амазон моҳи нузули Куръон, моҳи кушода шудани дарҳои
раҳмати Худованд ва моҳи оози нузули ваҳй ба ҳазрати
Муҳаммад (с) – паёмбари бузурги Ислом мебошад. Дар ин
моҳ фариштаи ваҳй – Чабраили амин (ъ) ба расонидани каломи зоти
азалии Худованд ба замин амр шуд ва дасти навозиши у ба кумаки
бандагонаш дароз гардид.
Он моҳи Рамазоне, ки нузули Куръони карим дар он ооз гардид,
нуктаи таҳаввуле дар сарнавишти башарият ба шумор меравад. Ойи-
ни нав зиндагонии дуборае барои инсон ба армуон оварда, нидои ма-
лакутии Қуръон дар замири инсоният рӯҳи тозае дамид ва онро барои
ҳамеша ба роҳи саодату хушбахти фаро хонд. Худованд мефармояд:
«Мохи Рамазон мохест, ки дар он барои ҳидояти мардум ва нишона-
хои рохи рост ва ҷудосозанда (-и хақ аз ботил) Қуръон фиристода шуд».
Пас дар ин моҳ дарҳои раҳмати Худованд ба рӯи инсоният кушо-
да гардида ва баракоти бепоёни у бар вай фуруд омадааст ва он шабе,
ки нузули Куръон дар он сурат гирифта, аз сӯи Худованд шаби Қадр
ба маънои шаби боарзиш ва дорои ҷойгохи хосе номида шудааст.
«Мо он (Қуръон)-р٠, бе шак, дар шаби «Қадр» нозил намудем».
Илова бар ин, Худованд барои афзудани баракоти ин моҳ рузаи
онро бар муъминон фарз гардонида, онро бар дигар моҳҳо бартари
бахшидааст ва онро барои бандагонаш ба ид ва зиёфате табдил дода-
аст. Дарҳои биҳиштро дар он моҳ кушуда, даромадгоҳҳои дузахро (ба
бузургдошти он) фуру баста ва шайтонҳоро дар занчир афкандааст,
(то зиёфати Уро бар бандагонаш табоҳ насозанд).
Расули Худо (с) рузе дар арафаи моҳи Рамазон фармуд: «Рамазон,
ин баракат бар шумо фаро расиб, мюх؛»؛, ки Худованд Ш1)?М1О1>О бар
он дар зери пушиши навозишуои Худ қарор медиуад: Рауматашро бар
шумо фуруд меоварад, гуноуонатонро фуру мерезад ва дуъоятонро ицо-
бат менамояд. Ба ва рақобатҳои хайри шумо дар И1Н м1ОҲ на-
зар меафканад ва бо шумо дар миёни фариштагонаш ифтихор менамо-
яд. Пас аз худ хайру некиро ба Худованд нишон диуед. Бадбахти вокуй
ҳамон касест, ки дар моҳ аз раҳмати Худованди азза ва чалгл маҳрум
гардад».
Пас бояд бандаи муъмин ба истикболи ин моҳи муборак пешакй
омода гардад, то аз ин хони раҳмат ва моидаи густардаи Худованд
ҳарчи беҳтару бештар истифода намояд. Одамон барои истикболи
чашнҳои бузург ва муносибатҳои хос муддатҳо кабл ва дар сатҳҳои
гуногун омодагй мебинанд. Вале барои бандаи муъмин кадом муноси-
бат ва чашне бузургтар аз меҳмонии Худованд дар моҳи Рамазон ме-
бошад, моҳе, ки бо он ҳама баракот ва азамати худ нуктаи таҳаввуле
дар сарнавишти башарият ва сароғози зиндагонии нави инсон гардид?.
Бандаи муъмин дар ин моҳ ба истикболи нуру баракат меравад.
Вай дар ин суфраи илоҳй накҳати маонии Куръонро мебуяд ва аз таро-
вати неъматҳо ва баракоти он домани маънавиёташро пур менамояд.
Мусалмонони садри Ислом азамати фаризаҳои илоҳй ва он хайру
баракатеро, ки Худо дар онҳо ниҳодааст, хуб дарк мекарданд ва изза-ту шараф ва сарбаландии худро дар сояи анчоми онҳо медиданд. Би-
нобар ин, вакте ба сӯи амре фаро хонда мешуданд, дилҳояшон аз шав-
ки бандаги ба вачд меомад ва агар бо сабабе имкони иштирок дар он-
ро намеёфтанд, ашки ҳасрат мерехтанд. Ривоят шудааст, ки боре гуру-
ҳе аз мусалмонон, ки василаи савори ва имконоти иштирок дар ғазва-
еро наёфтанд ва Расули Худо (с) низ натавонист онҳоро мучаҳҳаз на-
мояд, аз назди он Ҳазрат (с) бо дили пур аз ҳасрат ва дидаи гирён бар-
гаштанд. Куръони карим руҳиёти баланд, дарки шукӯҳи аҳкоми Ис-
лом аз сӯи онҳо ва он ҳолати андуҳбореро, ки онҳоро ба сабаби адами
имкони ширкат дар ғазо фаро гирифта буд, чунин баён медорад: «…
гуфти: Чизе, ки шуморо бар он хамл намоям, намеёбам, дар холе (аз
назди ту) баргаштанд, ки чашмонашон дар ғами ин ки чизе барои ин-
фоқ (дар рохи ширкат дар ғазо) наёфтаанд, аз ашк пур гашта буд».
Ин ғаму андӯҳ онҳоро барои наёфтани имкони ширкат дар ғазо
фаро гирифта буд, пас руҳиёти баланд ва шавку шуре, ки онҳоро ба-
рои истикболи моҳи Рамазон ва ё ибодатҳои дигар фаро мегирифт,
васфнопазир аст. Онҳо аз моҳи рачаб барои истикболи моҳи Рамазон
омодаги медиданд. Ривоят шудааст, ки вакте моҳи рачаб фаро мера-
сид, Расули Худо (с) дуъо мекард: «Худоё, барои мо дар моҳи рацаб ва
Ҳамчунин ривоят шудааст, ки мусалмонон моҳи Рамазонро бо ор-
зуҳои нек ва ин дуъо пешвоз мегирифтанд: «Бор Худоё, инак моҳи Ра-
мазон бар сари мо соя афкандааст, пас онро барои мо ва моро барои он
саомат бидор, рӯзаву қиёми 0Н1р)0 бароюн рӯзӣ бггрдон ва ба мо дар
0 фармо ва моро дар
он аз фитнаҳо эмин бидор!».10 Ҳатто Расули Худо (с) дар моҳи шаъбон
барои омодаги ба моҳи Рамазон аз дигар моҳҳо бештар руза медошт.
Рости, Куръони карим дар даврони мадании даъват, ки ба давро-
ни рехтани пояҳои аҳкоми Ислом ва муайян гардидани фарзҳо ва
рукнҳои он шинохта шудааст, мардуми мусалмонро бештар бо садои
дилнишин ва бонавозиши: «Ё айюха-л-лазина оманӯ» (Эй бандагони
мӯъмин, Эй мардуми имондор ва Эй касоне, ки имон овардаед) хитоб
менамояд. Ин шеваи хитоб баёнгари он аст, ки мусалмонони мавриди
назар дар он лаҳзаҳо аз лиҳози маърифатнокии дини, огоҳиҳои имони
ва шинохти арзишҳои исломи ба сатҳи баланди фикри ва эътикодй ра-
сида ва шоистагии ин нидои бонавозиши Худовандро дар худ пайдо
карда буданд.
Вакте Худованд онҳоро бо садои ошнои: «Эй касоне, ки имон
овардаед» нидо менамояд, муъминони огоху фахмидаеро мавриди хи-
тоб карор медиҳад, муъминоне, ки аз ҳар лиҳоз омодаи кабули фарму-
даҳои у пас аз нидо мебошанд. Ин нидо дар зимн маънои «Эй банда-
гони бомаърифат ва огох,»-ро низ дорад. Ин садои малакутии Худо-
ванд барои онҳо маънус ва ба дилҳояшон наздик буд. Онҳо ниҳояти
лутфи илохиро дар ин садои дилнавоз эҳсос мекарданд, ки Худованд
аз миёни доираи офариниш онҳоро баргузидааст.
Дигар ин нидои он давроне нт ки ба мардум рохи худошиноси
ва нишонаҳои кудрат ва хикмати Уро биомузад, ғуборҳои рӯи фитра-
ти инсонро бизудояд ва ба афкори вай бедори бахшад. Хитоби он дав-
раҳо бештар бо «Ё айюхан носу» (Эй мардум) оғоз мешуд. Ин яке аз
чанбаҳои эъҷози баёни Куръон аст, ки шеваи гуфтораш мутаносибан
сатҳҳои гуногуни рушди эътикодй ва иҷтимоии мардумро бо расота-
рин калимот баён менамояд.
Қуръон дар оғози ояти фарзияти руза мусалмононро бо садои
дилнишини: «Эй бандагони мӯъмин» ва «Эй касоне, ки имон овардаед»
хитоб намудааст, ки он баёнгари омодагии ҳамаҷонибаи мусалмоно-
ни садри Ислом барои кабули фаризаи руза ва истикболи мохи мубо-
раки Рамазон мебошад. Сатхи баланди омодагии равонй ва нузҷ (ра-
сиш)-и маърифатҳои динй дар ҳаёти мусалмонони он рузгор дар ифо-
даҳои оятҳое, ки дар бораи фаризаи руза ва таҳаввулоти такомулии
зина ба зинаи мусалмонон сухан мегуянд, ба хубй мушохида мегардад.
Бинобар ин, мусалмонон бояд бо пайравй аз гузаштагони неки ин ум-
мат худ ва хонаводаи хешро барои истиқболи ҳамаҷонибаи мохи му-
бораки Рамазон пешакй омода созанд ва кӯшиш намоянд, ки аз бара-
коти бепоёни Худованд дар ин мох, ҳарчи бештар бахраманд гарданд.