Главная / Илм / ДИНҲО ВА ОИНҲОИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН ВА ЭРОНИЁН

ДИНҲО ВА ОИНҲОИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН ВА ЭРОНИЁН

Тоҷикон дар аҳди бостон, ҳамроҳ бо дигар ҳалқҳои ориёӣ ва эронизабону эроннажод аз назари фарҳанги динию мазҳабӣ дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ нақши арзандае гузоштаанд. Ниёгони мо дорои дину оинҳои баркамолу ҷаҳонӣ будаанд.

Халқҳои эронӣ аз нигоҳи динофаринӣ ба зумраи нодиртарин нажодҳо ва халқиятҳои ҷаҳон таъаллуқ доранд. Онҳо мисли ҳиндувон ва сомиён ба тамаддуни ҷаҳонӣ ва фарҳанги башарӣ таълимоти динию мазҳабии зиёд, камаш панҷ дини маъруф: меҳрпарастӣ (митраизм), зарвония, зардуштия, монавия (манихейсво), маздакия арза намудаанд.

dinАз ин динҳои халқҳои эронӣ ду дин : меҳрпарастӣ ва монавия дар таърихи тамаддуни бостон ба зумраи динҳои берун аз марзу буми Эрони Бузур интишорёфта, аз ин нигоҳ, ба қатори динҳои ҷаҳонӣ ворид шуда ба шумор мераванд. Аксар аз ин таъсири динҳои эронӣ ба динҳои ҳиндӣ, ки бо динҳои эронӣ аз як решаанд ва ба динҳои сомӣ зиёд аст.

Дину оинҳои бостонии халқҳои эронӣ-тоҷикӣ бо шароити зиндагӣ, вазъияти иҷтимоию сиёсӣ ва маданию фарҳангии қавмҳои ориёӣ-эронӣ робитаи ногусастанӣ доштааст.

Таърихан ниёгони мо тоҷикон: суғдиҳо, хоразмиҳо, фарғониҳо, бохтариҳо, ҳайтолиҳо, таххориҳо, саккоиҳо бо халқиятҳои Эрони ҷанубӣ ва ҳиндуориён ва ҳиндуаврупоиён куллан як гурӯҳи халқиятҳо ва нажоди ориёиро ташкил мекардаанд. Мувофиқи маъхазҳои таърихию бостоншиносӣ халқҳои ҳинду эронии ориёӣ ибтидо дар сарзамини васеъ, ки (дар Авасто «Айрьян Ваиҷангаҳ» ё «Иран-вейж» номида шуда,) аз Ҳиндукуш то канораи рӯдхонаи Дон ва аз Урал то халиҷи Форс тӯлу арз дошт, зиндагӣ мекардаанд. Иран-вейж, мувофиқи ахбори Вандидод (фар..1, банди 3),- нахустин ва беҳтарин сарзаминҳои шонздаҳгонаи офаридаи Аҳуромаздост. Тақрибан дар охири ҳазораҳои сеюми пеш аз мелод қабилаҳои ҳиндуориёӣ ба Ғарб ва Ҷанубу Ғарб (дар Аврупо- германо- раманҳо, дар Балкан:-юнониҳо, франкоиҳо, дар Осиёи хурд-хетҳо) ва ҷанубу Шарқ ба Ҳиндустон(-ҳинду ориёиҳо) интишор ёфтаанд.

Аз ин рӯ дар байни ҳиндуён ва эрониёни қадим ва халқҳои ҳинду аврупоӣ ба ғайр аз қаробати забонӣ, аз ҷиҳати дину мазҳаб ва тасаввуроти ҳамосавию асотирӣ низ умумият ва шабоҳатҳои зиёде дида мешавад.

Дар аввалҳои ҳазорсолаи I т.м. сарзамини Эрони Шарқию Ғарбӣ мушаххас гардида буд. Эрониёни шарқӣ дар сарзамини Осиёи Марказӣ ва Хуросон қисмате аз Эрону Афғонистони имрӯза, эрониёни ҷанубу ғарбӣ сарзамини имрӯзаи Эрон ва кисмати Ироқро ташкил мекарданд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222