Главная / Илм / Барои огоҳи

Барои огоҳи

Ба огоҳии хонандагон мерасонем, ки китоби Накҳати Рамазон пас
аз бозбинии комил, тахриҷи аҳодис ва ривоятҳо ва ворид сохтани ило-
ваҳои тоза бори дигар ба чоп омода гардид. Барои он ҳамчунин номи
дигаре, ки онро дар унвони китоб мебинед, интихоб кардем.
Шоёни зикр аст, ки рузаи моҳи Рамазон яке аз комилтарин барно-
маҳои худопарасти мебошад, ки барои худсози, хештаншиноси ва та-
комули шахсияти инсон пешбини шудааст. Дини Ислом аз тариқи чу-
нин барномаҳое мехоҳад амалан ба бинои солими шахсияти инсон ва
пас аз он бунёди ҷомеаи рушдёфтае бипардозад.
Дар мактаби моҳи Рамазон шахси рузадор дар зарфи як моҳ ба
омузиши ҷанбаҳои маънавии шахсият, парвариши ирода ва таҳкими
пояҳои инсонияти худ мепардозад. Барои он ки битавонад аз баракот
ва дарсҳои амалии ин моҳ ба таври комиле истифода намояд, бояд дар
бораи фалсафа, моҳият, аҳком ва фоидаҳои руза қаблан ошнои дошта
бошад. Мо барои ҳарчи пурбортар гаштани баҳраҳои маънавии руза-
дорон аз моҳи шарифи Рамазон ин рисоларо бо забони равон ва сабки
зебо манзури онҳо менамоем.
Дар он фалсафа ва аҳкоми рузаи моҳи Рамазон бар асоси муъта-
бартарин китобҳои фиқҳии мазҳаби ҳанафӣ барои хонанда пешниҳод
гардида, дар танзими матолиб, тартиббандии мавзуот ва шеваи баёни
маони аз равишҳои муосири таълиф пайрави шудааст. Шоёни зикр
аст, ки дар баъзе масоили муосири боб нуктаназароти фиқҳии муҳақ-
қиқони исломи ва маҷомеи илмии муосири ҷаҳони Ислом низ зикр
гардидаанд, ки он ба китоб ламҳаи тозае бахшидааст.
Дар фарҳанги катби ва осори тадвиншудаи исломи мероси гарон-
баҳо ва таълифоти пурборе доир ба паҳлӯҳои гуногуни руза ва фалса-
фаи ин фаризаи илоҳӣ боқӣ мондааст, ки хеҷ хурду бузургеро дар ин
замина фуругузор накардаанд ва пас аз гузашти асрҳо ҳанӯз ҳам мар-
ҷаи ягонаи маърифати аҳком ва тафсилоти масоили шаръ дар ин бора
ба шумор мераванд. Вале мутолиа ва дарёфти масоил аз он китобҳо
барои оммаи мардум, ба хусус дар замони мо, кори осоне набуда ва
ин амр бузургон ва муҳаққиқони муосирро ба таълифи китобҳои гу-
ногуне ногузир сохт, ки ба сатҳи маърифати дини ва истеъдодҳои зеҳ-
нии мардум дар ин аср ҳамсози дошта бошанд ва арзишҳои исломиро
муносиб бо рӯҳи аср пешкаши хонанда гардонанд. 
Китоби ҳозир талоши хозеонае буда, аз ҳамин рахгузар ба баёни
масоил пардохтааст ва мавзуъро бар пояи меъёрҳои илми ва то ҳадди
имкон муносиб бо зарфиятҳои зехнии оммаи мардум мавриди барраси
қарор додааст.
Рузаи мохи Рамазон бар асоси ҳадиси «Ислом бар панц чиз бино
ёфтааст…» пас аз намоз ва закот чаҳорумин рукни бинои Ислом ба
шумор меравад ва ин китоби мустатоб ба тартиб силсилаи чаҳоруми
таълимоти Ислом ва дар бораи рукни рузаи мохи Рамазон таълиф
шудааст.
Аз хонандагони арҷманд ва бародарони хушманд хоҳиш дорам,
ки ба ин кори ниматамоми банда бо чашми ҳамкори ва аз диди ҳаман-
деши бинигаранд ва ба хотири такмил ва беҳбуди мӯҳтавои он дар
нашрҳои оянда мулоҳазоти созанда ва назароти ислоҳии худро ба мо
ирсол намоянд.
Рахмати Ҳақ нисори хонанда,
Бар нависанда ва расонанда!
Чи хонандаро Худои карим,
Бираҳони Ту аз азоби алим!
Ҳаркӣ аз мо кунад ба неки ёд,
Номи ӯ дар ҷаҳон ба неки бод!
Дар хотима аз тамоми бародарони арҷманде, ки дар омода сохта-
ни ин китоб ба гунае бо мо ҳамкори доштанд, ба хусус бародари гиро-
ми Ҳоҷй Сафарали Шарифзода, ки дар тахия ва нашри он сахми арзан-
даи худро гузоштааст, самимона сипосгузори менамоям ва аз Худо-
ванди бузург комгори ва сарфарозии онҳоро дар ду ҷаҳон хоҳонам!.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222