Главная / Илм / БУХОРОИ ШАРЦИ ВА ПОМИР

БУХОРОИ ШАРЦИ ВА ПОМИР

Тӯфони инкилобии соли 1905-1907 ба аморати Бухоро низ пахн мегашт. Дар пахн шудани ғояҳои инкилоби дар Бухоро инкилобчиёни рус саҳмгузор буданд.
Дар нохияҳои дурдасти Бухорои Шарки ва Бадахшон пахнкунандагони ояҳои инкилоби аскарон ва офсерони рӯҳияи револютсиони доштани рус буданд.
Дар пахн намудани ғояҳои инкилоби мардикорон хиссаи муайян бозиданд. Мардикорон аз нохияҳои дурдасттарини Бухорои Шарқи дар корхонаҳои саноатии шахрҳои Туркистон кор карда, на танҳо ба ғояҳои инкилоби шинос мешуданд, балки бевосита дар намоишу баромадҳои коргарони Туркистон иштирок мекарданд. Мардикори яке аз воситаҳои асосии даромади мехнаткашони точикони кӯхистон буд. Ҳар сол аз Бухорои Шарки ва Бадахшон 15- 20% аҳолии қобили мехнт ба корхонаҳои Туркистон рафта, ба сифати мардикор кор мекарданд. Мардикорон чун тамоми мехнаткашон истисмор мегардиданд. Рӯзи кори онҳо 15-16 соат давом мекард ва ба чои 1 сӯму 70 тини муқаррари ҳамаги 80 тин музди мехнат мегирифтанд. (История таджикского народа.- Т.2.-С. 222-223).
Коргарони точик бо коргарони рус якчоя кор карда, аз онҳо усулҳои муборизаро меомӯхтанд. Дар зери таъсири инкилоб дар бекигарҳои Қаротегин, Кӯлоб шуришҳои дехқонон ба амал омаданд.
Соли 1905 дар нохияҳои кӯхистони Бухорои Шарки якчанд шуришҳо ба амал омада буданд. (А.Семёнов. Восстания против правительства в конце XIX – начале ХХ вв. – Из истории народных движений в Средней Азии. – Душанбе.- 1988- С.32- 34).
Яке аз ин гуна норозигиҳои халки шӯриши девдонони Қаротегин бо роҳбарии Қаландаршоҳ буд. Ин шӯриш аз тарафи бек пахш карда шуд.
Дар бекигарии Кӯлоб шӯришгарон бар зидди бек ва амалдорони ӯ ҳучум оварданд. Бек ба воҳима афтода, дар қалъа пинҳон шуд. Қушунҳои дар Кӯлоб будаи амир аз ухдаи пахш кардани шӯриш набаромаданд. Дехқонон заминҳои бойро кашида гирифта, андозгирони амирро пеш карданд.
Солҳои 1905-1907 дар Балчувон низ шуришҳои дехдонон ба амал омада буд. Соли 1909 яке аз калонтарин шуришҳо дар бекигарии Ҳисор сар зад. Худи ҳамин сол дар Душанбе ва Янгибозор низ шуришҳои дехдонон сар заданд. Ба ин шӯриш Аҳмад ном шахсе, ки аз маҳбасхонаи амири гурехта буд, роҳбари мекард. Ҳамаи ин баромадҳои дехқонон аз сабаби парокандаги ва номуташаккилии худ аз тарафи сарбозон пахш карда шуданд.
Дар натичаи ҳаракатҳои инқилобии солҳои 1905-1907 дар нохияҳои кӯхистони Бадахшон низ чунбишҳои девдони ба амал омада буданд. Ҳанӯз соли 1903 сокинони нохияҳои Вахон ба муқобили амалдорони амир эътироз баён намуда буданд. Сокинони Бадахшон борҳо ба амалдорони хукумати подшохии рус мурочиат карданд, ки онҳоро аз худсариҳои амалдорони амири Бухоро начот диҳанд. Ба мақсади бартараф кардани норозигии соли 1903, генерал-губернатори Туркистон ба воситаи агенти сиёси ба амири Бухоро маълум кард, ки барои бехтар кардани вазъият дар Помири Ғарби чора андешид. Охири соли 1904 амири Бухоро беки Шунонро ба Бухоро даъват карда, ба беки Ҳисор Остонақул супориш дод, ки ба Помири Ғарби амалдорони навро тайин кунад, ки бевосита дар назорати сардори отряди Помир амал кунад. Ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки идоракунии Помир бевосита ба ихтиёри амалдорони Россия гузашт. Бо ин иқдом хукумати подшохи мавкеъи стратегии Помирро ба назар гирифта мавқеи худро дар ин чо мустахкам кард ва вазъи умумии ин сарзамин қадре ором намуд.
Ҳаракатҳои инқилобии солҳои 1905-1907 –0 дар Осиёи Миёна чамъбаст намуда, қайд кардан лозим аст, ки шуришҳои дехқонон ва баромади коргарон
номуташаккилона буданд. Буржуазияи савдои, саноати ва интелегенсияи маҳали ба ҳаракатҳои инқилоби зарбаи калон расонданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222