Главная / Илм / Асосҳои илми рушди фаъолияти инноватсионӣ

Асосҳои илми рушди фаъолияти инноватсионӣ

Дар асри XXI ба амал омадани тағйироти назариявӣ дар таъмини рушди инноватсионии ҷомеа дар назар аст. Ин ба он вобаста аст, ки аксари кишварҳои ҷаҳон дар давраи гузариш ба марҳилаи сифатан нави рушд, яъне рушди инноватсионию иттилоотӣ қарор доранд. Равандҳои инноватсионӣ дар рушди иқтисодӣ торафт мавқеи сазоворро ба даст меоранд ва ҳиссаи маҳсулоти соҳахои технологияашон пешрафта дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии аксари кишварҳои мутараққӣ мунтазам меафзояд. Иқтисодиёте ба вуҷуд омада истодааст, ки онро «иқтисодиёти нав» меноманд.

Ҷорӣ намудани мафҳуми «иқтисодиёти нав» дар таҷрибаи илмӣ бевосита бо ҳал гардидани мушкилиҳои рушди фаъолияти инноватсионӣ ва баҳодиҳии сифатан нави нақши илм ва равандҳои инноватсионӣ вобастааст. Аз ин рӯ, пурзӯр гардидани омили илмию инноватсионӣ дар ҷомеа, гузариш ба навъи инновасионии хоҷагидориро пешниҳод менамояд, ки он ба идораи бозор ва мазмуни танзими давлатии иқтисодиёт сахт таъсир мерасонад.

4h6gibavДар шароити ҷаҳонишавӣ рушди инноватсионии иқтисодиёт ба афзоиши сифати зиндагии шаҳрвандон кам кардани ақибмондагӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нигаронида шудааст, ки ин ба ҳамгироии байналхалқӣ мусоидат менамояд. Дар ин маврид, вазифаи муҳими рушди инноватсионӣ афзоиши истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти технологиашон пешрафтаи рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ мебошад, ки онҳо бинобар дар таркиби худ доштани меҳнати зеҳнӣ ҳиссаи зиёди арзиши иловашударо моликанд. Дар кишварҳои мутараққӣ 80-95 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳиссаи донишҳои нави дар техника ва технология таҷассумёфта, усулҳои ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идора, инчунин баланд бардоштани дараҷаи таҳсилоти аҳолӣ рост меояд.

Барои Тоҷикистон, ки дар ин ҷо иқтисоди бозаргонӣ ташаккул меёбад, сиёсати инноватсионӣ ба нигоҳдории илмию технологии мамлакат нигаронида шудааст. Таъмини рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат муайян намудани сиёсати нави давлатии инноватсиониеро тақозо дорад, ки он ба ояндаи устувори дарозмӯҳлат нигаронида шуда бошад. Барои ин, муқаррар намудани тавозуни дурусти тақсими захираҳо байни давраҳои гуногуни сикли инноватсионӣ зарур аст. Оғози асри XXI нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони муосир табаддулоти амиқи иттилоотию технологӣ сурат мегирад, ки вай ба ҳама ҷабҳаҳои истеҳсолоти муосир, ба ҳамаи низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири зиёд мерасонад. Қонуниятҳои ҷаҳони рушди инноватсионии маориф ва тайёр кардани кадрҳо, қонуниятҳои пайдоиш ва ҷорисозии кашфиёту ихтироот ва навгониҳои техникӣ, ташкилию иқтисодӣ, густариши (динамикаи) дараҷаи илмию техникӣ ва сифати маҳсулот мушкилиҳои иқтисодиёти бозаргонии муосирро нишон медиҳанд.

Дар таҷрибаи таҳлили иқтисодӣ як қатор мафҳумҳое истифода мешаванд, ки дар бораи инноватика, инноватсия ва ҷараёнҳои инноватсионӣ маълумот медиҳанд.

Инноватика-соҳаи илм буда, назарияҳои гуногуни навоварӣ, ташаккули навигариҳо, паҳншавии онҳо, омилҳои ба навоварӣ таъсиррасонанда, коркарди қарорҳои инноватсионӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Фаъолияти инноватсионӣ ин ҷараёне мебошад, ки ба амалисозии натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ва коркардҳои анҷомёфта ва ё дигар дастовардҳои илмӣ-техникӣ, маҳсулоти нав ва ё такмилёфта, такмили ҷараёнҳои технологӣ ва инчунин, тадқиқотҳо ва коркардҳои иловагии ба он алоқаманд равона карда шудааст.

Инноватсия (навоварӣ)-натиҷаи ниҳоии фаъолияти инноватсионӣ буда, дар шакли маҳсулоти нав ё такмилёфтаи дар бозор фурӯхташаванда ва ё ҷараёни технологии нав ва такмилшудаи дар фаъолияти корхона истифодашаванда, амалӣ карда мешавад.

Иқтидори инноватсионии корхона (соҳа, минтақа, давлат) -ин маҷмӯи намудҳои гуногуни захираҳо, аз ҷумла, захираҳои моддӣ, молиявӣ, зеҳнӣ, илмӣ-техникӣ ва ғайра мебошад, ки барои амалисозии фаъолияти инноватсионӣ зарур аст.

Соҳаи инноватсионӣ-соҳаи фаъолияти истеҳсолкунандагон ва ё истеъмолкунандагони маҳсулоти (кор, хизмат) инноватсионӣ мебошад, ки ба сохтан ва паҳнкунии инноватсия алоқаманд аст.

Инфрасохтори инноватсионӣ ташкилотест, ки фаъолияти инноватсиониро (марказҳои инноватсионӣ-технологӣ, техно-паркҳо, марказҳои таълимӣ-корӣ ва дигар ташкилотҳои махсус) амалӣ месозад.

Рушди инноватсионӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ дар зери таъсири меъёрномаи «дасти ноаён»-и А.Смит сурат гирифта, ба ҷорӣ намудани омилҳои мақсадноки фаъолкунонии соҳаҳои иқтисодиёт оварда мерасонад. Ҳамин тавр, таҳияи стратегияи фаъол гардидани раванди инноватсионии субъектҳои иқтисодӣ дар асоси коркард ва ташкили маводҳои нави ивазкунандаи воридот, технологияи нав, усулҳои пешқадами идораи истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияи пешқадам ва ноу-хау сурат мегирад.

Низоми миллии инноватсионӣ бояд дар заминаи меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ, инноватсионӣ, инчунин рушди низоми тадбирҳои иқтисодии ҳавасмандгардонии ин фаъолият, ташаккул ёбад. Илова бар ин, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ, ҳимоя ва муҳофизати ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иншооти моликияти зеҳнӣ ва натиҷаҳои дигари фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ зарур аст. Ҳамин тариқ, барои ташкилотҳои ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ба раванди инноватсионӣ вобаста буда (дар тадқиқотҳо ва пажӯҳишҳо, истеҳсолот, фурӯш ва хизматрасонии навовариҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои илмию тадқиқотӣ, маблағгузории ин ҷараён, таъмини меъёрию ҳуқуқӣ) қоидаҳои «бозӣ»- ро ташкил намудан зарур мебошад.

Дар марҳилаи мазкур зарурати мавҷуд будани низоми инноватсионии миллии кишвар пеш меояд, ки он ба ғайр аз механизмҳои мусоиди иқтисодӣ ва ташкилию ҳуқуқӣ, инчунин зерсохтори мукаммалро низ бояд фаро гирад. Зерсохтори низоми инноватсионӣ марказҳои иттилоотию инноватсионӣ, технопаркҳо, технополисҳо, марказҳои таҳвили технологияҳо ва инкубаторҳои технологӣ, телекоммуникатсия ва иттилооти давлатии илмию техникиро дар бар мегирад.

Ташаккули низоми миллии инноватсионӣ, ки таъмин намудани фаъолияти инноватсиониро дар миқёси давлат талаб мекунад, рушди иқтидори кадрии соҳаи илмию техникӣ, баҳодиҳии фаъолнокии инноватсионии корхонаҳои мамлакат, таъминоти молиявии фаъолияти инноватсионӣ дар кишварро пешбинӣ мекунад. Аз сабаби он ки соҳаи инноватсионӣ дар Тоҷикистон акнун ташкил шуда истодааст, ҳоло омодасозии кадрҳои илмию техникӣ аҳамияти махсус пайдо кардаанд. Вобаста ба ин, рушди минбаъдаи такмили омодасозии кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва институтҳои унвонҷӯӣ зарур аст. Инчунин зарурати ташкилу тайёр кардани менеҷерони фаъолияти инноватсионӣ, ташкили таълим ва такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ

барои татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии ва рушди инфрасохтори пурзӯр мегардад. Тоҷикистон аз захираҳои табиӣ бой буда, сармояи назарраси инсонӣ низ дорад. Вазъияти баамаломада дар назди мамлакат як қатор мушкилиҳоеро пеш мегузорад, ки дар байни онҳо мушкилии ба таври самаранок истифодабарии сармояи инсонӣ дар мадди аввал гузошта мешавад. Сифату миқёс, инчунин маҳсулнокии истифодаи захираҳои табиӣ бо сармояи инсонӣ муайян карда мешавад.

Ҳатто агар муҳити инноватсионӣ фароҳам оварда шавад ҳам, корхонаҳо на ҳама вақт метавонанд аз ин имконияти бадастомада оқилона истифода намоянд. Зеро, барои аксари роҳбарон ва кормандони корхонаҳо норасоии донишу малакаҳои нав хос аст. Аз ин рӯ, мушкили татбиқи сармоягузориҳои воқеӣ дар якҷоягӣ бо сармояи инсонӣ ба вуҷуд меояд.

Рушди иқтидори кадрии соҳаи илмию техникии кишвар бо сатҳи таҳсилоти аҳолӣ муайян карда мешавад, ки баланд бардоштани он ба сифати сармояи инсонӣ ба таври назаррас таъсир мерасонад. Баҳои Созмони Миллали Муттаҳид нишон медиҳад, ки дар сохтори сарватҳои миллии аксар кишварҳои ҷаҳон кариб аз се ду ҳиссааш ба сармояи инсонӣ рост меояд. Дар айни замон дар сохтори иҷтимоӣ мавқеи асосиро мутахассисон – моликон, ки ба таҳия, азхудкунӣ, таҳвил, истифодаи навовариҳои ба низомҳои мураккаби илмию техникӣ ва иттилоотию технологӣ хизматрасонанда машғуланд, ишғол менамоянд. Асоси рушди инноватсиониро соҳибкорӣ ташкил менамояд.

Ин фаъолияти субъектҳои мустақили хоҷагидорист, ки таваккал карда инноватсияро оид ба таҳия, азхудкунӣ, интиқол ва истифодаи навовариҳо ва аз онҳо ба таври мураттаб гирифтани фоидаро бар дӯши худ мегирад. Ба рушди инноватсионӣ шаклҳои нави идораи давлатӣ, банақшагирии оянда, маблағгузории мубтакир (венчурӣ), менеҷменти инноватсионӣ, сифати баланди корҳо ва азхудкунии технологияҳои нав хос аст. Талаботи рушди инноватсионӣ бештар ба низоми ҷавобгарии корхонаҳо ва корманд, ҳавасмандсозии равонию моддӣ, бозомӯзии мунтазами кадрҳои соҳибихтисос мувофиқат мекунад.

Соҳибкорон намояндагони асосии иқтисоди бозаргонӣ мебошанд ва онҳо бо тафаккури инноватсионӣ фарқ мекунанд, ки он ба истифодаи оқилонаи захираҳо ва гирифтани даромади ҳарчӣ бештар аз фаъолияти соҳибкорӣ нигаронида шудааст. Й.Шумпетер дар асари худ «Назарияи рушди иқтисодӣ» («Теория экономического развития»), ки соли 1911 нашр шудааст, аз иқтисодиёти анъанавӣ даст кашида, тасдиқ мекунад, ки «меъёри» иқтисоди солим, воқеиъяти асосии назарияи иқтисодӣ ва таҷриба на баробарӣ ва мутаносибӣ, балки нобаробарии густаришёбанда мебошад, ки он аз фаъолияти навовар, соҳибкор вобаста аст.

Асоси иқтисодии рушди инноватсиониро хароҷоти корҳои илмӣ ташкил медиҳад. Дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳар 7-10 сол ду маротиба афзудани хароҷот барои тадқиқотҳои илмӣ, хусусан хароҷоти бевоситаи то истифодаи саноатӣ сурат мегирад. Вале хароҷоти давраи гузариш барои кишварҳои дорои иқтисодиёти гузариш ба таъмини суръати зарурии хароҷоти корҳои илмӣ дар сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ имкон намедиҳад. Аз ин рӯ, ҳангоми интихоби навъҳои стратегияи рушди инноватсионӣ мушкилиҳои нав сар мезананд. Тавре маълум аст, дар иқтисоди ҷаҳонӣ чунин навъҳои стратегияҳои рушди инноватсионии кишварҳоро аз ҳам ҷудо мекунанд:

  • стратегияи «гузаронидан»;
  • стратегияи «аз худ кардан»ё «мувофиқ кардан»;
  • стратегияи «афзун сохтан».

Танҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки стратегияи «гузаронидан» ё «мувофиқ кардан», ки ба кӯчонидани инноватсияҳо, навовариҳо ба иқтисодиёти худӣ асос ёфтааст ва стратегияи «афзун сохтан», ки ба истифодаи иқтидорҳои илмию техникии худӣ, ҷалб намудани олимону мутахассисони хориҷӣ, ҳамгироии илмҳои бунёдӣ ва амалӣ асос ёфтааст, дар айни замон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул нестанд.

Ҳамин тариқ, дар сатҳи мамлакат интихоби стратегияи «аз худ кардан» ё «мувофиқ кардан»-и рушди инноватсиониро ҳамчун нусхаи нисбатан қобили қабули рушди илмию технологӣ баррасӣ кардан мумкин аст. Интихоби стратегияи рушди инноватсионии мазкур дар мамлакат бинобар ҳолатҳои зерин зарурат дорад, аввалан- бо мавҷуд будани қувваи кории арзони таҳсилоти кофидошта; дуюм-иқтидори худии илмию технологии дархостнашуда; сеюм – имконияти тадриҷан зиёд кардани таъминоти худии муҳандисию техникии истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот; чорум – азхудкунии истеҳсоли маҳсулоте, ки қаблан дар кишварҳои нисбатан пешрафта истеҳсол мешуд. Чунин таҷриба дар Ҷумҳурии Халқии Чин ва як қатор кишварҳои Осиёи Ҷанубию Шарқӣ аллакай қабул шудааст. Онҳо бо истифода аз стратегияи «аз худ кардан» ба рушди босуботи инноватсионӣ ноил шуданд, инчунин саноати рақобатпазирро бунёд намуда, суръати баланди рушди иқтисодиро таъмин кардаанд.

Дар иқтисоди ҷаҳонӣ таҷрибаи муайяни кишварҳое пайдо гардидааст, ки онҳо нусхаи инноватсионии рушди иқтисодиётро интихоб намудаанд. Дар чунин кишварҳо барномаҳои давлатии пуриқтидори дастгирии раванди инноватсионӣ мавҷуд мебошад. Ба ғайр аз ин, фишангҳои танзими ғайримустақими фаъолияти инноватсионӣ дар шакли тахфифҳои андозӣ аз маблағи умумии сармоягузориҳо ба қисми фаъоли сармояи асосӣ, кам кардани даромади андозбандишавандаи корхонаҳо аз маблағгузориҳо ба тадқиқоту пажӯҳиш,         тағйир  додани  қонунгузории          зиддинҳисорӣ (антимонополистӣ), ки ба ширкатҳо таъсис додани трестҳои муштараки тадқиқотӣ, барномаҳо (консорсиумҳо) ва ғайра имкониятҳо фароҳам меоранд. Дар натиҷаи татбиқи сиёсати давлатии самарабахш имрӯз Олмон, ИМА, Ҷопон дар маҷмӯъ 48 фоизи ҳаҷми ҷаҳонии технологияҳои навтаринро дороанд.

Инноватсияҳое, ки дар технологияҳои нав, маҳсулот ва таҷҳизот, хизматрасонӣ, дар равандҳои нави ташкил ва такмили ихтисоси кадрҳо

инъикос ёфтаанд, рақобатпазирии баланди иқтисодиётро таъмин мекунанд. Ҳар як мамлакат новобаста ба он, ки дар кадом сатҳи рушд қарор дорад, бояд ба ташаккули низоми миллии инноватсионии худ ва ташкили навъи инноватсионии иқтисодиёт, кушиш намояд.

Шартҳои асосии ташкили навъи инноватсионии иқтисодиёт инҳо мебошанд:

  • Баҳисобгирӣ ва дақиқсозии ҷузъу томҳои илмӣ ва илмию техникӣ, корхонаҳо ва соҳаҳои он ба рушди иқтидори илмӣ. Дар ин маврид, баҳодиҳии рақобатпазирии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, дараҷаи технологияҳо мувофиқи мақсад аст;
  • Мавҷуд будани низоми миллии инноватсионии самаранок коркунанда, ки ташкилотҳои давлатию хусусӣ, корхонаҳои бахшҳои илмию технологии иқтисодиётро ҳавасманд месозанд;
  • Муайян намудан ва тасдиқи самтҳои афзалиятноки рушди инноватсионӣ ва технологияҳои барои корхонаҳои мамлакат ниҳоят муҳимбуда;
  • Дар илми иқтисодӣ, шуури оммавӣ ва қонунгузорӣ инъикосу сабт кардани мазмуни нави сармоя. Қисми нисбатан густаришёбандаи он – дороиҳои ғайримоддӣ мебошанд, ки арзиши иҷозатномаҳои (литсензияҳои) патентӣ ва ғайрипатентиро ба объектҳои моликияти зеҳнӣ (ихтироот, намунаҳои саноатӣ, ноу-хау, нишонаҳои молӣ ва фирмавӣ, дастовардҳои тухмипарварӣ, барномаҳои компютерӣ, технологияҳои нақшаҳои интегралӣ, ҳуқуқи муаллифӣ)-ро дар бар мегиранд;
  • Тағйироти куллии сиёсати инноватсионӣ. Тавре ки маълум аст, фаъолияти инноватсионӣ дар мамлакат аз бисёр ҷиҳат аз муҳити сармоягузорӣ вобаста аст ва бинобар ин, сохтори сармоягузориҳоро аз нуқтаи назари иштироки онҳо дар равандҳои инноватсионӣ як бори дигар аз нав дида баромадашуда, сармоягузории венчуриро ривоҷ додан зарур аст;
  • Ба моликони самарабахши ба навоварӣ қодирбуда ва ба он манфиатдошта табдил додани корхонаҳо, ширкатҳо, институтҳои тадқиқотии илмӣ, ҳайатҳои лоиҳакашӣ;
  • Баланд бардоштани самаранокии татбиқи сиёсати инноватсионӣ, дар асоси ташкили шароити мусоиди рушди созмонҳои молиявию қарзии фаъолияти инноватсионӣ, такмилу танзими қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқии фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи илмию-техникӣ, дигаргунсозиҳои институтсионалӣ дар соҳаҳои саноат;
  • Сармояи инсониро, ба соҳаи асосии маблағгузориҳои дарозмӯҳлат табдил додани сармоягузориҳо. Ин усулҳои нави баҳодиҳии суғуртаи таваккал кардан, ҷалби воситаҳои шахсӣ, қарздиҳӣ ба донишҷӯён ва ғайраро талаб мекунад;
  • Ҳамгироии илмию техникии баробар ва мутақобилаи судманд бо шарикони ҳамкориҳои илмию техникӣ ва иқтисодӣ.

Барои Тоҷикистон дар ин давра ниҳоят муҳим аст, ки иқтидори ташкилшудаи илмию техникӣ, ташкилию иқтисодӣ ва зеҳнӣ бояд қобили истифода бошад, ба шароити бозори ҷаҳонӣ мутобиқ гардад ва густариш ёбад. Ҳоло як қатор қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсиб расидаанд, ки рушди фаъолияти инноватсиониро танзим менамоянд. Ба ин қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо дохил мешаванд:

  • «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» (соли 2004);
  • «Дар боари ихтироот» (соли 2004);
  • «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии тополлогияҳои микросхемаҳои интегралӣ» (соли 2006);
  • «Дар бораи нишонаҳои молҳо ва нишонаҳои хизматрасониҳо» (соли 2007);
  • «Дар бораи парки технологӣ» (соли 2010);
  • «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» (16.04. соли 2012);

Инчунин дар қисми сеюми Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2005), фасли «Моликияти зеҳнӣ» ворид карда шудааст.

Ин санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршударо танҳо чун оғози корҳо дар самти ташаккули низоми мақсаднок ва ҳамафарогири қонунгузорӣ баррасӣ кардан мумкин аст, ки заминаи асосии барои руди васеи фаъолияти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (соли1998);
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2002);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмию техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 1999);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008» (соли 2003);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015» (соли 2006);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи таёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» (соли 2008);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» (соли 2008);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» (соли 2009)
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ барои солҳои 2010-2020» (соли 2010);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Номгӯйи самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012» (соли 2010);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015» (Таҳрири нав, соли 2011);
  • қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-20120» (соли 2011).

Дар борамон Mamuriyat Somona

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222