Дар Точикистон аз рӯзҳои аввали чанг тамоми фаъолияти идораю муассисаҳои давлати-хочаги ба мақсади конеъ гардонидани талаботи чанг мувофиқ гардонда шуд. Мардум дар шаҳру навоҳиҳои ҷумҳури ба гирдиҳамои чамъ шуда, барои ба мудофиаи Ватан тайёр будани худро изҳор менамуданд.
Дар чумҳури ба фонди мудофиаи маблагчамъкуни сар шуд. То моҳи декабри соли 1941 ба фонди мудофиа 2320 нимпусти, 1274 -камзули муина, 4114 дастпушакҳои гарм, 7600 чуфт либоси таҳ, 5715 ҳазор телпаки гарм ва ҳазорҳо тонна маҳсулотҳо ва ашёи хом чамъ карда ба давлат супориданд. (Рахимов С.А. Точикистон дар солҳои чанг.- Душанбе.- 2005. – С.17).
Сокинони чумҳури барои сохтмони калонаи танкҳои «колхозчи Точикистон» 84-млн, эскадрилияи тайёраҳои чангии «Точикистони Шурави» 32,5 млн.сӯм ба фонди мудофиа 120 млн. сӯми накд супорида ба микдори 584 млн. сӯм ба заёмҳои давлати обуна шуданд. То 20 октябри соли 1942 аз Точикистон ба чанговарони фронт 108 вагон ба микдори 963342 кг маводҳои гуногуни хӯрока фиристода шуд. (Рахимов С.А. Асари номбаршуда.- С.18-19).
Дар солҳои чанг Точикистон чандин ҳазор оилаҳоро аз районҳои мувавдатан аз тарафи душман ишғол кардаи районҳои Ғарби кабул кард. Чандин муассисаҳои саноати ба Точикистон кӯчонда шуданд. Масалан Точикистон 119856 оилаҳо аскарон ва афсарон, асбобу анчоми 30 корхонаҳои саноатиро қабул карда буд.
Мувофики карори Комитети мудофиаи мамлакат барои сохтмони корхонаҳои саноати мудофиави дар акибгоҳ 51360 сокинони чумхури ба сифати баталионҳои коргари сафарбар карда шуданд.
Ба душвории солхои чанг нигоҳ накарда сохтмони саноат бо суръат идома ёфт. Аз 1-июли 1941 то 1 январи соли 1946 дар Точикистон зиёда аз 20 корхонаҳои саноати сохта шуданд. Масалан заводи семент, таъмири автомобил, заводи электромеханики, навбати аввали комбинати бофандагии ш. Душанбе, фабрикаи ресандагии ш.Душанбе, фабрикаи ресандаги дар Конибодом, заводи ширу равған дар Душанбе ва Ленинобод дар ин давра ба истифода дода шуданд.
Дар солҳои чанг хочагии кишлок ба душвории зиёд дучор гардид. Азбаски як кисми нохияҳои аллакори мамлакат аз тарафи душман ишол карда шуданд, вазнинии бо озуқа таъмин намудани кушун ва аҳоли ба зиммаи ноҳияҳои шаркии мамлакат, аз ҷумла Точикистон афтод. Истеҳсоли зироатҳои ғалладонаро зиёд, майдони кишт, махсусан зироатҳои полезиро васеъ намудан лозим омад.
Дехдонони точик тамоми ин душвориҳоро паси сар карда дар таъмин намудани аҳоли ва кушун бо маҳсулоти хочагии қишлоқ саҳми калон бозиданд. Ба чои мардҳои ба фронт рафта дар саҳро занон ва кӯдакон меҳнат мекарданд.
Ҳазорон нафар занон ва наврасон касби кишоварзиро аз худ намуданд.
Дар натичаи диловари зиёда аз 7 ҳазор пешқадамони хочагии кишоварзии чумҳури бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлати сарфароз гардонида шуданд. Муассисаҳои мадани-равшаннамоии чумҳури сарфи назар аз мушкилиҳои солҳои чанг кори худро ба талаботҳои давраи чанг мутобиқ намуда, дар ғалаба аз болои фашизм саҳми калон гузоштанд.
Дар солҳои чанг ба Точикистон беш аз 10-омӯзишгоҳ ва мактабҳои махсус ва 546-нафар ходимони соҳаи санъат оварда шуданд. Ин мутахассисони соҳаҳои гуногун дар пешрафти илм, маданият ва маорифи чумҳури саҳми босазо гузоштанд.
Дар солҳои чанг дар теари давлати академии ба номи Лоҳути песаи «Ба ч,анг»-и ЁЕубчонов, «Дили модар» ва «Хонаи Нодир»-и Ч.Икроми, «Дар оташ»-и С.Улугзода ва ғайра намоиш дода мешуд.
Ҳунарпешагони Точикистон ба фронтҳо рафта ба чанговарони Сурх номоишномаҳо нишон медоданд. Кормандони санъати чумҳури танҳо дар соли 1941 дар назди чанговарон 760 маротиба намоиши консерти ташкил карданд. Дар ин солҳо бастакорони точик З.Шоҳиди, Ш.Бобокалонов, А.Камолов, Ф.Солиев дар инкишофи санъати театрии опера ва балет ҳиссаи сазовор гузоштанд.
Дар солҳои чанг фаъолияти киноматографияи точик ба эчоди корнамоии меҳнати ва каҳрамонии чанги равона карда шуда буд. Филмҳои бадеии эчодшуда ба монанди «Писари Точикистон», «Қасами Темур», «Точикистон» корнамоии чанговарони точикро дар ҳарбу зарбҳои шадиди зидди душман тараннум мекард. Ин филмномаҳо дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии чанговарон накши калон бозиданд.
Дар солҳои ҷанг адибони тоҷик дар бедор намудани ҳиссиёти бадбинии омма нисбати душмани ғаддор саҳми калон гузоштанд. Онҳо тамоми истеъдоди хешро ба мавзӯҳои мудофиаи Ватан бахшиданд.
С.Айни дар мақолаҳои публисистии худ «Чингизи асри ХХ», «Деви ҳафтсар», «Хари бедум» образҳои афсонаҳои қадимаро истифода бурда, симои ваҳшиёнаи сарварони фашисти Гитлер ва Мусолиниро ба таври ҳақики дарёфт намуда, мубориза бар зидди онҳоро падидаи адолатнок медонист. Дар асарҳои бадеи-тахърихи «Қаҳрамони халки точик Темурмалик», «Исёни Муканнаъ», «Шеърҳои Масква» ва «Ленингради каҳрамон» ояҳои муҳаббати бепоён ба Ватан, дӯстии байни халкҳоро тараннум намуд.
С.Айни дар мақолаҳои публистии худ касонеро, ки ба мардум зарар мерасонданд нобуд сохта, фашистонро беинсоф, одамкуш, аддор меномад, ки ҳатто ба тифлакон ва пирони барчомонда ҳам раҳму шафқат надоштанд.
Эчодиёти М. Турсунзода, А.Раҳими ва дигарон низ ба мавзӯи ҳимояи Ватан бахшида шуда буд. Дар баробари ин бисёр адибони точик дар як вакт ҳам бо ярок ва ҳам бо қалам ба мукобили душман мечангиданд, ки кисме аз онҳо дар чанг чонашонро нисор карданд. Ҳ.Юсуфи, С.Улугзода, Ф.Ниёзи, Б.Раҳимзода, Л.Бузургзода ва даҳо нафари дигарон аз кабили онҳо буданд. Дар солҳои чанг ба душвории замон нигоҳ накарда ба инкишофи илм дар Точикистон дивдати зиёд дода мешуд. Яке аз зуҳуроти амхори нисбати илм дар соли 1941 ташкил ёфтани филиали Тикистонии Академияи илмҳои ИЧШС мебошад. Дар системаи филиал 5-нафар докторон ва 22-нафар номзадҳои илм кор мекарданд. Дар солҳои чанг 16-рисолаи доктори 32-рисолаи номзади дифоъ карда шуданд. Олимони ин муассиса луғати терминологияи ҳарби ва 50-номгӯи ойинномаҳои низомиро ба таъбу нашр расонданд.
Бо чидду чаҳди тамоми мардуми Шӯрави дар майдонҳои ҳарбу зарб, дар муҳорибаҳо бо урдуи хеле пуркуввати фашисти ба муваффакиятҳо ноил мегаштанд. Муҳорибаҳои шадиди Москва, Сталинград, Курск ва гайра далели қаҳрамониҳои мардуми Шӯрави мебошад.
Муваффакиятҳои Артиши Шӯрави тамоми кувваҳои зиддифашистиро рухбаланд карда муборизаи иттиходи мамлакатхои зидди гилтери аз соли 1943 фаъолтар гардид. Ба ин иттиход 23 давлат дохил мешуданд. Мухорибахои дар ду чабха ба муқобили Олмон бурда мешуданд. Аммо вазнинии чанг аз аввал то охир ба дӯши давлати Шӯрави ва артиши он афтид.
Мохи майи соли 1945 Олмони фашисти ба акти таслимшави имзо кард. Рӯзи 9-уми май рӯзи алаба дар Чанги Бузурги Ватани, ки 1418-руз давом кард, мебошад. Аммо чанги чахони хануз дар Шарк идома меёфт. Иттиходи Шӯрави дар асоси созишнома ба иттифокчиён ухдадор шуд, ки дар торумор кардани Японияи милитаристи ширкат намояд.
Мувофики ин қарордод урдуи Иттиходи Шӯрави мохи августи соли 1945 ба чанги зидди Япония дохил шуданд. 2-ми сентябри соли 1945 Япония таслим шуд. Дар рафти мухорибахо рохбарияти Америка бе ягон зарурияти харби дар Япония ду бомбаи атомиро истифода бурд. Шахрхои Хиросима ва Нагасаки ба харобазор табдил ёфтанд. Ин кирдори вахшитарин дар таърихи чанги дуюми чахон буд, ки империалистони ИМА барои нишон додани кувваи харбии худ ва тарсондани ахли башар чунин чиноятро содир намуданд. Ихтирои аслихаи нави катли ом дар
муносибатхои байналхалкии баъди чанги таъсири худро расонд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …