Главная / Илм / Динҳои табии – ибтидои

Динҳои табии – ибтидои

Динҳои табии ибтидоӣ зинаи аввали зуҳури имкони билқувва (ё потенциали)- и зотии диндорӣ ва худоҷӯии инсон аст. Ин қобилияи билқувва дар сиришту фитрии инсон гузошта шудааст. Дар рӯи замин ғайр аз инсон дар ҳеҷ як мавҷуди дигаре чунин имкону қобилият мушоҳида нашудааст. Вале ҳамаи инсонҳо дар тамоми давраҳои таърихи мутамаддини худ дорои як навъ дину оине будаанд. Ҳатто дар инсонҳои аз моқабли таърих ё то оғози таърихи башар, аз асри сангӣ боқимонда дар қораҳои Австралия, Африқо ва ҷазираҳори Гвинеяи Нав дар асри ХХ олимон нишонаҳои боризи диндориро пайдо кардаанд. Ин худ исботи қазияи дар бол зикр шуда аст.

ioann_propoveduetИнсон дорои се навъ қобилияти динӣ-Худошиносӣ аст. Яке қалбӣ аз тариқи дил ва эҳсос, ки шуҳ,удӣ аст, дигаре ақлӣ аз роҳи корбурди хирад ва сеюм нақлӣ- аз роҳи ваҳйи илоҳӣ ва ахбору ҳадиси пайгамбарон. Динҳои ибтидоӣ ба навъи аввали маърифату шинохти Худо маърифати қалбию ҳиссӣ мебошнад. Ин навъ маърифатро, ки пеш аз омадани пайғамбарон ва ваҳй аст уламои дин қабул доранд. Дар инсон чунин қобилият имконан дар сиришту фитрати ӯ гузошта шудааст.

Динҳои табиӣ маҷмӯе аз парастишҳои хеле печидаву мураккабе будаанд. Дар асл он номҳое, ки мо барои ташхиси ин динҳо ба кор мебарем номи як дини муайяне нестанд, балки истилоҳҳои ифодакунандаи маҷмӯи парастишҳо, имону бовариҳо ва расму оинҳои ба ҳам наздики одамони ибтидоӣ мебошанд. Динҳои ибтидоии табиӣ: ҷонваравлодӣ (тотемизм), ашёпарастӣ (фетишизм), сеҳру ҷоду (магия), ҷону рӯҳпарастӣ (анимизм), ва ғайра) то андозае хусусияти тамоми динҳои ибтидоӣ мебошанд. Динҳои табиӣ ҳанӯз ба маънои имрӯзаи калима, дини комил нестанд, яъне дар онҳо ҳанӯз мафҳуму идеяҳои худо, охират, китобҳои муқаддас, пайғамбарон ва ғ. вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, дар онҳо унсурҳои асосии дин баварӣимону эътиқод ва маросимҳои дуову ибодат ҷой доранд, ки баъдан ба ин ё он шакл дар динҳои камолёфта ворид шудаанд.

Тотемизм (аз калимаи ҳиндувони америкоӣ «о тотем» – «авлоди вай»), як навъ эътиқоду боварӣ ва маросимҳои динии одамони ибтидоӣ аст, ки бар пояи боварӣ ба вуҷуди робитаҳои авлодӣ ва хешовандӣ байни инсон ва ҳайвонот, (ҳамчунин ҷонварони дигар ва рустаниҳо) устувор аст, ки онро метавон ҷонваравлодӣ номид. Одами ибтидоӣ, ки ҳанӯз худро аз табиат ҷудо накардааст, ба табиат, ҳайвониоти атрофи худ бо диди наздик ба хешовандӣ назар мекард, зеро медид, ки онҳо аз ҳама ҷиҳат бо вай шабоҳат ва наздикӣ доранд. Ҳамин эҳсоси наздикӣ ва вобастагӣ бо ҳайвонот оҳистаоҳиста сабаби пайдоиши бовариҳои ҷонваравлодӣтотемистӣ дар заминаи эътиқод ба вуҷуди робитаи хешовандию авлодӣ байни ин ё он авлод, қабила ва ягон навъи махсуси ҳайвон ё растанӣ мегардад. Минбаъд дар натиҷаи афзудани шумори авлодҳо дар қабила, миқдор ва навъи тотемаҳо низ меафзояд.

Дар байни одамони ибтидоӣ нисбат ба тотемаҳои худ ҳисси эҳтиром ва парастиш пайдо мешавад. Онҳо тотемаи худро муҳофизат мекунанд, намекуштанд, магар танҳо ба муносибати идҳо ва ташрифоти муайяни мазҳабӣ онҳоро кушта, сипас мехӯранд. Боварӣ доштаанд, ки чунин маросимҳои хӯрдани тотема нерӯю қуввати авлодро зиёд ва пайвастагии хунию авлодиро бо тотема мустаҳкам мекунад.

Вобаста ба ин ё он минтақа тотемаҳо хеле гуногунанд, аз ҷумла: кенгуру, кирми абрешум, мор ва қароғоз, зоғ, муши саҳроӣ, қурбоққа, хаффош, уқоби шикорӣ, саги ваҳшӣ ва ғайра намунаҳои тотемаҳои онҳо мебошанд. Мувофиқи суннатҳои аборигенҳои ҷануби Австралия ҳар фард тотемаи худро аз дасти модари худ меситонидаанд, чунки шаҷара ё насабномаи авлодии ҳар касро аз тариқи модараш нигоҳ медоштаанд. Аввалин гурӯҳои авлодии одамон гурӯҳи тотемавлодӣ будаанд, ки одатан номи тотемаи худро гирифта буданд.

Қабилаҳо ба гурӯҳҳои тотемистӣ- фратииҳое, ки никоҳ байни афроди он мамнӯъ аст (яъне ба гурӯҳҳои экзогомӣ[2] тақсим мешаванд.

Яке аз бовариҳои маъруф ва асосии динӣ боварӣ ба таносух (реинкарнация)[3], яъне имконияти табдил гардидани одам (алалхусус мурда) ба тотема ва баръакс тотема ба одам мебошад. Дар тотема табу[4] нақши зиёде бозидааст.

[1] Мафҳуми «динҳои табии» дар илми диншиносӣ ва фалсафаи дин ва фарҳанг мафҳуми ошно ва қабулшуда мебошад, ки дар табақабандии динҳо зиёд ба кор рафтааст. Аз рӯи барҷастатрин хусусияташон динҳои ибтидоиро динҳои табии меноманд. Он барҷастатарин хусусияти динҳои ибтидоӣ таҷассуми табиат ва қувваҳои табиат мебошад. Аз ин рӯ мафҳуми динҳои табииро набояд, мисли баъзе устодони ақлаки фалсафа дар донишгоҳҳои мо ба маънии дини табиат фаҳмид.

[2]  экзогамия ( юн. ехо – аз берун датоз-никоҳ) муносибати иҷтимоие, ки дар ҷамъияти қабилавӣ – авлодӣ никоҳи дохилиавлодӣ (фратии)-ро мамнӯъ карда буд (бар акси он эндогама).

[3] реинкорнация(фран. гетсагпайоп- зуҳур дар қолаб, тани дигар ё таносух ) -истилоҳест барои баёни эътиқоду боварӣ ба зуҳури худо ва худоён дар шаклу қолабҳои гуногун: инсон, ҳаёвон ва ғ-ра ва ҳамчунин таваллуди чандкаратаи инсон дар қолабҳо ва мартабаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва табиӣ.

[4] табу (кал. полинезӣ) – истилоҳест, ки дар асоси бовариҳои мазҳабии одамони ибтидоӣ ин ё он амал таҳрим карда мешуд ва вайрон кардани он гуноҳи азим буда , метавонист сабаби ба ягон бало гирифтор шудан бошад.

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bez-nazvaniya-28

Ташаккул ва инкишофи гурӯҳ ҳамчун коллектив

Аз таҳлилҳои психологии дар боло кардашуда доир ба гурӯҳ ҳамчун коллектив бармеояд, ки ҳар қадаре, ки гурӯҳ …

222222222222222