Главная / Илм / Даврони таҳсили Имом Абўҳанифа (р)

Даврони таҳсили Имом Абўҳанифа (р)

Вай дар хонаводаи мусалмон, ботақво, сарватманд ва саховатманд парвариш ёфт ва чунин ба назар мерасад, ки ягона фарзанди падар ва модараш будааст. Падараш дар Кўфа ба порчафурўшӣ иштиғол дошт. Имом Абўҳанифа (р) ибтидо ба илми усули дин рўй овард ва бо касоне, ки аз роҳ ва ақидаи салафи солеҳ хориҷ ва гумроҳ шуда буданд, ба муноқиша пардохт. Ба ҳамин хотир 27 бор вориди Басра шуд, то ки иттиҳомот ва шубҳаҳоеро, ки ба шариати Ислом часпонида буданд, аз он дур намояд ва Исломи ҳақиқиро барои мардум баён кунад. Бо Ҷаҳм ибни Сафвон – сарвари гумроҳон ва бо мулҳидону муътазила ва хавориҷу рофизиҳои тундрав ба муноқиша пардохт ва онҳоро маҳкум кард.images-2
Зуфар, ки яке аз шогирдони Имом Абўҳанифа (р) мебошад, сабаби рўй овардани ўро ба фиқҳ аз забони худаш чунин баён мекунад: «Дар илми калом ба дараҷае расида будам, ки забонзади омму хос шудам. Ҳалқаи дарсии мо дар наздикии ҳалқаи дарсии Ҳаммод ибни Абўсулаймон буд. Рўзе зане аз ман суол кард, ки марде мехоҳад занашро бар асоси суннат талоқ диҳад, ўро чанд талоқ медиҳад? Аз ў хостам, ки аз Ҳаммод суол карда ва маро аз ҷавоби масъала огоҳ созад. Ҳаммод ба ў гуфта буд: «Бояд зан аз одати моҳона пок бошад ва шавҳараш бо ў ҳамхобӣ накунад, пас ўро як талоқ бидиҳад, баъд аз ду ҳайзи дигар (ки дар маҷмўъ се бор одати моҳонаро пушти сар кардааст,) ғусл карда, метавонад шавҳар кунад». Имом Абўҳанифа (р) мегўяд: «Баъд аз он илми каломро раҳо карда, ба ҳалқаи дарсии Ҳаммод рафтам ва ба хотири хуб фаҳмидани дарсҳояш ва ҷавоби дуруст додан, мавриди эҳтироми Ҳаммод қарор гирифтам».
Имом Абўҳанифа (р) ба афкор ва андешаҳои фиқҳии Ҳаммод рўй оварда, аз шогирдони мумтози вай шуд, аз ин хотир, Ҳаммод ўро садри ҳалқаи дарсии худ менишонд. Рафтори ў бо устодаш Ҳаммод ҳам ҷои тааҷҷуб ва тааммул мебошад. Масалан, пушти дари хонаи устодаш менишаст, то ин ки устодаш аз хона хориҷ шавад ва аз ў савол кунад ва ё эҳтиёҷоти ўро бароварда созад. Муддати 18 сол ба ин сурат дар мусоҳибати устодаш буд, то ин ки Ҳаммод вафот ёфт ва шогирдонаш Имом Абўҳанифа (р)-ро ба ҷонишинии Ҳаммод интихоб карданд. Имом Абўҳанифа (р) мегўяд: «Аз замоне ки Ҳаммод вафот ёфт, ҳар намозе, ки мегузорам, аз Худованд барои падарам ва устодам Ҳаммод талаби мағфират мекунам ва ман барои касе, ки чизе аз ў ёд гирифтаам ва ё чизе ба ў ёд додам, талаби мағфират мекунам».

Дар борамон Majid Mr

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222