Главная / Маданият ва санъат / Дар Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Анас Аврупо-Осиё» корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ бунёд гардид

Дар Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Анас Аврупо-Осиё» корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ бунёд гардид

Ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикситон дар пойтахти малакат-шаҳри Душанбе аз ҷониби  ҶДММ «Анас Аврупо-Осиё» корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар он 46 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иштирок намуда, зикр кард, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт корхонаҳои гуногун ба истифода дода мешаванд, ки дар онҳо барои кору фаъолияти занону духтарон шароити мусоид фароҳам  меоранд.

Корхонаи мазкур бо шароитҳои замони муосир таъмин буда, дар он мутахасисони ботаҷриба фаъолият мекунанд.

Тибқи иттилои масъулин, коргоҳи мазкур маҳсулоти худро на танҳо дар ҳудуди пойтахт, балки берун аз он низ тибқи фармоиши муштариён пешниҳод менамояд. Солҳои охир бо мақсади рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ як силсила ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ карда шуданд, ки мақсади асосии онҳо, пеш аз ҳама афзоиши мунтазами тавлиди маҳсулоти ватанӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ  мебошад. ҶДММ «Анас-Аврупо-Осиё» ҳам бо ҳамин мақсад бунёд шуда, барои бо маҳсулоти хушсифати қаннодӣ таъмин кардани сокинони шаҳри Душанбе ва берун аз он замина мегузорад.

Дар борамон Гулноза Сулаймонова