Главная / Илм / АЗ ТАРАФИ АМОРАТИ БУХОРО ЗАПТ ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРҚИ

АЗ ТАРАФИ АМОРАТИ БУХОРО ЗАПТ ШУДАНИ БУХОРОИ ШАРҚИ

Осиёи Миёна ҳамчун кишвари аз сарватҳои зеризамини бой кайҳо боз дивдати мамлакатҳои капиталистиро ба худ чалб намуда буд. Дар навбати аввал барои ба мустамликаи худ табдил додани Осиёи Миёна Россияи подшоҳи ва Англия мубориза мебурданд. Ҳатто султонии Туркия ва шохи Эрон тайёр буданд, ки ягон порча замин аз Осиёи Миёна ба даст оранд. Ин давлатҳо аз солҳои 20-уми асри XIX сар карда, ба корҳои дохилии хонигариҳои Осиёи Миёна фаъолона дахолат мекарданд.
Аз миёнаҳои асри XIX дар бозорҳои Осиёи Миёна молҳои англиси дохил шудан гирифта, то ба танг карда баровардани молҳои Россия аз бозор оварда расонд. Ин тахдиди Англия Росияро мачбур сохт, ки наши забти Осиёи Миёнаро кашад. Шикаст хурдани Россия дар Қрим солҳои 1853-1856 хукумати подшохиро водор месохт, ки забткории Осиёи Миёнаро тезонад. Инчунин, дар ин солҳо Россияи подшохи ба рохи таравдиёти капиталисти дохил шуда, эхтиёчоти зиёд ба ашёи хом дошт. Ин манбаи ашёи хомро Россия дар бозорҳои Осиёи Миёна медид.
Соли 1868 бошад, байни Россияю хонигарии Қуқанд сулхнма баста шуд, ки мувофики он Қӯқанд худро тобеи Россия донист.
23 июли соли 1868 байни Россияи подшоҳи ва Бухоро сулҳ баста шуд. Мувофики шартҳои сулхнома тамоми ноҳияҳои аз тарафи кушуни Россия ишол шуда – Хучанд, Уротеппа, Пачакент, Самарканд, Қаақурғон то Зирабулок дар ихтиёри Россия гузашт.(Литвинов В.М. Через Бухару на Памир. Исторический вестник.- Т.9. -1904.- С. 406). Акнун вай бо давлатҳои хоричи мустакилона муносибат карда наметавонист. Бухоро ба хукумати подшохи 500 ҳазор сум товони чанг дод. Савдогарони рус дар Бухоро озодона савдо кардан ва сохтани дуконҳои савдои ҳукуқ пайдо карданд. Ҳукумати амир вазифадор буд, ки бехатари ва озодона амал кардани намояндагони Россияро химоя кунад.
Баъд аз ба даст даровардани Бухоро қушунҳои рус бар зидди хонигарии Хива ҳучум карда, онро мачбур карданд, ки 12 августи соли 1873 бо Россия сулҳ банданд.
Дар натичаи шартномаҳое, ки солҳои 1868 ва соли 1873 давлатҳои феодалии Осиёи Миёна – хонигарии Куқанд, аморати Бухоро ва хонигарии Хива бо Россия подшоҳи баста буданд, мустамликаи ҳукумати подшоҳии Рус гардиданд.
Ҳукумати подшоҳи барои идора кардани кисмати ишолшудаи Осиёи Миёна дар соли 1867 бо фаро гирифтани вилоятҳои Сирдарё ва Ҳафтруд генерал-губернатории Туркистонро таъсис намуд. Дар сари он генерал-адютант К.П.Кауфман қарор гирифт. Вай ҳақ дошт, ки бо давлатҳои ҳамсоя музокироти дипломати барпо намояд, чанг эълон намояд, сулҳ бандад ва монанди инҳо.
Баъд аз байн бурдани истиқлолияти давлати хонии Қуқанд, 19 феврали соли 1876 хоки давлати хони ба номи вилояти Фарона ба ҳайати кишвари Туркистон дохил карда шуд.
Амири Бухоро Музаффар имконияти худро аз даст дода буд ва дар ҷустуҷӯи ба даст овардани манфиатҳои нав буд. Дар ин лаҳза амир амалиётҳои чангии худро дар қисмати Чануби Шарқии Осиёи Миёна давом медод. «Амир Музаффар дар ин ноҳияҳо қувваи зиёди худро чамъ намуда, дар охири соли 1866 – аввали соли 1867 ба Бойсун ва Деҳнав ҳучум кард. Дар муқобили ӯ дастаҳои ихтиёрии мулкҳои маҳали ниммустақил бо сардории беки Ҳисор қарор гирифта буданд». (Ғафуров Б. Точикон.- С.174).
То истило шуданашон бекигариҳои Бухорои Шарқи худро мулкҳои мустақил ва ниммустақили феодали медонистанд. (Кисляков Н.А. Очерки по истории Каратегина). «Хукумати подшоҳии Россия хост ба амири Бухоро ба тарзи чуброн барои ҳокимияти аз даст додааш истило намудани бекигариҳои Бухорои Шарқи, аз чумла, Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон ёри расонад». (Ғафуров Б. Точикон.- С. 169).
Аз тирамоҳи соли 1868 сар карда амир лашкари
яккачини худро ба ноҳияҳои Чанубу Шарқии Точикситон (Бухорои Шарки) фиристод. Чангҳои аввалин дар атрофии бекигарии Бойсун ба вуҷуд омаданд. Баъди задухӯрд беки Бойсун гурехта, бекигари ба дасти одамони амир гузашт. Дар ин вақт феодалони кисмати Чанубу Шаркии Тоҷикистон бо сардории беки Ҳисори Шодмон, беки Дехнав Абдулкаримдодҳо ва бо ёрии беки Кӯлобу Балҷувон Сарихон кувваҳои худро дар атрофии Ҳисор муттамарказ намуданд. «Табақаи ҳукмрони ноҳияҳои Чанубу Шаркии Тоҷикистон хостанд ҳаракати кушуни амири Бухороро ба маркази ҳокимиятҳои худ роҳ надиҳанд» (Искандаров Б. Из история проникновения капиталистических отношений в экономику дореволюционного Таджикистана. -Душанбе.- 1976.-С.12).
Дар аввал ин бекҳо мақсади ташкил кардани дастаҳои махсусе доштанд, ки аз зиддияти писари амир Музаффар Абдулмалик бо падараш истифода баранд. Абдулмалик аз Ғузор ва Шахрисабзу Қарши кушун гирд оварда, Чирокчи ва Қарширо ба даст овард. Абдулмалик хост ба Бухоро ҳуҷум намуда, амирро сарнагун созад. Вале аз баски хукумати подшохи аз бақои аморат ва дар сари он истодани амир Музаффар манфиатдор буд, хоҳиши ӯ бечуну чаро иҷро шуд. Бо розигии генерал-губернатории Туркистон сардори округи ҳарбии Зарафшон генерал Абрамов бо кушуни худ ба Бухоро омада, ба амир ёри расонид. Ҳамин тарик, Абдулмалик шикаст хӯрда фирор намуд.
Ҳамин тавр, амир писари дуюми худ Абдулмуминтураро беки Қарши таъин намуда, тамоми қушуни худро ба ин ҷо овард, ки сардории онро Якуббек-куибеги ба ӯхда дошт.
«Аз ҳуҷуми кушунҳои амири Бухоро ба ноҳияҳои Чанубу Шаркии Тоҷикистон (ки то он вакт мулкҳои мустакил буданд), табақаи хукмрону бекҳо Абдулмаликро пуштибони намуда, мавқеъи худмуҳофизатиро гирифтанд.
Задурдҳо дар атрофии бекигарии Ҳисор сар шуд. Тупхонаҳои ҳарду тараф ҳам заиф буд. Ҳисориҳо ҳамаги чор туп доштанд, ки 2 тояш чуяни ва 2 тояш миси буд. Дар онҳо аслиҳаҳои оташфишон ба микдори лозими набуд. Бинобар ин, дастаҳо аксар вакт ба ҷанги тан ба тан мегузаштанд. Қушуни Бухоро дар натиҷаи ҳарбу зарби сахт, хусусан, дар мавқеъи Амоксой Ҳисориҳоро акиб нишонда, онҳоро дар калъаи Дехнав ба муҳосира гирифт. Сипас, шабохун зада қалъаро ишгол намуд. Сарбозони Амир ба қатли оммавии даҳшатангез шурӯъ карда, ҳар каси ба дасташон афтодаро нобуд сохтанд.
Ба чанде аз ҳисориҳо ва иттифокчиёни онҳо муяссар гардид, ки ба тарафи Қаротегин, Дарвоз ва Кӯлоб гурехта, чон ба саломат баранд. Азон чумла, худи беки Ҳисор Абдукаримдодхоҳ дар Кӯлоб паноҳ бурд. Аммо беки он чо Сарахони сиёсатмадору маккор ӯро ҳамрохи чанд нафар рафиқонаш дастгир намуда, ба амир Музаффар супорид. Сарахон ният дошт, ки бо ин васила таваҷҷӯҳи ҳукумати Бухороро ба худ чалб намуда ҳукумати беки Кӯлобро дар даст нигоҳ дорад.
Вале ҳаракати сарбозони амир ба тарафи Шарқ ҳамоно давом мекард. Сарахон, ки мулкҳои зиёдеро дар поёноби дарёҳои Кофарнихон ва Вахш соҳиб буд, барои муттахид кардани қабилаҳои ин ноҳияҳо ва бо кувваи онҳо гирифтани пеши роҳи сарбозони амир мекӯшид. Беки нави Дехнав Улуғбек ба кӯмаки ӯ шитофт. Онҳо якчоя дар аввали соли 1869 аҳолии маҳаллиро барои муковимат намудан ба мукобили кушунҳои амири Бухоро даъват карданд». Азбаски Сарахон дар байни мардум бо шиори муборизаи зидди андозҳои чори кардаи амир вазъ мекард, ба зери байраки ӯ ихтиёрони бешумор чамъ омаданд». (Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединение. – С.174)
Амири Бухоро ва наздикони сипоҳиёнаш ба набардҳои нав ҳаматарафа тайёри медиданд. Аз чумла, бо сардории Якуббеккушбеги кушуни махсус ташкил дода шуд. Якуббек бо дастааш аз Сурхандарё гузашта, тамоми сарзамини Ҳисорро ба харобазор табдил дод ва сипас роҳи Балчувону Кӯлобро пеш гирифт. «Ҳар як ҳамлаи сарбозони Бухоро ба ғорати шаҳру деҳот ва қатли мардуми бегунох тамом мешуд. Дар як худи Хисор 5 хазор кас ба қатл расонида шуд. (История Таджикского народа.- С.171).
Ба мақсади комилан аз байн бурдани истиқлолияти ин ноҳияҳо амир Музаффар фармуд, ки ҳоким Абдулкаримро бо тамоми аҳли оилааш нобуд созад. Сарахон бошад, аз ҳукми қатл тарсида, ба воситаи дарёи Аму ба хоки Афонистон гузашт.
Сарони кабила ва ашрофи феодалии мулкҳои забткардаи Бухоро бо одамоне, ки нисбат ба амир садоқат доштанд, иваз карда шуданд. Якуббеккушбеги ҳокими тамоми ин вилоят таъин гардида, мулкҳои Ҳисор ва Кӯлоб тахти каламравии ӯ карор гирифт. Ба Якуббек дар ҳокимият ихтиёроти такрибан номаҳдуд дода шуд. Саидниёзи қипчоқ беки Балчувон ва Начмуддинхоча беки Кӯлоб таъин гардиданд. Ин ҳукмронони нав, корро аз зулму ситам ва ситонидани андозу хирочҳои хонахаробкунанда сар карда, камтарин эътирози мардумро бераҳмона фурӯ
менишониданд.
Аҳволи оммаи меҳнаткаш боз ҳам табоҳ гардид. Аз ин рӯ ба қатлу кушторҳои ваҳшиёна нигоҳ накарда, норизогии аҳолии дар шаҳру деҳот беш аз беш кувват мегирифт, Ки баъзан ба ошубҳои зидди истисмори феодали табдил меёфт.
Амалдороне, ки аз тарафи амир Музаффар ба вазифаҳои баланд таъин мегардиданд, дар андак вакт бо зулму истибдод дар байни мардум норозигиҳо ба вучуд меоварданд. Дар байни мардуми Балчувон, Кӯлоб ва Куронтеппа Сарахони фирори шуҳрати калонеро соҳиб гардида буд. Вай барои ба сари ҳокимият баргаштан ва пеш кардани Бухориён аз Кӯлобу Балчувон лаҳзаи мусоид мекофт. Амир Музаффар Абдукаримро дар Балчувон бек таъин кард. Абдукарим дар Балчувон худсарона ҳаҷми закот ва хирочро зиёд намуд, ки боиси сар задании ошӯб гардид. Зиёда аз 2000 ошӯбгарон калъаи Балчувонро муҳосира намуданд. Абдукарим тарсида ба Ҳисор гурехт. Ошӯбгарон калъаи Бекро ишғол намуда, дохили он гардиданд. Молу мулки бек ва амалдоронро мусодира намуданд. «Абдукарим аз беки Кӯлобу Ҳисор бо воситаи мактуб ёри пурсид, то ки дар пахши ин ошӯб ба вай ёри расонанд. Беки Ҳисору Кӯлоб ба вай як гурӯҳ фиристоданд, ки дар пахши ин шӯриш ба Абдукарим мусоидат намуданд. Баъди задухӯрд як қисми иштироккунандагони шӯриш ба тарафи Дарвоз, ки тобеи ҳеҷ хонигарию аморат набуд, гурехтанд. Қушунҳои Ҳисору Кӯлоб як кисми шӯришгаронро дастгир намуда, ба қатл расониданд. Баъд аз ин Абдукарим ба Балҷувон баргашт». (Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России.- С.53).
Сарбозони амир касеро амон надода, ҳатто аҳолии шаҳру деҳаҳои мукобилат накардаро ҳам несту нобуд мекарданд. Аз мулкҳои истилошуда, бо номи «Амонпули» хироҷ ҳам меситонданд. Маблаги аз ҳад зиёде, ки ба ин роҳ ба даст омада буд, барои афзудани сарвати саркардаҳои феодалии Бухоро сарф гардида, кисми зиёди он ба амир фиристода шуд.
Баъд аз задухӯрд, баҳори соли 1869 бекигариҳои Ҳисору Кӯлоб ва водии Вахш аз тарафи кушуни амири Бухоро бо сардории Якуббек-Кушбеги шикаст хӯрданд, ки дар ин кор саҳми ҳукумати подшоҳии рус низ буд. Дар охири соли 1869 аморати Бухоро мавқеъи худро дар кисмати бекигариҳои ҳамвор – Ҳисор, Кӯлобу Балҷувон мустаҳкам намуд.
Хабари забт намудани ноҳияҳои Чанубу Шаркии Тоҷикистон аз тарафи амири Бухоро ба Хива расид. Дар моҳи январи соли 1870 сафири Бухоро ба Хива омад.
Дар айни ҳол аморати Бухоро амалиёти истилокоронаи худро дар кисмати Чанубу Шаркии Осиёи Миёна идома медод. Акнун навбати зарба задан ба Дарвозу Қаротегин расида буд. Ин мулкҳо дар ин вакт тахти нуфузи давлати хонии Қуқанд воқеъ гардида буданд.
«Раҳимшо аз задухӯрдҳои дохили истифода бурда, ҳокимияти Қаротегинро ба даст гирифт ва бо нияти устувор гардонидани мавқеъи худ хар гоҳ тобеъияти худро ба аморати Бухоро эътироф менамуд». (Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России. -С.173).
Ин ҳолат боиси ба вуҷуд омадани боз як ихтилофи байни Бухорову Қуқанд гардид. Ҳарчанд ҳукумати он вактаи Қуқанд Худоёрхонро амири Бухоро Музаффархон ба тахт шинонда буд, муносибати ин ду давлати Осиёи Миёна беш аз пеш тезу тунд шуда, ошкоро ранги душманона мегирифт. Дар сархади Қаротегин задухӯрдхои сахт ба амал омад, ки дар он кувваҳои аморати Бухоро ва давлати хонии Қуқанд иштирок намуданд.
Бо вучуди ин, вазъият назар ба 10-15 соли пеш то як андоза дигар гардида буд. Пештар чангҳои байни Бухорову Қуқанд солҳои дароз давом мекард. Аммо дар солҳои 60-ум ва ибтидои соли 70-уми асри XIX дар Осиёи Миёна Россияи подшохи сохибихтиёр гардида, Бухорову Қуқанд, ба валади ӯ табдил ёфта буданд. Ҳар як чангу чидоли байни аморат ва давлати хони ба эътибори империяи Россия зарар мерасонид. Илова бар ин, доираҳои хукмрони Петербург ва Тошкент, ки Туркистонро ба тасарруфи худ дароварда буданд, ба инкишофи робитаҳои тичоративу иктисодии байни вилоятҳои хонии ин сарзамин аз рӯи манфиати худ таваҷҷӯҳ зохир менамуд. Ба ин ваҷҳ соли 1870 генерал-губернатори Туркистон Кауфман ба амир мурочиат намуд, ки аз чанги зидди хонии Қуқанд даст кашад.
Соли 1875 хони Қуқанд бо фармони генерал-губернатори Туркистон аз Қаротегин даст кашид. Вазъият як муддат ба ороми рӯ овард. Ҳокими Қаротегин Саид Муҳаммадиншо ҳаракат мекард, ки истиқлолияти мулки худро таъмин намояд, вале ин майли ӯ мавриди писанди маъмурияти Туркистон карор нагирифт.
Ҳукумати подшохи бо мақсади мустахкам кардани мавқеъи худ дар маҳалҳои рохи Помир ва аз чиҳати маънавию сиёси таъсир расонидан ба ҳокими Қаротегин ба води Олой экспедитсия фиристод. Дар охири июл ва августи соли 1876 генерал Скобелев, ки нахустин губернатори ҳарбии Фаргона таъин шуда буд, бо як дастаи калон, ки ба ҳайати он ҳарбиён, донишмандони чуғрофия, табиатшиноси ва нучум (Л.Ф.Костенко, В.Ф.Ошанин, А.Р.Банидора ва диграрон) дохил мешуданд, ба самти кухдоманҳои Помир раҳсипор гардиданд. (Ғафуров Б. Точикон.- С. 175).
Ин экспедитсия мебоист таҳқиқ мекард, ки
хукумати подшохи идомадихандаи хаки хонии Қуқанд ба ноҳияҳои кухитони Помир мебошад. Ғайр аз ин, вай ба ҳокими ниммустакили мулки феодалии Қаротегин Саид Муҳаммадиншо бояд хотирнишон менамуд, ки қаламрави ӯ барои аскарони Россия комилан дастрас аст. «Дере нагузашта Саид Муҳаммадиншо барои «гарданкаши» аз ҳокимият маҳрум гардид ва ба чои ӯ Раҳимшо, ки то ин вақт дар Бухоро мезист таъин шуд. Дар нимаи дуюми солҳои 70- ум амири Бухоро ба тарафи Қаротегин кушунҳои худро фиристод». (Ғафуров Б. Точикон.- С.175). Амир Музаффар баъди муваффакиятҳои чанги дар бекигариҳои Деҳнав, Ҳисор, Кӯлоб, тирамоҳи соли 1877 тахти сарварии Худойназар – додхоҳ ба тарафи Қаротегин ҳучум овард. Дар натича Қаротегинро (соли 1877) пурра тобеи худ гардониданд. (Кисляков Н.А. Очерки по истории Каротегина.-1941.- С.151). Раҳимхон бо фиреб дар Бухоро кушта шуд, ба чои вай Худойназар Атолик беки Қаротегин таъин карда мешавад.
Ҳамин тариқ Каротегинро ба катори мулкҳои худ дохил намуда, барои забт намудани Дарвоз тайёри медид. Агар мулкхои кӯҳистони Помири Ғарбиро ба назар нагирем, Дарвоз охирин мулки соҳили рости дарёи Панч, ба шумор мерафт.
Бо супориши генерал-губернатори Туркистон ба Дарвоз кувваи ҳарби равон карда шуд. Вале ба тези забт кардани Дарвоз хом баромад.
«Амир Музаффар бо ҳиллаю найранг шоҳи Дарвоз Сирочиддинро барои мулоқот ба Шаҳрисабз оварда, ӯро фавран ба ҳабс гирифт» (Искандаров Б.И. Из истории проникновения капиталистических отношений…-Душанбе, 1976.- С.13).
Вале ин хиёнат иродаи мардуми Дарвозро шикастан натавонист. Онҳо ба муқобили истилогарон мардонавор чангида, аввал як дастаи начандон калон ва баъд кушуни якунимҳазораро бо сардории Худойназар додхоҳ торумор намуданд. Дар ин чанг Худойназар додхоҳ ва чанде аз саркардаҳои ӯ ярадор шуданд. Қисми зиёди аскарони фиристодаи амир нобуд гардиданд.
Муковимати каҳрамононаи мардуми Дарвоз ҳамаи ноҳияҳои аз тарафи аморати Бухоро истилошудаи Чанубу Шарқии Осиёи Миёнаро ба чунбиш овард. Амир Музаффар бо мақсади пешгири намудани шуришҳои умуми фавран дар ибтидои соли 1878 ба ин маҳалҳо аскарони зиёд фиристода, худи амир шахсан ба он сардори мекард. Ин қувваи аскари дар навоиҳои Кӯлоб, Балчувон ва Қаротегин чой гирифта, як дастаи сершумор ба қалъаи Ғарм фиристода шуд, то ки бо расидани баҳор ва аз барф тоза шудани ағбаҳо ба Дарвоз ҳамла намояд.
Барои истило намудани Дарвоз аз аморат бо сардории Муллодавлатдодхоҳ қувваи зиёди ҳарби фиристода шуд, ки он ба қувваҳои Худойназар – додхоҳ муттаҳид карда шуд. Баҳори соли 1879 ҳучум ба Дарвоз сар шуд.
Худойназар -додхоо аз рӯи нақша амал намуда, мудофиакунандагони Дарвозро ба ақибнишини мачбур сохт ва қалъаи хеле мустаҳками Кафтархонаро ба муҳосира гирифт. Бухориҳо дар чангҳои сахт талафоти зиёде дода, ниҳоят Кафтархонаро ишғол намуданд ва пас аз он ба қарияи асосии Дарвоз Қалъаи – хумб ва водии Ванч, равона шуда, он чойҳоро ҳам забт намуданд. Муқобилияти дарвозиҳоро барҳам зада, миригарии Дарвозро шикаст дода, муборизаи асорат нописандонаи мардуми ин диёр бо ҳамин қатъ нагардид. Ба сарлашкарон ва сарбозони амир барои фурӯ нишондани муқовимати сокинони баъзе маҳаллаҳои Дарвоз боз чидду чаҳд ва заҳмату ранчи зиёде лозим шуд.
Ба Худойназар – додхоҳ муяссар нагардид, ки роҳбарони воқеаҳои Дарвоз писарон ва бародарони Сирочиддинро дастгир намоянд. Онҳо бо ҳамроҳии наздиконашон, ки қариб 100 нафарро ташкил медоданд, ба воситаи Шнон ба води Фарғона ба Уч-Кургон гурехтанд.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аҳолии води Ванч, ба муқобили истилогарон бебокона мубориза мебурданд. Онҳо дар қалъаи дастнораси Рошорв ба камин нишаста, ба душман зарбаҳои сахт мерасониданд. Фақат, пас аз он ки озуқа ва муҳимоти қалъанишинон ба охир расид ва хиёнати саркардаҳои феодали ба таслимшави қарор доданд. Рошорв дарвозаи худро ба бухориҳо боз кард. Аксари чанговарону муҳофизатчиёни кӯхистон ба таслим сар нафароварда, бо рохдои ба сохили чапи дарёи Панч, ба Афнистон гузаштанд. Сарбозони амир ҳам бо нияти дастгир кардани онҳо ба он сӯи дарё гузашта дар канори чанубии он мавқеъ гирифтанд. Ба ин сабаб он маҳалҳое, ки сарбозони амир дар он сӯи дарё қарор гирифта буданд, «Дарвози паси Панч» номида шуд.
«Хукумати амири муқовимати дарвозиҳоро тамоман бартараф карда, заминҳои онҳоро ба каламрави худ давровард ва Рахмонбеккулро ҳоким таъин кард. Табиати озодихохи ва истиклолталаби аҳолии маҳаллиро ба эътибор гирифта, дар ихтиёри ҳоким дастаи сершумори сарбозон, ки шумораи онҳо ба 1300-1500 мерасид гузошта мешуд». (Искандаров Б.И. Восточная Бухара и Памир в период присоединения Средней Азии к России. – С. 174).
Ин сарзамини ишголкардаи аморат, ки акнун номи «Бухорои Шарқи»-ро гирифт, дар давоми чангҳои истилокорона чунон зарар дид, ки то дер гоҳ ба худ омада натавонист.
Чунин манзараи хузнангезро дар бисёр шахру деҳаҳо дидан мумкин буд. Шахру деҳаҳое, ки баъди чангу чидолҳо солим монда буданд ва усули фалокатбори идораи хукумати феодалии аморати Бухоро ба таназзул рӯ оварда, ҳамрохи сокинонаш курбони ҳамлаҳои харобкоронаи ҳокимони харису вичдонфурӯш ва торочгариҳои амалдорону чамъкунандагони хироч, гардиданд.
Баъди истилои ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон тамоми вазнинии сохти давлатдории кӯҳнаи аморат ба дӯши мардуми қашшоку камбаали кӯхистони Қаротегину Дарвоз, умуман Бухорои Шарки афтид.
Хулоса, Бухорои Шарқи аз чиҳати омодаги ба муқовимат, вахдат ва таҷхизоти модди ҳанӯз ба дарачаи лозима кувват накарда буданд. Феодалону намояндагони табақаи болои бошад, мисли одати ҳамешагии худ, барои нигоҳ доштани мавқеи имтиёзнокашон дар айни сахтии мубориза ба тарафи истилогарон гузашта, ба кори умум хиёнат мекарданд. Ғаразҳои синфии онҳо нисбат ба эҳсосоти миллию ватандӯстиашон кавитар буд. Ҳукуматдорони амир ин заифии бекҳоро истифода бурда, онҳоро ба тарафи худ моил сохтанд. Ҳамчунин тарафдори ва дастгирие, ки аморати Бухоро аз империяи Россия медид, дар баробари истилокорихои он, аз аҳамият холи набуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222