Главная / Илм / Динҳои ориёии Ҳиндустон

Динҳои ориёии Ҳиндустон

Ин қисмат ба шинохту баррасии таърихи пайдоиш ва таҳаввули динҳои ҳинду ориёй, ки шомили адёни ҳиндй ва эронй аст, бахшида шудааст. Динҳои ҳиндй, эронйтоҷикй ва ҳатто баъзе эътиқодоту худоёни юнонй ва румй аз як решаву фарҳанги қадимаи ориёй манша гирифтаанд.

bogi-indii

Ҳиндустон яке аз сарзаминҳои куҳан ва аз назари тамаддун бой мебошад. Ханӯз аз замонҳои қадим (ҳазораи се ва дуи пеш аз милод) дар ин сарзамин нишонаи тамаддуни дорои дараҷаи баланди рушди илму фарҳанг ба чашм мерасид. Яке аз осорҳои тамаддуни пешрафта дар ин ҷо вуҷуди забони ғанй – санскрит буд, ки дорои имконоти васеи мафҳумсозй аст. Нахустин тамаддуни ҳиндй тамаддуни Меҳенҷо- доро ва Хараппҳо дар соҳили рӯди Ҳинд ба вуҷуд омадааст.

Таърихи таҳаввули динхои Хиндустониро ба чор давра: 1- давраи пайдоиши дини ҳиндуияи қадим, ки худ аз се давра: ведой, бараҳманй, ҳиндуй иборат аст; 2 давраи динҳои оппозисионй – мухолиф, ки аз замони пайдоиши динҳои ҷойнизм ва буддизм оғоз мешавад; 3- давраи таҳаввули ҳиндуия ва ислоҳоти он; 4 давраи пайдоиши динҳои эклетикй:. сикҳо(сикхизм) ва кришна(кришнаизм) тақсим кардаанд.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН

Ҷуброн Халил Ҷуброн

ҶУБРОН ХАЛИЛ ҶУБРОН яке аз  нависандагони овозадори араб буда,  соли 1883 дар деҳаи Башраи Лубнон  …

222222222222222