мушкилоти ташаккули фаъолкунонии инноватсионӣ дар шароити таваккалӣ ва номуайянӣ, далелнокии корхонаҳо, шароити амалисозии фаъолияти худ дар бозори навовариҳо сар ба сар мешавад.

Шарти зарурии фаъолкунонии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ин ташаккули зерсохторҳои инноватсионӣи онҳо, аз ҷумла, соҳибкории инноватсионӣ, ба шумор меравад. Дар рафти амалӣ сохтани ислоҳоти иқтисодӣ то ҳол имкони эҷод намудану ташкил кардани тамоми заминаҳои зарурии зерсохторӣ барои рушди инноватсионӣи корхонаҳои саноатӣ, фароҳам оварда нашудааст. Рушди инноватсонии корхонаҳо марбут ба ҳолатҳои зайл мебошад:

  1. аввалан, набудани низоми самараноки ҳавасмандкунӣ барои рушди фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳои саноатӣ, ки дар навбати худ ташаккули соҳибкории инноватсионӣ ва фаъолкунонии инноватсионӣро дар мамлакат суст месозад;
  2. дувум, набудани бозори маҳсулоти илмӣ-техникӣ, инноватсияҳо;
  3. саввум, тараққиёти сусти бонкҳои тиҷоратӣ, сохторҳои иттилоотӣ, сармоягузорӣ ва маркетингӣ, ки рушди саноатро ҳавасманд месозанд;
  4. чаҳорум, низоми номукаммали андозбандии фаъолияти инноватсионӣи ин сохторҳо.

Дар ин робита, тадбирҳои умумии барои ҳаллу фасли рушди инноватсионӣ равонашуда, бояд ба барқарорсозии идоракунии раванди инноватсионӣ дар заминаи ташаккул ва тараққиёти соҳибкории инноватсионӣ мусоидат намоянд. Барои ба тартиб даровардани раванди инноватсионӣ таҳкими асосҳои принсипиалии рушди инноватсионӣ дар ҳар як давраи фаъолияти корхона ба мақсад мувофиқ мебошад.

Воқеияти зерин ҳар чӣ бештар аён мегардад, ки ба ном омили инсонӣ дар баланд бардоштани фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо нақши ҳалкунанда бозида, самаранокии истифодаи он, ҷустуҷӯи мунтазами шаклу усулҳои фаъолсозии корҳои навоваронаи кормандони корхонаҳо ва ба азхудкунии саривақтии навовариҳо дар истеҳсолот сафарбар намудани онҳоро тақозо мекунад. Ба вуҷуд овардани муҳити мусоиди эҷодӣ низ дар ин ҷо аҳамияти муҳимеро касб менамояд, ки сабку услуби идоракунии ошкоро ва ғайрирасмӣ, ҷалби одамони лаёқатманди тафаккури ғайристандартидошта, амали сохтани низомҳои самараноки ҳавасмандкунии ҷустуҷӯи ақида ва афкори нав ва ғайраро тақозо менамояд.

Ташаккули муҳити инноватсионӣ дар иқтисодиёт ва зерсохторҳои таъминоти рушди инноватсионӣ мавҷудияти хадамоти байнисоҳавии миллии иттилоотии илмӣ-техникӣ, патентдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, стандартикунонӣ, сертификатсозӣ, омор, марказҳои таҳлилӣ барои омӯзиши таҷрибаи хориҷӣ, хадамоти маркетингӣ, омода сохтани пешгӯиҳои тараққиёти илмӣ-техникӣ ва дар заминаи низоми афзалиятҳои миллии сиёсати инноватсионӣ, ташаккулёбии онҳоро ба эътибор мегирад.

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар номувофиқии ҷиддии меъёрҳои қонунгузориро ба шароити идоракунӣ дар соҳаи илм, техника, фаъолияти инноватсионӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ ошкор сохт. Аз ин рӯ мувофиқи мақсад мебуд, агар вазифаҳо, миқдор, тарзи гузаронидани таҳқиқотҳои маркетингӣ, ташкил ва рушди инфрасохторҳои инноватсионӣ, тайёркунӣ ва аз нав тайёркунии кадрҳо барои фаъолияти инноватсионӣ, амалӣ намудани сертификаткунонӣ ва стандартикунонии фаъолиятҳои нав, маҳсулот ва маснуот, истеҳсоли маҳсулоти молӣ ва фурӯши он, усулҳои дастгирии давлатии фаъолияти инноватсионӣ, маблағгузории корҳои бо фаъолияти инноватсионӣ алоқаманд буда муайян карда шаванд. Гузариш ба иқтисодӣ бозорӣ ташаккул ва рушди инноватсия, сохторҳои инноватсионӣ-суғуртавӣ ва инноватсионӣ-венчуриро тақозо мекунад. Ҳамаи ин дар навбати худ таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ба ташкили фаъолияти инноватсионӣ мувофиқро талаб мекунад.

Танзими нокифояи меъёрӣ-ҳуқуқӣ на фақат ба пастшавии фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳо таъсир мерасонад ва аслан, омили асосии боздорандаи гузариши корхона ба роҳи рушди инноватсионӣ мегардад. Масалан: таҷрибаи рушди инноватсионӣ дар Россия нишон медиҳад, ки қариб сеяки корхонаҳои саноатӣ фаъолияти инноватсионӣро амалӣ карда истодаанд (дар соҳаи мошинсозӣ ин нишондод қариб ними онро ташкил медиҳад). Ин маънои онро дорад, ки онҳо бо мушкилии идоракунии инноватсионӣ сар ба сар мешаванд, аз ҷумла, бо азхудкунӣ ва татбиқи инноватсияҳо, маснуоти навин, таҷҳизот ва маводҳо.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои идоракунии стратегӣ дар сатҳи иқтисоди миллӣ ин омодасозии шароити фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳо   мебошад.         Давлат,                          стратегияи       функсионалии

макроинноватсионӣро ташаккул ва амалӣ намуда, бояд омилҳоеро пайдо намояд, ки барои маблағгузории воситаҳо ва ҳалли вазифаҳои рушди инноватсия ва омодасозии шароит барои таҳкими фаъолияти соҳибкории инноватсионӣи корхонаҳо шавқовар бошанд. Яке аз самараноктарин фишанги ҳавасмандгардонии афзоиши фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳо танзими андозбандии фаъолияти инноватсионӣ мебошад.

Фаъолкунонии инноватсионӣ бояд барои фароҳамоварии чунин шароити фаъолияти инноватсионӣ мусоидат кунад, ки он дар сатҳи зарурӣ имконияти дастгирии ҷараёни воридсозӣ ва истифодаи навовариҳо ва барориши маҳсулоти илмию хизматрасониро таъмин созад. Вай зарурияти таҳқиқ ва воридсозии инноватсияҳоро дар истеҳсолот, тараққиёти ҷузъиёти илмӣ-техникии корхонаро ва такмили дараҷаи маълумотнокии коргарон ва мутахассисонро пурзӯр мекунад. Афзоиши минбаъдаи фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо бо гузариши онҳо ба сатҳи сифатан нав, ки дар натиҷаи амалигардонии стратегияи инноватсионӣ ба даст оварда мешавад, пайваст мебошад.

Стратегияи инноватсионӣ аз як тараф барои пурзур кардани фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо ба нақша гирифта шавад, аз тарафи дигар, мақсади он-рушди соҳибкории инноватсионӣ мебошад. Дар марҳилаи ҳозираи гузариш ба иқтисоди бозорӣ Стратегияи Миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.06.2007 №704 тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад. Дар қатори мушкилиҳои асосии рушди илм ба набудани барномаҳои самараноки комплексии илмӣ-техникии ҷумҳуриявӣ ишора шудааст ва омадааст, ки тадқиқотҳои илмӣ бе баҳисобгирии афзалиятҳо ва қоидаҳои ахлоқии миллӣ пеш бурда мешаванд ва бо мутахассисони баландихтисос таъмин нестанд. Иқтидори зеҳнии мамлакат барои ҳалли мушкилиҳои аввалиндараҷаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат бояд равона карда шавад.

Иқтисодиёт азсаргузаронии давраи вазнин ва аз нав барқароркунии фаъолияти корхонаҳои саноатиро идома медиҳад ва баланд бардоштани фаъолкунонии инноватсионӣ сармоягузориҳои бузургро тақозо мекунад, ки аз имконияти давлат берун мебошад. Дар чунин шароит истифодаи чораҳои ғайриоддӣ ва кӯшиш барои афзудани фаъолкунонии инноватсионӣи корхонаҳо ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ зарур мебошад.

Дар тасаввуроти ҳозира, соҳибкор пеш аз ҳама навовар-шахсест, ки имкониятҳои навро ҷустуҷӯ мекунад ва пайдо месозад. Ба ақидаи И. Шумпетер соҳибкор-шахсест, ки роҳҳои навро мекушояд, масубаҳои (комбинатсияҳо) навро амалӣ месозад:

  1. сохтани неъматҳои нави то ҳол ба истеъмолкунанда ношинос ё неъматҳои пешина бо сифати нав;
  2. ҷорӣ кардани усули нави истеҳсолот, ки то ҳол дар ин соҳа истифода нашудааст;
  3. бадастоварии бозори нави фурӯш ё истифодаи васеи бозори пешина;
  4. истифодаи намудҳои нави ашъёи хом масолеҳи нимтайёр;
  5. воридсозии шакли нави ташкили кор, масалан ҳолати инҳисорӣ ё баръакс инҳисорияро барҳам додан.

Ташкили раванди идоракунии фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳои саноатӣ дорои аҳамияти бузург мебошад. Қобили қайд аст, ки азнавсозии раванди идоракунии фаъолияти инноватсионӣ самарабахштар мешавад, агар он дар заминаи рушди иқтидори илмӣ- технологӣ гузаронида шавад. Дар ҷараёни гузариш ба бозор идоракунии нисбатан самараноки давлатӣ тақозо карда мешавад, зеро ки давлат бояд вазифаҳои навини рушди инноватсияро иҷро созад, барои омодасозии шароити рушди соҳибкории инноватсионӣ ва танзими бозори инноватсияҳо кӯшиш намояд.

Иқтисодиёти мамлакат ба марҳилаи нав, мураккаб ва мухталифи рушд, ки дар он тамоюли азнавсозии илмӣ-технологӣ аҳамияти бузургро доро мешавад, қадам мениҳад. Дар чунин шароит мушкилии фаъолсозии фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳои саноатӣ бо мақсади истифодаи пурраи иқтидори илмӣ-технологӣ ва кадрии рушди иқтисодиёти миллӣ пайдо мешавад.

Азнавсозиҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар мамлакат, бидуни таъмини рушди инноватсионӣи соҳаҳои иқтисодиёт, ба пастшавии суръати афзоиши иқтисодӣ, ба пастравии дараҷаи рақобатнокии корхонаҳои миллӣ ва ба бунёди заифи соҳибкории инноватсионӣ оварда мерасонад. Зарурияти қабули чораҳои мушаххас барои фаъолсозии фаъолияти инноватсионӣи субъектҳои бозор бараъло намоён мешавад.

Ташкили низоми ҳавасмандсозии фаъолгардонии фаъолияти инноватсионӣи корхонаҳо роҳи асосии стратегияи гузаронидани иқтисодиёт ба шакли рушди инноватсионӣ мебошад. Баландбардории самаранокии фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳо бо роҳҳои зерин ба даст оварда мешавад:

  1. Якум, бо роҳи ба вуҷуд овардани институтҳои рушди инноватсионӣ, ки ташаккули афзалиятҳои рушди инноватсионӣ ва инфрасохторҳои инноватсионӣро таъмин месозанд. Дар айни ҳол захираҳои илмӣ-технологие, ки барои ноил гаштан ба мақсади дар пеш истода заруранд, комилан баҳогузорӣ карда мешаванд;
  2. Дуюм, мустаҳкам намудани иқтидори илмӣ-технологии мамлакт бо роҳи фаъолсозии фаъолияти корхона ва ташкилотҳо;
  3. сеюм, ташаккули асосҳои институтсионалии барқароршавии бозори миллии инноватсияҳо.

Нуқтаи назари мазкур бояд қисми ҷудонашавандаи стратегияи гузариши иқтисодиёти миллӣ ба шакли рушди инноватсионӣ гардад.

Амаликунонии стратегияи гузариши иқтисодиёти миллӣ ба шакли рушди инноватсионӣ дар асоси таҷрибаи ҳавасмандсозии андозии рушди инноватсионӣи корхонаҳо ба роҳ монда мешавад. Ба ҷузъиёти чунин ақоид ва технологияҳо, аввалан ҳавасмандкунии андозбандӣ; суроғавӣ, мақсаднок, замонавӣ, дуюм, қарзи андозӣ, ки ба корхонаҳо имконияти кам кардани андози басташударо аз фоида, ки ба фоизи муайяни илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ баробар аст; сеюм, аз ҳисоб баровардани андозҳое, ки барои кам намудани заминаи андозбандӣ аз фоида равона шудаанд.

Яке аз афзалиятноктарин роҳҳои стратегияи баланбардории фаъолсозии инноватсионӣи корхонаҳо ва ташкилотҳо бояд навкунии низоми таҳсилот ва рушди иқтидори кадрӣ дар асоси барномаҳои самарабахши таълим ва воридсозии низоми илму маърифат ба «маълумот барои тамоми ҳаёт», ё ин ки «маълумоти бефосила» шуморида шавад. Амалисозии вазифаҳои мазкур имконият медиҳад, ки талаботи корхона нисбати кадрҳо ва мутахассисон бо роҳи рушди малакаҳои илмӣ-технологӣ, худомӯзӣ, ки ба фаъолсозии фаъолияти он корхона ва ташкилотҳое, ки онҳо амалиёти меҳнатии худро ба ҷо меоранд, қаноат карда шавад.

Ин барои гузариши иқтисодиёт ба асоси нави технологӣ ва фароҳамоварии шароитҳои зарурӣ, рушди иқтидори инсонӣ ва ташаккули асосҳои интеллектуалӣ ва амалисозии стратегияи гузариши иқтисодиёт ба шакли инноватсионӣи рушд ва ташкили бозори миллии инноватсия имконият муҳайё месозад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми хароҷоти давлат барои соҳаи маориф аз 8,8% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 1991 то 3,5% дар соли 2005 кам шудааст ва ин ҳамагӣ қариб 30% хароҷотҳои лозимиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, такмили низоми тайёркунии кадрҳо, ташаккули самараноки инфрасохторҳои инноватсионӣ, низоми муҳофизатӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидори зеҳнӣ яке аз масоили муҳим ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Барои ин зарур аст;

  • якум, стратегияи рушди инноватсионӣи мамлакат тартиб дода шавад;
  • дуюм, шароити ниҳоят мусоид барои рушди фаъолияти инноватсионӣ фароҳам оварда шавад;
  • сеюм, сиёсати самарабахши инноватсионӣ ва гузаронидани реструктуризатсияи иқтидори илмӣ-техникӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ амалӣ гардад;
  • чорум, баландбардории самаранокии манбаҳои ақлонӣ баҳисоб гирифта шавад;
  • панҷум, низоми бонкии қарздиҳии рушди фаъолияти инноватсионӣи сармоягузорӣ, ки лоиҳаҳои инноватсионӣро мувофиқ ва амалӣ месозанд такмил дода шавад.

Рушди соҳибкории инноватсионӣ ташаккули заминаи меъёриӣ- ҳуқуқӣ ва чораҳои мувофиқи ҳавасмандкунии фаъолияти инноватсионӣро дар назар дорад. Нигаҳдорӣ ва рушди иқтидори илмӣ- технологии корхона ва ташкилотҳои мамлакат афзоиши ҳаҷми сармояро дар мадди назар дорад. Таъминоти нокифояи соҳаи илм (0,2% аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои с. 2000-2005), набудани озмунҳои тақсимоти васоит ва дараҷаи пасти музди меҳнат фаъолнокии инноватсионӣи корхона ва ташкилотҳоро паст месозанд. Хароҷоти дохилӣ ба тадқиқот ва коркарди илмӣ қариб 0,12 фоизро аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ташкил медиҳад, ки дар ҳоле, ки дар мамлакатҳои мутараққӣ он дар ҳудуди 1-3 фоиз аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қарор дорад.

Дар ин самт нақши асосиро фондҳои ғайрибуҷавии соҳавӣ ва ғайрисоҳавӣ ва корҳои таҷрибавӣ конструкторӣ мебозанд. Онҳо, одатан, аз ҳисоби бахшишҳои ихтиёрии корхонаҳо ва ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногунии моликият ва вуҷуд оварда мешаванд. Дар ин марҳила масъалаи такмили низоми тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои муҳандисӣ-техникӣ ва мутахассисони соҳаи фаъолияти инноватсионӣ ба ҷои аввал мебарояд.

Ташкили низоми тайёркунӣ, азнавтайёркунии ва такмили ихтисоси кадрҳо бояд барои баландбарории сатҳи далелнокии онҳо, истифодаи шаклҳои ҳавасмандии амалӣ, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳи инноватсионӣ муайян карда шудаанд, нигаронида шавад.

Самаранокии ташкили низоми тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси мутаххасисонро дар ҷумҳурӣ аз бисёр ҷиҳатҳо амалигардонии чораҳои комплексӣ оид ба муносибгардонии барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ, усулҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихстисос дар мактабҳои олӣ ва бизнес-сохторҳо, муайян менамояд. Инчунин лозим аст, ки барои тезонидани рушди инноватсионӣ ва соҳибкории инноватсионӣ шавқмандӣ зоҳир гардад.

Хулоса, таҳлили рушди иқтидори илмӣ-технологии корхонаҳо, ташкилотҳо ва фаъолкунонии фаъолияти инноватсионӣи онҳо ба амалигардонии лоиҳаҳои инноватсионӣ, фароҳамоварии муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва андозбандӣ, қарздиҳии бонкии ҷараёнҳои инноватсионӣ ва ташаккули инфрасохтори фаъолияти инноватсионӣ ишорат мекунад.

Фаъолгардонии инноватсионӣи корхонаҳо ба такмили низоми муосири тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва баланд бардоштани тахассуси мутахасисон дар самти фаъолияти инноватсионӣ асос ёфтааст. Фароҳам овардани шароит барои кори эҷодӣ ва рушди касбии мутахассисон дар самти фаъолияти инноватсионӣ дар назди институтҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳамчун дар корхонаҳое, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғуланд, таъсису фаъол гардонидани марказҳои махсуси таълимию методӣ аз рӯйи фанҳои фаъолияти инноватсионӣ ташкил менамояд.

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222