Главная / Илм / БАРЦАРОР ШУДАНИ ШӮРОҲО ДАР БУХОРОИ ШАРҚИ

БАРЦАРОР ШУДАНИ ШӮРОҲО ДАР БУХОРОИ ШАРҚИ

Собиқ амири Бухоро ба Душанбе гурехта мақсад дошт, ки дар Бухорои Шарки маркази зидди шурави ташкил намояд. Тамоми кувваҳои аксулинкилоби дар Душанбе чамъ омаданд, ки шумораи умумии онҳо ба 30 ҳазор нафар расид.
Амир ба муборизаи зидди сохти Шурави тайёри медид ва барои таъминоти сарбозони худ аз аҳоли андозу хирочи зиёд мегирифт. Аҳолии бенаво ба ин амал норози баён карда, дар бисёр мавридҳо ба шуриш бармехест. Мохи декабри соли 1920 дар Қаротеғин ба сардории Усмон Муҳаммадаминов шуриши халки сар зад. Шуришгарон Ғармро ишол карданд. Аз сабаби номуташшакили шуриш пахш карда шуд ва роҳбарони он ба қатл расонда шуданд.
Ҳукумати ЧХШ Бухоро вазъияти душвори Бухорои Шаркиро ба назар гирифта, барои ёри ба хукумати Шурави мурочиат намуд. Тирамохи соли 1920 аз хисоби кисмҳои ҳарбии Бухоро ва Туркистон кисмҳои махсус таъсис дода шуд, ки дар таърих бо номи отряди экспедитсиони ҳарби – сиёсии Ҳисор маълум мебошад. Дар назди ин қисмҳо вазифа гузошта шуд, ки дастаҳои аксулинкилобиро торумор карда дар пойдор ва мустахкам намудани органҳои давлатии шурави мусоидат намоянд. Ин қисмҳо мохи октябри соли 1920 аз Шуробод ҳаракат карда, Тахтакарача ва Гузарро ишол намуда, ба Бухорои Шарки омаданд. 17 декабри соли 1920 Қарши ва аввалҳои январи соли 1921 Бойсунро ишгол карданд. Баъди муборизаҳои шадид 20-феврали соли 1921 Қараоғ ва Ҳисор ишол карда, 21-феврал ба Душанбе дохил шуданд.
Аз аввалҳои моҳи март то моҳи майи соли 1921 дар тамоми нохияҳои Маркази ва Чануби Точикистон ҳокимияти шӯрави баркарор карда шуд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222