Тасаввуроти юнониён дар «Теогония» ва («Пайдоиши худоён»)-и Гесиод ва «Илиада» ва «Одиссея»-иҲомер инъикос ёфтаан.
Қабл аз шиносоӣ бо мақоми худоён дар анҷумани худоёни Ҳомер борои дуруст фаҳмидани он, тасаввуроти динию асотирии юнониён дар мавриди пайдоиши олам ва худоёнро донистан зарур аст. Ин шиносоӣ барои фаҳмидани ҷараёни таҳаввули ақоиди онҳо оид ба пайдоиши олам умумият ва хусусиятҳои минтақавию замонии он имконият медиҳад.
Дар устураҳои юнонӣ, мисли мисрӣ ва бобилӣ ҳодисаҳои табиат ва кайҳон ва пайдоиши ситораву саёраҳо ба дар шакли миф бо рамзу сиболҳоф ифода шудаанд. Мувофиқи ахбори асотири юнонӣ дар аввал танҳо ҳараҷу мараҷи абадию бениҳоят, ки манбаи ҳаёт буд, вуҷуд доштааст. Ҳама олам ва ҳатто худоёни ҷовид низ аз он ба вуҷуд меоянд. Нахуст аз он олиҳаи Замин-Гея, сипас муҳити абадии беохиру бетаге бо номи Тартар, ҳамчунин нерӯи бузурги ишқи эҳёгари ҳама – Эросро тавлид намуд. Аз ҳараҷу мараҷ инчунин зулмати абадӣ – Эреб ва шаби тира – Нюкту ба вуҷуд меоянд, ки дар навбати худ ин ҳарду Нури абадӣ – Эфир ва Рӯзи равшани саодатманд – Гемер таваллуд мешавад.
Сипас Замин саховатманд, Осмони бениҳояти кабуд – Уранро ба вуҷуд меорад. Уран дар навбати худ Заминро ба занӣ мегирад ва аз ин издивоҷ шаш писар ва шаш духтари нерӯманду азимҷусса (титан) таваллуд мешаванд. Аз ин фарзандони Уран ва Гея ҷисмҳои осмонӣ: Хуршед, Моҳ, ситораҳои субҳдам ва ғайра таваллуд шудаанд.
Уран фарзандони худро дӯст намедошт онҳоро дар қаъри зулмати Замин нигоҳ медошт, ба рӯшноӣ баромадан намемонд. Замин аз ин дар азоб буд. Фарзандонашро таблиғ ба қиём алайҳи падар мекард, вале онҳо аз ӯ метарсиданд, танҳо писари аз ҳама хурдӣ Крони маккор падари худро бо найранг аз тахт фароварда, ҷои ӯро гирифт.
Зевс – худои бузург, худои худоёни анҷумани худоёни юнонӣ. Крон аз тарси он ки писаронаш ҳокимиятро чунон ки худи ӯ аз падараш Уран гирифта буд, хоҳанд гирифт, ба занаш Гея (духтари Уран) фармуд, ки фарзандони таваллудшударо ба ӯ биоварад ва онҳоро бераҳмона фурӯ мебурд. Ҳамин тавр, ӯ панҷ фарзандаш: Гестия, Деметр, Геру, Аида (Гедас) ва Посейдонро фурӯ бурд.
Гея фарзанди охиринаш Зевсро аз ӯ дар ҷазираи Крит дар ғоре пинҳон кард ва ба ҷои ӯ сангеро печонида ба Крон медиҳад ва ӯ нафаҳмида фурӯ мебарад.
Чунин аст қиссаи таваллуди Зевс, ки баъдан ӯ дар мубориза бо фарзандони азимҷусса ва ғӯли Замин (титанҳо) ғалаба ба даст меорад. Зевс худои Осмон, фармондеҳи раъду барқ дар Куҳи Олимп дар тахти тиллоӣ салтанат менишинад дар атрофи ӯ худоёни дигар: Гера хоҳар ва зани сеюми ӯ( пас аз Метида ва Фемида) – олиҳаи ҳомии зоймон ва никоҳ – паҳлӯяш нишаста. Духтараш Геба низ онҷо ҳузур дорад. Хулоса дар мартабаҳои маъбади анҷумани худоёни Юнони бостон пас аз хонаводаи Зевс ду бародараш:
- Посейдон – худои баҳрҳо ва уқёнус;
- Аид – худои салтанати рӯҳи мурдагон дар зери замин қарор доранд;
- Аполлон- худои офтоб, ҳомии манзилгоҳҳо, шаҳрҳо ва рамаҳо;
- Артемида – духтари Зевс, худои моҳ, ҳосилхезӣ, ҳомии таваллуди кӯдакон ва табобат;
- Афина -худои ҳомии шаҳрҳо қарор доранд;
- Гесеф – писари Зевс – худои оташ ва оҳангарӣ; Дионис – худои майкашӣ;
- Гермес – худои ҳомии мусофирон, қарор доранд. 8- Арес – худои ҷанг;
- Афродита – худои муҳаббату ишқ;
- Деметри – худои ҳосилхезӣ ва худоёни дигаре дар ин анҷуман дохиланд.
Зиндагӣ ва рафтору кирдор, сурату андоми худоёни юнонӣ ҳама шабеҳи одаманд, онҳо на танҳо хислатҳои хуби инсон, балки хислатҳои баду разилаи онҳоро низ доранд.
Дар асотири юнонӣ мақоми қаҳрамонхудоён Прометей, Геракл ва дигарон низ хело баланд аст. Алалхусус, нақши Прометей рабояндаи оташ аз боргоҳи худоён барои одамон, овардаи нуру рӯшноӣ ва дониш ба инсон дар тамаддуни юнонӣ ва ҷаҳонӣ бузург аст.
Дар мисоли муносибати Зевс бо Прометей метавон дид, кибаракси дини насронӣ ва ислом байни худоён ва инсон-миёни Осмон ва Замин (ҷаҳони худоён ва ҷаҳони инсонҳо) рақобату таззод ва ҳатто навъе аз ҳасад ва кинаву адоват ҳукмрон аст. Дар охир бояд гуфт, ки файласуфони юнонӣ, аз ҷумла, Фалес, Ксенофан, Афлотун, Арасту ва дигарон ҳанӯз дар замони худ тасаввуроти динӣ- мифологии расмии юнониёнро сахт зери тозиёнаи танқид гирифта, дар худошиносӣ ақидаи наздик ба яктопарастиро баён кардаанд.