Яке аз шартҳои асосӣ ва муҳимтарини дуо дар қабулу пазириши он ихлос аст, яъне шахси дуогӯ бояд бо ихлосу яқин даст ба дуо бардорад ва ваъдаи худовандӣ барои қабули онро фаромӯш накунад ва ҳар гоҳ ҳоҷати худро аз Худо хост, набояд бо дили ғофил ва бепарво дуо кунад.
«Ба қабули дуо яқин карда, Худовандро дуо кунед ва бидонед, ки Худованд дуои шахсеро, ки аз дили ғофил ва бепарво дуо мекунад, қабул нахоҳад кард».
«Агар яке аз шумо дуо кунад, пас ҳаргиз (дар дуояш) нагӯяд: «Ай Парвардигор, агар хостӣ, маро бубахш». Балки бо иродаи ҷозим ва шавқу рағбат дуо кунад, зеро ҳаройина ато кардани ҳеҷ чизе ба Худованд мушкил нест