Дар канори роҳ як дарахти себ қомат афрохта буд. Писараке дар сояи дарахти себ нишаст, то ин ки аз офтоби сӯзон паноҳ барад. Дарахт шохашро афшонду як дона себ афканд. Писар хурсанд шуд. Себро хӯрд. Аҷаб ширину хуштаъм буд он! – Раҳмат ба ту, дарахти меҳрубон! Ба некиат неки карданиам. …
Муфассал »Афсонаи Корд
Буд-набуд, дар шаҳри Самарқанд як корд буд. Кордро аз пӯлоди ҳақиқӣ сохта буданд. Дастааш мисли дастаи шамшер афсу калон буд. Вақте ки кордро ба дукон бурданд, харидорон бисёр таъ- риф карданд. Корд “Ман зӯр будаам!” – гуфта, масту магрур шуд ва аз рафи дукон ҷаҳида ба сахи он фаромаду аз …
Муфассал »Агар пурсанд, ки таҳорат (поки)-и ботин кадом аст?
ҷавоб бигӯ, ки: пок сохтани дил аст аз галлу ғаш ва ҳасаду кина; пок сохтани забон аст аз дурӯғу ғайбат ва суханчиниву туҳмат; пок сохтани шикам аст аз ҳаром хӯрдан; пок сохтани тан аст аз ҳаром пушидан; пок доштан аст зоҳири худро; пок доштан аст сари худро аз ҳавову ҳавас.
Муфассал »БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов
Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. Субҳ, вақте ки нурҳои аввалини хуршед рӯи қатраҳои шабнамро мебӯсид, замин ҷон мегирифт, ҳаво аз садоҳои суруромез, ҳаяҷонангез, умедбахш пур мешуд, шомгоҳ бошад, худи ҳамин замин ором мегардиду ба қаъри торикӣ фурӯ мерафт. Рӯз ба …
Муфассал »Муму – Қиссаи Иван Сергеевич Тургенев
Дар яке аз кӯчаҳои ҳошияи Маскав дар бинои хокистарие, ки сутунҳои сафед, болохона ва пешайвоне дошт, айёме ашрофзани бева дар ҳалқаи хидматгузорони зиёдаш зиндагӣ мекард. Бачаҳояш дар Петербург вазифаи расмӣ доштанду духтарҳояш ба шавҳар баромада буданд. Ашрофзан гоҳ-гоҳе ба сафар мебаромад ва даврони охири зиндагии ӯ дар ғурбат, ҷудоӣ ва …
Муфассал »Фарҷоми зиндагии Абуалиӣ ибни Сино
Раҳораҳ бародарон сарсониву саргардониҳои худро ба ҳамдигар ҳикоя мекарданд. Маҳмуд аз Бухоро ба Гурганҷ омада, дар роҳи ҷустуҷӯйи Ширин ба дарбори Хоразмшоҳ афтод. Беруни, Ҳаммори табиб ва Аррок аллакай ба роҳи тарафи султон баромада буданд. Одамони вазир Суҳайли ба Маҳмуд гуфтанд, ки Абуалиро дар Ҷурҷон аз дарбори амир Қобус бояд чуст. …
Муфассал »Зиндагии Абуалии Сино шаҳри Ҳамадон
РУҶӮИ ЧОРУМ Таърихи пайдоиши шаҳри Ҳамадон дар зулмоти ҳазорсолаҳо нопадид мегардад. Ҳамадоние, ки як замон Экботон номида шудани Ҳамадонро медониста бошад, ба қудрат дарёфт мешавад. Шаҳри Экботон пойтахти мамлакати бузурги Мидиён буд. Шоҳ Дорои Аввал аробасавор дар ин шаҳри асосии худ бисёр сайругашт мекард. Искандари машҳур – сипаҳсолори беназири макдунӣ …
Муфассал »Саргардонии Абуалӣ Сино
Баъди ду-се фарсах биебон оғоз мешуд. Фарсахи маъмулй ба роҳи яксоатаи шутур баробар аст. Вале имшаб онҳо як фарсахро дар муддати ним соат тай намуданд. Дар токи осмони нопайдоканори зулмонй мохи нав медурахшид, ситораҳо базур-базур милтиррос мезаданд. Онон бар дар бари якдигар рох, мепаймуданд, гоҳо ба регтеппаҳо мебаромаданду гоҳо мефуромаданд. …
Муфассал »Ҳаёти Абуалии Сино дар Урганҷ (Ургенҷ)
РУҶӮИ САВУМ Имруз аз харитаҳои ҷуғрофй Бухороро пайдо намудан осон корест. Вале Гурганчро ёфтан андаке душвортар аст. Баъди истилои Чингизхон Гурганҷро Урганч меномидагй шуданд. Шаҳри мазкур борҳо вайрону валангор шуда, хонаҳояш беодам мондаанд. Ҳоло начандон дуртар аз он ҷое, ки Гурганҷ воқеъ гардида буд, шаҳри Хева ҷой гирифтааст. Ҳозир аз …
Муфассал »Ҳаёти Абуали ибни Сино бо Хоразмшоҳ
РӮЗГОРИ ХОРАЗМ Барқии ошно, ҳамон ҳамсояе, ки Ҳусайн барояш дар шархи қавонини фиқҳ асаре таълиф намуда буд, ба тиҷорат машғулият меварзид, у дар Гурганҷ, дар пойтахти Хоразм мезист ва гоҳо ба Бухоро саргашта мешуд. Ин дафъа вай барои ба Хоразм бурда расондани Ҳусайн розигй дод ва ҳатто аз гирифтани роҳпулй …
Муфассал »