Главная / Гуногун / Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд

Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд

mulokoti-vaziron

1 апрел дар шаҳри Москва дар чаҳорчӯби ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбаев баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода, перомуни муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва истифодаи захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ табодули афкор намуданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатӣ зоҳир шуд. Вазирони корҳои хориҷӣ зарурати истифодаи пурсамар ва фарогири имконоти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро таъкид намуданд. Дар ин росто, ҷониби Тоҷикистон бар зарурати идомаи музокирот дар ин самт танҳо дар асоси санадҳое, ки тамоми марҳилаҳои конститутсиониро гузаштаанд, инчунин риояи муқаррароти мувофиқашудаи пӯшиши иттилоотии натиҷаҳои вохӯриҳо дар ВАО дар асоси Низомнома доир ба ташкили кор ва тартиби бурдани гуфтушунидҳо доир ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард.

Бо дарназардошти набудани заминаи меъёрию ҳуқуқие, ки масъалаҳои душаҳрвандиро байни Тоҷикистону Қирғизистон ба танзим дарорад, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масъалаи ба тартиб даровардани раванди додани шаҳрвандиро, пеш аз ҳама ба аҳолии сокини минтақаҳои наздисарҳадӣ ба миён гузошт.

Дар поёни мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ аҳаммияти ҳифз ва густариши бештари робитаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва бародарии байни Тоҷикистону Қирғизистонро таъкид карданд.

2-m-02-04-20213-m-02-04-2021

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sddefault

БЕУНВОН (Без заглавия) Қиссаи А.П. Чехов

Дар асри V низ, чун ҳоло, офтоб ҳар саҳар тулӯъ ва ҳар шом ғуруб мекард. …

222222222222222