Главная / Илм / БОЗСОЗИ ВА НАТИЧАХОИ ОН.

БОЗСОЗИ ВА НАТИЧАХОИ ОН.

Нимаи дуюми солҳои 80-ум дар Иттиҳоди Шӯрави ба сабаби сар шудани бозсози тағйиротҳои кулли ба амал омаданд. Бозсози натанҳо дар таърихи халкҳои собиқ Иттиҳоди Шӯрави, балки дар мамлакатҳои Аврупои Шарки низ давраи дигаргуниҳои сиёси-иҷтимоиро ба амал овард.
Давлати Шӯрави дар миқёси байналхалқи дар зарфи солҳои мавҷудияти худ мақоми бузургеро соҳиб буд. Дар солҳои охир аз сабаби роҳ додани камбудиҳо дар системаи давлати, мамлакат аз таравдиёт боз монд. Дар чунин шароит роҳбарияти давлат ба мақсади начот додани системаи сиёсии давлати роҳи бозсозиро пеш гирифтанд. Онҳо тассавур карда наметавонистанд, ки икдоми пешгирифтаи онҳо ба чи анчом меёбад. Дар амал бозсозии саршуда ба азнавсозии тамоми системаи сиёси ва структураи иктисоди оварда расонд.
Бозсози дар Иттиҳоди Шӯрави аз моҳи апрели соли 1985 сар шуд. Мақсади асосии он аз хотима додан ба буҳрони иктисоди ва муайян намудани роҳи таравдиёти минбаъдаи чомеъа иборат буд.
Аз нимаи дуюми солҳои 80-ум дар мамлакат накшаи стратеги кор карда баромада шуд. Аз ҷиҳати сиёси мақсади бозсози барҳам додани бокимондаҳои сохтори фармонфармоёнаи маъмури ва минбаъд инкишоф додани протсесси демократикунонии ҳаёти чамъияти иборат буд.
Аз ҷиҳати иктисоди дар асоси истифодаи прогрессии илми-техники дар истеҳсолот баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ба накша гирифта шуда буд.
Аз ҷиҳати ичтимои-бемайлон бардоштани сатҳи
зиндагии аҳолии дар назар дошта шуда буд.
Дар соҳаи сиёсати байналхалки аз нигоҳи тасавуроти синфи даст кашидан ва ҳамкори бо мамлакатҳои капиталисти бо мақсади пойдор намудани сулҳ нишон дода шуда буд. Хулоса, равандҳои ислоҳоти кулли соҳаҳои сохтори сиёси, иқтисоди-ичтимои, фарҳанги ва муносибатҳои байналхалкиро дар бар мегирифт.
Яке аз самтҳои асосии бозсози ин демократикунонии ҳаёти чамъияти ба ҳисоб меравад. Демократикунонии ҳаёти чамъияти аз як тараф барпо кардани механизми боэътимод дар назар дошта мешуд, ки ба воситаи он шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои давлати-чамъияти фаъолона иштирок карда тавонанд. Аз тарафи имконияти ба фарҳанги умумибашари роҳ ёфтан ва нигоҳ доштани ҳуқукҳои инсон нигаронида мешуд.
Яке аз самтҳои демократикунонии чомеъа ошкорбаёни ҳисобида мешуд.
Ошкорбаёни мебоист дар доираи қонун амали гардида, ба ҳодисаҳо аз нуктаи назари реали баҳо дода мешуд. Дар чомеа плюрализм (бисёрандеши) чори карда шуда, ҳизбҳои сиёси ташкил меёфтанд. Сохтори нави интихобот чори шуда, масъалаҳои муҳими характери сиёси доштаро ба тарики раъйпурси бо иштироки васеи шаҳрвандон ҳал карданд.
Икдоми гузаронидани бозсози бевосита аз тарафи ҲКИШ тайёр карда шуда буд. Равандҳои бозсози, ки дар заминаи ошкорбаёни мегузашт, боиси тезутунд гаштании вазъияти чомеа ва ташкил ёфтани се гурӯҳи мухталиф гардид.
Гурӯҳи аввал хоҳиши ба таври кулли тагйир додани тамоми сохтори чомеаро намехостанд. Шиори асосии онҳо сотсиализми тачдидшуда, федератсияи тачдидшуда, бозори танзимшаванда ва ҳоказо буд.
Гурӯҳи дуввум- тарафдори бозсозии радикали, тамоман бекор кардани сохтори маъмури-фармондиҳи, барпо намудани иттиҳоди озоди мамлакатҳои соҳибихтиёр, эътироф намудани ҳуқуқи миллатҳо, бозори озод ва чори намудани шаклҳои гуногуни моликият ва ғайра.
Гурӯҳи сеюм- онҳое буданд, ки гоҳ ошкоро гоҳ пардапуш муқобили бозсози мебаромаданд. Онҳо тарафдори нигоҳ доштани системаи мавчуда ва мавқеи роҳбарикунандаи ҲКИШ буданд.
Бозсозии чомеаи Шурави, ки ислоҳоти радикалии сиёсию иктисодиро талаб мекард, нотамом монд. Илова аз он качравиҳое, ки дар рафти ҳалли масъалаҳои иқтисоди ба онҳо роҳ дода шуданд, буҳрони иктисодии сотсиализмро тезониданд. Кушишҳои зиёде, ки аз давраи салатанати Хурушёв сар шуда, Брежнев, Андропов ва махсусан бозсозии Горбачёв пеши роҳи ин буҳронро гирифта натавонистанд. Дар мамлакат низому тартиб вайрон шуданд. Демократия ба бесарусомонии тамоми ҳаёти чомеа оварда расонд. Мафия, ки то ин давра пинҳони амал намуда, қариб тамоми иктисодиётро ба даст гирифта буд, ба амалиёти ошкор гузашт. Садҳо кооперативҳо бо ном амал намуда, бо роҳи ғайриқонуни миллионҳо сумро соҳиб шуданд.
Гурӯҳи ҷинояткор ба фаъолияти руирост гузашта, тамоми амволи давлатро харида гирифтанд.
Пеш аз он, ки сабабҳои пошхӯрдани Иттиҳоди Шӯравиро дида бароем, чанд сухан рочеь ба мавқеи Точикистон дар давлати Шӯрави иброз мекунем.
Замони сотсиализм зухуроти пурихтилоф ва гуногунпахлу мебошад. Аз ин чиҳат таъсири он низ ба зиндагии миллатҳои собиқ ИЧШС мухталиф аст. Ин таъсирро танҳо аз ҷиҳати тащиди чун зӯроварии
айриқонуни ва чун зуҳури сиёсати абадкудрати шовинизми руси на бояд эзоҳ дод.
Сотсиализм ба тамоми качравиҳо, фаъолияти авомфиребонаи хизматчиёни зинаҳои гуногун мохияти худро зохир намуд, манфиатҳои мехнаткашонро дар худ тачассум намуд. Сотсиализм ба манфиати халк арзи вучуд карда буд ва дар 74 соли хукумати шӯроҳо барои халқ бисёр чизҳо дод. Танҳо шахсони курботин ҳамаро сиёҳ карда, намебинанд, ки мамлакати кафомондатарин аз ҷиҳати пешрафти иктисоди дар чаҳон ба чои дуюм баромад. Қудрати мудофиавии пуркувват ба вучуд оварда, сатхи зиндагии мардумро баланд бардошт.
Ин бахусус дар кори боло бардоштани хочаги, фарҳанг, маорифи халк баръало ҳис карда мешавад. То солҳои 30-юм дар Точикистон ягон донишкада вучуд надошт. Соли 1940 шумораи донишкадаҳои оли ба 6-то ва микдори донишчуёни онҳо 2300-нафар расонда шуд. (Народное хозяйство СССР в 1922-1962г). Дар чумҳури дар давраи Шӯрави чандин корхонаҳои саноати сохта шуда, шаҳрҳо бо иморатҳои замонави бунёд ёфтанд. Ҳамаи ин танҳо бо дасти точикон сохта нашудаанд. Дар таълим ва тарбияи зиёиёни точик профессорони рус пеш аз ҳама саҳмгузор буданд. Маҳз дар замони Шӯрави нобаробарии амалии халкҳои собиқ мамлакат бартараф карда шуд.
Точикистон аз Иттиҳоди Шӯрави бисёр манфиат бардошт. Сатхи саноат ва иктисодиёти ин давраро ба замони пеш аз инкилоби муқоиса кардан мумкин нест. Албатта дар 25 соли охири мавчудияти ИЧШС ба иқтисодиёти Осиёи Маркази аз чумла Точикистон камтарин кисмати маблаггузори чудо карда мешуд. Ин натичаи сиёсати шовинизми бузургдавлатии руси буд, ки тавассути фаъолияти идораи марказии хукумати ИЧШС зохир мегардид. Ҳатто дар давраи шаҳспарастии Сталин ҳам барои инкишофи саноати Осиёи Миёна бештар амхори зохир карда мешуд. Дар он вакт саноати Осиёи Миёнаро аз нести ба вучуд оварда буданд. Дар солҳои охир кафомонии Точикистон ва ҷумхуриҳои Осиёи Маркази сол то сол шиддат мегирифт.
Масалан, барои инкишофи минтақаи сиёҳзамин аз бучаи марказ 35 млрд сум харч, карда шуд, ки ин ба тамоми харочоти ҷумхурии Осиёи Маркази баробар буд. ( Литературная газета.- 1987.- 4март).
Дар натичаи чунин сиёсати сармоягузори бекории барзиёд ба вучуд омад. Дар Точикистон бештар аз 200 ҳазор нафар бекорон буданд. (Правда.- 1989.- 16 сент.)
Тамоми ин ба даромади миллии чумҳури ва сатхи талаботи аҳоли бетаъсир намонд. Даромади милли ба сари ҳар каси машғули мехнат дар Осиёи Маркази аз 83% соли 1970 ба 75% дар соли 1979 ба 66% соли 1989 фаромад. (Социалистические исследования.- 1989.-№1.-С.9).
Нобаробари дар истеҳсолот боиси нобаробарии сохтори ичтимои гардид. Масалан, дар Точикистон дар соҳаи саноат 28% аҳолии банд буда, аҳолии шахрнишини Точикистон 28% умумии аҳолии ҷумҳуриро ташкил медод. (Социалистические исследования.- 1989.-№3.- С.29). Ин нисбат ба дигар
чумхуриҳо нишондиҳандаи пастарин буд.
Тарафи дигари сиёсати хукумат дар тадричан аз байн рафтани забонҳои милли асос ёфта буд. Забонҳои милли ИЧШС дар соҳаҳои коргузори торафт танг карда мешуд. Таълим дар мактабҳо ба забони руси чараён меёфт. Ҳангоми дохилшави ба мактабҳои оли русҳо нисбат ба дигар миллатҳо бартарият пайдо мекарданд. Зеро миллатҳои айрирусзабон русиро хуб аз худ карда наметавонистанд. Аз ин сабаб дар корхонаҳои саноати, ки дар Чумҳуриҳои милли сохта мешуданд, коргарони баландихтисос аз хисоби русҳо интихоб карда мешуд.
Точикистон дар Итиҳоди Шӯрави нисбат ба чумхуриҳои дигар сусттар тараққи мекард. Ин ба сармоягузори вобаста буд. Масалан, аз соли 1976 то соли 1990 ба ҳар сокини Иттиҳод 9089 сум рост омада бошад, дар Точикистон ҳамаги 3071 сумро ташкил медод. (Народное хозяйство СССР в 1990г.- С.67).
Ҳамин тариқ, сиёсати шовинизми давлати, ба он оварда расонд, ки халкдои маҳали аз ҷиҳати сохтори ичтимои ва сатхи истеҳсолот кафо мемонданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222