Зулму истибдод, худсарии амалдорон ва феодалон халки мехнаткашро ба дод оварда, сабаби эътирози синфи гардид. Аҳолии шаҳри Бухоро ва ноҳияҳои гирду атрофии он борҳо ба мукобили амирони мангит шӯриш бардоштанд. Чунин шуришҳо дар солҳои 1758- 1785 сар зада бошад ҳам, шӯриши калонтарин соли 1810 ба амал омад. Зимистони соли 1810 сард омада, тухмиро сармо зад. Бар замми ин, аз 1-уми апрел то 16-уми май шамоли сахт вазида, киштзори атрофи Бухорро рег зер кард ва сокинони он ба чойҳои дигар кӯчиданд. Дар шаҳр гуруснаги ва дузди хукмфармо гардид. Ғоратгарон аҳолиро тороч, мекарданд. Амир барои баромадан аз ин вазъияти душвор чорае надид. Халки ба чон расида дар майдони Регистон чамъ омада, аз амир ёри металабиданд, вале амир Хайдар бо наздиконаш аз шахр фирор намуд. Амир ба мақсади пахш кардани шӯриш аҳолиро ба мазори шайх Баҳоваддин ба намози 3 – рӯза даъват намуд. Амир ба чои дастгирии халк баракс фармон дод, ки сарбозони ӯ хонаҳои аҳолиро мусодира карда, тамоми ғалладонаи ба даст даровардаашонро ба бозор оварда, бо нархи киммат фурӯшанд. Қувваи ҳарбии амир шӯришро пахш кард.
Шӯру ошубҳои халки дар солҳои 1819-1820 дар Уротеппа, Чиззах, Миёнкол ва дигар маҳалҳо сар заданд. Махсусан, шӯриши соли 1821 дар маҳаллаи Миёнкол (байни Бухоро ва Самарқанд) чунбиши калонтарин буд. Дар ин чо кабилаҳои нимкучии ӯзбек Хитой – Кпчокхо зиндаги мекарданд. Зиёд шудани бочу хироч, ва ба хизмати ҳарби сафарбар кардани микдори зиёди кабилаҳо сабабҳои асосии шӯриш буданд. Ба шӯриш кабилаҳои қарақалпоқиҳои сокинони ин маҳал ҳамроҳ шуданд. Дере нагузашта тоифаҳои дигари байни Самарқанду Каакурн шӯришгаронро тарафдори карданд. Шӯришчиён баъди рондани маъмурони амир, Катакурон, Халак, Янгикурн ва дигар шахру деҳоти гирду атрофро ба даст дароварданд. Иштирокчиёни шӯриш ба тарафи Самарқанд ҳаракат карда, аз Шахрисабз ва Қуқанд ёри пурсиданд. Гарчанде ки дар ин чойҳо кувваҳои зиёди мукобили амир Ҳайдар вучуд дошта бошанд ҳам, онхо номуташаккилона, ба таври пароканда амал мекарданд. Ҳуҷуми Хитой-Кпчокихо ба Бухоро низ муваффакият пайдо карда натавонистанд. Аъёну ашроф барои кӯмак ба амир мурочиат карданд. Амир Каттакурнро ишол карда, аҳолиро аз дами теғ гузаронд. Дар натичаи пароканда шудани кувваҳои шӯришгарон амир Ҳайдар муваффак шуд, ки соли 1825 мухимтарин нуктаҳои муковимати шӯришро ишол намояд.
Соли 1842 амири Бухоро бар зидди хонигарии Қуқанд лашкар кашид. Дар шаҳр сарбозони амир ба бетартиби ва бедодгариҳои зиёде даст заданд. Ин кирдор ғазаби аҳолиро ба вучуд оварда, боиси ба амал омадани шӯриши халқи гардид. Шӯришгарон ҳокимони амирро аз Қуқанд пеш карданд.
Дар аввали асри XIX муборизаи синфи дар нохияҳои кӯхистони Точикистони имрӯза тезу тунд гардид. Дар ибтидои солҳои 60-ум дехқонони Шнон, Рӯшон ва Вахон ба шӯриш хестанд. Ба ин шӯриш Шайхзодаи Рушон роҳбари мекард. Шӯришгарон маркази беки калъаи Вомарро ба даст дароварда, ба сӯи коргохи ҳокими Шнон калъаи Барпанча ҳаракат карданд. Шӯришгарон кушуни бекиро шикаст дода, боигарии ҳокимонро дар байни худ тақсим карданд. Шӯриш бо ёрии кувваҳои ҳарбии Бадахшон пахш карда шуд.
Tags Таърихи халки точик
Инчунин кобед
Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив
Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …