1. Рузадоре ногаҳон бемор гардад, ба сурате ки агар нахурад ва ё
нанушад, бими ҳалокат ё зиёдшавии беморй ва ё таъхире дар барка-
роршавии тандурустиаш ба вучуд ояд, дар ин ҳолатҳо шикастани
(хурдан) руза барояш чоиз аст.
2. Ташнагй то ҷое рузадорро беҳол намояд, ки агар об наншад,
шояд бимирад, дар ин ҳол низ шикастани руза барояш ҷоиз аст.
3. Зани бордор вакте хавфи ҳалокати худ ё тифлашро эҳсос намо-
яд, хурдани руза барояш ҷоиз аст. Дар ду ҳолати номбурда (беморй ва
бордорй) агар ҳанӯз барои руза ният накарда бошад, метавонад руза-
ро нагирад. Локин барои бемор ба маҳзи тахмину хаёл ин кор ҷоиз
нест, балки бояд табиби ҳозиқ (донишманд) ва бодиёнате ин ҳолатро
таъйид намояд.
4. Табиб чизе нагуфта, вале аз тачриба ва нишонаҳои дигар до-
нист, ки ба сабаби руза беморияш шиддат пайдо мекунад ва ё дар
баркароршавии саломатиаш таъхир меафтад, дар ин сурат низ ҷоиз
аст руза нагирад.
5. Бемор солим гашта, вале ҳанӯз бемадор бошад ва олиби гумон ин
аст, ки бо руза гирифтан мумкин аст дубора бемор шавад, руза нагирад.
6. Шахси бемор ва мусофире, ки дар ҳолати беморй ва сафар дар-
гузаштаанд, барои рузаи хурдаашон дар охират бозхост намешаванд.
Зеро шариат дар ин ҳолатҳо хурдани рузаро барояшон иҷозат додааст.
7. Шахсе муддати даҳ рӯз бемор бошад ва панҷ рӯз беҳтар шавад,
вале дар ин муддат қазоии даврони беморияшро нагирад ва баъд аз он
даргузарад, панҷ рузи даврони беморияш муъоф буда, барои панҷ
рузи дигараш бозхост мешавад.
8. Дар мусофират рузаро нагирифт ва чун ба хона баргашт, аз
дунё гузашт, ба андозаи ҳамон чанд рузе, ки дар хона буда ва қазои
рузаашро ба ҷой наовардааст, бозхост мешавад. Чунин шахс бояд ба
ворисонаш васият кунад, ки фидяи рӯзҳои қазо наёвардаашро пардохт
намоянд. Фидяи руза барои ҳар рӯз ним соъ гандум аст.
9. Мусофире, ки барои камтарин муддати иқомат (15 рӯз) ё беш-
тар аз он нияти иқомат намояд, хурдани руза барояш ҷоиз нест. Агар
аз он микдор камтар нияти иқомат намояд, ҳар ду тарафи кор барояш
яксон аст. Бубинад, агар хурдан барояш муносибтар бошад, бихурад
ва агар руза доштан беҳтар бошад ва машаққате барояш ба вучуд на-
ояд, руза бигирад.
10. Кофире дар миёнаҳои рӯз мусалмон шавад ва ё кудаке ба ба-
лоғат расад, барояшон мустаҳаб аст, ки бозмондаи он рӯз аз хурдану
нушидан худдорй намоянд ва агар бихуранд ҳам, казое бар онҳо ло-
зим нест.
11. Шахсе дар мусофират касди нагирифтани рузаро дошта бо-
шад, вале пеш аз нисфирузй (завол) ба хонааш баргашта муқим шавад
ва ё дар як чунин вакте нияти иқомат намояд ва то ҳол чизе нахурда
ва нанушида бошад, метавонад аз ҳамон вакт барои руза ният бандад.
12. Шахси пиру нотавон вакте бардаму тавоно гашт ва ё бемори
барҷомондае бар асари кӯшиши табибон саломатияш дубора барқа-
рор шуд, бояд қазои рузаашонро ба ҷой оварад, зеро дар ин сурат
фидя наметавонад ҷойгузини руза гардад.
13. Бар зиммаи шахсе чанд рӯз рузаи казой бошад ва дар вакти
мурдан ба додани фидя васият кунад, он (васият) пас аз кафан ва дафн
аз як сеюми молаш бароварда мешавад. Бе васият аз моли ба ирс гу-
зоштааш фидя додан ба хоҳиш ва ихтиёри ворисон вобаста аст.
14. Агар микдори фидяе, ки бояд дода шавад, аз як сеюми моли
даргузашта зиёдтар бошад, бо вучуди васият, бе ризояти ворисон ба-
ровардани микдори зиёдатии фидя ҷоиз нест.
15. Васият барои додани фидя дар ивази намозҳои казо кардааш
низ ҳамин ҳукмро дорад.
16. Бар зиммаи шахсе закоти молаш монда бошад ва ба ҳангоми
марг ба додани он васият намояд, дар ин ҳолат низ ворисон баъд аз
кафан, дафн ва адои карзҳояш аз сеяки молаш закот медиҳанд.
17. Бар асоси мазҳаби ҳанафй аз тарафи шахси даргузашта намоз
хондан ва руза гирифтани каси дигаре ҷоиз нест ва чизе аз зиммааш
сокит намешавад.
18. Бе узр хурдани рузаи моҳи мубораки Рамазон гуноҳи кабира
(гуноҳи бузург) аст. Набояд бандаи муъмин ин фикри хаторо дар сар
бипарваронад, ки ҳоло, ки вакт аст, мехурам ва чун умрам ба ҷое ра-
сид, руза мегирам ва казоҳои гузаштаро ба ҷо меоварам, зеро дар ҳа-
дис аст, ки агар тамоми умрро руза бигирад, бо як рузи рузаи моҳи
Рамазон баробар намешавад. Дигар ин ки шояд аҷал ӯро фурсат на-
диҳад, то умраш ба ҷое бирасад.
19. Кудаки ноболие руза гирад ва сипас онро бихурад, казое бар
вай воҷиб намегардад, вале агар намозро ният кунад ва бишиканад,
бояд онро аз сар бихонад.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …