Главная / Илм / АЗ ТАРАФИ РОССИЯИ ПОДШОҲИ МУСТАМЛИКА ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҲАЁТИ ҶАМЪИЯИСИЕСИ.

АЗ ТАРАФИ РОССИЯИ ПОДШОҲИ МУСТАМЛИКА ШУДАНИ ОСИЁИ МИЁНА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҲАЁТИ ҶАМЪИЯИСИЕСИ.

Вазъияти ичтимои – иқтисодии давлатҳо ва бекигариҳои Осиёи Миёна дар арафаи истилои Россия дар боби гузашта шарҳ дода шуд. Ҳукумати Россия кӯшиш менамуд, ки бо роҳи дипломати ва муносибатҳои иктисоди мавқеи худро дар Осиёи Миёна мустаҳкам намоянд.
Кӯшишҳои Британия дар роҳи вусъат додани тичорат ва мустаҳкам намудани мавқеи сиёсию ҳарбии худ дар Осиёи Миёна, Россияи подшоҳиро ба ташвиш оваранд.
Бинобар ин, ҳукумати подшохи, дар баробари инкишофи муносибатҳои иқтисоди – тичорати бо Осиёи Миёна, икдоми ҳарбиро пеш гирифт.
Соли 1847 кушуни ҳукумати Россияи подшоҳи ба соҳилҳои баҳри Арал расид. Дар ин ҳо истехк ми Раим (калъаи Арал) бино карда шуд. Сохтмони истеҳкомҳо ҳаракати бемонеаи корвонҳои тичоратиро ба дохили Осиёи Миёна таъмин карда метавонист. Дар як вакт дастаи дигари ҳарбии ҳук умати подшоҳи аз чониби Сибир ба Осиёи Миёна ҳаракат карда, ба Ҳафтруд расид. Бо ин Россияи подшоҳи аз ду тараф аз Оренбург ва Омск ба давлати хонии Қуқанд рӯ ба рӯ шуд.
Соли 1853 кувваҳои ҳарбии рус таҳти фамондеҳии генерал -губернатори Оренбург В. А. Петровски калъаи Окмачит (Қизил Урда) – ро ишол карданд. Ин дар сиёсати забткории Россия, марҳилаи навро кушод.
Аз ин давра роҳи обии Россия ба Осиёи Миёна кушода шуд. Киштиҳои рус аз баҳри Арал ба саргаҳи дарёҳои Аму ва Сир шино мекарданд.
Россияи подшоҳи, дар баробари бо роҳи ҳарби ба тасарруфи худ даровардани Осиёи Миёна, воситаҳои дипломатиро низ васеъ истифода мебурд. Бо ин васила ба Бухоро ва Қуқанд ворид гаштани молҳои рус истифода бурда мешуд. Соли 1858 ба Бухоро ва Хева бо сардории полковник Н.П. Игнатьев намояндагии дипломатии рус фиристода шуд. Гуфтушунид ба хони Хева ягон натича надод. Дар Бухоро дипломатҳои рус ба баъзе муваффакиятҳо ноил гаштанд. Амири Бухоро Насрулло намояндагии русро хуш истиқбол гирифта, ба савдогарони рус додани баъзе имтиёзҳоро ваъда дод. Бо ин мақсад мехост, ки дар мубориза ба муқобили хони Қуқанд Россия аз ӯ пуштибони кунад. Аммо амали гашатани ин созишнома бо баъзе сабабҳо душвор гардид. Россия ба хулоса омад, ки барои амали гаштани мақсадҳои сиёси ва иктисодии худ дар Осиёи Миёна воситаи ҳарбиро пеш гирад.
Барои аз тарафи Россия истило шудани Осиёи Миёна якчанд сабаб мавчуд буданд. Осиёи Миёна кайҳо боз дивдати мамлакатҳои хоричиро ба худ кашида буд. Дар навбати аввал Россия ва Англия барои Осиёи Миёна байни худ мубориза мебурданд. Барои ишғол кардани Осиёи Миёна султони Туркия ва шоҳи Эрон низ кишҳои зиёд мекарданд. Онҳо ба Осиёи Миёна чосусони худро фиристода ба манфиати Англия ва зарари Россия ташвиқот мебурданд. Ҳамзамон Туркия ва Эрон дар Осиёи Миёна сиёсати пантурки ва панисломи мебурданд. Таҳдиди аз тарафи Англия мустамлика кардани Осиёи Миёна Россияро мачбур кард, ки истилои хонигариҳои Осиёи Миёнаро тезонад. Дар бораи сиёсати мустамликавиро пеш гирифтани Англия дар Осиёи Миёна сафири Россия Игнатев дар Констонтинопол борҳо бо империяи рус хабар дода буд. (История таджикского народа.- T.II.- кн. 2.- С.132).
Амалиёти фаъолонаи давлати рус (бо роҳи ҳарби) дар Осиёи Миёна на фақат хавфи аз тарафи Англия истило шудани Осиёи Миёнаро бартараф мекард, балки баръакс Россияиро ба ҳудуди мулкҳои Шаркии Британия наздиктар менамуд. Аз инчо чунин хулоса мебарояд, ки сабаби аввали аз тарафи Россия истило шудани Осиёи Миёна омили беруна буд.
Сабаби дигаре, ки ба омили беруна вобаста буд, шикаст хӯрдани Россия дар чанги Крим (1853-1856) ба ҳисоб меравад. Россия дар чанги Крим шикаст хурда, мавқеи пештараи байналхалкии худро аз даст дод. Барои барқарор кардани мавқеи пештара ба Россия лозим буд, ки чанги алабаоварро сар кунад. Лекин барои чанги калон Россияи подшохи на маблаг дошту на кувваи кофии ҳарби. Давлатҳои Осиёи Миёна аз чиҳати сиёси суст буданд ва доираҳои хукмрони Россия бовари доштанд, ки хонигариҳои Осиёи Миёнаро ба осони тасарруф карда метавонанд.
Соли 1861 дар Россия хукуки крепоснои бекор карда шуд. Ин ислоҳот барои таракиёти капитализм рохи васеъ кушод. Муносибатҳои капиталисти бе бозори савдои ва манбаи ашёи хом тараққи карда наметавонист. Осиёи Миёна ба ин талаботҳои Россия баъд аз ислоҳот пурра чавоб дода метавонист. Дар як вақт мутлакият умед дошт, ки ба чойҳои нав дехқононеро, ки аз сиёсати давлат норози буданд, муҳочир намуда, зиддияти дохилиро бартараф намоянд. Чунин буданд омилҳои сиёси ва иқтисодии истилои Россия дар Осиёи Миёна. Бояд қайд намуд, ки дар сиёсати мустамликавии Россия дар Осиёи Миёна омилҳои иктисоди бартари доштанд. Зеро ин сиёсат манфиатҳои помешикон, капиталистон ва доираҳои мансабдорони калони харбиро дар назар дошт.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222