Главная / Илм / Чараёни тасаввуф (Суфия)

Чараёни тасаввуф (Суфия)

Тасаввуф таърихи кухан дорад. Ибтидои пайдоиши он ба асрхои VII – IX мансуб мебошад. Ин чараён дар ибтидо хамчун чараёни зиддифеодалй буд. Аз ин чихат ба харакат оммаи бенавоён ва равшанфикрон шомил шуданд. Дар як вакт харакат характери зидди мустамликавй низ дошт. Аз ин чихат хилофати Араб ва рӯхониёни ислом аз он хавф бурда, кӯшиш менамуданд пеши рохи онро гиранд. Ба ин мақсад рохбарони фаъоли харакат Абоязиди Бастомй, Мансури Ҳаллоҷ, Шихобиддини Сухравардй, Иброхим Машраби Намангонй ва дигарон ба хатл расонда шуданд. Хилофат бо ҷазодихй пеши рохи харакатро гирифта натавониста, мақсад гузошт харакатро аз дарун боз дорад. Дар ин бобат файласуф Мухаммад Ғазолй хизмати калон дорад. у дар асараш «Киёми саодат» ҷавхари назариявии тасаввуфро асоснок намуда, онро бо ислом омехта маънидод намуд.
Тасаввуф дар Осиёи Миёна дар асри Х1 расмй гашт, ки асосгузори он Юсуфи Ҳамадонй мебошад. Мувофики таълимоти ӯ шахсе, ки тасаввуфро мепарастад, бояд халолкор, покиза бошад.
Суфиёни машхури Осиёи Миёна шоир Саной, Ахмади Ясовй, Хоҷа Абулхолики Ғиждуаонй буданд. Чихатхои манфии ҷараён дар он буд, ки рохи таравдиётиро боз медошт. Минбаъд бо пешравй харакат равияи худро тағиир дод.
Дар асри Х11 бо харакати тасаввуф ҷараёнхои «Ҳуфия» ва «Чахрия» пайвастанд.
Асосгузорони ҷахрия Ҳоҷи Абдухолики Ғиждувонй ва Ҳоҷи Баховаддини Накшбандй буданд. Тарафдорони «Ҳувия» одамонро ба гушанишинй ва дунёбезорй даъват меннамуданд. «Чахрия» ё Нашандия тарки дунё кардан ва гӯшанишиниро рад мекарданд.
Чараёнхои тасаввуф дар асрхои минбаъда боз ба шохахо тақсим шуданд.
Умуман ҷараёни тасаввуф ба ду равия – тарафдорони аристократия ва халқ. Тарафдорони халх аз хисоби табақахои поёнии ахолии шахру дехот баромада буданд, барои рӯзи нек мубориза мебурданд. Ғурӯхи иртиҷоии тасаввуф мардумро ба зери азобу шиканҷа гирифта ба гӯшанишинй, дунёбезорй даъват менамуданд. Ин ҷараён дар дасти амалдорон ва рӯхониён хамчун аслихаи истисмор хизмат мекард.
Масалан, бузургтарин шайхи тасаввуфи накшбандия Хоҷа Ахрори Валй буд. ӯ сохиби сарвати зиёд гашта буд. Ғарчанде, ки худро тарафдори халқ мехисобид, дар асл оммаро берахмона горат менамуд. Илова аз ин Хоҷа Ахрор ба корхои дохили давлати Темуриён дахолат мекард. Бо амри ӯ сиёсатмадор ва олими намоён Мирзо Улугбек дар соли 1449 дар сини 55 – солагй ба қатл расонда шуд. Шоир Ҳилолй соли 1529 бо хидояти пайравони тасаввуф кушта шуд.
Аз асри Х1 сар карда тасаввуф ба адабиёт рох ёфт. Ин буд, ки наммояндагони барчастаи адабиёт: Саной, Аттор, Чалолиддини Румй, Низомии Ганчи, Хусрави Дехлавй, Абдурахмони Чомй ба тасаввуф рӯ оварда буданд.

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222