Ҷустан ва талаби руъяти ҳилол аз бегоҳи рӯзи бисту нӯҳуми моҳӣ шаъбон воҷиби кифоя аст. Бинобар ин, намояндагони расмиидин ва пешвоёни Ислом дар ҳар давру замоне барои он талош мекарданд. Сютй дар «Ҳуснул муҳозара» овардааст: Аввалин касе, ки ба ди-дани ҳилоли моҳи Рамазон дар Миср баромадааст, козй Ғавс ибни Сулаймон (в. 168 ҳ.) буда. Ҳамчунин гуфта шуда, ки Абдуллох, ибни Ла-х,иқа аввалин козии мисриест, ки дар минтакаи Ҷиза ба дидани ҳилол
баромадааст.Дар замони Ҳишом ибни Абубакр аз пул гузашта, дар боғҳоиИбни Абуҳубайш ба руъяти ҳилол мепардохтанд. Баъдҳо дар доманаикӯҳи Мукаттам дар назди ҷомеи Абуд дидбоне бо номи дидбони кози-ён сохта буданд,ки
барои дидани ҳилол ба он ҷо мебаромаданд. с Куръони карим ба тановули хурмо, ба хусус дар аснои зоймон,
тавсия намудааст, он ҷо ки ба Марям мефармояд: «Ва шохаи хурмороба сӯи худ такон бидех., хурмои тозае бар ту мерезад, пас аз он бихур вабинуш ва хуш бош!». Расули Худо (с) ҳам дуст медошт, ки рузаро бочанд хурмои тоза ва ё хушк бикушояд ва ин амр ҳикматҳои зиёде дархуд дошта, ки илми тибби муосир порае аз онро кашф намудааст.Озмоишҳои лабораторй нишон медиҳанд, ки ҳар сад грамм хурмодар таркиби худ 65 мг. калсий, 72 мг. фосфор, 1,5 мг. оҳан дорад ва интаркиботи минералии ишкорй меъдаро аз туршиҳои зиёд ва ҷисмро аззаҳрҳои пасмонда тоза мекунанд. Арзиши иоии ҳар сад грамм хурмоба 352 килокалория баробар аст.Ҳамчунин собит шуда, ки ҳурмо аз витамини А анй буда, нарм-кунандаи хуби табий ба шумор меравад, кабзи меъдаро бартараф ме-созад, мушакҳои ҷисм ва асабҳоро таквият мекунад, таровати баданроҳифз менамояд ва барои дасгоҳи гувориши заъиф нофеъ аст. Он бароиодамони дучори камхунй, бемориҳои сина, занони бордор ва кудаконбисёр муфид аст.Хурмо ва нушокиҳои мевагй хуроки такрибан омода – ҳазмшудаба шумор меоянд ва муносибтарин ио барои ифтор мебошанд. Ба-дан ниёзҳои иоии худро дар зарфи чанд дақиқа аз онҳо таъмин ме-
намояд, дар ҳоле ки барои ҳазм ва коркарди дигар анвои хурданиҳозамони бештаре сарф мешавад.Агар дар замони Расули Худо (с) дар моҳи Рамазон барои саҳа-рихурй ва дамидани субҳ ду азон дода мешуд, дар давраи Аббосиён пеш аз субҳчамое дар куйу барзан мегаштанд ва бо садои баланд: Хезед, хезедмегуфтанд. Аз он ҷо ки онҳо мардумро бо ибораи «куму» ва «кумо» садомекарданд, ба ҷамоаи «Қумӯ» ва «Куо» машҳур гашта буданд.Дар ҷомеи Миср муаззинон пас аз азони саҳарихурй бо садои ба-ланд: Кулӯ вашрабӯ (бихуред ва бинушед!) мегуфтанд ва ин байтҳоромехонданд:Айюҳа-н-нуввом, кӯмӯ лил фалох,,Вазкуруллоҳа-л-лазй аҷра-р-риёҳ!Инна чайша-л-лайли кад валло ва рох,,Ва тадоно аскаруссубхи ва лоҳ!Ишрабу аҷло, фақад ҷоа-с-сабоҳ! Муҳаммад ибни Аҳмад маъруф ба Ибни Чубайр (540-614/1145-1217) – сайёҳ ва сафарноманигори машҳури араб дар асри дувоздаҳ дар бораи саҳарихурии ахли Макка овардаст: «Муаззин аз болои миъ-
занае, ки дар рукни шаркии Масҷидулҳаром вокеъ буд, бо садои ба-ланд мардумро ба саҳарихурй даъват мекард ва ду навҷавон низ бо ӯҳамовоз мешуданд. Вале чун садои онҳо ба маҳаллаҳои дуртар наме-расид, ходаи дарозеро, ки дар нуги он тахтачуби амудие бо ду канди-ли фурузон насб шуда буд, аз болои он мебардоштанд ва мардум бодидани онҳо саҳарихуриро идома медоданд. Ҳамин ки субх, медамид,кандилҳоро дарҳол поин меоварданд ва садои азони субҳ низ аз ҳартараф баланд мешуд. Муҳаммад ибни Абдуллоҳ маъруф ба Ибни Батута (703-779/1304-1377), ки такрибан як аср баъд аз Ибни Чубайр гузаштааст, дар са-фарномаи худ ҳамин чизро аз ахли Макка гузориш додааст. Гуфта-нист, ки ҳайати донишмандони шахри Кембриҷ Ибни Батутаро даркитобҳояшон амири сайёҳони таърихнигор дар байни мусалмонон номидаанд. Вакте хилоли мохи Рамазон тулуъ мекард, он шаб дар Масҷи-дулҳаром чашне барпо мегардид, дар назди амири Макка таблҳо задамешуд, бурёҳои масҷид иваз карда мешуданд ва дар он шамъҳо ва ча-роон афрухта мешуданд.Шаби иди Рамазон ба монанди шаби бисту ҳафтуми он дар тамо-ми сатхи ҳарам, манораҳои он ва сатхи масҷиде, ки дар болои кӯҳиАбукубайс вокеъ буд, шамъҳо ва кандилҳо афрухта мешуданд. Муаз-зинон он шабро то субҳ ба такбиру тахлил ва зикру тасбеҳ ва оммаимардум ба тавофу намоз ва зикру дуъо барпо медоштанд. Пас аз адои намози бомдод шитобон ба хонаҳо баргашта, либос-ҳои идона мепушиданд ва барои адои намози ид дубора ба масҷид ме-омаданд. Аввалин касе ба ҳарам ворид мешуд, банй Шайба – ҳоҷибо-ни хонаи Худо буданд. Дари хонаи Каъбаро мекушоданд ва бузургикабила дар остонаи дари он ва дигарон дар пешаш менишастанд, тоон ки амири Макка меомад. Дар мохи Рамазон чорабиниҳои фарҳангй ва барномаҳои пур-бори маънавие аз сӯи шаръ пешбинй шудаанд, ки ба фард шахсият вачомеа хувият мебахшанд. Бинобар ин, мардуми мусалмон дар тулитаърихи наздик ба якунимҳазорсолаи фарҳанги исломй мохи Рамазон-ро ба шукӯҳи хосе истикбол намудаанд. Тамоми чорабиниҳои дигарродар он канор гузошта, дар ду сатхи мардумй ва давлатй ба барпоии барномаҳои ибодатй ва тадорукоти хоси ин моҳ пардохтаанд. Мах,филҳои илм, ҳалкаҳои дарс ва низомияҳо дар умум ва ё ба таври нисбй таътил эълон шуда ва мардум ба тиловати Куръон, ибодат, кумакудастгирии кишрҳои гуногуни ҷомеа ва дигар барномаҳои худсозй ватазкияи нафс машғул мешуданд.Ривоят шуда, ки Ибни Аббос (р) дар моҳи Рамазон дарси тафсир
ва ҳадисро канор мегузошт ва ба тиловати Куръон машғул мешуд.Имом Молик (рх,) низ дар он ҳалкаи дарси ҳадисро таътил мекард ваба тиловати Қуръон ва тадаббур дар оятҳои он мепардохт. Имом Шо-феъй бошад, дар мохи Рамазон Куръонро шаст бор хатм мекард.Имрӯз низ дар кишвари Малейзия дар мохи Рамазон соатҳои кордар муассисаҳои давлатй кам карда мешаванд ва дар шахри Кувала-лампур (Куала-Лумпур) – пойтахти кишвар дар сатҳҳои иклимй ва давлатй аз сӯи ҳукумат мусобикаҳои хифз ва тиловати Қуръон баргу-зор мегарданд. Дар кишварҳои Бангладеш, Ҷибутй, Буркинафасо, Ба-
нин ва баъзе кишварҳои дигари исломй ба муносибати мохи Рамазонмактабҳо таътил мешаванд ва дар баъзе кишварҳои дигар аз соатҳои дарсй кохиш дода мешавад. Аввалин бор аз садои тӯп (силохи оташбор, пушка) барои огоҳ
намудани мардум ба фарорасии вакти ифтор соли 859 ҳиҷрй дар шах,-ри Кохира истифода шудааст. Гуфтаанд, ки ба султони мамлукҳо Хушқадам тупе тӯҳфа шуд ва аввалин озмоиши он ба бегохи рузи аввали
Рамазон вакти ифтор рост омад. Мардум аз ин ҳодиса хушнуд гар-дида, маротиби сипоси хешро ба султон расониданд. Султон низ азистикболи онҳо ба ваҷд омад ва садои тупи саҳарихурй ва тупи имсоква ё дамидани субхро низ бар он афзуд.
Tags Рамазон
Инчунин кобед
Тибби виқоӣ дар Ислом дар бораи Рӯза
Ҳифз ва нигаҳдошти инсон аз назари ҷисмӣ, рӯҳӣ, ақлӣ ва ахлоқӣ муҳимтарин асл ва яке …